Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо амалигардонии ислоҳоти конститутсиониро оғоз мебахшанд

№81-82 (3561-3562) 25.06.2016

DSC_166622 июни соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Оид ба Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» (ЛРЧЧ-II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлим

11. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

13. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул ­шудаанд».

РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.

Амрихудои ДАМДОР: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар лоиҳаи пешниҳодгардида ба 26 модда 28 тағйиру илова ворид карда шудааст. Аз тағйироти воридгардида, 15-тои он ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда тааллуқ дошта, 13 тағйироти дигар оид ба мутобиқсозии қонуни конститутсионии мазкур ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳи хатоҳои техникӣ ва имлоии забони давлатӣ мебошанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ ҳафт таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо шаш таклиф қабул шуда, як таклиф қабул нагардид.

16 июни соли ҷорӣ маҷлиси васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва инчунин 20-уми июн ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, бо назардошти таклифҳои пешниҳодгардида дар кумита ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯро, қонуни конститутсионии мазкур дар мувофиқа бо намояндаи субъекти қонунгузорӣ мукаммал гардонида шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии номбурда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат намекунад. Бинобар ин, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қабул шуд. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худ­идоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти фаъолияти онҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июни соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ карданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 12 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо ҳашт таклиф қабул гардида, чор таклифи дигар қабул нашуд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, 16 июни соли ҷорӣ, таклифҳои пешниҳодгардида мавриди муҳокима қарор ва лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат намекунад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қабул шуд. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шарофиддинова Мавзуна Шамсиддиновна дода мешавад.

Мавзуна ШАРОФИДДИНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои Ҳукумат ва пешрафти фаъолияти онҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2016, №743 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ чор таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо як таклиф қабул шуда, се таклифи дигар қабул нашуд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, 16 июни соли ҷорӣ, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни конс­титутсионии мазкур такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат намекунад. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қабул шуд. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шермуҳаммад Шоҳиён дода мешавад.

Шермуҳаммад ШОҲИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Тағйиру иловаҳои бо тариқи Раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия воридгардида, ки маҳз бо ташаббуси шумо, вакилони Маҷлиси намояндагон, сурат гирифт, меъёру муқаррароти Конститутсияро таҳким бахшида, ба рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, тақвияти фаъолияти бомароми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳифзу риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намуда, ба идомаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди ҳокимияти судӣ алоқамандии бевосита доранд, заминаи воқеӣ гузошт.

Тадбирандешӣ дар ин самт бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, густариш додани мустақилияти судяҳо ва амалисозии ислоҳоти сох­тории ин мақомот равона шудааст.

Тавре маълум аст, дар доираи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида, бинобар сабаби барҳам дода шудани Шӯрои адлия ваколатҳои ин сохтор нисбати судҳои умумӣ ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбати судҳои иқтисодӣ ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор мешаванд. Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мавриди баррасӣ қарор дорад, дар заминаи тағйиру иловаҳои Конс­титутсия бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба муқаррароти Конститутсия таҳия шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ ва ташкили фаъолияти бонизоми ин шохаи ҳокимияти давлатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, моддаи 12-уми қонуни конститутсионӣ дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он ба вазифаи судя шаҳрванде таъин ё интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дошта бошад. Пешбинӣ намудани ин талабот нисбати намояндагони ҳокимияти судӣ хеле муҳим буда, шахсоне, ки шаҳрвандии дигар давлатро доранд, наметавонанд ба ин вазифаи пурмасъул таъин ё интихоб шаванд.

Ҳамзамон, тибқи тағйироте, ки ба моддаи 18-уми қонуни конститутсионӣ пешниҳод гардидааст, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои аз вазифа озод намудани судя мегардад. Ҳамчунин, мувофиқи тағйироти моддаи 12-уми қонун синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият кардан барои занон 58 ва барои мардон 63 пешбинӣ шудааст.

Мақсад аз тағйироти мазкур ба инобат гирифтани вазъи имрӯзаи кишвар ба хотири роҳ кушодан ба ҳуқуқшиносони ҷавоне, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд ва ҳамчунин, бо мақсади муқаррар намудани талаботи якхела доир ба синну соли ба нафақа баромадан нисбати кормандони мақомоти давлатӣ равона шудааст.

Инчунин, тибқи моддаи 21-уми лоиҳаи қонуни конститутсионӣ фаъолият ва салоҳияти Суди Олӣ васеътар гардидааст. Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки ин сохтор на танҳо мақоми назоратӣ нисбат ба баррасии парвандаҳои мушаххаси судӣ мебошад, балки барои ташкили кори судҳои вилоятӣ, ҳарбӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, таъминоти моддию техникии судҳо, интихобу тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, масъалаҳои вобаста ба таъин ва озод намудани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои дигар ваколатҳо, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, масъул мебошад.

Дар доираи тағйироти моддаи 23 ҳайати Суди Олӣ мушаххас шуда, пешбинӣ гардидааст, ки шумораи судяҳои Суди Олиро Президенти ҷумҳурӣ муқаррар менамояд. Масъалаҳои вобаста ба сохтори Суди Олӣ дар доираи тағйирот ба моддаҳои 37 ва 91-уми қонун воридшаванда ба танзим дароварда шудааст.

Мутобиқи тағйироте, ки ба моддаи 25 ворид карда мешавад, масъалаҳои вобаста ба тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шунидани ҳисоботи кори Раёсат ва коллегияҳои Суди Олӣ, суд­ҳои вилоятӣ ва судҳои шаҳру ноҳиявӣ ба салоҳияти Пленуми Суди Олӣ вогузор шудааст.

Тибқи тағйироти ба қисми 1-уми моддаи 37 пешниҳодгардида, салоҳиятҳои раиси Суди Олӣ пурра карда шудааст, аз ҷумла як қисм масъалаҳое, ки пештар ба ваколати Шӯрои адлия дахл доштанд, мувофиқан дар доираи салоҳиятҳои раиси Суди Олӣ пешбинӣ гардидаанд. Ҳамчунин, дар доираи ин тағйирот, раиси Суди Олӣ якҷоя бо раиси Суди Олии иқтисодӣ оид ба таъсиси Комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз – судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 44, 45, 46, 47, 48, 50, 51 ва 53 воридшаванда, масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти судҳои иқтисодӣ, таъминоти моддиву техникии онҳо, пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судяҳои суди иқтисодӣ тағйир дода, салоҳиятҳои раиси Суди Олии иқтисодӣ бо назардошти ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ мушаххасу пурра карда шудааст.

Дар баробари ин, дар лоиҳаи нави моддаи 107-уми қонун муқаррарот дар хусуси таъсиси Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз –судяҳо пешниҳод шудааст, ки ин комиссия дар асоси Низомнома фаъолият карда, имтиҳони тахассусии номзадҳои бори аввал барои таъин намудан ба вазифаи судя пешбаришаванда ва коромӯз-судяҳоро мегузаронад.

Бояд қайд кард, ки дар ҳокимияти судӣ ҳоло се коллегияи тахассусӣ фаъолият мекунад:

- Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олӣ;

- Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодӣ;

- Коллегияи тахассусии суд­яҳои судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.

Салоҳияти ҳар се коллегияи тахассусӣ монанд буда, аз пешниҳоди хулоса оид ба пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ, гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо ҳангоми додани дараҷаҳои тахассусӣ, баррасии масъалаҳои вобаста ба масъулияти интизомии судяҳо ба хотири тақвияти кафолати мустақилияти онҳо иборат мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади дар як коллегия муттаҳид намудани онҳо дар боби 11 — уми лоиҳаи қонун таъсиси як коллегия – Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати он дар конференсияи судяҳои мамлакат аз ҳисоби намояндагони суд­ҳо, дар ҳайати раис, муовини раис ва 11 нафар аъзо интихоб карда мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Ба ғайр аз ин, бо мақсади тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз — судяҳо, такмили ихтисоси судяҳо, кормандони дастгоҳҳои судҳо дар моддаи 109 масъалаи таъсису самтҳои фаъолияти Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ пешбинӣ шудааст. Бо назардошти барҳам дода шудани Шӯрои адлия аз матни қонун 8 модда хориҷ карда мешавад.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои дигари қонун вобаста ба ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳод гардидааст. Ҳамин тариқ, қабули қонуни мазкур ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, такмили сохтори он, тибқи талаботи Конститутсия муқаррар кардани тартиби нави интихоб ва таъини судяҳо, тақвияти тартиби баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳо, ташкили бонизоми фаъолияти мақомоти судӣ ва тарзи ҳалли дигар масъалаҳои хеле ҷиддие, ки дар раванди амалисозии ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омадаанд, равона шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надошта, амалӣ намудани он хароҷоти молиявии иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мансурзода Наим дода мешавад.

МАНСУРЗОДА Наим: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар суханронии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» паҳлуҳо, аҳамият ва зарурати қабули тағйиру иловаҳо ироа гардид.

Баромади раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиёнро ҷонибдорӣ намуда, ба он ҳамфикр ҳастам. Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур якҷоя бо Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ҳаминро бояд қайд кард, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти наве, ки дар натиҷаи Раъй­пурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016, № 698, ки тибқи он Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шудааст, равона гардидааст. Қабули ин тағйиру иловаҳо ба қонуни зикргардида баҳри таҳкими минбаъдаи шохаи мустақили ҳокимияти судӣ мусоидат менамояд.

Бинобар ин, бо назардошти асосҳои зикргардида, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонунгузории соҳавӣ ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ворид гардиданд, омода шудааст.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридгардида ба Конститутсия Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Мувофиқан оид ба ин 9 июни соли ҷорӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расиданд.

Аз ислоҳоти конститутсионӣ дар бахши ҳокимияти судӣ бармеояд, ки салоҳияти Шӯрои адлия дар самти таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти судӣ бояд ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шаванд.

Ҳамзамон, дар Конститутсия як қатор талабот, аз ҷумла танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани шахсони ба вазифаи судя пешбаришаванда, синну соли ниҳоии дар вазифаи судя будан, инчунин возеҳу дақиқ ифода намудани баъзе истилоҳҳо пешбинӣ шудааст.

Аз ин рӯ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шавад.

Бинобар ин, дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур салоҳияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои номбурда, инчунин оид ба беҳтар намудани таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои ҷумҳурӣ, таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо, масъа­лаҳо вобаста ба фаъолияти Маркази таълимии судяҳо, дар як коллегияи тахассусӣ муттаҳид кардани се коллегияи тахассусии мавҷудбуда, таҷдиди сохтори дастгоҳҳои судҳо бо васеъ гардонидани ваколати онҳо, ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудани ваколатҳои Шӯрои адлия пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо назардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба амалигардонии ислоҳоти конститутсионӣ ва таъмини мустақилияти судҳо равона гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №724 аз 8 июни соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суд­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, барои такмили он 95 таклифу пешниҳод ироа гардид. Аз инҳо 75-тояш пурра ё қисман пазируфта шуд, боқимонда дастгирӣ наёфтанд.

Кумитаи масъул 15 июни соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонунро муҳокима ва онро дастгирӣ намуд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суд­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва дар амал татбиқ намудани он маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Вобаста ба ин ­масъала кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

МАҶИДЗОДА Ҷӯрахон Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Зарурат ва афзалиятҳои ҳуқуқии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суд­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе меъёрҳои нави ҳуқуқие мустаҳкам шуданд, ки зарурати бознигарӣ кардани падидаҳои марбут ба низом, сохтор ва ҳокимияти судии кишварро асос гузоштанд. Аз ҷумла, мувофиқи тағйироти воридшуда, аз моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 12 хориҷ карда шуда, як қатор нав­гониҳо ба боби 8-ум, ки «Суд» ном дорад, ворид карда шуд.

9 июни соли равон дар заминаи тағйироти ба Конститутсия воридкардашуда аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармонҳо «Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳид­ҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расиданд.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни таҳиягардида, масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси судяҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дар асоси санадҳои байналмилалӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами давлатҳои мутамаддин ба хотири ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонидани фаъолияти ташкилию ҳуқуқии судҳо, такмили низоми судӣ ва таъмини мустақилияти воқеии ҳокимияти судӣ таҳия шудааст.

Ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният доир ба лоиҳаи қонуни мазкур 25 таклифу пешниҳод ворид шуд, ки онҳо аз ҷониби кумитаи масъул ҷонибдорӣ ёфта, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Бинобар ин, аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Басо рамзист, ки баъд аз як моҳи сипарӣ шудани қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои алоҳида шурӯъ кардем. Мақсади асосӣ мутобиқ гардонидани қонунҳои амалкунанда ба талаботи Конститутсия мебошад. Ин, пеш аз ҳама, амалӣ намудани раъйи интихобкунандагон мебошад, ки ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дода буданд.

Силсилаи лоиҳаи қонунҳое, ки мо имрӯз мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор додем, алалхусус вобаста ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суд­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се шохаи ҳокимияти давлатиро фаро мегиранд.

Вазифаи асосии мо аз он иборат мебошад, ки софдилона тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридшударо дар амал татбиқ намоем. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонун овоз диҳед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қабул шуд. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дода мешавад.

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба такмили Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе меъёрҳои кодекси мазкур мухолифати дохилӣ дошта, ба муқаррароти дигар кодексҳо мутобиқ нестанд. Чунончӣ, моддаи 72-юми Кодекси ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор аз ҷавобгарӣ озод карда шудани шахсро на танҳо барои ҷинояти дараҷаи на чандон вазнин, балки ҷинояти дараҷаи миёна низ имконпазир ҳисобад ҳам, моддаи 29 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод карданро бо ин асос танҳо барои бори аввал содир намудани ҷинояти на чандон вазнин пешбинӣ мекунад.

Бо мақсади мувофиқ кардани меъёрҳои кодексҳои зикр­шуда лоиҳаи қонун ба сархати якуми қисми 1 моддаи 29 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйироти дахлдорро пешбинӣ намудааст.

Қисми 1 моддаи 51 — уми Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ҳолатҳои ҳатмӣ будани иштироки ҳимоятгарро дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ пешбинӣ намуда, ҳолатҳои имконпазири онро фаро нагирифтааст. Аз ҷумла, саркашӣ намудани судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ, инчунин аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ намудани айбдоршавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, барои бе иштироки судшаванда баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ асос шавад ҳам, дар ин ҳолатҳо дар моддаи номбурдаи кодекси мазкур иштироки ҳатмии ҳимоятгар пешбинӣ нашудааст. Бо мақсади бартараф намудани ин камбудӣ дар лоиҳа ду сархати иловагӣ ба моддаи мазкур пешбинӣ шудааст.

Моддаи 104-уми Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки тартиби татбиқ намудан, тағйир додан ва бекор кардани чораи пешгириро танзим менамояд, муқаррароти моддаи 168-уми кодекси мазкурро, дар бораи он ки татбиқ намудани чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан, аз ҷумла дар бораи тағйир додан ва бекор кардани онҳо дар марҳилаи тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ бо розигии прокурор ба амал бароварда шавад, инъикос накардааст. Бинобар ин, лоиҳа ба қисми 4 моддаи 104 ҷумлаи нав илова намуда, ин камбудии Кодексро бартараф менамояд.

Таҳлили равандҳои ҷинояткорӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ҷинояткор пас аз содир намудани ҷиноят, алалхусус ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар канор мондан ба хориҷи кишвар фирор менамоянд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо солҳои дароз беҳаракат мемонанд. Нисбати ин ҷинояткорон кофтукови байналмилалӣ эълон шуда, ба мақомоти дахлдори байналмилалӣ дархостҳо ирсол шаванд ҳам, аксаран кофтуков бенатиҷа мемонад. Бо назардошти ин ҳолатҳо, бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон, қонунгузории худро дар ин самт такмил дода, амалияи ғоибона баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятии категорияи мазкурро истифода мебаранд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бе иштироки судшаванда баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятиро пешбинӣ намуда бошад ҳам (моддаи 280 қисмҳои 3-4), муқаррароти алоҳидаи он барои бе иштироки айбдоршаванда анҷом додани тафтиши пешакӣ ва ба суд ирсол намудани парвандаи ҷиноятӣ мамониат менамояд.

Лоиҳаи пешниҳодгардида ба бартараф намудани ин мамониатҳо равона шуда, имкониятҳои мурофиавии тафтиши пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нисбати айбдоршавандагоне, ки берун аз ҷумҳурӣ қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот ё суд саркашӣ мекунанд, таъмин менамояд.

Дар баробари ин, бо назардошти таъмини риояи ҳуқуқҳои шахсони ғоибона маҳкумшуда, лоиҳа бо роҳи ба моддаи 280-уми кодекс ворид намудани қисми нав (қисми 5) имконияти ҳангоми ҳозир шудани маҳкумшуда бо дархости ӯ ё ҳимоятгараш аз нав баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятиро имконпазир менамояд.

Лоиҳа бо Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона санади меъёрии ҳуқуқии кишвар мебошад, ки тартиби пешбурди мурофиаи ҷиноятиро дар мамлакат муайян мекунад ва муқаррароти он барои суд, мақомоти прокуратура, тафтишоти пешакӣ, таҳқиқ ва иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳатмӣ мебошад.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакат буда, дар сурати ихтилофот байни меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Тоҷикистон эътирофнамуда, ки пешбурди мурофиаи ҷиноятиро ба танзим медароранд, муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мегардад.

Вазифаи бевоситаи мурофиаи ҷиноятӣ муқаррар кардани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ҷамъият ва ташкилотҳо, ки аз ҷиноят зарар дидаанд, сари вақт ва пурра ошкор намудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ҷиноят содиркарда, ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар суд, риояи меъёрҳои мурофиавӣ ҳангоми татбиқи қонуни ҷиноятӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва шахсони дигар буда, таъиноти мурофиаи ҷиноятӣ дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба амал баровардани адолати судӣ зоҳир мегардад.

Аз ин лиҳоз, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби пешбурди мурофиаи ҷиноятиро муқаррар мекунанд, инсон ва шаҳрвандро аз ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳо, беасос айбдор ва маҳкум кардан ҳимоя ва шахси бегуноҳро сафед менамоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2016 таҳти №732 барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Мақсади лоиҳа такмили қонунгузории мурофиавии ҷиноятии кишвар, тақвиятбахшии риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар давраи тафтишоти пешакӣ, таъмини адолати судӣ ва иҷтимоӣ, тантанаи қонуният, пешгирии аз ҷазои саривақтӣ берун мондани шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳон шудаанд ва аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунанд, равона гардидаанд.

Аз ҷумла, илова ба сархати бисту якуми моддаи 6 доираи «намояндагони қонунӣ» — и гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва ҷабрдидаро васеъ гардонида, ба ин шахсон, ғайр аз падару модар, фарзандон, васиён, парасторон, намояндагони муассиса ва ташкилот, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё ҷабрдида таҳти парастории онҳо қарор дорад, инчунин дигар намояндагони шахсони зикршударро илова менамояд.

Иловаи ба сархати якуми қисми 1 моддаи 29 ба суд, судя, прокурор, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо розигии прокурор ҳуқуқ медиҳад, нисбати шахсе, ки бори аввал ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна содир кардааст, бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд. Муқаррароти мазкур, бешубҳа, ба манфиати шахсоне, ки ҷинояти дараҷаи миёна содир намудаанд, мебошад.

Тағйирот дар қисми 4 моддаи 36 масъулияти прокурорро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон зиёд намуда, ӯро уҳдадор мекунад, ки на танҳо ҷиҳати бекор кардан, балки инчунин барои тағйир додани санади ғайриқонунии судӣ, ба суди болоӣ эътироз орад. Албатта, ин тағйирот низ, ба манфиати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз санадҳои ғайриқонунии судӣ мебошад.

Илова ба сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 42 имконият медиҳад, ки амалҳои тафтишотӣ на танҳо тибқи дархости ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ӯ, инчунин бо дархости намояндаи онҳо гузаронида шаванд.

Тағйирот дар қисми 1 моддаи 47 мушаххас мегардонад айбдоршаванда шахсе мебошад, ки нисбат ба ӯ қарори мансабдори ваколатдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда бароварда шудааст.

Иловаи қисми 8 ба моддаи 50 ба прокурор ва муфаттиш ҳуқуқ медиҳад, дар сурате ки гумонбаршаванда ё айбдоршаванда аз ҳуқуқи гирифтани ҳимоятгар истифода намекунад, ӯро бо ҳимоятгар таъмин намоянд.

Иловаи сархатҳои панҷум ва шашум ба моддаи 51 муқаррар менамоянд, ки саркашӣ намудани судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ ва саркашӣ кардани айбдоршавандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта аз ҳозир шудан ба тафтишот низ асосҳои иштироки ҳатмии ҳимоятгар дар пешбурди парванда мебошанд.

Иловаи ҷумлаи дуюм ба қисми 4 моддаи 104 ба муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳуқуқ медиҳад, ки бо розигии прокурор чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабси хонагӣ ва ба ҳабс гирифтанро дар давраи тосудии парванда бекор кунад ва тағйир диҳад. Муқаррароти мазкур низ ба манфиати таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, ба ҳалли масъалаҳо вобаста ба он дар муҳлати кӯтоҳтарин нигаронида шудааст.

Тағйирот дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 225 мухолифатҳои меъёрҳои мазкурро бартараф мекунанд.

Иловаи қисми 5 ба моддаи 239 ва тағйиру иловаҳо дар моддаи 241 ба муфаттиш ҳуқуқ медиҳанд, ки дар ҳолатҳои истисноӣ аз рӯи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад (қисми 5 моддаи 239 кодекси мазкур) дар бораи анҷоми тафтишоти пешакӣ, ҳуқуқи шинос шудан бо маводи парванда ва пешниҳоди дархост оид ба пурра кардани тафтиши пешакӣ ҳимоятгарро огоҳ ва парвандаро барои шинос шудан ба ӯ пешниҳод намояд.

Тағйиру иловаҳо муҳлатеро, ки барои шинос шудани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бо парванда зарур аст, маҳдуд намекунад. Ҳамчунин, муқаррар карда мешавад, ки агар айбдоршаванда ё ҳимоятгар муҳлати шиносшавиро бо парванда беасос кашол диҳад, муфаттиш ва прокурор ҳуқуқ доранд бо қарори асосноки худ муҳлати муайянро, ки барои шинос шудан бо парванда кифоя аст, муқаррар намоянд. Дар сурати бе сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраршуда ба охир нарасонидани шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ бо қарори муфаттиш ё прокурор шиносшавӣ бо парванда анҷомёфта ҳисобида мешавад.

Иловаи сархати шашум ба қисми 1 моддаи 248 ба прокурор имконият медиҳад, дар ҳолатҳои истисноӣ аз рӯи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад‚ фикри айбдоркуниро бо парванда тасдиқ кунад ва онро ба суд бо дархост оид ба гузаронидани мурофиаи судӣ дар ғоибии судшаванда ирсол намояд.

Дар робита ба ин, таҳрири нави қисми 4 моддаи 280 имконият медиҳад, дар ҳолатҳои истисноӣ суд низ парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, ба шарте ки агар ин шахс барои ҳамин ҷиноят дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад.

Иловаи қисми 5 ба моддаи мазкур муқаррар мекунад, ки дар сурати аз байн рафтани ҳолатҳои истисноии зикргардида (қисми 4 моддаи мазкур), яъне ба Тоҷикистон баргаштани маҳкумшуда ҳукм ё таъиноти судие, ки ғоибона қабул карда шудааст, бо дархости маҳкумшуда ё ҳимоятгари ӯ, тариқи пешбурд дар суди марҳилаи назоратӣ бекор ва муҳокимаи судӣ бо он тибқи тартиби умумӣ гузаронида мешавад.

Тағйирот ба моддаи 300 ба раисикунандаи мурофиаи судӣ имконият медиҳад, ки шахсияти судшавандаро муайян намуда, ба судшаванда ва ҳангоми муҳокимаи парванда бе иштироки судшаванда бинобар қарор доштани ӯ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саркашӣ карданаш аз ҳозир шудан ба суд (қисми 4 моддаи 280 кодекси мазкур) ба ҳимоятгар супорида шудани нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори мақомоти таҳқиқ оид ба оғози парвандаи ҷиноятиро муайян намояд.

Ҳамин тавр, тағйироту иловаҳои пешниҳодгардида ба васеъгардонии таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ­мурофиаи­ ҷиноятӣ, пешгирии берун аз ҷазои саривақтӣ мондани судшавандагоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳон мешаванд ва аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунанд, яъне тантанаи адолати қонун, барқарории адолати судӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд.

Аз ин лиҳоз, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 26 таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо 17 — тоаш пурра ва қисман қабул гардида, 9 — тоаш қобили қабул дониста нашуданд.

Бояд тазаккур намуд, ки пешниҳоду таклифҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки бо натиҷаи омӯзиши лоиҳаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон манзур гардиданд, таъиноти тағйиру иловаҳоро боз ҳам аниқ, мушаххас, сода, оммафаҳм ва мақсаднок гардониданд.

Лоиҳаи мазкур15 июни соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсия ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, қабули он аз Буҷети давлатӣ маб­лағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба ин ­масъала кӣ савол дорад? Марҳамат.

 

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ман ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду савол дорам:

Ба қисми 7 моддаи 50 қонуни амалкунанда тағйироти зерин пешниҳод шудааст: Агар гумонбаршаванда ё айбдоршаванда аз ҳуқуқи гирифтани ҳимоятгар истифода накунад, прокурор ё муфаттиш ба ӯ ҳимоятгар таъин менамояд. Дар ин ҳолат боҷи давлатии ӯро кӣ месупорад?

Вақте ба айбдоршаванда ҳукми ҷазо таъин мегардад, вале ӯ дар ҳудуди ҷумҳурӣ нест, ҷазо аз кай ба ҳукм медарояд? Аз рӯзи эълони ҳукм ё аз рӯзи ба даст афтодани ӯ?

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД:

- Хароҷоте, ки барои хизмати ҳимоятгар сарф мешавад, бо қарори муфаттиш аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пардохта мешавад.

Дар ҳолати дастгир шудан ё ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон омада ба суд муроҷиат намудани судшаванда, ки нисбати ӯ ғоибона парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ ва ҳукми ғоибона бароварда шудааст, дар он ҳолат баррасии нави парвандаи ҷиноятӣ дар назар дошта мешавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб дода мешавад.

Абдуфатоҳи ҒОИБ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Яке аз мақсадҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда, фаъолгардонии муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Бо ин мақсад аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз 25 марти соли 2011 қабул шуда, Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Ишкошим», «Панҷ» ва ғайра ба имзо расида, тасдиқ шуданд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқоиса бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикршуда гузаронида, баъзе номувофиқатиҳоро муайян намуда, тибқи моддаҳои 5-ум ва 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ барои такмилдиҳӣ, коркард, ба навъҳо ҷудокунӣ, борбандӣ, тамғагузорӣ ва нигоҳдории молҳои ба минтақа воридшаванда бо мақсади минбаъд ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода бурда мешавад. Лекин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 содироти молҳоеро, ки дар натиҷаи амалиёти коркард дар минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсол шудаанд, пешбинӣ накардааст.

Бинобар ин, бо мақсади аз байн бурдани номувофиқатӣ байни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, пешниҳод менамояд, ки дар қисми 4 моддаи 266 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз калимаи «реэкспорт» калимаи «содирот», илова карда шавад. Дар амал татбиқ намудани меъёри мазкур ба он мерасонад, ки шахсони дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолиятдошта метавонанд молҳои коркарднамудаи худро барои муомилоти озод бароранд ва ё содирот намоянд ва бо ин амалиёти худ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ва зиёд намудани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Дигар қисмати тағйироте, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, мутобиқ намудани матни Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ мебошад.

Аз ҷумла, дар 21 моддаи Кодекси гумрук калимаҳои «ставка», «ставкаи» ва «ставкаҳои» истифода мешаванд, ки бояд ислоҳ карда шаванд. Бинобар ин, Хадамоти гумрук пешниҳод менамояд, ки дар тамоми матни Кодекси гумрук (моддаҳои 128, 138, 150, 187, 195, 196, 207, 214, 236, 303, 304, 309, 317, 334, 341, 342, 346, 351, 370, 372 ва 383) ин калимаҳо ба калимаҳои «меъёр», «меъёри» ва «меъёрҳои» иваз карда шаванд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз шумо вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор дода мешавад.

Назирӣ Гулбаҳор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ! 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2016, № 733 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқсозии меъёрҳои қонунгузорӣ, бартараф намудани мухолифати байни мафҳумҳои ҳаммаъно таҳия гардидааст. Бо сабаби он ки дар банди 4 моддаи 266 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти содиротӣ (экспорт) ба назар гирифта нашудааст, молҳои дар ҳудуди минтақаи озоди гумрукӣ истеҳсолшуда дар вақти содирот ба бозорҳои дигар давлатҳо ҳамчун реэкспорт ба қайди гумрукӣ гирифта шуда, бо рамзи низоми гумрукии 31-реэкеспорт ба ҷои 10- экспорт ба расмият дароварда мешаванд.

Ин ҳолат ба нархи моли содиротии субъектони минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз сабаби мутобиқи қонунгузории гумрукии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба воридоти моли реэкспортшуда ба боҷи гумрукӣ ба миқдори 5 маротибаи пардохтҳои гумрукӣ зиёд ситониданашон таъсир расонида, ба гароншавии арзиши маҳсулоти содиротӣ оварда мерасонад.

Аз ин лиҳоз, ба қисми 4 моддаи 266 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз калимаи «муомилоти озод,» илова кардани калимаи «содирот» пешниҳод карда мешавад. Инчунин, дар 22 моддаи кодекси мазкур калимаи «ставка» муносибатан ба калимаи «меъёр» иваз карда шуданд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон панҷ таклиф пешниҳод намуданд.

15 июни соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои пешниҳодгардида қабул гардиданд.

Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуда, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардиданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳ ва ба ин васила ба каси дигар надодан, ғайриқонунӣ иваз накардани рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёт мебошад.

Аз таҳлили вазъи тартиботи ҳуқуқӣ бармеояд, ки танҳо дар соли 2015 қисмати бештари қоидавайронкуниҳои ба тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидоваранда бо истифода аз воситаҳои нақлиёт содир карда шудаанд, ки қариб 85 фоизи шумораи умумии ҳуқуқвайронкуниҳоро (1597791 далел) дар ҷумҳурӣ дар бар мегиранд.

Қоидавайронкуниҳое, ки бо истифода аз рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ дар воситаҳои нақлиёт содир карда мешаванд, бештар ба қайд гирифта шуда, боиси ташвиш гардидаанд, чунки ошкоркунӣ ва пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо дар бисёр ҳолат ба мушкилиҳо оварда мерасонанд.

Махсусан, баъди ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази автоматонидаи идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои бо рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт зиёд ба чашм мерасад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт бо мақсади пардохт накардани маблағи ҷаримаи маъмурӣ вобаста ба вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тавассути таҷҳизоти техникӣ сабт мегардад, аз рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ истифода мебаранд. Инчунин, ба хотири рӯйпӯш намудани амали ҷиноятӣ ва ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ба ҷамъият ва бехатарии он таҳдидоваранда рақамҳои қайди давлатии бегона ва ё қалбакӣ истифода мешаванд.

Таҳлилҳои самти мазкур нишон медиҳанд, ки соли 2015 нисбат ба соли 2014 (945 далел) шумораи чунин ҳуқуқвайронкуниҳо қариб се маротиба афзуда, 2502 далелро ташкил медиҳад.

Қайд менамоям, ки талаботи муқаррароти моддаи 313 Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идора намудани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди бегона ва ё қалбакӣ нокифоя буда, барои пешгирӣ намудани ин гуна кирдорҳо ба пуррагӣ мусоидат наменамояд. Аз ин лиҳоз, моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия карда шуда, санксияи он пурзӯр карда шудааст. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол пешбинӣ шудааст.

Қисми дуюми моддаи мазкур, ки такроран содир намудани кирдорҳои қайдгардидаро пешбинӣ менамояд, хориҷ карда, меъёри он ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Қабул ва амалӣ гардидани лоиҳаи қонуни баррасишаванда дар самти пешгирӣ намудани қойдавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин ба баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт дар риоя намудани талаботи қонунгузории маъмурӣ ҷиҳати нигоҳ доштани рақамҳои давлатӣ ва ба каси дигар надодани воситаи нақлиёт мусоидат намуда, ба интизоми ронандагони воситаҳои нақлиёт таъсири мусбӣ мерасонад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат накарда, амалӣ гаштани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади пешгирии қонунвайронкунии бо истифода аз воситаҳои нақлиёти рақамҳои қайди давлатиашон бегона ва ё қалабкӣ, ки ба тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидоваранда мебошанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Таклифу пешниҳодоти аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсади таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ амалкунанда, инчунин баланд бардоштани интизоми ронандагони воситаҳои нақлиёт мебошад.

Бештари қоидавайронкуниҳои ба тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидоваранда бо истифода аз воситаҳои нақлиёт содир мегарданд. Дар ин самт бахусус қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз қабили идораи воситаҳои нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва ё қалбакӣ, боиси ташвиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст. Ташвишовар он аст, ки баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт бо мақсади ошкор нашудани ҷинояти содирнамудаи онҳо, пардохт накардани маблағи ҷарима вобаста ба вайрон кардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тавассути таҷҳизоти техникӣ сабт мегарданд, рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакиро истифода бурда, дар дигар ҳолатҳо ба қалбакӣ тайёр намудани рақамҳои қайди давлатӣ барои воситаи нақлиёт даст мезананд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ба танзим даровардани кирдорҳои ҷинояткоронаи қайдшуда ва татбиқ намудани ҷазои ҷиноӣ нисбати чунин ашхос илова намудани моддаи 212 (1) ба Кодекси ҷинояии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуда, бо мазмуни зайл таҳия ва пешниҳод гардидааст: «Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт».

Лоиҳаи моддаи нав аз ду қисм иборат буда, дар онҳо ҷазо дар намуди ҷарима, маҳдуд кардан ва маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, баъзе шахсон, ки ҳуқуқи ронандагӣ надоранд, дар ҳолати мастӣ худсарона воситаҳои нақлиётро идора карда, садамаҳои нақлиётӣ содир менамоянд. Чунончӣ, соли 2015 дар ҳолати мастӣ ва дар ҳолати мастӣ бе ҳуқуқи ронандагӣ 8517 ҳуқуқвайронкунӣ бо истифода аз воситаи нақлиёт содир шудааст. Бояд зикр кард, ки бо гуноҳи ронандагони дар ҳолати мастӣ қарордошта 38 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 13 нафар ба ҳалокат расида, 44 нафари дигар ҷароҳати гуногундараҷаи ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо моддаи 337 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, амал мекунад, ки айни замон талаботи меъёрҳои он вобаста ба танзим даровардани чунин ҳаракатҳо нокифоя мебошад. Бинобар ин, қисми дуюми моддаи мазкур, ки такроран содир намудани кирдорҳои қисми якумро пешбинӣ менамояд, хориҷ карда, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 212 (2) дар таҳрири зайл: «Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад» таҳия гардида, пешниҳод шудааст, ки дар санксияи он ҷазо дар намуди ҷарима ва татбиқи корҳои ислоҳӣ пешбинӣ гардид.

Қабул ва амалӣ гардидани лоиҳаи қонуни баррасишаванда дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин ба баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт дар риоя намудани талаботи қонунгузории ҷиноятӣ ҷиҳати идора накардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, қалбакӣ ва ё тайёр накардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт мусоидат менамояд. Ҳамчунин, нисбати шахсоне, ки ҳуқуқи ронандагӣ надоранд ва ба чунин шахсони дар ҳолати мастӣ қарордошта барои идора кардан воситаи нақлиётро медиҳанд, таъсири мусбӣ расонида, итоат намудан ба аломатҳои роҳ ва интизомнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт беҳтар мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат накарда, амалӣ гаштани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.  

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо бо истифода аз воситаҳои нақлиёти рақамҳои қайди давлатиашон бегона ва ё қалбакӣ, инчунин тайёр намудани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт, ки ба тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдид доранд, аз ҷумла пешгирии идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Таклифу пешниҳодоти аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида, дар маҷмӯъ, ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Вобаста ба ин ­масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур пешгирии қоидавайрон­куниҳо бо истифода аз воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт ва идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарордошта, ки ба тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидоваранда мебошанд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои пешбининамудаи қонунгузориҳои зикргардида бояд ба дараҷа ва оқибатҳои хавфнокии кирдори зиддиҳуқуқӣ мувофиқат намуда, ба пешгирии онҳо мусоидат намояд.

Таҳлилҳо дар самти амалияи маъмурӣ нишон медиҳанд, ки чораҳои муқаррарнамудаи моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди бегона ё рақами қалбакӣ» ва моддаи 337 «Оид ба идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад» ба пешгирӣ намудани ин гуна кирдорҳо мусоидат карда наметавонанд.

Аз ин лиҳоз, қисмҳои дуюми моддаҳои 313 ва 337 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуда, меъёрҳои мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Моддаи 2121. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт» ва «Моддаи 2122. Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад» илова гардида, санксияҳои моддаҳои зикргардида пурзӯр карда шудааст, ки ҳамаи ин барои дар оянда пешгирии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо, таҳкими тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ равона мегарданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дода мешавад.

АҲМАДЗОДА Ҷамшед Ҷалол: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳадафи асосӣ аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон, ба танзим даровардани қоидаҳои муайян намудани меъёр ва нархномаҳои корҳои сохтмонӣ ва дар ин асос сарфа намудани маблағҳои буҷетӣ, беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохт­монӣ, ташаккули механизмҳои нави ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ мебошад.

Ҳамчунин, барои танзими системаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор вуҷуд дорад, зеро пешбурди сиёсати нархгузорӣ тавассути маълумоти дахлдор аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолкунанда ва воридкунандаи масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ амалӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, ки мутобиқи моддаи 13- уми (банди 1, сархати 10) Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёргузории техникӣ ва танзими низоми нархгузориро дар соҳаи шаҳрсозӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ амалӣ менамояд. Мутаассифона, бояд таъкид сохт, ки мутобиқи кодекси мазкур қоидаҳои муайян намудани нархгузории корҳои сохтмонӣ дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидааст. Дар навбати худ дар амал ин ҳолат мушкилиҳои зиёдро ба вуҷуд меоварад, зеро меъёрҳои муайянгардида на дар ҳама ҳолат аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя ва иҷро мешавад. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки меъёру қоидаҳои нархгузорӣ аз ҷониби мақомоти санҷишию тафтишотӣ мавриди таҳрир қарор дода мешаванд. Бинобар он, пешниҳод гардидааст, ки минбаъд ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кодекси шаҳрсозӣ муайян намудани қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ пешбинӣ карда шавад. Боиси зикр аст, ки чунин таҷрибаи кор, яъне муқаррар намудани қоидаҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон, дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус ба салоҳияти ҳукумати ин давлатҳо вогузор гардидаанд.

Минбаъд дар сурати қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар ҳолати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ба пешрафт ва танзими системаи нархгузорӣ дар соҳа заминаи асоснок гузошта шуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти дахлдор дар ин ҷода мушаххас гардида, ба танзими муносибатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ бо субъектҳои фаъолият дар соҳа асосҳои ҳуқуқии зарурӣ гузошта хоҳад шуд. Вобаста ба ин, аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, манзур мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани меъёр ва нархномаи корҳои сохтмонӣ ва масраф намудани маблағҳои буҷетӣ таҳия гардидааст. Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи мазкур ба танзим даровардани масъалаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ буда, муайян намудани қоидаҳои вобаста ба он ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 12 Кодекси шаҳрсозӣ пешбинӣ шудааст, мансуб мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 16 июни соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Инчунин, татбиқ ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо — II» (ЛРЧЧ- II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлим» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Нурмаҳмадиён Ҷамшед: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо — II» (ЛРЧЧ- II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлим» пешниҳод гардидааст.

Қобили зикр аст, ки марҳилаи якуми ин лоиҳа аз 1 сентябри соли 2012 оғоз гардида, он дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Мӯъминобод, Темурмалик, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг татбиқ гардида истодааст ва барои беҳтар намудани шароити таъминот бо ғизо ва мусоидат дар афзун намудани даромади зиёда аз 22 ҳазор хонаводаи камбизоат, тавассути баланд бардоштани маҳсулот ва даромаднокии соҳаи чорводорӣ ва идоракунии самараноки чарогоҳҳо равона шудааст.

Созишномаи маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» (РЧЧ – II) 3 феврали соли 2016 дар шаҳри Рими Италия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлим бо арзиши 24,0 млн. доллари ИМА ба имзо расида, маблағгузории лоиҳа тавассути гранти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба андозаи 8,7 млн. доллари ИМА, қарзи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ 8,7 миллион доллари ИМА, гранти Фонди барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлим дар ҳаҷми 5,0 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,44 миллион доллари ИМА ва ҳиссаи бенефитсиар 1,2 миллион доллари ИМА сурат мегирад.

Пешбинӣ шудааст, ки татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2022 идома меёбад. Лоиҳаи пешниҳодшуда барои боз ҳам самаранок идора намудани чарогоҳҳо ба манфиати табақаҳои камбизоати аҳолии ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон равона мешавад.

Лоиҳаи аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

Қисмати 1 – 3,16 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, барои баланд бардоштани иқтидори соҳаҳои дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ барои боз ҳам самаранок идора намудани чарогоҳҳо, инчунин барои рушди ташкилотҳои ҷомеавӣ ва беҳсозии базаи ҳуқуқӣ равона карда мешавад.

Қисмати 2 – 3,09 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, барои беҳтар намудани дастрасӣ бо чорво ва хизматрасониҳои байторӣ, инчунин таъмини хӯрок барои чорво, паст кардани сатҳи фавт ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои калон ва хурд равона гардидааст.

Қисмати 3 – 15,98 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, барои беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба чарогоҳҳои самаранок ва устувор ба тағйирёбии иқлим равона мегардад.

Қисмати 4 – 1,76 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд ва барои идоракунии лоиҳа, аз ҷумла нигоҳдории маркази татбиқи лоиҳа, инчунин хариди таҷҳизот ва молу ашёҳои зарурӣ равона мешавад.

Дар маҷмӯъ, татбиқи лоиҳа барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии тақрибан 38000 хонаводаи вилояти Хатлон тавассути баланд бардоштани иқтидори соҳаи кишоварзӣ мусоидат карда, ба самаранок идора намудани чарогоҳҳо, баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ ва ниҳоят беҳтар намудани ҳолати озуқавории аҳолӣ замина мегузорад.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Сабурзода Мирзодавлат: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо — II» (ЛРЧЧ- II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлим 3 феврали соли 2016 дар шаҳри Рими Италия ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон тавассути баланд бардоштани маҳсулнокии чорводорӣ ва устуворгардонӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Мақомоти татбиқкунандаи лоиҳа Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» мебошад.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2016 таҳти №737 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул созишномаи мазкурро 15 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фелалиев Акрамшо Саидшоевич, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, онро якдилона дастгирӣ намуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

  Дар хусуси тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Суфиев Хайрулло Сабзаалиевич дода мешавад.

Хайрулло СУФИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 таҳти №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида дар қисми 2 моддаи 99 кодекси номбурда минбаъд Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Таклифу пешниҳодоти аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгашта дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 15 июни соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Касби дипломатӣ бисёре аз вазифаҳои муҳим, аз қабили таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни кишварҳо, ҳалли низоъҳо ва баҳсҳоро дар худ таҷассум менамояд. Аз оғози Истиқлолияти давлатӣ яке аз ҳадафҳои муҳимтарини давлат ин ҳамкориҳои берунаи кишвар, барқарор ва барпо намудани муносибатҳои наздик ва қавии байналмилалӣ буд. Ин ҳадаф неруи пешбарандаи асосии рушди хизматрасониҳои дипломатии Тоҷикистон мебошад. Дар ин ҷода кормандони хизмати дипломатӣ барои пеш бурдани сиёсати хориҷӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»- ро бо мақсади ба расмият даровардани санаи 29 сентябр дар тақвими расмии кишвар ҳамчун рӯзи иди кормандони хизмати дипломатӣ пешниҳод кардааст. Сабаби ин рӯзро интихоб кардан дар он аст, ки маҳз 29 сентябри соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нахустин маротиба дар арсаи васеи ҷаҳонӣ дар иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 725 аз 8 июни соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, ки ҳамаи онҳо ин лоиҳаро ҷонибдорӣ ва ҳамзамон ҳафт пешниҳод оид ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ кардани лоиҳа пешниҳод намуданд

Кумитаи масъул 15 июни соли 2016 ҷаласаи васеъ гузаронида, ин лоиҳаро баррасӣ намуд.

Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958 — 1960 қабул шудаанд» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ва ҳуқуқи инсон Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2002 оид ба инвентаризатсияи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз эътибор соқит донистани санадҳои қонунгузории моҳиятан куҳнашуда пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №744 аз 16 июни соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд»- ро мавриди омӯзиш қарор дод.

Кумитаи масъул 17 июни соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ