Бо мақсади шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 феврал вохӯрии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, академик Носирҷон Салимзода зимни ифтитоҳи ҷамъомад мухтасар зарурати тағйиру иловаҳоро шарҳ дод. Баъдан, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими сохти демократӣ мусоидат намуда, сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллиро тақвият мебахшад. Зикр шуд, ки тағйирот ба қисми шашуми моддаи ҳаштум, ки фаъолияти ҳизбҳои дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷиро манъ мекунад, имкон фароҳам меорад, ки пеши роҳи ҳама гуна низоъ гирифта шавад. Зеро муносибот бо эҳсоси миллӣ ва эътиқоди динии шаҳрвандон кори нозук буда, набояд дар муборизаҳои сиёсӣ истифода шавад.
Дар сурати қабул шудани тағйиру иловаҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ таъин мешавад, дар Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қасам ёд мекунад. Бино ба гуфти номбурда, ин меъёр барои баланд бардоштани масъулият ва эҳсоси худшиносии нафарони ба вазифаҳои мазкур интихоб ва ё таъиншуда мусоидат менамояд.
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммад Иброҳим тағйиру иловаҳои ба мақомоти судӣ тааллуқдоштаро шарҳ дод.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1994, ҳангоми қабул гардиданаш, аз тарафи коршиносони дохиливу хориҷӣ баҳои баланд гирифт. Раванди рушдро тавсеа бахшид. Солҳои минбаъда Тоҷикистон узви созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ гардида, забони давлатиамон низ рушд кард. Аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои нав ворид карда, калимаву ибораҳои он низ ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шавад.
Дар фарҷоми мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо омодагии ҳамаҷониба дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. исоев