Тағйирёбии иқлим ва сиёсати гендерӣ

№33 (4773) 13.03.2024

file-20170718-21748-1w9f5teҶаҳони муосир вобаста ба рушди иқтисодӣ, технологӣ ва техногенӣ ба мушкилоти глобалӣ мувоҷеҳ аст. Мушкилоти мазкур аз лиҳози миқёс, давомнокӣ ва оқибатҳои ногувор хеле гуногун буда, дар айни ҳол ба муҳити зист, саломатии  инсон ва ояндаи инсону табиат таъсири ногувор ва бебозгашт мерасонанд.

Тағйирёбии иқлим ҳамчун мушкилоти глобалӣ ва дарозмуддат барои инсоният маҷмӯи мураккаби таъсироти мутақобила байни равандҳои иқлимӣ, экологӣ, иқтисодӣ, технологӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва институтсионалиро фаро гирифтааст. Барои ҳалли ин мушкилот тарзу усулҳо ва моделҳои гуногун, аз ҷумла ғояҳои аз мантиқ дур, ба монанди кам кар­дани нуфузи аҳолӣ, баргашт ба модели ҷомеаи ибтидоии пешбурди ҳаёт дар шароити сирф табиӣ бе расондани зарари ҷиддӣ ба муҳити атроф ва ғайра пешниҳод шудаанд. Аён аст, ки дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеаи инсонӣ қабули чунин моделҳо ғайриимкон аст.

Воқеан, нигоҳдории низоми муносиби иқлимӣ барои кулли кишварҳо моҳияти умумӣ дошта, ҳамоҳангсозии сиёсат ва амалҳои онҳоро дар бахши мутобиқшавӣ ба пайомади ин падидаи номатлуб тақозо менамояд. Барои ҳамоҳангсозии талошҳо ва амалҳои кишварҳо ва ташкилотҳои гуногун дар ин бахш ҳанӯз соли 1992 Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим қабул шуда буд. Барои татбиқ намудани конвенсияи мазкур Протоколи Киото (Ҷопон, соли 1999) ва баъдан, Созишномаи Париж (Фаронса, соли 2015) қабул ва аз тарафи кулли давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ба тасвиб расид. Зимнан, татбиқи Протоколи Киото барои инсоният таҷрибаи муваффақ гардид, ки тибқи он идоракунии партовҳо ба муҳити атроф то андозае имконпазир гардид ва дар як вақт пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ пешгирӣ шуд.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Созишномаи Париж оид ба иқлим тарафҳо (кишварҳо) ибтикори таъсирбахшро муайян карда, дар айни замон стратегияҳои миллии рушдро бо назардошти коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ қабул ва нақшаҳои мутобиқат ба тағйир­ёбии иқлимро пайваста татбиқ менамоянд.

Дар ин доира дар аксари кишварҳои ҷаҳон, инчунин, амалҳои мақсаднок оид ба иҷрои уҳдадориҳои қабулшуда дар доираи ин ҳуҷҷатҳо, ҳисоботи миллӣ оид ба уҳдадориҳо дар назди Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим таҳия ва татбиқ шуда истодаанд. Илова бар ин, кӯшишҳои муайянкунии талаботи технологии кишварҳо ҷиҳати коҳиши ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар бахшҳои энергетика, хоҷагии ҷангал, партовҳо ва сохтмон, инчунин, омӯзиши мушкилоте, ки барои ҷорисозии бомуваффақияти технологияҳои нав монеъ мешаванд, хеле муҳим арзёбӣ шудаанд.

Аён аст, ки тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа таъсири ногувор мерасонад. Дар миқёси кишвар ва дар ҳар як ҳолати мушаххас ҷавоби аниқ ба чунин таҳдидҳо танҳо дар ҳолати риояи ­қатъии ду шарти асосӣ метавонад дарёфт шавад: нигоҳдории экосистемаҳои табиӣ ҳамчун танзимгари асосии иқлим ва омили муҳими иқлимофар ва бунёди механизми мутавозини қабули қарорҳо ва татбиқи ҳадафҳо дар ҳама сатҳ — аз давлатӣ то оилавӣ. Дар ин росто, баробарии гендерӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои механизми мазкур дар сатҳҳои гуногун эътироф гардидааст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи қабул ва татбиқи Консепсияи рушди устувор дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҳаддалимкон ворид кардани мушкилоти тағйирёбии иқлимро ба нақшаҳои амал ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он омода кардаанд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Инчунин, вазифаҳои бартариятнок дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва идоракунии хавфҳои ҳолатҳои фавқулода дар мувофиқа бо уҳдадориҳои миллӣ оид ба Созишномаи Париж ва «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2015-2030» муайян шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аз ҳама бештар осебпазири минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода мебошад. Муҳимияти ин мушкилотро ба эътибор гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабӣ оид ба тағйирёбии иқлим ҳамроҳ шуда, Протоколи Киото ба он, инчунин, Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро қабул ва тасдиқ намудааст.

Қобили қайд аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созандаю афзояндаи занонро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба эътибор гирифта, ба саҳмгузории онҳо дар раванди ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор 2030 баҳои баланд доданд.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қайд намуданд: «Дар даврони истиқлоли давлатӣ мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ба маротиб вусъат ёфт».

Дар назар бояд дошт, ки занҳо, ҳамчунин, дар бахши идоракунии экологӣ, таъмини рушд ва амният дар ҳамаи сатҳҳо саҳми арзанда доранд. Иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини раванди ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор эътироф гардидааст. Ба ғайр аз ин, баробарии гендерӣ аз лиҳози мубориза бо хавфҳои афзояндаи марбут ба тағйирёбии иқлим қисмати калидӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар аксари ҳуҷҷатҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва барномаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, пешбурди сиёсати баробарии гендерӣ ҳамчун индикатори мақсаднок эътироф шудааст. Дар ин ҳолат васеъшавии имконият ва ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии занон афзалияти байнисоҳавӣ эътироф шудааст, ки ҳадафи аслии он таъмини баробарии гендерии воқеӣ мебошад.

Пеш аз ҳама, кафолат ва принсипҳои асосии таъмини баробарҳуқуқии мардон ва занон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, барои таҳия, қабул ва татбиқи сиёсат ва стратегияҳои миллӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ замина шудаанд. Соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии амалҳо оид ба таҳкими нақш ва мақоми занон барои давраи солҳои 1998-2005» қабул шуда буд. Дар ҳуҷҷати мазкур чорабиниҳои мушаххас, аз ҷумла ташхиси қонунгузорӣ аз лиҳози гендерӣ, ташаккули захираи кадрҳо барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунӣ дар пояи гендерӣ ва ғайра пешбинӣ гардид.

Соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардида буд. Тибқи фармони мазкур як қатор барномаҳо ва тадбирҳо оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунандаи вазорату муассисаҳо, тақвияти мубориза бо зӯроварӣ нисбат ба занон, инчунин, таҳкими раванди омодасозии кадрҳо аз зумраи занон тибқи ихтисосҳои агроном, иқтисоддон, муҳандис, табиб ва омӯзгор таҳия ва дар амал татбиқ шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030»-ро қабул намуд. Дар он зикр шудааст, ки  оқибатҳои тағйирёбии иқлим яке аз сабаб­ҳои муҳоҷират ва зиёд гаштани сарбориҳои хонаводагии аҳолӣ гашта, ба таъмини баробарии гендерӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, тағйирёбии иқлим низ ба маҳдудияти даст­расӣ ба таҳсилот метавонад сабаб шавад.

Дар Конференсияи оби СММ, ки моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд доир гардид, яке аз мавзуъҳои асосӣ ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамбастагии мушкилоти обу иқлим буд. Инчунин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди об ва иқлим соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шуд.

Дар назар бояд дошт, ки қисмати бештари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла занон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Маҳз, ҳамин қисмати аҳолӣ бештар дучори таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои номатлуби он гардиданд. Тамоюли афзоишро касб намудани норасоии об, алалхусус, барои обёрии замин, обшавии пиряхҳо, тағйирёбии ҷуғрофии боришот ва кофӣ набудани ҷойҳои корӣ барои занон ва духтарон ба некуаҳволии аксари занон ва духтарон дар деҳот таъсир мерасонад.

Қобили қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди босуръати ташаккули заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ барои таъмини баробарии гендерӣ, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он давом дорад. Ин аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба татбиқи Декларатсия ва заминаи амалҳои Пекин (соли 1995) ва ташаккули асосҳои ҳуқуқӣ барои таъмини баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ шаҳодат медиҳад.

Дар назар бояд дошт, ки ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ба расмиёти қабули қарорҳо дар сатҳҳои гуногун алоқаманд мебошад. Барнома ва нақшаҳо оид ба баланд бардоштани мақом ва тавсеаи ҷалби занон ба фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ барои таҳкими неруи онҳо дар муқобили тағйирёбии иқлим муҳим аст. Вакилзанон, ки дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии амалҳои марбут ба тағйирёбии иқлим хеле фаъол мебошанд, метавонанд саҳми муносиб гузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Алалхусус, дар деҳот барномаҳои махсуси миллӣ ва стратегияҳоро таҳия ва татбиқ менамояд, ки ҳадаф баланд бардош­тани мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба ҳалли ­масъалаҳои мубрам дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор мераванд.

Аз ин хотир, занон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла, ҳамкориҳои экологӣ, муқовимат ба тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳити зист ҷойгоҳи сазовор пайдо кардаанд.

Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чораандешӣ дар доираи барнома, лоиҳаҳои миллӣ ва ташаб­бусҳо, такмили механизмҳои ҳифзи иқлим ва таъмини баробарии гендерӣ, ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мутобиқат ба оқибатҳои он робитаи ногусастанӣ доранд. 

Ҳ. ОДИНАЕВ,

Р. ЛАТИФЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон