Бо ҳамин ном 18-уми октябри соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарон ва кормандони масъули Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Хадамоти гумрук ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат, инчунин, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари экологӣ будани Тоҷикистонро дар мисоли истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, обҳои мусаффо, тадбирҳо ҷиҳати инкишофи «иқтисоди сабз», ҷалби «инвеститсияҳои сабз», ташкили «долонҳои сабз», дар маҷмӯъ, бунёди «кишвари сабз» борҳо таъкид кардаанд. Ва дар ин росто масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркард ва афзоиш додани ҳаҷми содироти чунин маҳсулот яке аз масъалаҳои бунёдии рушди иқтисод дониста шудааст. Аз ин лиҳоз, воқеист, ки аз соли 2016 инҷониб, ҳадафҳои олии мамлакат сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро аз ҷумла, таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил додааст.
Зикр гардид, ки вобаста ба таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳони муосир, халалдор шудани муносибатҳои анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст.
Дар баробари ин, тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он тавассути истифодаи технологияҳои муосир ва анъанаҳои миллӣ ва бо ин роҳҳо таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
- Маҷлиси намояндагон тибқи дастуру нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро вобаста ба таҳдиду чолишҳои замони муосир барои ҷавобгӯ будан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди устувори иқтисодии он равона кардааст,- илова намуд Р. Латифзода. — Аз ҷумла, вобаста ба истеҳсолоти органикӣ ва истифодаи усулҳои биологӣ дар кишоварзӣ соли 2013 аз тарафи Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» қабул карда шуд. Вале вобаста ба талаботи замони муосир ва дигаргуниҳо дар фаъолияти хоҷагидорӣ, инчунин, мутобиқ сохтан ба муқаррароти қонунҳои пас аз қонуни мазкур қабулгардида масъалаҳои танзими қонун вобаста ба ин мавриди омӯзиш қарор дода шуданд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ» таҳия карда шуд, ки он дар баррасии кумита қарор дорад.
Иштирокчиёни мизи мудаввар, ҳамчунин, дар мавзуъҳои «Заминаи ҳуқуқии кишоварзии органикӣ ва нақши он дар таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат», «Моҳияти ратификатсияи Конвенсияи Роттердам оид ба таъмини амнияти кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Конвенсияи Роттердам: шартҳои заминавии татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Танзими истифодаи пестисидҳо дар Тоҷикистон», «Кишоварзии органикӣ дар Тоҷикистон» ва «Усулҳои биологии ҳифзи растаниҳо» баромад намуда, баъди саволу ҷавоб ва мунозираҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.