6-уми сентябри соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ шинохта шудани Тоҷикистони бароямон бениҳоят азизу муътабар ва муқаддас аст.
- Ҳар гоҳе ки мову шумо аз боби давлату давлатдорӣ ва истиқлоли давлатии тоҷикон сухан меронем, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри Тоҷикистонро дар назар дорем, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар интиҳои қарни XX дар арсаи ҷаҳон ба шарофати сиёсати дурбинона ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуд, — гуфт М. Зокирзода.
Иброз гардид, ки воқеан ҳам, истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Шоиста ба зикр аст, ки мо дар як муддати кӯтоҳ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ шудем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардидем.
Тавре Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, дар ин муддати начандон тӯлонӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Муҳимтарин рамзҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ — Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди Миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, таъмини амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳад ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
- Аҳсану офаринҳо мегӯям, ин ҳама самараи сиёсати осебнопазир ва роҳбариву роҳнамоиҳои абармарди нотакрор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба чунин рӯзҳо ва дастовардҳои бузург ноил шудем. Самараи чунин сиёсат буд, ки мо роҳи ҷомеаи адолатпарвару озодандеши ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро пеш гирифтем ва бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардидем, ба бунёди рукнҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатамон ноил шудем, ваҳдату ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакатро нигоҳ доштем. Имрӯз шукри он мекунем, ки таҳти сарварии Пешвои миллатамон сулҳу амният дар мамлакат пойдор аст, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.
Дар чунин рӯзҳои пурнишот моро лозим аст, ки бештар ба таърихи навини давлатамон назар афканда, аз ин давра сабақ омӯзем, — таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар ин ҳамоиши идона, ҳамчунин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода ва сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода роҷеъ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маърӯза намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш, ба ифтихори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ба се корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон — Зайнулобиддин Боқизода, муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Шаҳло Сафарзода, муовини сардори раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, медали Хизмати шоиста ва ба Ҳалима Бобоғарибова, корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Инчунин, як зумра вакилону кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Сатторзода, бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ