Таҷлили рӯзи модар дар Маҷлиси Олӣ

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

DSC_5323Панҷуми марти соли равон дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш баргузор гардид, ки зимни он роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Илёс Идрисзода бонувони Дастгоҳи Маҷлиси миллиро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, гуфт, ки занону модарон сарчашмаи ҳастӣ, тараннумгари зебоӣ, қадршиносӣ ва нигаҳдорандаи меҳру муҳаббатанд.

- Зан – модар ҳастиашро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, баҳри  баланд бардоштани нақши бонувон дар ҷомеа, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон ва ҷалби бештари онҳо ба хидмати давлатӣ ­пайваста роҳнамоӣ ва чораандешӣ менамоянд, — афзуд ӯ.

Натиҷаи ғамхориҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аст, ки солҳои охир теъдоди  занони ихтисосманду соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият — мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ меафзояд.

DSC_5317Дар фарҷом, ба хотири арҷгузорӣ ва саҳми назаррас дар пешрафти кори мақомот ба бонувони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби фонди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии якдафъаина ва туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва озмонҳои ғайридавлатӣ