Панҷуми марти соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид.
Онро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода оғоз бахшида, аз ҷумла, гуфт, ки ба оғози эҳёи табиат – фасли рӯидани сабза ва баҳори гулбасар рост омадани Рӯзи Модар рамзи басо неку ҳуҷаста мебошад.
- Ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи моро мақому манзалат, меҳру муҳаббат ва гармиву самимияти модар гирди ҳам овардааст, ҳар яки шумо – вакилон-бонувони олиқадр ва модарону занони иззатмандро, ки дар Маҷлиси намояндагон кору фаъолият доранд, ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона муборакбод гуфта, тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям, — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаю пайвастаи Пешвои миллат солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар ҳама шохаи ҳокимияти давлатӣ – мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судӣ ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ назаррас афзоиш ёфта, нақши барҷастаи онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла қонунгузорӣ, баръало мушоҳида мегардад.
- Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020, ба Маҷлиси миллӣ 8 нафар зан ё 26 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 24 фоиз интихоб шуданд, ки теъдодашон нисбат ба интихоботи даъвати гузашта зиёд мебошад, — ёдовар шуд Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки то якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19 ҳазору 210 нафар хизматчии давлатӣ дар ҷумҳурӣ, бештар аз 4 ҳазору 485 нафар ё 24 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Дар интиҳо зикр шуд, ки занону бонувони соҳибмаърифати тоҷик бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрии давлат ва фазои орому осудаи кишвар ва истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани биҳиштосо содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд.
«Садои мардум»
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ