Таҷлили Рӯзи Парчам дар Маҷлиси намояндагон

№144-145 (4727-4728) 24.11.2023

DSC_424324-уми ноябри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир ­Зокирзода изҳор дошт, ки дар саросари кишвар ҳар сол 24-уми ноябр Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Воқеан, парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қудрати созандагӣ мебахшад.

- Дар марҳалаи гузоштани пойдевори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ авзои сиёсии кишвар то ҳадде ноором буд, ки имкони қабули рамзҳои давлатӣ вуҷуд надошт ва Тоҷикистони тозаистиқлоли мо як сол бе Парчами давлатӣ монда буд.

Хушбахтона, бо ибтикор ва ба шарофати иродаи қавии сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ дар кишвар парчами давлатӣ қабул гардида, парафшонӣ намуд.

Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад, — зикр кард Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳамчунин афзуд, ки ҳар яки мо бояд аз Парчами давлатӣ ифтихор намоем ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварем, зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.

DSC_4184Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ зикр кард, ки Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад. Сиёсатмадори маъруфи англис Маргарет Тэтчер гуфтааст: «Одам метавонад бо хоҳиши худ ва барои худ ба Эверест барояд, аммо дар қуллаи он парчами кишварашро мешинонад». Яъне, дар кадом баландие набошӣ, беватанӣ ҳамаи даст­оварди туро бемаънӣ менамояд.

Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тоза­истиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт.

- Қабули Парчами давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеа бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем, зеро дар ҳама давру замон, дар кишварҳо ва сарзаминҳои гуногун аломатҳои муайян мавҷуд буданд, ки бо ёрии онҳо одамон бо ҳам муошират мекарданд. Яке аз ин аломатҳо парчам аст. Аз замонҳои қадим то имрӯз он рамзи як давлати мустақил ё халқ ҳисобида мешавад. Бесабаб нест, ки барафрохтани парчами миллӣ нахустин маросими тантанавӣ пас аз эълони давлати нав аст, — зикр кард номбурда.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зоир Раҳмонзода дар мавзӯи «Нақши Парчам ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон» баромад кард. З. Раҳмонзода зикр кард, ки таърихи башар, бархӯрди тамаддунҳо ва низоъҳои сиёсӣ дар ҳама давру замон баҳри шинохти миллату давлат ва ифодаи марому ҳадафҳояшон инсонҳоро водор кардааст, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотира ва фарҳангу тамаддуни хеш, аломат ё рамзҳои гуногунро эҷод кунанд ва истифода баранд. Ба маънои дигар, рамзҳои давлатӣ лавҳаи мухтасари бозгӯй аз таърихи давлату миллат, ҳамзамон мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси халқу миллатҳо дониста шудаанд.

- Парчами давлатии Тоҷикис­тон, ки таҳти раёсати фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, на танҳо як рамзи давлатдорӣ, балки ифодагар ва даъваткунанда ба сулҳ, ваҳдат, ягонагию муттаҳидӣ, таҷассуми хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ ва даъват ба эъмори кишвари наву озоду босубот аст. Маҳз, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ нахустин шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандорӣ ва эҳтироми хос ба Парчами давлатӣ дар назди он сари таъзим фуруд оварда, ин муқаддасоти миллиро рӯи хеш молида, бӯса намуданд, — зикр кард З. Раҳмонзода.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҷибахон Ҷавҳарӣ доир ба рамз ва хусусияти парчами давлатҳои гуногун сухан кард. Бино ба гуфти ӯ, парчамҳои мутавофити кишварҳои дунё нишонаи он ҳастанд, ки одамон ба ин ё он ҷомеа, сарзамин ё миллат тааллуқ доранд ва соҳиби ақоид, аҳдоф, қавонин ва муқаррароти муштарак мебошанд. Алъон дар олам 195 кишвари мустақил дорои парчами хос бо намоду рангҳои махсус арзи вуҷуд доранд. Вексиллологҳо парчамҳои кишварҳоро аз рӯйи рангҳо ва намодҳояшон ба 20 гурӯҳи парчамҳои ба ҳам шабоҳатдошта тақсим кардаанд ва онҳо аз шароити ҷойгиршавӣ, таърих ва фарҳангу суннатҳои муштарак қисса мекунанд. Парчамҳоро наметавон ба ҳайси як порчаи бо рангу намодҳо мунъакисёфта қабул кард, Парчамро чун намоди ғурур ва амнияти миллии ин ё он кишвар, ки таърих, муборизот, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ормонҳои як давлатро муаррифӣ мекунад, бояд шинохт.

- Даврони бузург ва муҳими парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шурӯъ шудааст. Маҳз шурӯъ аз ин санаи муборак миллати тӯли таърих ранҷкашидаи тоҷик соҳиби муқаддасоти хеш гашт, ормонҳои миллӣ, маҳз аз ин санаи ҳумоюнфол бо ибтикори Сарвари эъморгари миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шудан оғоз намуданд.

Парчами давлати соҳибихтиёри мо ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.

Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси миллию ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва неруи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассумгари арзишҳои сиёсию фарҳангӣ ва ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода рамзҳои давлатиро «шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат» арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки тавассути онҳо давлатҳо дар тамоми дунё муаррифӣ мегарданд. Ҳар як рамзҳо мазмуну моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию сиёсиро дороанд. Парчам намоде аз ҳастии миллат аст, ки дар корзорҳо ва дар овони сулҳу дӯстӣ парафшонӣ мекунад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муқаддаси миллӣ буда, ифодагари ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед ва умед ба ояндаи нек аст. Он ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро ҷилвагар менамояд.

 Тоҷикон аз қадим соҳибдавлату соҳибпарчам буданд ва ибтидои парчамдории ин халқи тамаддунофар ҳамон «Дирафши ковиёнӣ» мебошад, ки ҳамеша аҷдоди моро ба дифои марзу бум ва фарҳангу суннатҳои ориёӣ ҳидоят менамуд. Тасвири «Дирафши ковиёнӣ» дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода доир ба заминаҳои ташкилӣ – ҳуқуқии баргузории Рӯзи Парчами давлатӣ сухан кард. Номбурда доир ба раванди қабули Парчами давлатӣ ва қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин рамзи давлатӣ маълумот дод.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар охири чорабинӣ таъкид кард, ки ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Суруди Миллӣ дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузош­тан ба арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оғози таърих то ба имрӯз, мебошад.

Ба ин хотир дар даврони истиқлолияти давлатӣ барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми он дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон, аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.

Итминони комил дорам, ки ҳар яки мо аз Парчами давлатӣ ифтихор менамоем, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодию истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо меорем.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ