Бисту дуюми ноябри соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи куҳанбунёди мост.
Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо — тоҷикон, муқаддас аст. Эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам, арҷ гузоштан ба арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ — Конститутсия, Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди Миллӣ бояд дар миёни мардум, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода аз таърихи давлатдории тоҷикон ва рисолати парчамдории миллати тоҷик ёдовар шуд. Бино ба гуфти ӯ, агар роҳи сангину пур аз тазод ва муборизаҳои пурфоҷиаи миллати тоҷикро дар чанд ҷумла ҳамчун маҷмӯи ахбороти бузург тасаввур намоем, он аз Пешдодиён то Сомониён, аз Сомониён то Аморати Бухоро, аз Аморати Бухоро то ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ ва ниҳоят, соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳёи давлатдории миллӣ рӯнамо мегардад. Миёни ин се зинаи таърихӣ беш аз панҷ ҳазор сол инкишофи давлату давлатдорӣ, фарҳанги оламшумул, низоми ташаккулёфтаи девондорию идоракунӣ, суннати усулан қавӣ ва забони шевою осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавие, ки умумибашарӣ гаштаанд, моро ҳамчун яке аз қадимтарин миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Заҳматҳои таи 30 сол кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки Нишон ва Парчами давлатӣ — ду рамзи давлатдориамон боз партарафшон гаштанд ва рангҳояшон ҷилои фазои озодиву осоиштагиро дар худ бо тоҷу ҳафт ситора таҷассум намуда, то имрӯз мондагоранд ва бо пайванд ба Суруди Миллӣ, се сармояи маънавии боарзиштарини нишондиҳандаи ҳувият ва идораи давлатӣ мебошанд. Сурайё Дӯстмуродзода изҳор дошт, ки парчам рамзест, ки мансубияти одамонро дар хизмати давлатӣ ва намояндагии тамоми сатҳҳо муаррифӣ менамояд. Аз кадом зовия назар наафканем, дар рангҳояш ҳама тобишҳо ва ҷилои ҳаёт ҳувайдост.
- Устувории пояи Парчам аз устувории мавқеи сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии мост, ки аз ҳувияти миллӣ маншаъ мегирад,- таъкид кард номбурда.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода доир ба таърихи парчамҳои навини давлатдории тоҷикон сухан кард. Номбурда намунаҳои парчамҳои Тоҷикистонро аз замони таъсис дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ то имрӯз ба иштирокчиён нишон дода, дар бораи таърихи таҳия ва қабули онҳо маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, Парчами давлатӣ дар замони муосир аз рамзҳои асосии мавҷудияти давлат буда, бинобар дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аҳамияти муҳим доштанаш вазъи ҳуқуқии он бо Конститутсия ва қонунҳо танзим мешавад.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар яке аз дастовардҳои беназири он қабули Парчами давлатӣ буд, ки 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт. Баъдан, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи моддаи 3-юми он Парчам ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, он хусусияти конститутсионӣ гирифт.
11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, дар қисми якуми он қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пас аз қабули Низомнома, 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки мутобиқи қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозии он, моҳият ва тартиби истифодабарии он муқаррар гардидааст. Ҳамчунин, мутобиқи қонуни зикршуда эҳтироми хоса нисбат ба парчам вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад ва дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тарзе муносибат намуд, ки беэҳтиромӣ нисбати он зоҳир нагардад, зеро ҳангоми беэҳтиромиву беэътиноӣ ва дигар кирдорҳои ношоям нисбати ин рамзи муқаддаси миллат ҷавобгарӣ низ муқаррар гардидааст, — изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Гавҳар Шарофзода доир ба таърихи парчамдории миллати тоҷик маърӯза кард. Бино ба гуфти ӯ, қадимтарин парчами тоҷикон аз 6000 то 30000 сол таърих дошта, аз фулузот сохта шуда будааст. Замоне ин парчам таърихи моро муаррифӣ мекард, ки ҳоло китоби «Авесто» иншо нагардида будааст. Ҳамзамон, дар сарчашмаҳо дар бораи империяҳои бузурги тоҷикон ва парчамдории онҳо далелҳои зиёде мавҷуданд.
Аз ҷумла, Шоҳи Бағдод (Бағ-Худо аст) дар сиккаҳо нақши парчамро тарҳрезӣ намудааст, ки дар он шоҳ сумбула дар даст дошт ва дар паҳлуяш парчам ҷилва дорад. Империяи бузурги Сосониён низ парчами мушаххас дошт, ки дорои сангҳои қиматбаҳо буд. Дар «Шоҳнома» бошад, нақши парчам хеле барҷаста буд.
Дар замони Ҳахоманишиҳо ин муқаддасот бо номи дирафш дар сарчашмаҳо омадааст, ки он аз замони империяи Куруши Кабир ҳикоят мекунад.
Давлатҳои Ҳахоманишиниҳо, Ашкониён, Кӯшониён, Тоҳириён, Яфталиён, Сосониён, Саффориён, Ғуриён, Сомониён низ дирафши худро доштанд.
- Дар таърих Дирафши тоҷикон бо номи Дирафши ковиёнӣ хеле маъмул ва машҳур аст, ки он дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ хеле барҷаста ба қалам дода шудааст ва он аз замони Коваи оҳангар сарчашма мегирад, — зикр кард номбурда. — Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши ковиёнӣ» будаанд, ки муҳаққиқон онро дертар пайдо кардаанд.
Муовини якуми роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Манижа Расулзода таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро чун нишони садоқати имрӯзиён ба анъанаҳои гузашта, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар баробари ба даст овардани Истиқололи давлатӣ бузургтарин дастовард барои миллати тоҷик баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ва дар он қабул гардидани Парчами давлатӣ маҳсуб меёбад. Нотиқ аз он ёдовар шуд, ки соли 2009 сохтмони майдони Парчам ва сутуни он бо гулгаштҳои васеъ, кӯли сунъӣ, фаввора ва муҷассамаҳои қаҳрамонони таърихӣ тарҳрезӣ шуд.
- Дар бунёди он бинокорони ватанию байналмилалӣ заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Парчами давлатии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2011 дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе бо ибтикори Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баландии 165 метр насб гардид, ки дидани он дар замири ҳар фард эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва ифтихор аз истиқлолу озодиро афзун мегардонад.
Дар чунин шакл ва андоза бунёд гардидани Парчам намоди давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як ваҷаби он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи Парчам қуллаи баланди ташкили давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои беназири моддию маънавӣ тӯли таърих ба даст овардаанд, — зикр кард номбурда.
Бино ба гуфти ӯ, арзишҳои миллӣ ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат буда, ҳеҷ миллат наметавонад бидуни арзишҳои хоси хеш арзи вуҷуд намояд. Посдорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин, саъю талош намудан барои мондагории онҳо масъулияти миллӣ ва шаҳрвандии ҳар фард аст. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузаштагони мо маҳсуб ёфта, қадрдонии он вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
- Мо, насли имрӯзи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон масъул мебошем. Бояд онҳо муҳофизони аслӣ ва боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашма ва манбаи асосии рушди имрӯзу ояндаи кишвари худ бошанд.
Дар шароити авҷ гирифтани таҳдидҳои замони муосир бояд ҷавонону наврасон зери Парчами партавафшони давлати соҳибистиқлол бо қалби пок ва самимияти ватандорӣ саф кашида, дар сояи давлати мутамаддин ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомадиҳандаи ниёгони фарҳангсолори хеш бошанд, — таъкид кард Манижа Расулзода.
Чорабиниро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷамъбаст намуда, ҳозиринро ба арҷгузории бештари муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, талқин намуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»