21 июни соли 2018 Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки бо сафари расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуд.
- Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар партави талошҳои муштараки роҳбарони олии ду кишвар ва натиҷаи вохӯриҳои сатҳи олӣ ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бемайлон густариш меёбанд, — иброз намуд Шукурҷон Зуҳуров.
- Мо, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров, — таъмини амнияти Афғонистонро омили амнияти кишвари худ ва минтақа медонем. Таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгаройиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард. Дар марҳилаи феълӣ омилҳои иҷтимоиву иқтисодии мубориза бо терроризм ва ифротгаройӣ бояд дар мадди аввал қарор гиранд. Мо доимо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалиро ба расонидани кумаки бештар ба Афғонистон даъват менамоем. Мо бар онем, ки дар ин самт бештар ба татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, зербиноӣ ва сармоягузориҳои мустақим ва ҳадафманд таваҷҷуҳ шавад.
Тоҷикистон бо татбиқи бештари тарҳҳои зербиноии миллию минтақавӣ дар бахши энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаи CАSА-1000, нақлиёт, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ талош меварзад, ки имконоти воридшавии Афғонистонро ба раванди ҳамгироии иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам созад.
Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз пуштибонии пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва арсаи ҷаҳон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастанд. Зеро ҳамеша барои таъмини суботу амният дар Афғонистон пешниҳодҳои ҷолиб менамоянд.
Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Луи Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — Равшан Раҷабов, Бадриддин Садриддинов, Хайрулло Асозода, Қиёмиддин Миралиён ва Олим Салимзода иштирок намуданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ