Таъмини баробарии гендерӣ дар парлумон

№23 (4443) 19.02.2022

DSC_1885Роҷеъ ба ин мавзӯъ 15-16-уми феврали соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти судӣ ва коршиносон семинар баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи он изҳор дошт, ки ҷаласа фурсати мусоид барои баррасии масъалаи мавриди назар ва саҳм гузоштани вакилони парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавонмандсозии занон ва таъмини баробарии гендерӣ маҳсуб мешавад.

 - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ дар татбиқи сиёсати самарабахши гендерӣ иродаи қавӣ зоҳир намуда, баҳри таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар кишвар саҳми арзишманд гузоштанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 «Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба тат­биқи «Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2030» — ро қабул намуд. Ҳамчунин, Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025 нақшаи чорабиниҳои миллӣ, тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули кадрҳои захиравӣ барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунии гендериро пешбинӣ намудааст, — зикр кард Дилрабо Мансурӣ.

Мақсади асосии стратегия фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои қобилиятҳои занон дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ бо мақсади таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.

Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии духтарон ба таҳсил соли 1997 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдаст қабул карда шуд.

Илова бар ин, барои тарбия ва пешбарӣ намудани занони роҳбар «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022» тасдиқ шуд. «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва «Барномаи давлатии тайёр намудани занони мутахассис ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2017-2022» идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» ҳуҷҷати муҳим оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардону занон гардид.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 — 2025» барои занон имкониятро фарохтар намуд. Барои иҷрои барнома ва таҳкими иқтидори вазорату идораҳо ҳар сол аз буҷети давлатӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.

Дар маҷмӯъ, даҳҳо қонун, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва конвенсияҳо қабул шуданд, ки ба масъалаҳои гендерӣ, занон ва духтарон, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои гендерӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.

Як қатор қонунҳои дигар ба дастгирии оилаҳои осебпазир, фароҳам овардани фазои мусоид дар оила ва тарбияи фарзандон нигаронида шудаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи кумаки суроғавии иҷтимоӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи манъи ақди никоҳи хешутаборӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», Кодекси оила аз он ҷумла мебошанд.

Дар ин замина, занони парлумон барои татбиқи бахшҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар имкониятҳои нав пайдо карданд.

Муҳокимаҳои парлумонӣ, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҷалби воситаҳои ахбори омма, тарғиби таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа ҳангоми вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аз салоҳият, ҳадаф ва вазифаҳои фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, иҷрокунандаи вазифаи сардори барномаҳои Дафтари САҲА дар Душанбе Тея Джалиашвили, сардори шуъбаи идоракунии демократӣ ва масъалаҳои гендерии Бюрои САҲА Юлия Нетесова, коршиносон Гулчеҳра Шарипова, Вилоят Мирзоева ва дигарон маърӯза намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ