Дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» қабул гардид. Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов онро шарҳ дод.
- Зимни таҳияи лоиҳаи қонун кадом омилҳо ба инобат гирифта шуданд?
- Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли ҷунбишҳои сейсмикӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, вакилон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ зарур шумориданд, ки чунин қонун қабул гардад. Қонун асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмин намудани бехатарии сейсмикиро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи баҳодиҳии хатари сейсмикӣ, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва огоҳкунии пешакии аҳолӣ бо мақсади ҳимояи шаҳрвандони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда, фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳамкории мутақобилаи давлат ва ҷамъиятро ба танзим медарорад. Бехатарии сейсмикӣ дар ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, роҳбарону масъулони мақомоти марбута бояд аҳолиро ҳар чӣ зудтар аз заминҷунбӣ огоҳ намоянд ва ҷиҳати кам кардани талафот дар ин ҳолатҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Пеш аз қабули қонун ҳам мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо ин корҳоро анҷом медоданд. Қонун чорабиниҳоеро, ки аз ҷониби мақомоту сохторҳои зикргардида анҷом меёфтанд, аз лиҳози ҳуқуқӣ ба танзим медарорад. Барои мисол, дар қонун муайян гаштааст, ки ҳангоми эҳтимолияти сар задани заминҷунбӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бояд кадом мақомот чӣ гуна чораҳоро андешад.
Имрӯз мутахассисони соҳа бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ харитаҳое тартиб додаанд, ки эҳтимолияти заминҷунбиро дар сад соли оянда ба инобат мегирад. Мувофиқи ҷадвали сейсмологии 12-бала аз 5 бал боло заминҷунбии шадид ҳисоб мешавад.
- Оё қонун таҷрибаи дигар давлатҳоро низ фарогир аст?
- Бале, аз таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Арманистон, ки мисли кишвари мо аксари ҳудудашро кӯҳсор ташкил мекунад ва дар минтақаи аз заминҷунбӣ осебпазир ҷойгир аст, истифода кардем. Дар Федератсияи Россия низ чунин қонун қабул гаштааст, ки муаллифон онро ҳам мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Инчунин, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, дигар кумитаҳо зиёда аз 85 таклифу пешниҳод ворид гашт, ки дар такмилу содагардонии матни қонун нақш доранд. Аз ин лиҳоз, қисми зиёди онҳо, яъне зиёда аз 70 пешниҳоду таклиф қабул шуд.
Шоистаи зикр аст, ки дар қонун вазифа ва уҳдадориҳои мақомоти дахлдор, аз шаҳрванди одӣ то ҷамоатҳои деҳот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбутаи ҷумҳуриявӣ муайян гаштааст.
- Солҳои охир дар мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфтаанд. Табиист, ки дар ин маврид тобоварии иншооти сохтмонӣ ба зилзила низ бояд ба назар гирифта шавад. Қонуни нав дар ин бобат чӣ талаботро муқаррар кардааст?
- Қонун барои сохтмони иншооте, ки дар минтақаи аз заминҷунбӣ осебпазир ҷойгиранд, талаботи махсус пешниҳод менамояд. Дар робита ба ин, дар боби 1 моддаи 2, аз ҷумла қайд шудааст: «Лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ бо истифодаи маводи сохтмонӣ ва конструксияҳои таъминкунандаи ҳисобкунии ба заминҷунбӣ тобоварии объектҳо иҷро карда мешавад». Ҳамрадиф ба ин, фаъолияти муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, лоиҳакашии соҳавӣ ва лабораторияҳои махсус васеътар шуда, бо технологияҳои ҳозиразамон таъмин мегарданд ва ташхис, таҳлилу хулосаҳо, дастуру тавсияҳо дақиқтару мушаххастар мешаванд.
Ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ, тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» низ амалӣ карда мешавад. Ин нукта дар боби 2 моддаи 13 пешбинӣ шудааст.
- Ваколату рисолати мақомоти давлатӣ дар қонун чӣ гуна пешбинӣ шудааст?
- Дар ин бора боби алоҳида аст. Мувофиқи боби 2 моддаи 10 мақомоти ваколатдори давлатӣ самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ таҳия менамояд, барои баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва хавфи сейсмикӣ масъул аст, барномаҳои давлатиро дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ ва тавсияҳоро барои омӯзиш ва омодасозии аҳолӣ оид ба заминҷунбӣ мураттаб менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои паст кардани хатари сейсмикӣ, омода намудани аҳолӣ дар ҳолати заминҷунбии шадид бояд чорабиниҳо гузаронад, оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ мусоидат намояд. Дар маҷмӯъ, қонун фаъолияти мақомоти марбутаро ҳангоми хатари эҳтимолии заминҷунбӣ ва рух додани ҳодиса ба танзим медарорад.
- Зимни баррасии қонун дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби вакилон саволҳои зиёд, аз ҷумла роҷеъ ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ, пешниҳод шуданд…
- Дар қонун боби махсус дар ин бобат ҷой дорад. Бояд гуфт, ки аксар вақт заминҷунбиҳои минтақавӣ рух медиҳанд, ки ҳудуди якчанд кишварро дар бар мегиранд ва пешниҳод намудани иттилоот ба давлатҳои хориҷӣ, ки заминҷунбӣ эҳтимоли таҳдиди хатар ба шаҳрвандон, муҳити зист ва иншооти хоҷагии халқи онҳоро низ дорад, албатта, аз аҳамият холӣ нест. Ҳамчунин, баррасӣ ва ҳаллу фасли баҳсҳои бамиёномада дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зарур аст.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»