Тавре ба ҳама маълум аст, шиори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» мебошад. Зиндагии шоистаи мардумро танҳо дар асоси пешбурди сиёсати самараноки иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кору фаъолияти аҳли ҷомеа таъмин намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, бо роҳбарӣ ва роҳнамоии Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди бонизоми иқтисоди миллӣ, таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ, муътадилии нархҳо ва мувозинати савдои хориҷиро ҷонибдорӣ менамоем.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тамоми қудрату неруи худро равона месозад.
Ҳизби мо пешбурди ёздаҳ самти афзалиятнокро дар бахши иқтисодиёт ҳадафи асосии худ қарор дода, барои амалӣ намудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад:
Якум. Пешбурди сиёсати мукаммали иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ.
Пешбурди сиёсати мукаммали иқтисодӣ маънои мутобиқ гардонидани он ба шароити нави муносибатҳои иқтисодиро дорад. Вобаста ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҷаҳон, таҳияи қонунҳои нав ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин, таҳия ва татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025», ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ ва истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо дар бозори дохилӣ ва кишварҳои ҳамсоя талабот зиёд аст, ба миён омадааст.
Моро зарур аст, ки рушди устувори иқтисодиётро аз ҳисоби тараққии соҳаи саноат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротшаванда ва воридотивазкунанда таъмин намоем. Дар шароити нав ин роҳи боэътимоди зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғанигардонии буҷет, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, аз ҷумла, аз тариқи ташкили технопаркҳо ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дуюм. Ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкориву истеҳсолӣ:
Бо мақсади ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкориву истеҳсолӣ ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зарурати беҳдошти мавқеи кишвар дар низоми рейтингҳои байналмилалӣ идома меёбад.
Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» қабул гардид. Илова бар ин, дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукӣ ҷорӣ шуд.
Ҳадафи такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан, зимни таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардид.
Бо мақсади рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ, минтақаҳои саноатӣ, мусоидат ба ташаккули брендҳои миллӣ, баланд бардоштани имиҷ ва муаррифии маҳсулоти корхонаҳои бахши воқеии истеҳсолии Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ дар корхонаҳои саноатӣ дар назар аст.
Соли 2020 татбиқи 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад.
Дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расидааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд мешавад ва барномаи рушди содирот барои солҳои 2021 — 2025 таҳия ва қабул мегардад.
Сеюм. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зиёд кардани табақаи миёнаҳоли аҳолӣ:
Бо ин мақсад «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» таҳия ва қабул мегардад.
Ҳамзамон, ҷиҳати мусоидат ва нисбатан зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ ва андозаи музди миёнаи моҳонаи як корманд аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар мешавад.
Аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, 15 фоиз зиёд хоҳад шуд.
Бо мақсади вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва дар робита ба ин, ҳар сол таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар зарфи соли якуми эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст.
Чорум. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат:
Моро зарур аст, ки усулҳои инноватсионии рушди соҳаҳо, хусусан соҳаи кишоварзиро ба роҳ монда, дар ин асос истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоем ва ислоҳотро дар самти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои комплекси агросаноатии кишвар идома диҳем.
То имрӯз дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст ва ҳоло амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 миллион сомонӣ идома доранд. Бо вуҷуди ин, ҳар сол беш аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор мегирад, ки ин боиси ташвиш аст. Бинобар ин, андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи истифодаи самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида дар мадди аввал меистад.
Ҳамзамон, ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот бо роҳи дастгирии давлатии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ба ин васила, паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсолоти кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсоли меваҷот тавассути бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар усулҳои муосири боғу токпарварӣ дар нақша аст.
Панҷум. Доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ:
Бо мақсади ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо, ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд.
Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, соли 2019 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд мешавад.
Корҳо барои оғози бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома доранд. Бо ин мақсад беш аз 470 миллион сомонӣ сармояи давлатӣ равона шуда, ин неругоҳ соли 2022 ба истифода дода хоҳад шуд.
Ҳамзамон, мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз» бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои наслҳои оянда, мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба кишварҳои хориҷӣ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккулёбии бозори минтақавии неруи барқ ҳадафҳои асосии мо мебошанд.
Шашум. Бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ:
Бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ дастгирии давлатии рушду инкишофи хизматрасонӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ, идома додани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан дар назар аст. Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм — Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат — Қарамиқ (яъне Лахш) бо харҷи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук — Темурмалик бо сарфи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард бо масрафи 70 миллион сомонӣ оғоз меёбанд.
Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе — Бохтар, Хуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Кӯлоб — Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Ҳафтум. Оид ба такмили низоми молиявии кишвар ва таъмини самаранокии фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ:
Сиёсати молиявӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки ба муътадилии нархҳо, устувории қобилияти харидории пул, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ, ҳавасмандгардонии андозсупорандагон барои фаъолияти самарабахш, эътимоднокии бонкҳо ва қавигардии боварии мардум ба онҳо, тавсеа ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ғайра мусоидат намояд.
Дар назар аст, ки дар 7 соли оянда афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намоем.
Ҳаштум. Ҷиҳати мукаммалгардонии низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти раванди ҳамоҳангсозии сиёсати рушд:
Дар ин самт баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатӣ тавассути таъмини шаффофияти он, ҳисоботдиҳӣ ва ташкили дурусти коргузорӣ, истифодаи самараноки амволи давлатӣ, мусоидат ба иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ва қабулу татбиқи барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ, шаффофият ва дастрасии мардум ба онҳо, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ барои сари вақт ва сифатнок иҷро намудани вазифаҳои худ мақсади асосии мост.
Бо ин мақсад Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро қабул намуд, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии хизматрасониҳои давлатиро муайян намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқии ба хизматрасониҳои давлатӣ машғулбуда, инчунин, гирандагони хизматрасониҳои давлатиро танзим менамояд.
Дар як вақт қонуни зикршуда ба таъмини шароити ҳуқуқӣ барои фаъолияти ҳукумати электронӣ, ташаккули заминаи ҳуқуқӣ, ҷиҳати таъмини истифодаи босамари технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар ин соҳа равона гардидааст.
Нуҳум. Оид ба рушди туризм ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ:
Рушди соҳаи туризм низ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
Бо мақсади рушди туризм ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ ба таъсиси равзанаи ягона ва автоматикунонидашудаи бақайдгирии сайёҳон, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла, фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ, тақвияти иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили тарғиби ҳаматарафаи он, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ – маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Даҳум. Дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ:
Бо ин мақсад қабл аз ҳама таҳти назорати доимӣ қарор додани иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист муҳим мебошад.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст, ки мусоидати бештари моро дар татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» тақозо менамояд.
Дар доираи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2025» доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳо анҷом дода шуда, дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
То имрӯз дар 23 шаҳру ноҳияи кишвар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба обтаъминкунӣ бо харҷи 1,5 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 9 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар натиҷа, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мушкили таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ асосан ҳал гардид.
Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи неруи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд. Бинобар ин, кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 — умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Яъне, ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафар дар миқёси минтақа камтарин аст, ки ин саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра ба ҳисоб меравад. Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба мо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика, мусоидат менамояд.
Баъди пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи «энергияи сабз» шомил мегардад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, аз ҷумла, дарозтарин ва бузургтарин пиряхи дар хушкӣ ҷойгиршудаи дунё Федченко, ки дарозии он 76 километрро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 фоизи ҳудуди кишварро дар бар мегирад.
Дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, пурра аз байн рафтааст. Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла, дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо, тадбирҳо андешида шаванд.
Ёздаҳум. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи «Ҳукумати электронӣ» ва дастрасӣ ба он:
Бо мақсади гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи «Ҳукумати электронӣ» ва дастрасӣ ба он минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода мешаванд.
Бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ қабул ва амалӣ мегардад.
Аз аъзои ҲХДТ ва ҳаводорони ҳизб даъват ба амал меорам, ки ҷиҳати мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла, бо роҳи пайгирӣ ва таъмини иҷрои самтҳои зикргардида, инчунин волоияти қонун ва сулҳу субот, фароҳам овардани шароити арзанда барои зиндагии шоиста ва тарбияи насли наврас, ки ҳадафҳои асосии ҳизбамон мебошанд, фаъол бошанд. Бо натиҷагирӣ аз комёбиҳои арзишманд ҲХДТ таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузургест, ки омӯзиш ва азбарнамоии он ҳар яки моро ба пешравиҳои назаррас ноил мегардонад.
Гулбаҳор НАЗИРӢ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон