Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини волоияти қонун — яке аз мавзуъҳои меҳварии паёмҳои Пешвои миллат

№42 (4782) 05.04.2024

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо нишон дода мешаванд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки масоили боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи давлатҳое маҳсуб мешавад, ки масири бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои мазкур собит менамоянд, ки дар таърихи башарият онҳо аз арзишҳои дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар ҳисобида мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри гузашта масоили баланд бардош­тани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳуриро муҳим шуморида, 9-уми апрели соли 1997, № 691 Фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон»-ро содир карданд.

Хотирнишон бояд сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа силсилатадбирҳои мақсаднок андешида, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро қабул кардааст, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1-уми декабри соли 1999, №2, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-юми  августи соли 1997, №383, «Дар бораи Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми июни соли 2001, № 272, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3-юми  декабри соли 2012, № 678 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2001 вобаста ба масъалаи сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳамзамон, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон сухан ронда, аз он изҳори ташвиш карданд, ки: «То ҳанӯз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум паст мебошад. Сабаби инро ман, пеш аз ҳама, дар суст будани кори ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда мебинам. Яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон, вайрон кардани меъёрҳои қонун аз ҷониби роҳбарони идораю корхона ва муассисаҳои алоҳида, маҳз надонистани қонун аст».

Ҳамчунин, Роҳбари давлат дар идомаи суханронӣ чунин хотиррасон намуданд: «Конс­титутсия ва қонунҳое, ки дар давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқиро гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи  ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақозо мекунад, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд».

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 25-уми апрели соли 2008 низ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии кишвар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат таъкид гардид. Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Бинобар ин, дар Паёми зикргардида олимони соҳаи ҳуқуқи ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, то ҷашни 15-солагии қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне 6-уми ноябри соли 2009 рӯйи чоп оранд. Ҳамчунин, Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳия ва қабул намудани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш тат­биқ намудани он амалӣ карда шавад.

Соли 2009 «Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз ҷониби олимони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ рӯйи чоп омад, ки он аз тарафи аҳолии мамлакат мавриди истифода қарор дорад. Илова бар ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009, №253 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ гардид, ки мақсади асосии он баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд ва амсоли инҳо иборат буданд.

Пешвои миллат дар Паё­машон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 дигарбора ба масоили боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ин самт ба вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дас­тур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш бахшанд.

Сарвари давлат дар ин Паём Вазорати маориф ва илмро муваззаф намуданд, ки «омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд».

Ҳамин тариқ, дар барномаҳои муассисаҳои таълимии кишвар омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳандозӣ гардиданд, ки ба ин васила, маърифати сиёсию ҳуқуқии наврасону ҷавонон ташаккул меёбанд, Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳуриро меомӯзанд ва эҳтирому риоя менамоянд, инчунин, эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии онҳо боло меравад ва маҷмӯан, дар рушду инкишофи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол саҳм мегузоранд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018, №1005 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» тасдиқ карда шуд. Дар консепсияи зикргардида боби махсус, яъне боби 5 ба масъалаи сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва ёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Дар он қайд мегардад, ки баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад.

Ҳамзамон, дар боби 5 консепсияи зикргардида барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад ҳисобида шудааст:

- ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

- таъмини мақомоти худ­идоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ­иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо нашрияи расмии ­иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;

- ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;

- таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 таъкид карда шуд, ки «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Воқеан, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, наметавонанд комилан амалӣ гарданд.

Дар Паёми зикргардида Роҳбари давлат, бинобар ба анҷом расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» дастур донистанд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад. Ҳамин тавр, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» қабул гардид. Ин барнома дар шароити кунунӣ аҳамиятнок буда, мебояд, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории мамлакат дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ карда шавад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 чунин таъкид намуданд: «дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад». Дар ҳамин Паём Сарвари давлат вобаста ба қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷомеа сухан ронда, чунин иброз доштанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Соли ҷорӣ 30-юмин солгарди қабули Конститутсия таҷлил мегардад. Дар ин замина, ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми зикргардида Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30-юми декабри соли 2023, №668 имзо шуд. Мақсади асосии фармон баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани ­масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Дар иртибот ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» хуб мешуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи олимони соҳаи ҳуқуқи кишвар «Тафсири нави илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» чоп карда шавад.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ