Таъмини заминаи ҳуқуқӣ ба ҳалли масъалаҳои истифодаи замин мусоидат мекунад

№135-136 (4555-4556) 04.11.2022

DSC_8650Сеюми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим дар мавзӯи «Таъмини заминаи ҳуқуқии истифодаи оқилонаи захираҳои замини Тоҷикистон» суҳбати мизи мудаввар баргузор гардид. Мавзӯи зикршуда бо пешниҳоди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он вакилони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, масъулону коршиносони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ҷамъомадро ифтитоҳ карда, таъкид намуд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳифз ва истифодаи захираҳои замин дар қатори дигар комёбиҳо бевосита ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад. Дар ин бобат бо қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқии соҳа таъмин гардид. Аз ҷумла, қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба муайян кардани принсипҳои қонунгузории замин, асосҳои заминсозӣ, пешбурди кадастри давлатӣ, назорати истифодабарӣ, пардохт ва уҳдадориҳои истифодабарандагони замин, муносибатҳои ҳуқуқӣ дар идоракунӣ, ихтиёрдорӣ ва ҳифзи захираҳои замин барои манфиати шаҳрвандони мамлакат асос гузошт. Тағйироти соли 2012 ба Кодекси замини ҷумҳурӣ воридгардида имкон дод, ки ҳуқуқи истифодабарии замин ҳамчун омили харидуфурӯш муқаррар гардида, дар асоси он бозори фурӯши ҳуқуқи истифодабарии замин ба вуҷуд ояд.

Кодекси мазкур ва дар баробари он қонунҳои дигари ба ин соҳа алоқаманд муносибатҳои вобаста ба истифодаи заминро танзим намуда, барои истифодаи оқилонаю самаранок ва ҳифзи замин, ҳосилхезгардонии хок, ҳифзи муҳити зист ва рушди ҳама шакли хоҷагидорӣ шароити васеъро фароҳам овард.

- Умуман амалигардонии ислоҳоти замин имкон дод, ки иқтисодиёти гуногуншакл дар соҳа ташаккул ёфта, дар маҷмӯъ заминаи ҳуқуқии истифодаи захираҳои замин, гузаронидани барӯйхатгирии онҳо, ошкоркунии мунтазами заминҳои истифоданашуда ва ғайриоқилона истифодашаванда, додан ва вобастакунии қитъаҳои замин ва дигар масъалаҳо ҳал гардад, — гуфт Қодири Қосим.

Сипас, роҷеъ ба масъалаи мавриди назар муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Каримзода Азизмамад баромад кард.

- Фонди ягонаи давлатии замини Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2022 майдони умумии 14 миллиону 137 ҳазору  907 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 763 ҳазор  930 гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Бо мақсади пешгирӣ, ошкор, чораандешӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазору 122 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 8 900 дастур дода шуд. Нисбат ба 8 727 ҳолат парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 4 481 250 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз ин 3 миллиону 563 ҳазору 738 сомонӣ (79,5%) ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 712 мавод ба прокуратура, 503 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 7 187 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин (71%), дар маҳал бартараф гардид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пешгирӣ ва тақсимоти ғариқонунии замин бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи замин пурзӯр гардида, воридоти мактубҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 адад кам гардиданд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ зимни баромад аз ҷумла ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ нақши муҳими соҳаи кишоварзӣ ва ҷойгоҳи хоси онро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат қайд намуда, таъкид доштанд, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории ватанӣ дар заминаи истифодаи ҳаматарафаи иқтидорҳои соҳа бояд ислоҳоти замин ва дар маҷмӯъ, ислоҳоти аграрӣ гузаронида шавад. Соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии муҳайё намудани шароит барои рушди баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин ва марҳилаҳои гузаронидани ислоҳоти заминро дар мамлакат муҳайё сохт. Бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 таҳти № 522 «Дар бораи таҷдиди корхона ва ташкилотҳои кишоварзӣ» марҳилаи нави ислоҳоти замин ва соҳаи аграрӣ оғоз ёфт.Моҳи декабри соли 1996 қабул гардидани Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав барои танзими муносибатҳо вобаста ба истифодабарии замин ва молумулк асосҳои ҳуқуқии гузаронидани ислоҳоти бомуваффақияти заминро ба миён овард. Ҳамин тавр вакил мавзӯи ислоҳоти соҳаи кишоварзиро муфассал таҳлил кард.

Намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Раҳимзода роҷеъ ба масъалаи мавриди баррасӣ муфассал баромад карданд.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагон бо саволҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳбарону мутахассисони вазорату идораҳои марбута, ки дар суҳбати мизи мудаввар ҳозир буданд, саволҳо доданд.

Дар анҷом раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рус­там Латифзода аз ҷараёни чорабинӣ ва иштироки фаъоли аҳли нишаст миннатдорӣ баён карда, гуфт, ки боварӣ дорад суҳбати доиршуда баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба оқилонаю самаранок истифода бурдани замин мусоидат мекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин пешниҳод ва мулоҳизаҳои иштирокчиёнро мавриди омӯзиш қарор дода, онҳоро дар таҷдид ва такмили қонунгузории соҳаи замин истифода хоҳад бурд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»,

Суратгир Н. АЛИЕВ