Таҷрибаи нахустин дар таърихи рушди конститутсионии кишвар

№135-136 (4555-4556) 04.11.2022

DSC_8386Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ҷонибдори бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буданд. Чунончӣ, Сардори давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Муроҷиатнома ба мардуми кишвар таъкид карда буданд, ки «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав -  давлати демок­ратии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст». Ин таъкиди Пешвои миллат баъдан дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  инъикоси худро ёфт. Мувофиқи моддаи 1- уми он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, тибқи моддаи 6-уми он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шуд.

Вақте мо ба таърихи пешрафти кишварҳои мутараққӣ назар мекунем, мебинем, ки эҳтирому риояи қонун яке аз  омилҳои асосии рушди онҳост. Дар он кишварҳое, ки қонун риоя намешавад, бесуботию бесарусомонӣ, нооромию фасод ва ақибмондагӣ ба назар мерасад. Ин таҷрибаи талхро сокинони кишварамон оғози солҳои навадуми асри ХХ аз сар  гузаронидаанд. Тавре Сардори давлат иброз доштанд: «…бесарусомонии солҳои 1990-1992 бамиёномада, аз ҷумла бе­эътиноӣ ба Конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон 10 маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду Президент ва 5 ҳукумат, ки оқибат  мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан  барои ман сабақи таърихӣ буд. Бинобар ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати конститутсионӣ дар шакли махсусгардонидашуда – Суди конститутсионӣ пешбинӣ  гардид ва санадҳои қабулнамудаи он қатъӣ  эътироф  карда шуданд».

Тибқи моддаҳои 98, 99 ва 100-уми боби 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад ва ягон ҳизби сиёсӣ ё гурӯҳи одамон бо роҳи зӯрию фишор ҳақ надоранд, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид  кунанд.

Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он давраи душвор кори  осон набуд. Зеро он айём таъсири мафкураву арзишҳои даврони шӯравӣ ҳанӯз қавӣ  буд ва дарки арзишҳои нави ҷомеа, ба монанди гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, шаклҳои гуногуни моликият, иқтисоди бозорӣ, соҳибкорӣ ва ғайра хеле дарднок ва бо душворӣ қабул мешуд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25- умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр намуданд: «Дар давоми зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия ба Шӯрои Олӣ зиёда аз 8500 пешниҳод ворид гардид. Бо дарназардошти он ки дар муҳокимаи ин санади таърихӣ доираи васеи мардум иштирок карда, фикру андешаҳои худро фаъолона иброз намуданд, лоиҳаи Конститутсия танҳо баъди ба эътибор гирифтани пешниҳодҳои мардум такмил дода, ба раъйпурсии умумихалқӣ бароварда шуд ва қонуни асосии мо ­воқеан ҳам ба Конститутсияи халқӣ мубаддал гардид».

Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ  қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи рушди конститутсионии кишварамон таҷрибаи нодир ва нахустин буд. Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз  даст­овардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикис­тон мебошад».

Бо гузашти 28 сол аз қабули ин санади  бунёдии давлати соҳибистиқлоламон баръало мушоҳида мешавад, ки дар заминаи он дар ҷомеа сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушди устувору босуръати ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, зиндагии  осудаи шаҳрвандон, бовару умеди онҳо ба ояндаи дурахшон ва нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия