2 декабри соли ҷорӣ роҷеъ ба заминаҳои ҳуқуқии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари омӯзишии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода доир ба сабаб ва зарурати қабули қонуни мазкур маълумоти муфассал дод.
- Санадеро, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодии ҷомеа равона шудааст, дар илми қонуншиносӣ қонуни миллӣ меноманд, — гуфт Абдураҳим Холиқзода.
Бо қабули ин қонун, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, дар ҷомеа як навъ ислоҳоти иҷтимоӣ гузаронида шуд. Дар давраи татбиқи он собит гардид, ки воқеан ҳам, манфиати мардумро ҳимоя мекунад. Ба шарофати он қариб сад маъракаи иловагӣ барҳам хӯрд.
Сол то сол меъёрҳои он ба зиндагӣ роҳ ёфта, баҳри ба низом даровардани маърака ва озод шудани шаҳрвандон аз хурофот ва дигар зиёдаравиҳо таъсири нек мегузорад.
Беҳуда нест, ки сол то сол ба қонуни мазкур таваҷҷуҳи дигар давлатҳо афзуда истодааст. Шояд дар оянда аз ин таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ