Раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода, ки раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ ҳаст, ҳамроҳ бо аъзои гурӯҳи дӯстӣ бисту ҳафтуми апрели соли равон аз тариқи фосилавӣ дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат ва суханронӣ намуд.
Ӯ аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонӣ, нақши дипломатияи парлумонӣ дар тавсеаи ҳамкориҳо, инчунин, кумаки хайриявии АМА ба кишвар зимни хурӯҷи пандемияи COVID-19 ёдовар шуда, миннатдорӣ баён намуд.
Зикр гардид, ки ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба гувоҳӣ дода, Тоҷикистон минбаъд низ аз кишварҳои дӯст дар созмонҳои мантақавию байналмилалӣ дастгирӣ хоҳад кард.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Истиқлолияти давлатӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Хушбахтона, бо талошҳои роҳбарияти олӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он бо роҳи таҳаммулпазирӣ ва сулҳхоҳона базудӣ нуқта гузошта шуд. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиқ донистани мақоми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат низ ба ҳамин таҷрибаи нодир бастагӣ дорад. Ин хидмати бузурги Пешвои миллатро Дабири кулли вақти СММ Кофи Аннан ва чанде аз чеҳраҳои сиёсии ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат ва таҷрибаи омӯзанда барои кишварҳои ҷангзада донистаанд. Мехоҳем бори дигар таҷрибаи сулҳхоҳонаро аз тариқи Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ҳамаҷониба ва хубтару дурусттар ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, зеро он ҳоло ҳам аҳамияташро гум накардааст, — гуфт дар хотима Файзулло Баротзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон