(Идома аз шумораи гузашта)
РАИС: — Сухан ба вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми пардохтӣ дар қонун чӣ гуна ифода ёфтааст?
Имрӯз бонкҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати ногувор дучор шуда, аксари аҳолӣ аз онҳо маблағҳояшонро гирифта наметавонанд. Сабаби ин чист? Саволи дигар аз он хусус аст, ки дар раванди таҳияи қонун таҷрибаи кадом кишварҳо ба эътибор гирифта шудааст?
Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон мо идораи нав таъсис додем, ки Идораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ном дорад. Дар давраи фаъолияти яксолаи идораи мазкур қариб 1000 нафар оид ба нагирифтани маблағ ва дигар хизматрасониҳо муроҷиат карданд. Аз хусуси ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар моддаи 7- уми лоиҳаи қонун сухан меравад.
Вазъи имрӯзаи бонкҳои ҷумҳурӣ бо назардошти буҳрони молиявии ҷаҳонии доманзада таҳти назорат қарор дорад ва Бонки миллӣ барои беҳтар кардани ҳолати бонкҳо чораву тадбирҳо меандешад.
Тарзи ташкили як қатор бонкҳои ҷумҳурӣ камбудиҳо доранд, ки дар натиҷа, аз буҳрон бештар зарар дидаанд. Мо хулосаҳои худро дар ин бобат ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардем.
Ҳоло беш аз се моҳ аст, таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат ва муовини якуми он фаъолияти бонкҳо ва мушкилоти онҳо, роҳҳои ҳалли проблемаҳои ташкилотҳои қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун мо таҷрибаи бонкдории Федератсияи Россия, Қазоқистон, Арманистон ва дигар кишварҳоро омӯхта, масъалаҳои мавриди назарро ба инобат гирифтем.
РАИС: — Сухан ба вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Рустам Қудратов дода мешавад.
Рустам ҚУДРАТОВ: — Ман ба раиси Бонки миллӣ ду савол дорам.
1. Маблағҳое, ки аз Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳо расман ба воситаи бонкҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад, ҳаҷми солонааш чӣ қадар аст?
2. Оид ба қисми 21 моддаи 9- уми лоиҳа. Дар ҷаласаҳои кумитаҳо ва кумитаи масъул аз ин хусус баҳсу мунозира зиёд буд. Хулосаҳо чунин буд, ки пешниҳодоти мо пазируфта шуд. Аммо ҳоло мебинем, ки қисми 22- юмро аз лоиҳа бардоштаанду қисми 21 монда шудааст. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Назар ба ҳамин давраи соли гузашта аз Федератсияи Россия 16,7 фоиз камтар маблағ ворид шудааст. Соли гузашта ин рақам ба 33 фоиз баробар буд. Яъне, воридшавии маблағ қариб 50 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳарчанд воридшавии маблағ кам шуда бошад ҳам, мо роҳи хуби идоракунии ин маблағҳоро дарёфт намудем.
Дар хусуси қисми 21 моддаи 9 воқеан ҳам дар кумитаи масъул ва кумитаҳои дигар аз ин хусус баҳсу андеша зиёд буд. Аммо бо дарназардошти он ки сарчашмаи воридшавии маблағҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз пардохтҳо ба маблағгузории терроризм муайян карда шаванд, тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ ва дигар муомилоти ғайриқонунӣ равона шудааст, аз мадди назар гирифта шуд.
РАИС: — Муҳтарам Қудратов, ташвиши шумо аз чӣ хусус аст?
Рустам ҚУДРАТОВ: — Дар ҷаласаи кумитаи масъул оид ба қисми мазкур андешаҳо гуногун буд, зеро он як қисм маҳдудиятҳоро ба миён мегузорад. Масалан, шахс тӯли як моҳ аз маблағи барояш ирсолшуда дар як моҳ аз 2000 сомонӣ зиёд гирифта наметавонад, то он даме ки бонки ба он хизматрасон сарчашмаи пайдоиши пули ирсолшударо муайян насозад.
Акнун тасаввур кунед, ки дар як моҳ садҳо ҳазор нафар ба бонкҳо омада, пули барояшон ирсолшударо гирифтанӣ мешаванд. Бонк кай фурсат ёфта, ин корро анҷом медиҳад? Магар ин вазифаи мақомоти амният нест?
РАИС: — Муҳтарам Раҳимзода фикри шумо чист дар ин хусус?
Шариф Раҳимзода: — Ин ҷо гап дар бораи шахс меравад. Масалан, агар шахс ба бонк омада, хоҳиш кунад, ки аз ҳисоби ӯ ба шахси дигар маблағ гузаронанд, бонк бояд муайян намояд, ки ин шахс кист ва барои чӣ, аз кадом ҳисоб маблағ мегузаронад. Шахсоне, ки мизоҷони доимии ташкилотҳои қарзиянд, шахсони маълум ҳастанд.
Ин ҷо ягон мушкилот нест, танҳо талаботи қонун асту бас.
РАИС: — Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дода мешавад.
Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА:
- Ин ҷо набояд ягон хел шубҳа мавҷуд бошад, зеро дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ин вазифа ба зиммаи мақоми ваколатдор гузошта шудааст. Вазифа аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама шахсияти муштариро тафтиш карда, баъд амалиётҳои бонкии дархосткунанда анҷом дода шавад.
Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифов Умед Баротович дода мешавад.
Умед ЛАТИФОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди намояндагони мақомоти андоз ва Комиссияи доимоамалкунандаи назди Вазорати молия оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили андоз ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва маъмурикунонии андоз, ҳамзамон, тибқи пешниҳодҳои вазорату идораҳо ва андозсупорандагон бо назардошти коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва Буҷети давлатӣ, инчунин пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз таҳия шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки бекор кардани андоз аз фурӯши нахи пахта бо дарназардошти бар ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротии нахи пахта тибқи банди 17- и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зирк гардидаанд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 №284 тасдиқ шудаанд, роҳандозӣ гардидааст.
Барои содаву оммафаҳм намудани низоми андозбандӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тибқи бандҳои 16 ва 41- и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 бармеоянд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 №35 тасдиқ шудааст, ин тартиб муқаррар мешавад.
Бо мақсади дастгирии субъектҳои хоҷагидор ба моддаҳои 160, 161, 162, 163, 289, 290, 291- уми Кодекси андоз тағйирот ворид намуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, фаъолияти хӯроки умумӣ ва муассисаҳои таълимӣ меъёри андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи 18 фоиз меъёри пасткардашуда 5 фоиз пешбинӣ карда шуд. Инчунин, пешбинӣ карда шуд, ки ҳадди ниҳоии даромад барои супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 млн. сомонӣ баланд карда шавад, ки дар натиҷа субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, соҳибкорони инфиродие, ки бо Шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ҳуқуқ пайдо мекунанд, то 1 млн. сомониро ташкил додани даромади умумиашон андозро тибқи низоми содакардашуда пардохт намоянд. Ҳамзамон, лаҳзаи бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи оғози соли тақвимӣ моҳи минбаъдаи лаҳзаи ба миён омадани уҳдадорӣ пешбинӣ гардид.
(Меъёри низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои хурд:
а) барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо — 5 фоиз;
б) барои дигар намуди фаъолият – 6 фоиз).
Барои дастгирии ташкилотҳои бонкӣ маҳдудият нисбат ба нигоҳ доштани захираҳои қарзҳои беэътимод муваққатан, то 31 декабри соли 2018, бекор карда мешавад (м. 115).
Аз пардохти андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ озод намудани муассисаҳои давлатие, ки обро бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолатҳои мелиоративии заминҳои кишоварзӣ истихроҷ менамоянд, пешбинӣ гардидааст (м. 220).
Бо мақсади ҳавасмандкунии коркарди дохилии нахи пахта ва маҳдуд намудани содироти бе коркарди он андоз аз фурӯши нахи пахта бекор карда мешавад (боби 38, моддаҳои 6, 29, 169, 183, 260, 290, 293).
Андозаи пешпардохти андоз аз фоида камтар пешбинӣ карда мешавад (ба ҷойи 1,1 то 1,0) (м. 157).
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ваколатдор оид ба беэътимод эътироф намудани бақияи қарзи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои он пешбинӣ шудааст (м. 78).
Бо мақсади ба роҳ мондани хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон ва ташкили заминаи ҳуқуқии дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисобнома — фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, кам кардани хароҷоти андозсупорандагон ҳангоми иҷро намудани уҳдадориҳои андозиашон, аз ҷумла, таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳо дар шакли электронӣ, инчунин, маҳдуд намудани санҷишҳои мавзӯии такрории андоз ба як қатор моддаҳои дахлдори Кодекси андоз тағйирот пешбинӣ карда шудааст (моддаҳои 29, 45, 186, 189, 211).
Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз тағйироти зерин:
- пешбурди дурусти бақияи қарзи андозҳо вобаста ба намудҳои он (моддаҳои 65 ва 66);
- сари вақт чораҷӯӣ намудан ҷиҳати ситонидани қарзи андоз аз шахсони қарздоре, ки аз ҷумҳурӣ фирор менамоянд, дороиҳоро ба шахсони дигар дода, аз андозбандӣ саркашӣ менамоянд (м. 75);
- пешгирии ҳолатҳои аз андозбандӣ саркашӣ намудани ғайрирезидентҳо (м. 128), пешгирӣ намудани ҳолатҳои нодуруст нишон додани арзиши молҳои воридотӣ (м. 166);
- истифодаи самараноки имтиёзоти андозӣ (моддаҳои 313, 325) пешбинӣ карда шуд.
Ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои Буҷети давлатӣ дар давраи таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ як қатор тағйиру иловаҳо, аз қабили:
- нисбатан зиёдтар пешбинӣ кардани меъёри андоз аз воситаҳои нақлиёт барои автомобилҳои сабукрави арзишашон баланд, ки иқтидори муҳаррикашон аз 250 қувваи асп бештар мебошад (аз 7, 5 фоиз то 15 фоиз) пешбинӣ гардидааст (м. 266).
Инчунин, пешбинӣ карда шудани як қатор тағйирот бо мақсади ҳамоҳанг сохтани муқаррароти Кодекси андоз ва ба дигар қонунгузорӣ мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси андоз (моддаҳои 38, 42, 47, 78, 90, 126, 127, 279).
Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳо ва сохтори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд.
Ҳангоми қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур аксари муқаррароти амалкунанда мукаммал гардонида шуда, тағйироти пешбинигардида барои иҷрои қисми даромади Буҷети давлатӣ шароит муҳайё мегардонад.
Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2016 №842 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Тибқи қисмҳои 2, 31, 32 ва 33 лоиҳаи қонун бо мақсади дастгирии коркардкунандагони дохилии пахта тағйирот вобаста ба бекор кардани андоз аз фурӯши нахи пахта бо дарназардошти бар ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротии нахи пахта пешбинӣ шудааст.
Дар қисми 25 — уми лоиҳа барои дастгирии субъектҳои хоҷагидор дар давраи таъсири омилҳои беруна барои иҷрои фаъолият оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хӯроки умумӣ, расонидани хизматҳои таълимӣ то 31 декабри соли 2018 меъёри пасткардашудаи (5 фоиз) андоз аз арзиши иловашуда ҷорӣ карда мешавад.
Ҷиҳати бартараф намудани вазъи буҳронӣ дар бахши бонкӣ то 31 декабри соли 2018 боздоштани татбиқи муқаррароти қисми 4 моддаи 115 пешбинӣ шудааст (қисми 1 моддаи 2).
Бо тағйироти қисми 3 моддаи 157 Кодекси андоз (қисми 17- уми лоиҳа) андозаи талабот нисбат ба пардохтҳои ҷории андоз аз фоида пасттар карда шуд.
Тибқи қисми 12 — уми лоиҳаи қонун ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода мешавад, ки дар ҳолатҳои алоҳида қарзҳои андоз, ҷарима ва фоизҳои андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд.
Барои таъмири таҷҳизоти мудофиавӣ дар хориҷа озодкунӣ аз андоз аз арзиши иловашуда (қисми 24 — уми лоиҳа), барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ озодкунӣ аз андозҳо аз қаъри замин (қисми 29 — уми лоиҳа) пешбинӣ шудааст.
Барои кам намудани баҳсҳо вобаста ба андозбандӣ бо ташкилоти қарзӣ, ташкилоти молиявии хурд, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти зераксизӣ ва ғайра, инчунин ташкилоти миёнаравӣ тибқи қисми 36-уми лоиҳа барои ташкилоти мазкур гузариш ба низоми умумии андозбандӣ пешбинӣ шудааст.
Барои ҷорӣ намудани усулҳои муосири андозбандӣ ва истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ тибқи қисми 7-уми лоиҳа мубодилаи маълумоти электронӣ ва тибқи қисмҳои 26, 27 ва 28-уми лоиҳа пешниҳоди ҳисобнома — фактураҳои электронӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар лоиҳа таклифҳо барои сода намудани андозсупорӣ (қисмҳои 4, 14, 35 ва ғайра), такмили маъмурикунонии андоз (қисмҳои 5, 6, 13 ва дигар) ва пешгирии саркашӣ аз андозбандӣ (қисмҳои 3, 16, 23 ва ғайра) пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, баҳри такмили он 22 таклифу дархост пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 28 сентябри соли 2016 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифу дархостҳои воридшуда 16 — тоаш қабул ва 6 — тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров чанд таклифу эроди пешниҳодгардида низ ба инобат гирифта шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Дилшод Исматуллоев дода мешавад.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Саволи ман ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Латифов. Шумо дар маърӯзаатон зикр кардед ва дар лоиҳа низ омадааст, ки андоз аз фурӯши нахи пахта бекор карда мешавад. Ин барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва аз ҷумла соҳибкорон чӣ бартарӣ хоҳад дошт?
Умед ЛАТИФОВ: — Мақсади асосии ин тағйирот сабукӣ додан барои иқтисодиёти дохили ҷумҳурӣ аст. Мо мехоҳем, ки иқтисодиёти дохилӣ мустаҳкам гардад. Аз рӯи маълумотҳои ҳозира дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ, яъне аз замони мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур фоидааш ба Буҷети ҷумҳурӣ расидааст.
Агар мо семоҳаи сеюми соли 2016- ро ба семоҳаи сеюми соли 2015 муқоиса намоем, ба Буҷети ҷумҳурӣ 22 миллион сомонӣ даромад ворид шуд, ки назар ба соли гузашта 8 миллион сомонӣ бештар аст. Яъне, ҳам корхонаҳои ватанӣ дастгирӣ ёфтанду ҳам ба буҷет маблағи бештар ворид шуд.
РАИС: — Сухан ба вакил аз ҳавзаи интихоботии Урунхоҷаев №15 Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Ман ду савол дорам. Саволи аввалам ба қисми 36 моддаи 266 дахл дорад. Дар назар дорам меъёри андоз барои воситаҳои нақлиётро. Мо меъёри андозҳоро барои воситаҳои нақлиёт бо роҳи онҳоро ба категорияҳо ҷудо кардан зиёд карда истодаем. Сабаб чист, ки иқтидорҳои муҳаррикҳои онҳо ба эътибор гирифта мешаванду соли барориши онҳо не? Ба андешаи ман, танзим намудан ҳам аз лиҳози экологӣ ва ҳам аз ҷиҳати бехатарӣ ба мақсад мувофиқ аст, вале шумо, муаллифони лоиҳа ин критерияро рад карда истодаед.
Саволи дуюми ман ба қисми 9 моддаи 78 аст. Агар иштибоҳ накунам, мо бори аввал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода истодаем, вале ин ҷо тартиботи он муқаррар карда нашудааст, зеро теъдоди корхонаю ташкилотҳои қарзҳои андозро супоранда зиёд мебошад.
Нусратулло ДАВЛАТОВ, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби аз эътибор соқит намудани қарзҳои беэътимоди амалкунанда» амал мекунад. Бо дарназардошти он ки Ҳукумат метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ қарзҳои беэътимодро аз эътибор соқит намояд, ин тағйироту иловаҳо ба Кодекс пешниҳод гардиданд.
Умед ЛАТИфОВ: — Ин тағйироту иловаҳо дар Вазорати молия баррасӣ шуд. Пешниҳодоти дигари вазорату идораҳо низ вуҷуд дошт. Мо ин ҷо асосан муҳаррикҳои ҳамон воситаҳои нақлиётро ба инобат гирифтаем, ки онҳо арзиши калон доранд. Барои онҳое, ки автомашинаҳои гаронқимат харидорӣ мекунанд, пардохти андозии пешниҳодшаванда бори гарон нест.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.
Қодири ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Бо дастгирӣ ва ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мукаммал намудани механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷиҳати мутобиқгардонии заминаи қонунии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба талаботи муосир ва дар ин раванд баҳри ҷалби бештари сармояи хусусӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии шумо пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи дигар давлатҳо ҷиҳати татбиқи самараноки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таҷрибаи татбиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба такмили Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ равона карда шудааст.
Лоиҳа пешниҳоди тағйироти зеринро пешбинӣ менамояд;
- муайян намудани шарики хусусӣ ҳамчун заминистифодабарандаи дуюмдараҷа;
- истифодаи замин дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- тасдиқи ҳуқуқи истифодаи замин барои амалӣ намудани лоиҳаи шарикӣ — бо созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» баста шудааст;
- ҳуқуқи шарики хусусӣ ба ҷуброни хароҷоте, ки барои беҳтар намудани ҳолати замин аз ҳисоби худ сарф кардааст, дар мавриди пеш аз муҳлат қатъ гардидани созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- пеш аз муҳлат қатъ гардидан ва ё ба анҷом расидани муҳлати амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун асос барои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва ғайра.
Масъалаҳои зикршуда дар Кодекси амалкунандаи замин пешбинӣ нагардидаанд ва онҳо баҳри фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ ҷиҳати ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба объектҳои инфрасохтори давлатӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ равона карда шудаанд.
Бе фароҳам овардани чунин имкониятҳо ҳавасманд намудани бахши хусусӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ва ҷалб намудани сармоя аз дигар сарчашмаҳо ба объектҳои инфрасохтори давлатӣ ва ба ҷомеа пешниҳод намудани хизматрасонии иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби мақомоти давлатӣ расонида шавад, ғайриимкон мебошад.
Бинобар ин, бо мақсади мукаммал намудани қонунгузории шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ дар сохтмони инфрасохтор ва соҳаи иҷтимоиёти давлат аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.
Мирзоанвар АХМЕДОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2016 № 846 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар асоси муайян намудани шарики хусусӣ ҳамчун заминистифодабарандаи дуюмдараҷа барои фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ дар самти ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба объектҳои инфрасохтори давлатӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад.
Мутобиқи тартиби муқарраргардида кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи ҳуқуқӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод намуданд.
Умуман, 28 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 24-тоаш қабул, 4-тои он қисман қабул шуданд.
Дар асоси хулосаҳои пешниҳодгардида қисмҳои 2 (моддаи141 илова шуда), 3 ва 4 моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода, ҳамчунин қисмҳои 4 ва 5 ба талаботи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ гардонида шуданд.
Пас аз баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон таклифу эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён гардиданд, бартараф гардида, дар маҷмӯъ, он мукаммал карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб наменамояд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.
ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Сафаров, Т. Бухориев ва Х.Суфиев таҳия шуд, ба чанд моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2016 №619 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба лоиҳаи қонун 59 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 40-тоаш қабул, 10-то қисман қабул ва 9-то қабул нашуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 7 сентябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. Фелалиев, намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва роҳбарияти Хадамоти байторӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур 10 октябри соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баъзе эродҳо баён гардиданд. Бо ба инобатгирӣ ва ислоҳи онҳо лоиҳаи қонун мукаммал гардонида шуд.
Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз Буҷети давлатӣ маблағ талаб наменамояд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсоев Нусратулло Носирович дода мешавад.
Нусратулло МӮСОЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» аз 29 декабри соли 2010 амал мекунад. Дар ин муддат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии ватанӣ ва байналмилалӣ, ки талабот ва низоми бехатарии хӯрока ва амнияти биологиро ҳангоми истеҳсол, муомилот, коркард, воридот ва содироти озуқаворӣ ба танзим медароранд, қабул ё ба онҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуданд.
Тағйиру иловаҳо ба санадҳои мазкур асосан масъалаҳои амният ва эминии биологӣ, муайянкунӣ, тасниф, баҳодиҳӣ ва идоракунии таҳдидҳои биологию кимиёвӣ ва радиатсиониро дар бар мегирад. Зимни тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида Хадамоти назорати давлатии байторӣ оид ба муайян ва муқаррар кардани қоида, талаботи ягона, низоми тадбирҳо, гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи объектҳои таҳти назорати Хадамот қарордошта, ҳайати кормандону пажӯҳишгарон, аҳолӣ ва муҳити атроф аз таъсири ангезаҳои иллатзои биологӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва радиатсия ваколатдор ва вазифадор карда шудааст.
Гузаронидани чорабиниҳои паст кардани хатари гумшавӣ, дуздӣ ва истифодаи ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати яроқи биологӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор, инчунин муҳайёсозии шароити зарурӣ дар объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта, ҳайати кормандону пажӯҳишгарон барои ҳифзи кормандон, муҳити зист ва коргоҳ аз олудашавӣ бо иллатзоҳо ба Хадамоти назорати давлатии байторӣ вогузор карда шудааст.
Қабул гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» қонуни мазкурро пурра гардонида, боиси баланд гардидани сатҳи амнияти биологии ҷумҳурӣ ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати тиҷорати байналмилалӣ хоҳад гардид.
Лоиҳаи мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд ва хоҳишмандам, ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнуддин дода мешавад .
Зайнуддин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Ҷурахон Зоир ва Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 2016 № 859 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ оид ба ҳифзи озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳия ва пешниҳод гардидааст. Зеро мувофиқи қисми 1 моддаи 8 лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки мавриди баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт ва мо — вакилон, якдилона онро ҷонибдорӣ намудем, ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат равона карда шудааст.
Аз ин рӯ, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур зимни илова намудани моддаи нави 1371 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҳуқуқӣ — ҷиноятии ҳифзи ин меъёрҳо, яъне ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешаванд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се таклиф пешниҳод гашт, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қаландарзода ва А. Тағоймуродов пешниҳод шудааст.
Мақсади пешниҳоди он амалӣ намудани меъёрҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро дар бар мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бақои давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи тоҷикон мебошад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пас аз қатъи ваколати президентиаш дорои як қатор салоҳиятҳое мебошад, ки барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, идома додани амнияту бардавомии сохти давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт мусоидат мекунад.
Инчунин, меъёрҳои қонун пешбинӣ менамояд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҷиҳати амалӣ намудани меъёри мазкур мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи 4791 дар назар дошта шудааст, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунӣ ё иҷро накардани талаботи қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муқаррар менамояд.
Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур барои дар амал татбиқ намудани меъёрҳои зикргардида заминаи ҳуқуқӣ фароҳам мегардад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №860 26 сентябри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он 7 таклифу пешниҳод манзур карда шудааст, ки 5 -тои онҳо қисман ва пурра қабул карда шудаанд.
Кумитаи масъул 19 октябри соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.
Насиба Содиқова: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо мақсади мутобиқгардонии қонуни мазкур ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», истифода намудани истилоҳоту мафҳумҳои ҳуқуқӣ бо услуби ягона ва барои зарурати мусоидат намудани таъмини риояи қонун, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода, М. Имомзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Бобоева, Р. Раҷабов, М. Рӯзадор ва Ҷ. Саидов пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 777 28 июни соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»» — ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 14 октябри соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронид, ки дар он 28 таклиф оид ба такмили лоиҳа ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ кардан баррасӣ шуда, бархе пурра ва ё қисман қабул гардиданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ