Нуҳуми марти соли ҷорӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мария Фишер мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Португалия 4-уми августи соли 1992 барқарор шуданд. Ташаккул ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар минтақаи Аврупо маҳсуб мешавад.
- Дар парлумони мо зиёда аз 70 гурӯҳи байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар самаранок фаъолият доранд. Мо ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо парлумони Португалия — Ассамблеяи Ҷумҳурии Португалия ҳавасманд буда, зарур мешуморем, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи Ҷумҳурии Португалия гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шавад, — гуфт дар интиҳо Дилрабо Мансурӣ.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон