Чанде пеш бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Мастчоҳ, №18» Оқилзода Нурулло дар деҳаи Оббурдани Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрдем. Баъди ҳолпурсӣ гуфт:
- Кӯшида истодаем, ки аз таътил самаранок истифода барем.
Маълум гардид, ки Нурулло Оқилзода пайи таъсиси осорхонаи мардумии Кӯҳистони Мастчоҳ кӯшиши зиёд ба харҷ дода, аллакай экспонати зиёдро ҷамъ овардааст. Дар ин кор ба ӯ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва инсонҳои фарҳангдӯст мусоидат карда истодаанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон моро ба қалъаи Мири Мастчоҳ, ки воқеъ дар деҳаи Оббурдан аст, ҳидоят кард. Он дар баландии 1820 метр аз сатҳи баҳр дар масоҳати зиёда аз 1 гектар воқеъ гардидааст. Бозёфтҳои таърихӣ, алалхусус, сафолпораҳо аз он шаҳодат медоданд, ки дар қалъа мири вақти Мастчоҳ — Худоёрхон кӯзагариро хуб ривоҷ додааст.
Ба Хуҷанд баргашта, ба чӣ тавр гузаштани рӯзҳои таътили вакилони дигари Маҷлиси намояндагон мароқ зоҳир кардам. Вакил аз ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд, №13» Гулбаҳор Назирӣ ба қабули интихобкунандагон, арзу дархости онҳо, шиносоӣ бо Хонаи мӯйсафедони маркази вилоят, кӯдакистон ва машғулият бо аспирантон банд будааст.
- Гоҳо ба аёдати волидон, ки синни муборакашон ба домани 80 мерасад (падараш таърихшиноси варзидаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор, яке аз нахустин этнографҳои маҳаллии кишвар Назирҷон Турсунов), низ меравам. Охир, онҳо ҳам ғаниматанд, — мегӯяд ӯ.
Ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов, №16» Акрамзода Баҳодур бошад, рӯзе нест, ки интихобкунандагон бо масъалаҳои гуногуни шахсӣ муроҷиат накунанд.
- Дар ноҳия деҳаи дурдасти Қӯрғонча воқеъ аст, ки дар масофаи 35 км дур аз марказ ҷой гирифтааст. Гурӯҳи истиқоматкунандагони он ба ман дар бораи таъмиру азнавсозии 13 километри он муроҷиат карданд. Бо роҳбарияти Муассисаи роҳсозии вилоят шахсан вохӯрдам, масъалагузорӣ кардам. Ваъда доданд, ки баробари пайдо шудани имконият пайи ҳалли масъала мешаванд.
Баҳодур Акрамзода мутахассиси варзидаи соҳаи кишоварзист. Дар вазифаҳои сарагроном, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст. Меҳри замин ӯро водор месозад, ки вақт ёфта, каме ҳам бошад, ба корҳои деҳқонӣ машғул шавад.
- Оилаи мо хоҷагии деҳқонии хурдакак дорад, — мегӯяд Баҳодур Акрамзода. — Фурсат ёфта, ба сарчинкунии ниҳолҳои пахта, обёриву коркарди бехи ниҳолҳо ва дигар корҳои хонаву хоҷагӣ кумак карда истодаам.
Мавзуна Шамсиддинзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Исфара, №20» мегӯяд, ки бештар бо интихобкунандагон вохӯрда, мақсаду мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳуриро тарғибу ташвиқ намуда истодааст.
- Мардум асосан аз истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ сухан мегӯянду дар робита ба он суол медиҳанд. Мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар маҳаллаву минтақаҳои гуногуни ҳавза чунон гуворо буд, ки табъам болида гардид, — мегӯяд ӯ. — Хурсанд аз он шудам, ки ҳамватанон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат розианд.
Мавзуна Шамсиддинзода низ аз рӯи ихтисос агроном — энтомолог аст. Аъзои оилаашон аз ҳисоби саҳмҳояшон боғи меваҳои донакдор ва майдони полезӣ доранд. Ӯ гуфт, ки бо кумак ба корҳои кишоварзии оила хумори кор кардан дар заминро як андоза шикастааст.
Аҳмадҷон Қобилов, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен, №25» рӯзҳои таътил ҳамроҳи 5 нафар вакили дигари Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ намуда, бо фаъолияти парламенти ин кишвар ва вилоятҳои алоҳидаи он шинос шудаанд.
- Ба ғайр аз ин, бо фаъолияти корхонаҳои азими саноатии вилоятҳои Сзиндао, Тсиан ва ғайра шинос шуда, оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак гуфтушунид кардем, — гуфт А. Қобилов.
Баъдан ӯ бо вазъи корҳои кишоварзии ҳавзаи интихоботиаш — ноҳияҳои Спитамену Зафаробод шинос шудааст. Аёдати пирони кору барҷомондагон ва иштирок дар чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба реҷаи рӯзҳои таътилаш шомил будаанд.
Ҳамин тариқ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тобистонаро пурсамар сипарӣ менамоянд.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»