Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тақвиятбахшӣ ба меъёрҳои танзимкунандаи соҳаи реклама

№138 (4558) 11.11.2022

DSC_9756 копияДаҳуми ноябри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст. Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади содагардонии расмиёти дохилидавлатии таҳия ва тасдиқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва дигар кумакҳои молиявӣ омода гардида, тибқи он, ба моддаи 5 қонуни мазкур муқаррарот оид ба муайян намудани «Тартиби баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод намудани шартномаҳои байналмилалӣ вобаста ба кумаки берунаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад» илова карда шуда, аз сархати 6 моддаи 11 калимаҳои «кумакҳои иқтисодӣ, кумакҳои дигар» дар ҳолати пешбинӣ нагардидани имтиёзҳои андозбандӣ аз мавриди ҳатмии тасдиқ (ратификатсия) хориҷ карда мешавад.

Инчунин, ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун дар қисми 1 моддаи 7 ва қисми 2 моддаи 12 тағйирот ворид карда шудааст, ки он хусусияти таҳрирӣ дорад.

Дар баробари ин, бо мақсади аз байн бурдани такроршавӣ, моддаи 14 ва муқаррароти қисми 3-и моддаи 26-и қонун аз лоиҳа хориҷ карда мешаванд.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Файзулло Баротзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло Баротзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми октябри соли 2022 таҳти рақами 1392 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон манзур гардида буд.

Он бо мақсади ҷорӣ гардидани тартиби ягонаи баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва тасдиқи шартномаву созишномаҳои байналмилалии молиявӣ таҳия шудааст. Тибқи тағйирот, ба лоиҳаи қонуни мазкур, расмиёти ҷалби маблағи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва афзоиши иқтидори ҷалби бештари маб­лағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ сода гардонида мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он дар маҷмӯъ 6 таклиф манзур намуданд, ки аз он 3 таклиф қабул ва 3 пешниҳод қисман қабул шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС:- Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» шурӯъ менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ­ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҳамадулло Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Муҳамадулло Шерализода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Гулзода, Б. Ҷабборӣ, Д. Одилзода, Ф. Додхудо, К. Ҳакимова ва Ҳ. Раҷаб­зода таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 — юми июни соли 2022 таҳти №1273 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади тақвият бахшидан ба меъёрҳои танзимкунандаи соҳаи реклама, бо ҳам мутобиқ ва мукаммал намудани меъёрҳо, инчунин мушаххас намудани бархе аз муқаррароти қонуни амалкунанда ва рушди механизмҳои идоракунии соҳа таҳия ва пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он дар маҷмӯъ 18 таклиф манзур намуданд, ки аз он 13 таклиф қабул, 4 — қисман қабул ва як таклиф қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҷибахон Ҷавҳарӣ дода мешавад. Марҳамат.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Фаттоҳзода, П. Маликзод, М. Ҷавҳарӣ, Ф. Баротзода ва М. Юсуфӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июни соли 2022, таҳти №1261 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардида буд.

Он бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати гузаштан ба пахши рақамӣ, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС), инчунин мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур, аслан тағйирот ба моддаҳои 11, 21, 23, 28, 31 ва 33 пешниҳод карда шудааст.

 Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дар умум ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он дар маҷмӯъ 15 таклиф манзур намуданд, ки аз он 8 таклиф қабул, 4 — қисман қабул ва 3 таклиф қабул нашуд.

РАИС: - Боз кӣ дар ин хусус сухан кардан мехоҳад? Марҳамат.

Насиба СОДИҚӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Замони муосир бо равандҳои пурталотуму гуногун фарқ мекунад ва имрӯз мо шоҳиди онем, ки радио ва телевизион ба ҷаҳонбинии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, ҳатман таъсир мерасонад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», ки аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст, бамаврид мебошад. Тибқи тағйироте, ки мувофиқи он моддаи 33 дар таҳрири нав пешниҳод мешавад, яъне ҳамкориҳои байналмилалии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикис­тон онҳоро эътироф намудааст, бояд амалӣ шаванд, аҳамияти махсус дорад. Мо шоҳидем, ки дар баъзе давлатҳо намояндагони радио ва телевизион манфиатҳои гурӯҳҳои гуногунро ҳимоя мекунанд, ки баъзан суботи ҷомеаро халалдор месозад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ