Тақвияти равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Беларус

№146 (4566) 23.11.2022

IMG_314922-юми ноябри соли 2022 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саид­мурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд.

Дар  мулоқот  бештар  ба  масъалаи  густариши  ҳамкории  байнипарлумонӣ  миёни Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва парлумони  Ҷумҳурии Беларус таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Саидмурод Фаттоҳзода изҳор дошт,  ки миёни  парлумонҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал  мекунанд ва ба роҳ мондани рафтуомади намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Беларус ба кишварҳои якдигар барои боз  ҳам густариш пайдо кардани муносибатҳо мусоидат намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода кардани қонун ва дигар санадҳо ёрӣ мерасонад.

Номбурда таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Беларус имконияти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳама замина, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат,  илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо, вуҷуд дорад.