28-уми марти соли 2024 дар қароргоҳи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии СААД оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд. Дар ҷаласа лоиҳаи «Тавсия оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД дар соҳаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки ин тавсияҳо бо пешниҳоди Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба амнияти миллӣ тибқи «Барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025» пешниҳод шудааст.
- Дар шароити муосири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳоҷирати аҳолӣ объективона унсури муҳимтаринест, ки фаъолияти самараноки ҳам механизмҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳам миллиро таъмин менамояд. Яке аз тамоюлҳои номусоиди рушди падидаи муҳоҷирати аҳолӣ дар ҷаҳони муосир миқёси афзояндаи шаклҳои ғайриқонунии он мебошад, — иброз намуд дар ҷаласа муовини якуми сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Алексей Башан.
Таҳиягарони тавсияҳо дар баромадашон, ҳамчунин, таъкид карданд, ки дар ин санад имкони ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ҳар нафареро, ки тартиби муқарраршудаи муҳоҷиратро вайрон мекунад, пешбинӣ шудааст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон