12 апрели соли равон дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» семинар – машварат доир гардид.
Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода зимни шарҳи мавзӯъ иброз дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки пурарзиштарин дастоварди миллӣ мебошад, зарурати ислоҳоти ҳуқуқӣ ба миён омад. Вале дар ин раванд монеаҳо пеш омаданд ва қабули қонуне лозим шуд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, тартиби умумии таҳия, қабул ва интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим намояд. Бинобар ин, 13 ноябри соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки то соли 2003 амал кард.
Бо дарназардошти рушди давлати миллӣ, ба фаъолият шурӯъ намудани парламенти касбӣ ва зуҳур ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ қонуни мазкур 8 декабри соли 2003 дар таҳрири нав қабул шуд.
Дар робита ба қонуни зикргардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 апрели соли 2008 қайд намуданд, ки: «Масъалаҳои номувофиқатӣ ва мухолифат дар миёни қонунҳо то ҳанӯз аз байн бурда нашудаанд. Барои бартараф намудани нуқсонҳои асноди қонунгузорӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани онҳо Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бояд мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад».
Бо дарназардошти дастури Сарвари давлат, баҳри бартараф намудани номувофиқатӣ ва мухолифат дар байни қонунҳо, ба талаботи замон мутобиқ намудани онҳо, маротибаи сеюм 26 марти соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар рушду нумӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузошт. Пас аз қабули қонун дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваст ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба танзими ҳуқуқӣ ниёз доштанд. Аз ин рӯ, маротибаи чорум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон дар таҳрири нав таҳия ва 12 апрели соли 2017 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Он 18 майи соли 2017 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфт ва 30 майи соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Фирӯз Сайнозимзода, ҳамчунин иброз намуд, ки қонуни мазкур ба сиёсати ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим менамояд ва принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд ба муқаррароти Конститутсия мухолиф бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсия мухолифат доштани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд (қисми 2 моддаи 16 қонун).
Ба таври мушаххас афзалияти ҳуқуқӣ додан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар низоми ҳуқуқии кишвар падидаи нав мебошад, ки ба ин васила арзи эҳтиром ба нуфузу эътибори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории мамлакат гузошта мешавад.
Дар идома Фирӯз Сайнозимзода боб ва моддаҳои алоҳидаи қонунро шарҳ дода, изҳори итминон намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои боз ҳам шаффоф ва мукаммал гардонидани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, бартараф намудани баъзе гуногунфаҳмиҳо дар татбиқи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва рафъи носаҳеҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ