14 октябри соли ҷорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни «Омилҳои демографӣ – такомули инсонӣ ва рушди иқтисодӣ» ҷамъомад баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарону масъулони вазорату идораҳо — аъзои Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Форуми парламентарҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва Хазинаи нуфузи СММ оид ба рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон иштирок доштанд. Ҷамъомадро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ифтитоҳ намуда, чунин ибрози андеша кард:
- Бойигарии аз ҳама асосии давлатҳо аҳолии онҳо ба шумор меравад. Баҳри беҳтар кардани вазъи зиндагии сокинон, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама, аз шумораи аҳолӣ ва динамикаи он, хусусиятҳои таҷдиди аҳолӣ, равандҳои асосии демографӣ, қонуниятҳои он, мухталифоти марзию демографӣ ва ғайра бояд бархӯрдор буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 дар Анҷумани умумиҷумҳуриявӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати демографӣ, танзими оила ва рушди устувори мамлакат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки: «масъалаҳои демография, нуфуз ва таваллуди бетанзими аҳолӣ дар миқёси ҷаҳон ба яке аз проблемаҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст». Вобаста ба ин дастур доданд, ки дар муассисаҳои олии кишвар ва синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курси махсус оид ба «Масъалаҳои афзоиши аҳолӣ, сиёсати демографӣ ва танзими оила» ҷорӣ карда шавад. Ин масъала аз Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2003-2015 қабул шуд ва комилан ба иҷро расидааст, бармеояд.
Оид ба масъалаҳои таъсири омилҳои демографӣ ба рушди сармояи инсонӣ ва рушди иқтисодии кишвар таҳти унвони «Иқтисодиёти аҳолӣ ва демография» дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқотҳои илмӣ дифоъ шуда истодаанд. Тавре аз таҳлилҳои олимони ватанӣ бармеояд, новобаста аз он ки дар Тоҷикистон дараҷаи афзоиши аҳолӣ тамоюли пастшавӣ дорад, ҳанӯз дар миёни давлатҳои ИДМ яке аз нишондиҳандаи баланди омориро дар ин самт соҳиб аст. Дар солҳои 2000-2015 афзоиши мутлақи аҳолӣ 26,3 фоизро ташкил медиҳад. Аҳолии Тоҷикистонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин имконият медиҳад сарфи иҷтимоӣ кам гардад. Ба ҳар сари аҳолии синни нафақа зиёда аз 7,4 нафар аҳолии қобили меҳнат рост меояд ва ин нишондиҳанда рӯ ба афзоиш дорад.
Тибқи омори расмии Тоҷикистон теъдоди аҳолӣ дар соли 2015 ба 8,37 млн. нафар расидааст ва аз соли 1998 шумораи аҳолӣ ҳар сол 2,1 фоиз афзоиш ёфта истодааст. Агар чунин сатҳи афзоиш идома ёбад, теъдоди аҳолӣ дар соли 2020 ба 10,65 млн. нафар мерасад. Таҳлили равандҳои демографӣ нишон медиҳад, ки то соли 2025 синни миёнаи аҳолӣ то 26 ва то соли 2035 то 35 сол мерасад ва минбаъд ин тамоюл боқӣ мемонад.
Сиёсати демографии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки эҳтимолияти дарозумрии инсон нисбат ба соли 1990 зиёд шуда, аз 65 ба 73,4 — солагӣ дар соли 2015 расад. Фавти кӯдакон аз 120 нафари соли 1998 то ба 27 нафар (аз ҳар 1000 нафари таваллудшуда) дар соли 2014 паст шудааст. Нишондиҳандаи фавти модарон аз 34,6 нафар ба ҳар 100000 зиндатаваллудшуда ба 11,8 нафар дар соли 2014 расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин тамоюл устувории худро нигоҳ дошта истодааст.
Муносибати табақаҳои гуногуни аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои оила, никоҳ, талоқ, таваллуди фарзанд ва ғайраҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ин фарқият аз даромади оила, шароити манзилӣ, шуғл, хусусан шуғли занон, сохтори иҷтимоӣ ва ғайра бармеояд. Аз мушоҳидаҳои олимон ба хулоса омадан мумкин аст, ки таваллуд дар табақаи камбизоати аҳолӣ зиёд ва дар табақаи доро кам аст ва ин таносуб дар фавти кӯдакон низ ба мушоҳида мерасад.
Соли 2015, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо, рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард. Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ мусоидат намуданд. Ҳамчунин, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардид, ки ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.
Тадқиқоти демографии солҳои охир нишон доданд, ки ба сайёраи мо хатари аз ҳад зиёд шудани аҳолӣ таҳдид намекунад. Дараҷаи коэффитсиенти умумиҷаҳонии таваллуд, яъне шумораи кӯдаконе, ки занон дар давраи репродуктивӣ тавлид кардаанд, дар аввали асри XXI ба 2,9 нафар баробар шуд, ҳол он ки ин нишондиҳанда соли 1985 ба 4,2 нафар баробар буд. Дар замони имрӯза дар 61 давлат, ки 44 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, дараҷаи коэффитсиенти маҷмуии таваллуд аз 2,2 нафар кам аст, ки ин ҳатто барои таъмини тамдиди одии аҳолӣ нокифоя аст. Дар зиёда аз 30 давлат шумораи аҳолӣ солҳои тӯлонӣ бетағйир мемонад, аммо дар як қатор мамолики Африқо ва Осиё инкишофи шумораи минбаъдаи аҳолӣ дар назар аст.
Сипас, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд Гулнора Ҳасанзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, директори иҷроияи Форуми парламентарҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд Мика Марумото ва мушовир оид ба масъалаҳои аҳолии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон Парвиз Ҳаким ибрози назар карданд.
Баъди баррасӣ ва саволу ҷавоб миёни иштирокчиён тавсияҳои Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ