Такягоҳи боэътимоди давлат

№24 (4286) 23.02.2021

Абдуллоев_МирочБаъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мустақил гардидани Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик гардиши азиме буд. Пас аз ҳазор соли давлати Сомониён бори дигар истиқлолият насиби миллати куҳанбунёд гашта, раванди бунёди давлатдории навини миллӣ дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ оғоз гардид.

Пас аз анҷоми ҷанги хунини шаҳрвандӣ, ки дар натиҷаи он шохаҳои ҳокимият фалаҷ гашта, миллат дар ҳолати ногувор қарор дошт, бо ташаббус ва ҳисси ватандӯстиву фидокорӣ ва ҷасорату матонат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу оромӣ пойдор шуд.

Бояд гуфт, дар он рӯзҳои вазнин, ки ҳанӯз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, хоинони миллату давлат дар фикри ошӯбҳои хиёнаткорона буданд, бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буд ва 28 сол муқаддам, 23 феврали соли 1993, бо иқдом ва пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат таъсис ёфт. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон зери хатари ҷиддӣ қарор дошт, устувор гардида, ҳоло фаъолиятро баҳри ҳимояи истиқлолият, амният, марзу буми мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардум равона намудааст. Пешвои миллат дар суханрониҳояшон доимо таъкид мекунанд, ки «Хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ бояд, пеш аз ҳама, дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд. Зеро артиш симои миллат ва бақои умри давлат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии артиш ва шарти аввалини обрӯи он аст».

Гуфтаҳои Сарвари давлат барои насли ҷавон намунаи ибрат ва дарси одамият мебошад. Артиши миллӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбӣ барои ҳифзи давлати мустақил, пойдории сулҳу оромӣ, тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ободию сарзабзии ватани маҳбубамон ҳамеша омода буда, такягоҳи давлат ва сипари миллат аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки чанде пеш онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Яке аз навовариҳои асосии он ворид кардани намуди нави хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.

Мутобиқи моддаи 41-и қонуни зикр­шуда, се намуди асосии хизмати ҳарбӣ — хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, хизмати ҳарбии ихтиёрӣ ва хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозон пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи моддаи 59 қонун, ба шаҳрвандоне, ки кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиётӣ хатм кардаанд, рутбаи якуми ҳарбии афсари эҳтиётӣ пас аз 12 моҳи адои хизмати ҳарбии муҳлатнок дода мешавад. Тибқи муқаррароти моддаи 37 қонуни амалкунанда, андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати мамлакат муқаррар менамояд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки ҳоло ҷавонони бонангу номус, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан чун сипар, монеи ҳамлаи ҳар гуна душманони миллат ҳастанд. Бо сари баланд, виҷдони пок омодаанд, ки шабу рӯз чун сарбози диловару шуҷоъ Ватанро ҳифз намоянд, зеро дӯст доштани Ватан аз имондорист. Ҳар шахсе, ки Ватанро дӯст медорад, ӯ модарро дӯст медорад. Меҳре, ки нисбат ба модар дорем, бояд ба Ватан низ дошта бошем. Эҳтироми Ватан эҳтироми модар аст ва беҳуда нест, ки бузургон Ватанро ба модар ташбеҳ кардаанд. Биноан, ояндаи тақдири бехатарии Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дӯши ҷавонони ҷасуру нотарсу шуҷоатпеша аст. Чунон ки Мирзо Бедил мефармояд:

Бар шуҷоатпеша нанг аст аз таҳаввур дам задан,

Ҳарфи ҷавҳар барнаёмад бар забон шамшерро.

Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Бояд ҳар ҷавони фидокор ва дар роҳи ҳимояи Ватан устувор, ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, нисбат ба Ватан садоқати бепоён доштан, ҳамеша омода будан ба иҷрои қарзи ватандӯстиро дар замираш ҷой диҳад, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дурӣ ҷӯяд, ба кирдорҳои номатлуб даст назанад, алайҳи тамоюлҳои хатарзо мубориза барад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонони саодатманди кишвар, ки дар даврони истиқлолият дар муҳити орому озод фаъолият доранд, ҳамчун шахсиятҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ баркамол тарбия ёбанд. Дар вуҷуди наврасону ҷавонон бояд ифтихори миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ аён бошад.

Зимнан, маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ мебошад. Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мешавад. Ҷавононе ҳастанд, ки ихтиёрӣ ва бо амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, ба хизмат мераванд. Дар қиёс нисбат ба солҳои пешин шароити хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хеле беҳтар шудааст. Бисёр падару модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, бо ҷараёни хизмати фарзандонашон ошно шуда, аз шароити хуби он нисбат ба Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос менамоянд.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳанӯз ҷавононе низ ҳастанд, ки аз хизмат ба сафи Артиши миллӣ саркашӣ мекунанд ё ба муҳоҷират рафта, пинҳон мешаванд. Дар қалби ин зумра ҷавонон ҳисси муҳаббат ба Ватан — Модар нест. Дар тинаташон шарм ва азоби виҷдон вуҷуд надорад. Эътибору нуфузи чунин ҷавонон дар ҷомеа коста гардидааст. Онҳоро виҷдону имонашон бояд ҳамеша азоб диҳад.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат иброз намуданд: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад». Аз ин суханони хирадмандонаи Пешвои миллат бармеояд, ки ҳар кадоми мо бояд барои ҳимояи кишвари азиз, ки ҳар ваҷаби он муқаддас аст, то ҷон дар рамақ дорем, содиқона хизмат намоем.

Мироҷ АБДУЛЛОЕВ,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон