Таҳсилоти калонсолон солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар рушд намудааст. Мавқеи ин таҳсилотро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон — «Ҳадаф-мутобиқсозии низоми маориф ба тақозоҳои асри ХХ1» (шаҳри Кӯлоб, 1 сентябри соли 2015) чунин баён намудаанд: «Имрӯз тибқи талаботи бозори меҳнат мо бояд мутахассисон ва кадрҳоеро тайёр намоем, ки касбу ҳунари омӯхтаи онҳо рақобатпазир бошад. Дар самти касбомӯзӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ин муассисаҳо ва марказҳои омӯзиши калонсолон нақши арзанда мебозанд, зеро низоми зикршуда яке аз роҳҳои аз камбизоатӣ берун шудани аҳолӣ мебошад.
Тибқи супориши Роҳбари давлат ҳар сол муассисаҳои омӯзиши касбу ҳунар ва марказҳои таълимии калонсолонро 100 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат хатм карда истодаанд».
Талаботро ба таҳсили калонсолон, пеш аз ҳама, зарурати омӯзонидани муҳоҷирони меҳнатӣ, азнавомӯзонии онҳое, ки ихтисосу малака ва маҳораташон ба талаботи бозори меҳнат мувофиқат намекунад ва дар муддати кӯтоҳ бояд бо асосҳои касбӣ мусаллаҳ шаванд ва чанд омилҳои дигар муайян намудааст. Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон бо таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» соли 2008 шурӯъ гардида, алҳол қариб дар 100 намояндагиву филиалҳои он калонсолон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Агар ба далелҳо нигарем, аён мегардад, ки шумораи таълимгирандагони калонсол дар ин ва дигар муассисаҳои таълимӣ соли 2015 ба 200 000 нафар расидааст. Ин имкон медиҳад соҳаи мазкур минбаъд бомаром пеш равад. Барои тақвияти ин кор, ба андешаи мо, омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ, алалхусус мамолики дар ин самт комёб, зарур ва саривақтист.
Таҷрибаи Олмон дар самти таҳсилоти калонсолон пешрафтатарин дар олам ба ҳисоб меравад. Бо даъвати намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон дар Тоҷикистон бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи ин мамлакат дар самти рушд ва амалисозии барномаҳои таҳсилоти калонсолон ва иштирок дар Конгресси 14-уми донишгоҳҳои халқии Олмон чанде қабл дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон қарор доштем.
Дар доираи ин сафар бо фаъолияти яке аз донишгоҳҳои халқӣ, ки дар шаҳри Берлин (округи Трептов-Кёпеник) воқеъ аст, шинос гардида, бо таълимгирандагони он, аз ҷумла гурезагони иҷборӣ аз мамолики гуногун ва аҳолии маҳаллӣ суҳбат доштем.
Дар ин муассиса соли 2015-ум 1471 курс бо 39603 соати дарсӣ ва фарогирии 16267 нафар аз рӯи забономӯзӣ (на танҳо забони олмонӣ), таълими касбӣ, рӯзгордорӣ ва ғайра ташкил шудаанд. Барои гурезаҳо ва муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ низ ин гуна курсҳо бо маблағгузории давлатӣ созмон ёфтаанд. Суханронии вазирону қонунгузоронро шунида, бо нақшаҳои фаъолияти ҳукумат дар ин самт шинос гардидем ва бевосита дарк намудем, ки сухану амал тавъаманд.
Дар ҷараёни сафар, ҳамчунин бо фаъолияти мақоми олии қонунгузории Олмон – Бундестаг шинос гардида, бо аъзои он — доктор Эрнст Россман ва хонум Бербел Кофлер вохӯрии судманд доир намудем. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Бундестаги Ҷумҳурии Федералии Олмон таъсис шудааст ва чун узви он қайд намуданиам, ки бо он ҷониб ҳамкориҳои густурда роҳандозӣ гардидаанд. Дар Парламенти Олмон низ чунин гурӯҳ барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон иборат аз 25 нафар таъсис ёфтааст, ки намояндагони он моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон буданд. Чунин вохӯриҳо миёни аъзои гурӯҳҳо мунтазам сурат мегирад. Дар вохӯрии зикргардида ҷаноби Эрнст Россман, ки узви Кумитаи маорифи Бундестаг ва раиси Шӯрои донишгоҳҳои халқии Олмон мебошад, асосан перомуни ин муассисаҳо, мавқеи онҳо ва нақшаҳои ояндаашон сухан ронд. Дар вохӯрӣ аз ӯ хоҳиш намудем, ки ба чанд масъала, аз ҷумла тақдири минбаъдаи гурезагоне, ки дар донишгоҳҳои халқӣ таълим мегиранд, вале ягон ҳуҷҷати расмӣ барои идомаи зиндагӣ дар ин мамлакат надоранд, равшанӣ андозад, чунки онҳо аз мо матраҳ намудани ин масъаларо хоҳиш карда буданд. Посух чунин буд: Онҳо бояд, пеш аз ҳама, забон ва касб омӯзанд, то рӯзгорашонро ба роҳ монанд. Баъдан, бо мурури замон ва риояи талаботи қонунгузорӣ метавонанд ба ҳаёти ҷомеа ворид гарданд. Яъне, онҳо иҷборан аз кишвар ихроҷ нахоҳанд шуд. Ҳарчанд дубора имкони вохӯрӣ бо ин гурезагон, ки роҳи дурударози ғурбатро аз Афғонистону Ирон, Сурияву Либия то Олмон тай намудаанд ва дар Ватану дар роҳ аксаран наздикону фарзандонашонро аз даст додаанд ё гум намуданд, надоштем, лек аз масъулин хоҳиш намудем, ки ин посух барояшон расонида шавад.
Ҳанӯз ҳам аз пеши назар чеҳраҳои пурташвиши онҳо, ки ба ояндаи худ итминон надоштаву бо ҳарос сухан мегуфтанд, нарафтаанд. Гурезагони афғону иронӣ чун донистанд, ки мо аз Тоҷикистонем, тақдири талхи худро қисса карданд. Онҳо Тоҷикистонро мисол меоварданд, ки Пешвои сулҳофаринаш Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро сарҷамъ намуду мардумаш сулҳу суботро аз бадбинӣ боло гузоштанд.
Мехоҳам аз суханронии вазири федералии маориф ва таҳқиқоти илмии Олмон, профессор Йоҳанна Ванка, ки дар Конгресси 14-уми донишгоҳҳои халқии Олмон ироа гардид ва дар фарҷоми ин анҷуман бо номбурда мулоқот доштам, иқтибос орам: «Агар имрӯз мо ба масъалаҳои гурезагон бепарво бошем, онҳоро забон, касб наомӯзонем, ба зиндагии фаъол ворид насозем, пас фардо маҷбурем онҳоро сари дастархони хонаводагӣ хонем».
Конгресси донишгоҳҳои халқии Олмон дар панҷ сол як маротиба баҳри натиҷабардорӣ аз фаъолият ва баррасии пешомади амали ин муассисаҳо баргузор мегардад. Конгресси 14- умро, ки имсол 9-10 июн дар шаҳри Берлин бо иштироки беш аз 1400 намоянда аз 40 кишвари олам баргузор гардид, Президенти федералии Олмон Йоахим Гаук ҳусни оғоз бахшид. Ҳамчунин, дар ҳамоиш се вазири федералӣ: оид ба меҳнат ва иҷтимоиёт, оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва оид ба маориф ва таҳқиқоти илмӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамоиш бо ҷалби маърӯзачиён аз ҳисоби сиёсатмадорон, коршиносон, олимон, донишмандон идома ёфта, корашро дар ҷаласаҳои мавзӯӣ давом дод. Дар поёни ҳамоиш санадҳои ниҳоӣ, аз қабили ҳадафҳо ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ ва қабул гардиданд.
Шиносоӣ бо фаъолияти густурдаи Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Ҷумҳурии Федералии Олмон ва иштирок дар чорабиниҳои зиёду суҳбатҳо, ки хушбахтона, бинобар балад буданамон асосан бо забони олмонӣ сурат гирифтанд, нишон дод, ки донишгоҳҳои халқии Олмон муассисаҳое мебошанд, ки ба шаҳрвандони муассисаҳои таълимиро хатмнамуда дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ хизматрасониҳои таълимиро пешкаш менамоянд. Дар ин доира онҳо ба мардум, алалхусус калонсолон, имкони зиёди гирифтани таҳсилоти иловагӣ, ғайрирасмӣ — аз барномаҳои касбинтихобкунӣ сар карда, то барномаҳои гуногуни забономӯзӣ, фароғатӣ ва фарҳангиро пешниҳод менамоянд. Донишгоҳҳои халқӣ тӯли фаъолияташон, ки ибтидоаш ба давраи ҳаракатҳои халқӣ-маърифатпарварӣ ва коргарии охири асри XIX дар Аврупо рабт дорад, ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа дар Олмон табдил ёфтаанд. Албатта, номи донишгоҳ ин ҷо шартист, зеро Донишгоҳи халқӣ ё Volkshochschule аслан мактаби олӣ нест. Он низоми анъанавии таҳсилоти ғайрирасмиро дар бар гирифта, барои гирифтани дониш ва маҳорату малакаҳои зарурӣ барои шахсони аз 16- сола боло имкон фароҳам меорад.
Ҳайати асосии таълимгирандагонро ашхоси синну соли миёна ва калонсол ташкил менамоянд. Ин муассисаҳо метавонанд дар асоси дархост барои кормандони соҳаҳои гуногун низ курсҳо ташкил намоянд ва барномаи онҳо аз чорабиниҳои якдафъаинаи таълимӣ то саёҳат, ҳамоишҳо ва таълими хонагиро дар бар мегиранд. Чуноне омор нишон медиҳад, курсҳои забономӯзӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, ҳунаромӯзӣ ҳаводори зиёд доранд. Кори ин муассисаҳо аз соати 8-и субҳ оғоз ёфта, то 8-и бегоҳ давом мекунад. Ҳамчунин, курсҳои шабона барои коргарон ва ҳафтаина дар доираи коромӯзӣ аз рӯи роҳхати ҷойи кори асосии коргарон низ амал менамояд.
Донишгоҳҳои халқӣ ба марказҳои ҷамъиятии таҳсилоти муттасил бо имкониятҳои васеи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, курсҳо, болобардории ихтисосу тахассус, мактабҳои шабона бо гирифтани сертификатҳо, курсҳои гуногунмазмуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва чорабиниҳои фароғатӣ мубаддал гаштаанд. Муҳлати таълим дар ин курсҳо аз чанд соат то чанд моҳро ташкил намуда, аз рӯи анъана, баъди хатми он санҷиш ё имтиҳон намесупоранд. Ба шунавандагон ҳам ҳуҷҷати таҳсил дода намешавад, чунки таҳсил ғайрирасмист. Таълим дар ин муассисаҳо пулакӣ буда, андозаи он хеле ночиз ва барои ҳар нафар дастрас мебошад.
Тибқи қонунгузорӣ, дар Олмон ҳар як мақоми худидоракунӣ бояд Донишгоҳи халқиро ташкил намуда, онҳоро нигоҳдорӣ намояд. Дар ин кишвар 1000 адад чунин муассиса (бе филиалу намояндагиҳо) амал менамояд. Солона дар онҳо 600 000 курсҳо ташкил шуда, зиёда аз 10 миллион нафар таълими иловагӣ мегиранд.
Дар сохтори Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (АДХО) Институти ҳамкориҳои байналмиллалӣ мавқеи махсус дорад, ки фаъолияташ ба рушди таҳсилоти калонсолон берун аз Олмон нигаронида шудааст. Фаъолияти ин институт ва дафтару намояндагиҳои он дар хориҷа ба амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, санадҳои барномавии ташаббуси байналмилалии «Таҳсилот барои ҳама» ва конфронси умумиҷаҳонии таҳсилоти калонсолон нигаронида шудааст.
Институти мазкур дар кишвари мо низ намояндагии худро дорад. Фаъолияти ин намояндагӣ дар Тоҷикистон, ки ба пешрафти соҳаи таҳсилоти калонсолон нигаронида шудааст, аз соли 2009 оғоз ёфта, аз ҷониби Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ (BMZ) дастгирӣ мегардад.
Донишгоҳҳои халқии Олмон на танҳо маркази таълиму омӯзиш, балки майдони мулоқоту гуфтугӯи одамон мебошанд, ки дар як муҳит ва маҳал истиқомат менамоянду дар ин замина метавонанд масъалаҳои ҷойдоштаи маҳалли худро баррасиву ҳал намоянд. Онҳо на танҳо талаботи таълимии шаҳрвандонро қонеъ мегардонанд, балки онҳоро барои ҳамзистӣ дар ҷомеа омода намуда, ҳалли масоили пешомадаи рӯзгорашонро меомӯзонанд. Донишгоҳҳои халқӣ чун модели муваффақи аврупоии таҳсилоти ғайрирасмии калонсолон таҷрибаи ягонаи байналмилалӣ набошад ҳам, боиси омӯзиш ва пайравист.
Нурулло Оқилзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон