Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Талаботи нав барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ

№152 (3453) 11.11.2015

Даҳуми ноябри соли 2015 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа доир шуд.

Дар ҷаласа як масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумита Худоёрзода Бахтиёр Тавар зикр намуд, ки  мақсад аз қабули қонуни мазкур такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби дурусти кадрҳо, ҷалби бештари мутахассисони болаёқати соҳа ба мақоми адвокатӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва таҳким бахшидани фаъолияти онҳо мебошад.

Бо ин мақсад ба як қатор моддаҳои дахлдори қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла ба моддаи 10 илова шудааст, ки мувофиқи он агар  адвокат қаблан дар баррасии парванда ба ҳайси машваратчии халқӣ иштирок карда бошад ё бо машваратчии халқӣ муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошад, ҳуқуқи дар парвандаи мазкур ба сифати адвокат баромад карданро надорад, зеро тибқи моддаи 34- уми Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба моддаҳои 12 ва 14 пешниҳод гардидаанд, талаботи иловагиро барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ пешбинӣ менамоянд. Тибқи ин талабот шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ надорад, забони давлатиро намедонад, инчунин собиқаи кориаш аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ аз ду сол кам бошад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуни мазкур нагузаштааст, ҳуқуқи соҳиб шудан ба мақоми адвокатиро надорад.

Меъёрҳои пешниҳодгардида ба баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти адвокатҳо бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқат хоҳад кард.

Дар охир хулосаи Кумита оид ба масъалаи мазкур барои ҷонибдорӣ ба баррасии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардид.

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»