Маърифати ҳуқуқӣ

Талаботу муқаррароти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ кадомҳоянд?

№74 (4657) 07.06.2023

Дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳумҳои васеъ ва маҳдуди қонунгузорӣ истифода мешавад. Дар шакли васеъ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмида шуда, ба мафҳуми маҳдуд танҳо Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо дохил мешаванд. Сарчашмаҳои ҳуқуқӣ собит менамоянд, ки техникаҳои гуногуни ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ вуҷуд доранд, ки дар фаъолияти қонунгузорӣ онҳо на ҳамеша  дуруст татбиқ  мегарданд. Тавре профессор А. Ғ. Холиқзода дар асари «Андешаи давлати миллӣ» иброз намудааст: «Қонунгузорӣ бояд дар доираи илми ҳуқуқшиносӣ ба сӯи ислоҳот ва тағйирпазириҳо роҳ пеш гирад. Илми ҳуқуқшиносӣ бояд ареал (пешоҳанг, ливо…)-и инкишофи қонунгузорӣ гардад, на қонунгузорӣ майдони инкишофи илм». Аз ин рӯ, солҳои охир ба мушкилиҳои  назариявии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ таваҷҷуҳ бештар гаштааст. 

Ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани санадҳои қонунгузорӣ ва аз байн бурдани номувофиқативу мухолифатҳо дар санадҳои қонунгузорӣ бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ва дар таҳрири нав интишор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд. Ин фаъолият яке аз вазифаҳои асосии мақоми қонунгузории кишвар буда, дорои тартиби муайяни ба худ хос мебошад. Вобаста ба тартиби ворид намудани тағйиру илова ё хориҷ намудани калимаҳо, рақамҳо, ҷумлаҳои қисми таркибии санади қонунгузорӣ ва воҳидҳои сохтории он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» меъёрҳо муқаррар гардидаанд. Дар таҷрибаи қонунгузорӣ ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки дар сурати илова, иваз ё хориҷ намудани калима, ибора ва рақамҳои алоҳида дар як вақт дар якчанд модда ё бандҳои алоҳида ба миён меоянд. Дар ин ҳолатҳо чунин калима, ибора ё рақам дар шакли зайл ифода мегарданд: «дар ҳамин модда ва минбаъд дар тамоми матни қонун иваз, тағйир ё хориҷ карда шавад». Чунин тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои қонунгузорӣ мухолифат  надошта бошад ҳам, зимни мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар амалия дуруст татбиқ намудани он ба мушкилӣ дучор омадан мумкин аст. Бояд зикр кард, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли васеъ манъ аст (масалан, ивази калимаҳо ё ибораҳо «аз рӯи матн»). Мутобиқи қоидаҳои умумии техникаи ҳуқуқӣ, ҳар як тағйир бояд дар алоҳидагӣ бо ишораи дақиқи сохтори дохилии тағйирёбандаи санади қонунгузорӣ бо тартиб нишон дода шавад.

 Мутобиқи қоидаҳои умумии техникӣ-ҳуқуқии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, бояд пайдарҳамии сохтори қонун ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо нишон дода шавад, яъне аввал кадом воҳиди сохторӣ тағйир меёбад, пас аз он хислати тағйи­рот (иваз, хориҷ намудани калимаҳо, ихтисори воҳидҳои сохторӣ ё илова) баён гардида, матни лозима дар нохунак гирифта шавад. Илова бар ин, мутобиқи техникаи қонунгузорӣ ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба истилоҳи рақам, дар чунин ҳолат истилоҳи «адад»-ро танҳо навистан мумкин нест (масалан, рақами «125» ба рақами «126» иваз карда шавад). Агар зарурати ивазнамоии истилоҳи рақам дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба миён оянд, бо чунин тарз амалӣ мегардад:  рақам  ва калимаи «50 нусха» ба рақам ва калимаи «100 нусха» иваз карда шаванд.

Вобаста ба тағйиру илова ё хориҷ намудани калимаҳо, рақамҳо, ҷумлаҳо дар қисми таркибии санадҳои қонунгузорӣ ва воҳиди сохтории он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» меъёрҳо муқаррар гардидаанд. Ба ғайр аз ин, агар тағйири меъёрҳоро дар таҳрири нав пурра баён кардан зарур набошад, матни онҳо бо роҳи хориҷ, илова ва иваз намудани калима, ибора, ҷумла ва рақамҳо тағйир дода мешавад. Ҳангоми аз санади қонунгузорӣ хориҷ намудани фасл, зерфасл, боб, параграф, модда рақами тартибии онҳо мувофиқан тағйир дода намешавад. Агар қисмҳои таркибии модда хориҷ карда шавад, дар ин сурат қисмҳои таркибии дигари модда ба тартиб дароварда мешаванд.

Оид ба қоидаҳои техникӣ-ҳуқуқии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ бояд қайд кард, ки лоиҳаи қонунҳо набояд ҳаҷми калон дошта бошанд. Лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ки зиёда аз 20 қисмро дар бар мегирад, номатлуб ҳисобида мешавад. Агар тағйироти лоиҳаи  қонун хислати бузург дошта бошанд, беҳтар мешуд, ки дар лоиҳаи дигар пешниҳод гарданд. Дар акси ҳол, субъекти танзими ҳуқуқӣ бо мушкилиҳои дар хотир нагирифтани ҳамаи тағйироти сершумор рӯ ба рӯ шуда, кадоме меъёрҳо аз қонунгузории амалкунанда ва кадоме аз онҳо аз лоиҳаи нав ворид шудаанд, ба хотир нагирифта, мумкин аст ба иштибоҳ роҳ диҳад. Ин қоидаҳо ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои зерқонунӣ низ бояд тат­биқ гарданд. Ҳамзамон, чунин тартиб барои мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар амал дуруст татбиқ намудани тағйиру иловаҳои воридгардида муфид мебошад.

Дар сарчашмаҳои ҳуқуқӣ чунин қоидаҳои техникӣ-ҳуқуқии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ дар низоми қоидаҳои умумии техникаи ҳуқуқӣ ба назар мерасанд: а) ивазнамоии калимаҳо ва рақамҳо; б) хориҷ намудани калимаҳо, рақамҳо ва ҷумлаҳо; в) хориҷ намудани воҳиди сохтории санади қонунгузорӣ; г) таҳрири нави  воҳиди сохтории санади қонунгузорӣ; ғ) илова намудани рақам, калима ва ҷумлаҳо ба воҳидҳои сох­тории санади қонунгузорӣ; д) иловакунии воҳидҳои сохторӣ ба санади қонунгузорӣ; е) дароз намудани муҳлати амали санади қонунгузорӣ ё воҳиди сохтории он; ё) боз­дошт ё қатъи амали санади қонунгузорӣ ё воҳиди сохтории он; ж) аз эътибор соқит намудани санади қонунгузорӣ.

Унсури дигари техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ин дар таҳрири нав интишор намудани санади қонунгузорӣ мебошад. Агар тағйирот пурра мазмуни аввалаи санади қонунгузориро тағйир диҳад ва дастурҳои он ба таври принсипӣ хислати нав пайдо кунад, пас ин санадро дар таҳрири нав таҳия намудан мувофиқи мақсад мебошад, зеро дар таҳрири нав таҳия намудани санади қонунгузорӣ маънои аз нав ва такроран қабул шудани санади пештараро бо тағйироти нави воридшуда ифода менамояд, ки дар натиҷа санади қаблан амалнамуда қувваи ҳуқуқии худро аз даст медиҳад. Ин тарзи ворид намудани тағйирот танҳо дар ҳолатҳои зерин пешбинӣ мешавад:

- агар зарурати иваз намудани принсипҳои танзими ҳуқуқӣ  вуҷуд дошта бошад;

-  ба санади қонунгузорӣ ворид намудани тағйироте, ки ба қисми зиёди воҳидҳои сох­тории он таъсир мерасонанд (масалан, ба бештари боб ё фаслҳои он);

- қисман нигоҳ доштани аҳамияти воҳидҳои сохтории алоҳидаи санади қонунгузорӣ;

- ворид намудани тағйирот ба қисми ҷудонашавандаи санади қонунгузорие, ки қувваи ҳуқуқияшро аз даст додааст;

- дар таҳрири нав баён намудани қисмҳои алоҳидаи санади қонунгузорӣ мумкин аст, агар аллакай якчанд маротиба тағйирот ворид шуда бошанд.

Дар таҳрири нав интишор кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ аз дар таҳрири нав қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ фарқи куллӣ дорад. Ҳангоми дар таҳрири нав қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ имконияти тағйир додани матни санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳар гуна шакл ва ҳаҷм вуҷуд дорад. Дар таҳрири нав қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ аз тағйиру иловаҳои пештар воридкардашуда ба санади меъёрии ҳуқуқӣ вобастагӣ надорад ва матни ин тағйироти воридкардашуда мумкин аст пурра дигар карда шавад. Бинобар ин, чунин меъёрҳо дар хусуси дар таҳрири нав интишор кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд:

- барои дар таҳрири нав интишор кардан бояд ҳатман мақоме, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, қарор қабул намояд;

- бо назардошти ҳамаи тағйиру иловаҳои воридгардида матни санади меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав тайёр карда шавад;

- таҳрири нави санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар нашрияи расмӣ интишор карда шавад.

Техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули он дар таҳрири нав маънои ҷой додани матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқиро дар нашрияи расмӣ ё воситаи ахбори омма, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф кардааст, дорад. Техникаи мазкур ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд дахл дошта, бо мақсади дастрас намудани маълумот оид ба қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва барои дуруст татбиқ намудани он аз ҷониби субъектони иҷрокунанда амалӣ мешавад. Интишори тағйиру иловаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули он дар таҳрири нав техникаи ба худ хосро дорад. Ҳангоми интишори санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд хусусиятҳои он нишон дода шаванд:

- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- санаи қабул;

- мансаб ва шахсе, ки онро имзо кардааст;

- ҷой;

- санаи имзо;

- рақами сабт.

Ҳамин тариқ, марҳилаи охирини амалигардонии техникаи қонунгузорӣ ин интишори санади қонунгузорӣ буда, интишори расмии матни санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида яке аз шартҳои асосии эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани он мебошад. Ҳадаф аз интишори расмии санадҳои қонунгузорӣ,  ин ба омма расонидани мазмун ва мундариҷаи матни  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Бо ин мақсад дар ҳар як санади меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда чун қоида модда ё банди алоҳидае пешбинӣ мегардад, ки он тартиби мавриди амал қарор додани ин санади қонунгузориро муайян мекунад. Ин тартиб барои ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ якхела буда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор додани онро муқаррар мекунад.

Дар баробари ин, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, мутобиқи қонунгузорӣ дар нашрияҳои расмӣ интишор карда намешаванд. Аз ин рӯ, интишори тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули он дар таҳрири нав на танҳо дар нашрияҳои расмӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар гардидаанд, балки дар сомонаи махсуси электронӣ  барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ расман эътироф карда шавад, зеро даст­овардҳои илмӣ ва техникии муосир имкон медиҳанд, ки интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурра дастрас гардидани тағйи­ру иловаҳои ворид­гардида ба ҷомеа, дар сомонаи электронӣ расман ба чоп расанд. Чунин таҷриба дар давлатҳои пешрафтаи дунё мақоми расмиро гирифтааст. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар мақоми олии намояндагии қонунгузор «Сомонаи электронии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун сомонаи расмӣ эътироф намояд.

Комрон ҶАМШЕДЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ