Бисту якуми феврали соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Маҳмадалӣ Ватанзода аз замони таъсиси Артиши миллӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ, сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуда, имрӯз ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам Қувваҳои Мусаллаҳро яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳое нишон дода бошанд ҳам, вале он бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ амалӣ нагардид.
- Мушкилии асосии таъсиси Артиши миллӣ дар он буд, ки дар сохтори давлатии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои аъзои ин иттиҳод артиши миллии худро надоштанд ва таъсиси артишҳои миллӣ танҳо дар заминаи моддию техникӣ ва ташкилии сохторҳои ҳарбии дар ҳудуди ҷумҳуриҳо боқимонда имконпазир буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил консепсияи табдилдиҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи муштараки ИДМ пешниҳод гардид, ки мутобиқи он дар муҳлати панҷ сол идораи ягонаи Қувваҳои Мусаллаҳ бояд нигоҳ дошта мешуд. Дар назар буд, ки дар марҳилаи гузариш давлатҳои аъзои ИДМ аз таъсиси артишҳои миллӣ худдорӣ менамоянд.
Ҳуҷҷатҳои асосие, ки ҳамкории ҳарбии давлатҳоро муқаррар менамуданд, 14 феврали соли 1992 дар шаҳри Минск аз ҷониби Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонда шуданд. Аммо баҳори соли 1992 баъзе давлатҳо таъсиси қувваҳои мусаллаҳи худро дар заминаи артиши собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар ҳудуди ин давлатҳо ҷойгир буданд, оғоз карданд, ки ин консепсияи Қувваҳои муштараки ИДМ-ро халалдор сохт, — зикр кард номбурда ва ҳамчунин, афзуд, ки 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (минбаъд ба СААД табдил ёфт) ба имзо расонда шуд ва 20 апрели соли 1994 қувваи амал пайдо кард, ки моҳиятан пароканда шудани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи муштараки ИДМ-ро ба расмият даровард.
Бино ба гуфти ӯ, дар Тоҷикистон низ кӯшиши таъсиси Артиши миллӣ анҷом дода шуда буд ва соли 1992 барои ба юрисдиксияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондани дивизияи тирандози 201 бо тамоми инфрасохтори он, техникаю лавозимоти ҷангӣ омодагӣ низ дида шуд. Аммо ин иқдомро баъзе давлатҳои ҳамҷавор ҷонибдорӣ накардаанд, зеро вазъи сиёсии ҷумҳурӣ хеле мураккаб монда, хатари ба дасти силоҳбадастони мухолифин расидани силоҳ метавонист вазъи на танҳо ҷумҳурӣ, балки минтақаро ноором созад. Гузашта аз ин, роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ низ барои қабули техникаю лавозимоти ҷангӣ ва таъсиси Артиши миллӣ иқдом накарданд. Аз ҳамаи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ танҳо Тоҷикистон аз инфрасохтор, техникаю лавозимоти ҷангии артиши собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бархӯрдор нагардид.
- Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ ба таври воқеӣ амалан сурат гирифт. 18-уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қарор қабул карда шуд, ки роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ ба дӯши Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузошта шавад. Ба тасвиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард, — таъкид кард Рустам Шоҳмурод.
Бино ба гуфти ӯ, хизмати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз неруҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонистанд, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддидавлатӣ ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян карда, онро амалӣ намоянд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Ҳуснигул Одиназода бо таъкид аз нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи озодиву истиқлоли миллӣ ва таъмини амнияту субот изҳор дошт, ки дар тӯли фаъолият ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳама ҳолатҳои душвор мардонагӣ, тайёрии хуби ҷангӣ нишон дода, барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳаёти осоиштаи мардум ҷоннисорӣ намуданд.
- Дар даврони истиқлолият аз ҷониби парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқии фаъолияти мунтазами Артиши миллӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ қонунҳои дахлдор қабул гардида, барои ба танзим даровардани таъминоти мудофиавии кишвар, пеш бурдани сиёсати давлатӣ, амалӣ гардондани ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ қонун, фармон ва амрҳои Президент интишор шудаанд. Ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд, — зикр кард номбурда.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватаназода дар охир бори дигар бар зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудани ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакатро ёдовар шуда, таъкид кард, ки онҳо вазифадоранд сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ