Тантанаи Рӯзи Модар дар парлумон

№ 07.03.2025

 DSC_19156-уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор шуд.

 Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ аҳли нишастро бо фаро расидани Рӯзи Модар шодбош гуфт. Таъкид намуд, ки давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи офарандаи зан — модар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин давлати миллиро дар асоси ормонҳои модарони тоҷик, ки ҷавҳари онро сулҳ, ҳамдилию ҳамгироӣ ва худогоҳию башардӯстӣ ташкил медиҳад, бунёд гузоштаанд. Бонувони тоҷик масъулияти баланди миллию шаҳрвандӣ дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳми созгор доранд.

  — Рӯзи Модар ҷашни қадршиносӣ ва саршор аз садоқати волои инсонӣ аст, ки ҳамасола мардуми Тоҷикистон онро интизор мешаванд ва ба истиқболи шоистаи он омодагии хос мегиранд. Зеро ин ҷашн бо исми бузурги Модар, ки зиндагию рӯзгори ҳар кадоми мо аз муҳаббату самимият ва фидокории ӯ сарчашма гирифтааст, пайванд мебошад,- иброз дошт М. Зокирзода.

Зикр гардид, ки Рӯзи Модар ҷашне аст, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар ҳар гӯшаву канори олам бо хушнудӣ истиқбол мегардад ва дар ин рӯз сухан танҳо аз боби муҳаббат, самимият, покию иззат, шарафу номус ва офарандагии зан — модар меравад. Агар аз рӯи мантиқ назар намоем, асли ин ҳама сифатҳо дар тиннати поки модарон маҳфуз мебошад.

Ҳамчунин, дар назди иштирокчиёни ҳамоиш муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Саодатшо Матробиён, Мирзоанвар Ахмедов, Зайниддин Сафаров, Абдуҳалим Ғаффоров, Гавҳар Шарофзода, Мавзуна Шамсиддинзода ва мушовири калони Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон Сарвар Бекзода баромад намуда, аз ғамхориҳои давлат нисбати занон ва нақши онҳо дар рушди ҷомеа ёдовар шуданд.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ