Танзими ҳуқуқии муносибатҳои дипломатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ

№111 (4373) 07.09.2021

DSC_1304Агар ба таърихи муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон назар афканем, маълум мегардад, ки дар замони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (минбаъд ИҶШС) дар ҶШС Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият мекард. Дар ибтидо он ба ҳайси Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолият намуда, сипас роҳбарии сиёсати хориҷӣ дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба зиммаи Раиси Шӯрои вазирон, вогузор гардид. Раиси Шӯрои вазирон вазифаи вазири корҳои хориҷиро ба таври сарборӣ дар баробари вазифаи асосиаш иҷро мекард. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии ҶШC Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ менамуд, вале фаъолияти вазорат хусусияти расмӣ дошта, дар амал муносибатҳои байналмилалӣ тавассути мақоми ваколатдори умумииттифоқӣ сурат мегирифт.

Тавре маълум аст, охири солҳои 80-уми асри гузашта вазъият дар ИҶШС ва як зумра кишварҳои сотсиалистии ҷаҳон мураккаб шуда, боис ба пайдоиши низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ гардид. Буҳрони иқтисодӣ дар низоми олии идоракунии ИҶШС ба он боис шуд, ки ҷумҳуриҳои шӯравӣ ва давлати абарқудрати ҷаҳон аз байн равад.

Сипас, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори ҷумҳуриҳои шӯравии дигар Истиқлолияти давлатиро эълон намуд. Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 1990, яке аз нахустин ҳуҷҷатҳое маҳсуб меёбад, ки барои барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ заминаи ҳуқуқиро ба вуҷуд овард. Зеро дар он қайд мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муносибатҳои дипломатиро бо давлатҳои дигар барқарор намуда, намояндагонашро ба ин давлатҳо сафарбар менамояд. Санади мазкур на ҳама масъалаҳои истиқлолияти давлатии кишварро фаро мегирифт ва маънои пурра аз ҳайати ИҶШС баромаданро ифода намекард.

Барои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо давлати тозаистиқлол эътирофи он аз ҷониби давлатҳои дигар ҳамчун давлати соҳибихтиёр ногузир аст. Новобаста ба вазъи номуътадили ҷамъиятиву сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳанӯз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ расман эътироф шуд.

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барқарор ва густариши муносибатҳои дипломатии кишвари тозаистиқлол замина гузошт. Эътимод ба роҳбари навинтихоб ва сулҳҷӯ боис гардид, ки созмонҳои байналмилалӣ хоҳиши ҳамкориро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд. Дар он давра ба ғайр аз Эъломияи истиқлолияти давлатӣ ягон санади дохилидавлатии марбут ба танзими муносибатҳои дипломатӣ мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, дар баробари ҳалли дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои дипломатӣ низ аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар қадамҳои аввалин ва устувор гузошта шуданд.

Тибқи Конститутсия, Тоҷикис­тон сиёсати сулҳҷӯёнаро пеша намуда, хоҳони бо роҳи сулҳомез ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ буда, соҳибихтиёрии давлатҳои дигари ҷаҳонро эҳтиром менамояд, муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалии эътирофгардида ба роҳ мемонад. Муҳимтарин санади байналмилалие, ки муносибатҳои байнидавлатиро танзим менамояд, оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мебошад, ки соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти он қабул гардид. Тибқи моддаи 2 Оинномаи мазкур, давлатҳо бояд аз дахолат ба корҳои дохилии давлатҳои дигар, аз истифодаи қувва ва ё таҳдиди қувва дар муносибатҳои байналмилалӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин, бо давлатҳои дигар ҳамкорӣ намуда, баҳсҳои пайдошударо бо роҳи сулҳомез ҳал карда, уҳдадориҳои байналмилалиро софдилона иҷро намоянд. Тибқи муқаррароти моддаи 4 Оинномаи СММ, дилхоҳ давлати сулҳҷӯ ба узвияти созмон қабул карда мешавад. Ҳамчунин, инкишоф додани муносибати дӯс­тона яке аз мақсадҳои асосии СММ мебошад. 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ва 26 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон собит намуд, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаро бо давлатҳои дигар ба роҳ монда, ягон маротиба ба давлатҳои дигар фишори ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ё дар дигар шакл фишор наоварда, қаламравашро барои ҷудоихоҳон бо мақсади халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва ё тамомияти арзии давлати дигар истифода набурда, баҳсҳои пайдошударо бо роҳи дипломатӣ ҳал кардааст. Ин шаҳодати сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳангоми татбиқи он меъёрҳои байналмилалӣ эҳтиром ва риоя карда мешаванд.

Масъалаҳои ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста дар моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шудаанд. Тибқи моддаи мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад; ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад; Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд; паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад; бо рутбаҳои дипломатӣ сарфароз мегардонад ва ғайра.

Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати хориҷии давлат муайян гардид. Фаъолияти он тавассути Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28- уми декабри соли 2006 таҳти № 593 тасдиқ шудааст.

Тибқи Низомнома, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. Ба низоми вазорат намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар назди созмонҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ) намояндагиҳо ва ташкилотҳои тобеи вазорат, ки дар кишвар бо мақсади таъмини фаъолияти вазорат таъсис дода шудаанд, инчунин, муассисаҳои таълимии тобеи вазорат дохил мешаванд.

Ба ғайр аз ин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3-юми декабри соли 2015 таҳти № 590 қабул шудааст. Тибқи он, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори мақомоти давлатӣ барои муносибат бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар ин самт амалӣ менамояд ва фаъолияти мақомоти давлатии дигарро ­ҳамоҳанг месозад.

Санади асосии байналмилалие, ки муносибатҳои дипломатиро ба танзим медарорад, Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз 18 — уми апрели соли 1961 мебошад ва онро парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми ноябри соли 1995 тасдиқ намудааст. Тибқи моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Аз ин нуктаи назар, Конвенсияи Вена аз соли 1961 танзимкунандаи масъалаҳои вобаста ба тартиби ташкил ва фаъолияти муносибатҳои дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, барои танзим ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидаанд ва онҳо асоси ҳуқуқии ташкил ва густариши муносибатҳои дипломатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади танзими пурраи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ якчанд санади меъёрии соҳавӣ қабул шудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» аз 31-уми декабри соли 2014 яке аз онҳо мебошад. Он асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазифаҳои мақомоти хизмати дипломатӣ, доираи фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти хизмати дипломатӣ, воситаҳои алоқа, бойгонӣ, ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ, вазифаҳои дипломатӣ, омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони хизматӣ дипломатӣ ва ғайраро танзим менамояд.

Ҳамчунин, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 тасдиқ гардид, ба масъалаи муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Зеро он санади сиёсиест, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд.

Ғайр аз ин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санад қабул гардид, ки ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи муносибатҳои дипломатӣ равона гардидааст. Чунончӣ, Низомномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 1995, Низомнома дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои дигар аз 23-юми январи соли 1995 ва ғайра.

Новобаста ба қабули санадҳои меъёрии дахлдоре, ки муносибатҳои дипломатиро танзим менамоянд, ба фикри мо, андешидани якчанд тадбири иловагӣ зарур аст:

1. Низомномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 1995, Низомнома дар бораи ҳуқуқу вазифаҳои сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои дигар аз 23-юми январи соли 1995, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ қабул гардиданд, ба такмил ниёз доранд.

2. Муносибатҳои дипломатӣ, ки дар кишвари мизбон аз ҷониби сафири фавқулода ва мухтор ё намоянда дар назди созмонҳои байналмилалӣ, дар маҷмӯъ, амалӣ мешаванд, яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти давлат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, фарогири масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ мебошад. Муносибати ҷамъиятӣ дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаҳои дахлдор танзим мегарданд. Аз ин сабаб, ҷиҳати танзими пурраи фаъолияти мазкур қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ» ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳамин тариқ, дар замони Истиқлолияти давлатӣ санадҳои муҳими танзимкунандаи муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар ин замина муносибатҳои байналмилалии кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуданд. Дар натиҷаи сиёсати муваффақона ва тибқи санадҳои милливу байналмилалӣ бароҳмондаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд рафта, ташаббусҳои байналмилалии аз ҷониби ӯ пешниҳодгардида, дастгирии ҳамаҷонибаро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуда, эътибор ва эътимод ба давлатдории тоҷикон боз ҳам зиёд шуда истодааст.

Идизода Файзалӣ Фузайлшо,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ