Пандемияи коронавирус («COVID-19») барои бисёре аз давлатҳои ҷаҳон мушкилии зиёд ба бор овард. Вазифаи аслии ҳар як давлати миллӣ дар чунин шароити таҳдидомез дуруст муаррифӣ кардан, низоми ҳастии ҳуқуқӣ ва рушди иҷтимоиро бидуни ҳангомаю хархашаи беҷо ором ва мақсаднок ҳифз намудан аст. Мутаассифона, омӯзиши умқии тавсеаи беморӣ агар комилан набошад, яқин беш аз 90 дарсад бо камбуду мусоидати инсонҳост.
Дуруст аст, ки агар то 8 — уми апрели соли 2020 дар муддати тақрибан се-чор моҳ беморӣ ба 183 давлати дунё ба тақрибан 1,5 миллион нафар шаҳрванд паҳн гашта, зиёда аз 83 ҳазор нафарро қурбон карда бошад, 30-юми апрел ба 203 давлат паҳн гардида, теъдоди ба беморӣ гирифторшудагон ба 3 миллиону 223 ҳазор расида, қурбоншудагон ба зиёда аз 228 ҳазор баробар шуд. Ин, албатта, кам нест ва гузашта аз он, ҳаёти ҳар инсон муқаддас аст. Аммо, агар ин миқдорро бо теъдоди одамоне, ки қаблан ва ҳоло дар як рӯз дар рӯи замин мефавтанд, қиёс намоем, воқеият дигаргуна тасаввур мегардад. Ҳар рӯз то коронавирус дар рӯи Замин зиёда аз 150 ҳазор нафар мефавтиданд ва ҳоло низ ин шумора, қариб ки бетағйир мондааст.
Дар сайёра мутобиқи маълумоти сомонаи интернетии «Аҳолии Замин», ҳар рӯз 15, 5 фоиз аз ҳисоби касалии ишемияи дил, 11, 6 фоиз аз ҳисоби инсулт ва 5,6 фоиз аз ҳисоби касалиҳои роҳи нафас ва шуш мефавтанд, ки ба ин гурӯҳ беморони вируси тоҷдор низ шомиланд. Дар баробари ин, тавлидшавӣ ва рушди насли инсонӣ ҳанӯз афзалиятро чун солҳои қаблӣ якзайл ҳифз намудааст. Пас, аз назари қиёс «шамшери азозил» меъёри муқаррароти адли умумро вайрон накардааст ва ҳолати бамиёномада боис ба таҳлукаи башарӣ буда наметавонад. Зеро, дар маҷмӯъ, ҳолати такрористеҳсолшавии неруи инсонӣ дар сайёра якзайл нигоҳ дошта мешавад. Танҳо зарур аст, ки ҷиҳати таҳоҷуми беморӣ омилҳои ҳимояро устувор намуда, аз ин имтиҳони сунъӣ ва ё табиӣ инсоният бояд бо сари баланд гузарад.
Аммо, бо вуҷуди ин ҳама, инкор намекунем, ки хатар воқеӣ нест, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф кард, зеро тибби муосир дар табобати он мушкилӣ эҳсос кард. Давлатҳо маҷбур шуданд, дар роҳи мубориза ба он ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар самти озодии ҳаракат, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба тарки ватан ва баргаштан ба ватан, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои дастаҷамъӣ, таҳсилот ва ғайра маҳдуд намоянд.
Ҳазор сол муқаддам Абӯалӣ ибни Сино гуфта буд: дар ҳолатҳои густариши вабо, аввал мардум бояд натарсанд, ба таҳлука наафтанд ва худро аз муносибатҳои наздик бо дигарон маҳдуд намоянд.
Пас, бояд аз ҳодисаи рухдодаистода наҳаросем, балки оқилона ба он мубориза барем. Он душман аз хориҷ нест, аз сайёраи дигар низ наомадааст, балки натиҷаи рафтору муносибати то андозае нодурусти инсонҳост. Пас, ягона коре, ки талаб мешавад, муносибатро хирадмандона роҳандозӣ бояд намуд. Чӣ, магар ин мушкил аст? Дар ҳақиқат, мутаассифона, мушкил шудааст. Зеро инсони худбовару озодихоҳ, то он дараҷа аз дастоварду музаффарият бар табиат масруру мағрур шуда, дар ибтидои ҳазораи се ба зинае расидааст, ки дар доираи хирад, қонун ва ахлоқ муаррифӣ кардан барояш мушкил гаштааст. Табиат ва объективият ба маҳдудияту тарбияи ӯ камар бастааст. Шояд ин ҳама ҳикмат дорад.
Қадами номубораки вируси саркаш ба замини муқаддаси кишвари мо низ омад. Чанд тан аз беаҳамиятӣ ва ё ногузирӣ ба афзоиши густариши он сабаб шуданд. Рӯзи аввал 15 нафар, баъдан 34 нафар ва боз эҳтимоли зиёд шудан дорад. Равшан аст, ки ин ҳолат то зинаи муайян афзоиш меёбад ва сипас ба поин мефарояд. Аммо бояд донист, ки нуктаи мувозинати афзоиши он низ дар дасти мост на дар иродаи вирус. Муҳим он аст, ки бояд вазъиятро хирадмандона таҳлил намуда, пиндору, гуфтору амалкардро вобаста ба он дуруст роҳандозӣ намоем. Аз ҳама муҳим наҳаросем, тарс надошта бошем ва бепарво ҳам набошем.
Тарс бузургтарин душмани инсон буд ва мемонад, аммо дар шароити таҳдиди ҳамагонӣ вай ба сони нафти дар марғзори хушки зиндагӣ афтодаест, ки бо хурдтарин оташак имкони дастовардҳои бузургро маҳв кардан дорад. Таҳлука ва воҳима ёрдамчии ин душман аст, ки нақши оташакро иҷро менамоянд. Бузургон аз Арастую Суқроту Афлотун то Форобию, Синою, Халдун, аз Берунию Ҷомию Навоӣ то Бекону, Монтескёю Гегел ҳама тарсро душмани бузурги ботинии инсон донистаанд. Эъломияи Куруш, достонҳои Ассурик, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воиз, қаҳрамониҳои Спитамену Темурмалик ва даҳҳо дигар нодиракории ниёгон бозгӯкунандаи мардуми қавиирода, ҷасур, мубориз ва нотарси миллати мост. Сифат ва хислатҳои ёдрасшуда дар таърихи халқ аз унсурҳои ҳувиятсозӣ буданд, ки ҳамчун коди рамзӣ дар шиносномаи маънавии миллат сабт шудаанд, Ин нуктаро низ бояд дар чунин шароити таҳдидӣ аз ёд набарорем, ки имрӯз ва рӯзгори оянда вазифаи мост, дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои пайдогашта сифатҳои арзишманди ниёгонро фаромӯш бояд нанамоем.
Гуфта, навишта ва таҳлилҳои бузургон аз як ҷониб ва таҷрибаи шахсони бемор касро ба хулоса меорад, ки инсоне, ки тарс дар дил дорад, ӯ роҳи дурусти зиндагиро наёфта, назди узвҳои инсонӣ ҳам дар ботин ва ҳам дар зоҳир хиёнат менамояд.
Оид ба сарчашмаҳои тарс ва оқибати он
Тарс ва воҳима ҳолати ботинии инсон аст, ки дар заминаи муносибати тафаккур бо маълумоти гирифта аз узвҳои эҳсосотӣ ҳосил мегардад. Иллати аслии он дар аксар маврид вайрон намудани таҳлили иттилои гирифта мебошад, ки узвҳои эҳсосотӣ аз воҳима мешикананд ва воқеиятро вориди машинаи коркарди тафаккур менамоянд. Ин шикастабаёнӣ ва қабули номутаносиби воқеият дар тафаккур инсонро аз воқеият дур намуда, нойи фикркунандаро тавассути эҳсосоти шикаста ба шахси аҳвалбин табдил медиҳад. Инсон воқеиятро шикаста дида, қарорҳои номувофиқ қабул менамояд. Шахси дар чунин варта қароргирифта имкони баҳои дурусти ҳодисот ва воқеаҳоро надошта, зиндагиро дар муносибат бо атроф дуруст ташкил карда наметавонад. Ин ҳолат зарари зоҳирии тарс ва воҳимаро инъикос менамояд. Беҳуда дар урфият «тарс ва воҳимаро бародарони марг нахондаанд». Дуруст аст, ки тарс ҳамчун зуҳуроти ба савқи табиӣ такякунанда барои инсони солим дар ҳадди муайян ва мизони эътидол ногузир аст, вале он бояд мутаносиб бо воқеият буда, дар мизони тафаккур ва хирад мувофиқ ба таҳлил кашида шавад.
Тарс ҳамчун ҳодисаи психико-биологӣ таъсири бузурги манфӣ (агар ҳолатҳои истиноии ғайримуқаррарӣ ва ҳолати муътадилу ногузири онро ба инобат нагирем) ба ҳолати биологӣ, маънавӣ ва иҷтимоию сиёсии инсонро доро аст. Айнан, ҳамон тавре ки инсони тарсончак соҳибирода буда наметавонад, қавму халқияти тарсӯ миллати сиёсӣ ва давлати комил шуда наметавонанд.
Тарс дар ҳаёти шахсӣ ва рӯзгори фардӣ, қабл аз ҳама, латма бар саломатии инсон аст. Инсони тарсу фаъолияти узвҳоро аввал заиф ва сониян ба фалаҷӣ кашида, имкони муборизаи ҳуҷайраҳои солимро бар муқобили ҳуҷайраҳои носолим заиф менамояд. Ин ҳолат сароби худро аз тафаккури инсони тарсу гирифта, тавассути мушакҳои махсуси идоракунанда ва нейронҳо то нуқтаи фармоиш ва идораи узвҳои биологӣ мерасонад. Узви тавассути нуқтаи идора ба тарсуӣ кашида, ҳамчун ба хомӯшӣ ва оромӣ мубталошуда муқовимати табиию касбиро дар муқобили зарар, яъне ҳуҷайра ва атомҳои фасодовар заиф менамояд. Силсилаи нокомии ҳуҷайраҳо ба ҳолати кории узвҳо асар карда, дар маҷмӯъ, вазъи муътадили гардиши хун, ҳалли ғизо, коркарди аминокислотаҳоро мушавваш намуда, боз аксуламали манфӣ ба кори майна ва дигар узвҳои асосӣ ва ёрирасон мерасонад. Дар ин ҳолат инсони солим вазъияти идораи танро аз даст дода, ниҳоят, худро ба организми зиндаи осебпазир мубтало мегардонад. Ин ҳолат яқин ӯро дар одитарин гардиши мафкуравӣ, маънавӣ ва биологӣ бемору бистарӣ намуда, шоҳроҳи умрашро печида мегардонад.
Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, дар роҳи музаффар шудан ба ин беморие, ки ба камбуду норасоиҳои инсонҳо часпон аст, бояд наҳаросем. Беҳтарин роҳи мубориза бо он ислоҳи камбуду норасоиҳост. Дигар ин ки дар оину ахлоқ ва корномаи зиндагии ниёгон тарс аз чунин зуҳуротҳо мавқеъ надорад. «Шоҳнома» — и безавол гувоҳи ҷасурӣ, нотарсӣ, хирадмандӣ ва паҳлавонии ниёгон аст, дини мубини ислом сарчашмаи сабру таҳаммул ва покизагии гуфтору рафтори мост (ислом танҳо тарс аз Худо ва тарс аз гуноҳро ҳамчун воситаи имондорӣ ва ислоҳи бандагонаш ҷоиз медонад, дигар ҳама тарсро маҳкум менамояд), ганҷинаи пурғановати насру назми гузаштагонамон Рӯдакӣ, Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон мактаби бузурги маънавии мубориза бо таҳдиду хатарҳои сохтаю бофтаанд. Танҳо зарур аст, ки ба ҳикмати онҳо дуруст сарфаҳм равем. Танҳо ва танҳо рукни имондории мардуми мусулмон, ки иктифо «ба тақдири неку бади худовандӣ» менамояд, дар асл кифоят аст, ки мубталои воҳимаю даҳшат ва тарс аз вируси нохонда нагардем. Ҳикмат он аст, ки онҳое ба тарс худро мезананд, имони комил надоранд.
Дар баробари тарс ба раванди номусоиди мафкураи миллӣ ва вазъи моддию маънавии иҷтимоъ, ҳодисаҳои фардии пурхӯрӣ, нодуруст истифода намудани ғизо ва иҷтимоии риоя накардани тозагӣ, одоби муошират, тартибот, дарк нанамудани сарҳади озодӣ, арҷгузорӣ нанамудан ба ҳуқуқҳо ва ғайра ба таври худ мусоидат менамоянд. Ҳолатҳои охирӣ низ, дар маҷмӯъ, фишор ва дардҳои дигарро ба инсони солим зам намуда, ӯро аз ҳолати муътадили биологӣ берун кашида, дар ҳолати гузариши он ба зинаи фарохтар иҷтимоъ ва фарҳангро ба беморию ҳуқуқро ба нигилизм мубтало месозанд.
Инсони солим ба беморӣ мубтало шуда, назди ҳар бемории дигар оҷиз ва осонгир мемонад. Тарс аз тафаккур аст, аз тарбия аст, аз муносибати нодуруст бо воқеият аст. Бо ин душмани маънавӣ, ки саробашро аз мафкура мегирад, аз тариқи мафкураи солим ва хирадманд мубориза бояд бурд. Бузургон дуруст гуфтаанд, ки дардҳои моддӣ ва ба узвҳо вобастабуда осон ва саҳланд, аммо дарди дар тафаккур решадошта, ки ба рӯҳу равони инсон таъсиргузор аст, табобаташ мушкил аст. Зеро табобати он танҳо аз табиб не, балки аз бемор низ вобастагии зиёд дорад. Дараҷаи вобастагии табобати бемориҳои моддии узв агар аз табиб тақрибан ба 60 фоиз ва аз бемор ба 40 фоиз расад, табобати бемориҳои мафкуравӣ аз бемор то 95 фоиз ва аз табиб то ба 5 фоиз баробар аст. Зеро Худованду табиат, дар баробари таъсири муҳити табиӣ ва иҷтимоӣ, давои онро дар иродаи инсонҳо афзалтар гузоштааст. Бинобар ин, солимии миллат ва давлат, дар маҷмӯъ, аз рӯҳияи устувори халқ, аз мафкураи солими мардум вобастагӣ дорад.
Дар ҳолатҳои муҳими ташкили зиндагӣ ва муҳофизати ватан, алорағми он ки тарс аксаран ҳодисаи иродавӣ нест, беҳуда вайро ҳамчун гуноҳ дар қонунгузории миллатҳои тамаддунофар ҷойгир накарданд. Тарс дар ҳолатҳои муайян имкон дорад инсонро ба ҳолати ғайримукаллафӣ кашад, ғайримукаллафӣ аз доираи таъсири ҳуқуқ бояд берун монад. Ин ҳолатро ахлоқ, тарбия, ақл ва маърифат бояд назорат намояд. Бо иллати тарс гурезагони майдони ҷангро аз Харонд (қонунугузори шаҳри Катонияи Юнони Бостон) то Амиан Мартселиан, Юлий Сезар ва дигар қонунгузорони римӣ ҳамчун ҷинояти вазнин маҳкум кардаанд. Ғалабаи давлатҳои бузургро дар масири таърих бо душманони хориҷ маҳз ҳамин сахтгирӣ нисбат ба зуҳуроти тарс дар майдони ҷанг таъмин намудааст. Фармони баҳсноки И. В. Сталин низ дар солҳои ҶБВ оид ба тарс қафогардӣ дар майдони ҷанг, бо вуҷуди сахту вазнин будан нақш дар ғалабаи умум гузоштааст. Мо, албатта, ҷонибдори ҷазои вазнин ба эҳсосоти савқи табиӣ нестем (зеро он дар зинаи муайян аз таъсири иродаи инсонӣ берун мемонад, ҳар зуҳуроте, ки берун аз ирода аст, дар вай озодии ихтиёр нест, тарки озодии ихтиёр тарки масъулият аст), вале хулоса ин аст, ки инсон бояд дар ҳолатҳои зарурӣ бо зуҳури эҳсосот тавонад дар доираи ақли солим муносибат намояд.
Дар мавридҳои мудҳиш, ки таҳдид ба саломатии халқ ва миллат нигаронида шудааст, танҳо миллат ва халқияте бурд менамояд, ки дар дили шаҳрвандон ва мафкураи миллиашон тарс ҷой надошта, бар муқобили душман бо хирад ва заковат дурандешона истодагарӣ ва мубориза мебарад. Душмани муқобили инсоният қароргирифта бузург нест, ӯ хурдтарин зарраи организми зинда аст, ки миллиардҳо маротиба аз тани инсон хурдтар аст. Вале бо рафтору амалҳои ношоиста ва мувофиқи ӯ онро бар худ ҳоким гардониданӣ ҳастем. Қуввати ӯ, ҳаракату тавсеаи ӯ дар дасти мост, пас бояд худро дуруст мутобиқ ба манфиат идора намоем. Нагузорем, ки ӯ аз камзарфии мо қудратманд бар мо гардад. Барои ин фақат ва фақат зарур аст, ки доираи муоширатро каме маҳдудтар, усули зиёрати ҳамдигариро дигаргунтар, покизагию озодагиро пешаи зиндагию хурду хӯроки хешро таҳти назорат қарор диҳем. Магар ин омилҳои номбаршуда қисман омилҳои ҳувиятсози миллӣ ва давлати миллӣ то ин замон набуданд? Албатта, буданд, танҳо зарур аст, ки ба онҳо дигаргунатар муносибат бояд намуд. Аз баъзе хостаҳою талаботи бемавқеъ ва лаззатҳои замонавӣ ба хотири неъматҳои бузургтари шахсӣ ва ҷамъиятӣ даст бояд кашид. Ҳикмати зиндагии инсони хирадманд ва ҷомеаи дурбин низ дар ҳамин муносибати оқилона нуҳуфта шудааст.
Маҳдудияти ҳуқуқӣ ва мувозинати тарси иҷтимоӣ
Тавре таҷриба нишон дод, кишварҳое, ки маҳдудияту усул ва рамузи хосаро қатъӣ риоя карданд, тарс ва эҳтиёткориро дар доираи хирад ва меъёрҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқ ба мувозинат кашиданд, маърифати баланди низому тартиботро муаррифӣ карда, ғолиб омаданд. Дар мисоли, кишварҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония. Аммо кишварҳое, ки озодии саркашро афзал донистанд, бамаротиб қурбонии зиёд диданд (Италия, Испания, Британия, Амрико) ва ногузир ба маҳдудкунии озодӣ таҳти унвони тартибот даст зада истодаанд.
Либералҳое, ки дар ибтидои паҳншавии вирус аз ҳимояти арзишҳои бунёдии озодиҳо ҳарф мезаданд зери фишори қонунҳои табиат хомӯш монданд. Дар Чине, ки зиёда аз 1,5 миллиард аҳолӣ дошт, теъдоди қурбониёни беморӣ дар муҳлати зиёда аз 4 моҳ то 4, 7 ҳазор рафт ва беморшудагон ба 84 ҳазор, аммо дар кишвари Амрико бо озодии аъзам теъдоди қурбоншудагон танҳо дар таърихи 8- уми апрел дар як рӯз то ба 2 ҳазор расид, дар таърихи 30-юми апрел бошад, то ба 51 нафар паст фаромад, вале теъдоди умумии фавтидагон дар ду — се моҳ тақрибан ба 61, 6 ҳазор расид. Чаро? Чунки дар ҳолатҳои муайяни таърихӣ манфиат ва аҳамияти унсури тартибот бо риояи маҳдудиятҳо барои инсонҳо, қиматтар аз озодии онҳо меистад. Аз ҷониби дигар маҳдудият тадриҷан дар низоми ҳуқуқӣ мавқеи ҷазоро дар ба мувозинат кашидани реҷаи тарс танг менамояд, аммо ин дар сарҳад ва паҳнои муайяни муносибот рух медиҳад. Гузариш аз ин сатҳ ҳам ба тарафи чап-манфӣ ва ҳам ба рост – мусбат эҳтимолияти таҳдиди ҷазоро ҳифз менамояд.
Яъне, қонуният ва маҳдудиятҳои ногузир низ дар роҳи ҳимояи арзишҳои умдавӣ, аз ҷумла, ахлоқӣ нақш доранд ва онҳо кӯшиш менамоянд, ки вазъи рӯҳии аҳолӣ ба ҳодисот ва таҳдидҳои пайдошуда хирадмандона ҷавоби мусоид ва рафтори мувофиқ намояд. Албатта, агар инсоният дар ин замон дар асоси хирад ва маърифаташ имкон медошт, ки ин ҳолати рухдодаро бо унсурҳои дигари фарҳангӣ ба низом дарорад ва раванди муътадили зиндагиро бе густариши беморӣ паси сар намояд, зарурат ба танзими ҳуқуқӣ ва маҳдудиятҳо набуд. Аммо воқеият ин аст, ки ӯ натавонист. Ва чун воситаҳои ҳуқуқӣ ва локалӣ дар шакли санадҳои зерқонунӣ ба майдон ҷиҳати ҳифзи манфиатҳо баромаданд, дигар касе аз озодихоҳону либералҳои аврупоӣ ва амрикоӣ дар самти эрод ба нуктаи қонунии маҳудудиятҳо ҳарф нагуфтанд. Чаро? Чунки таҳдид ба арзиши баландтаре мисли ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатӣ мерафт. Моро низ зарур аст, ки бо ахлоқ, эътиқод, боварӣ, хирад ва маърифат дар муқобили он истодагарӣ намоем. Инчунин, механизмҳои ҳуқуқии таъсиррасонии профилактикиро дар сатҳи санадҳои зерқонунӣ омода намоем, ки дар меъёрҳои он тавозуни истифодаи таъсиррасонии ҳуқуқӣ ва маҳдудиятҳо дар васати эътидоли манфиатҳои умум ва фардӣ, бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ дуруст арҷгузорӣ, тасниф ва танзим гарданд.
Баҳсро ба дарозо накашида, дар асоси таҷрибаи андӯхтаи кишварҳои сафи пеши мубориза бо коронавирус ва вазъу имкони таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба он ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои нобоб, ваҳму таҳлука бо пасманзарҳои номусоидаш чанд хулосаи танзими ҳуқуқиро пешкаш менамоем.
Хулосаи аввал дар ин вазъият аз назари ҳуқуқ он аст, ки аснои таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба вазъи ягон навъи ҳуқуқи инсон, мумкин нест, ки усули баробарии умумро дар татбиқи маҳдудиятҳо ҳамчун омили одилона қабул намоем. Маҳдудият бояд ба субъектҳо вобаста аз сатҳи зарарбиниашон қоим ва татбиқ гардад. Чун таҳдид ба калонсолон, гурӯҳи одамони касалиҳои осебпазири роҳи нафас, дил, қанд баландтар аст, муҳофизати онҳо мутаносибан бо маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ бештар бояд таъмин гардад.
Хулосаи дуюм он аст, ки аснои маҳдудкунии фаъолияту амалкарди субъектҳо таваҷҷуҳ ба имкони барқарории ҳақҳо бояд намуд. Он ҳақҳое, ки дар асл аз навъи маҳдудият табиати аслиашон зарари ҷиддӣ намебинанд, маҳдудияти онҳоро дар мадди аввал ба хотири пешгирии дигар таҳдидҳо ба вазъи ҳуқуқи инсон имконпазир мегардонад. Вале он ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳое, ки имкони барқарорию таъминсозии қисмати аздастрафтаашон мушкил аст ва аз онҳо манфиати умум бештар зарар мебинад (мисол кор дар саҳро ва истеҳсолоти маҳсулоти стратегӣ) маҳдудият бояд ба он дар пояи эҳтиёткории ҷиддӣ ба тарзи минималӣ роҳ ёбад. Формулаи «маҳдудият ва пасманзари он фоидаовартар ва камзарартар аз таҳдиди хатар ва оқибатҳои он бошад», мутобиқ ба усули «аз ду зарар зарари камтар ва аз ду фоида фоидаи бештар» дар раванди маҳдудкунӣ бояд риоя гардад.
Хулосаи сеюм он аст, ки зимни маҳдудкуниҳо, гарчанде такяи асосӣ назаран ба қонунҳо шавад ҳам, хулосаи ниҳоӣ ва таснифнамоии татбиқи онро санадҳои зерқонунӣ ва локалӣ роҳандозӣ намуда, субъектҳои ҳуқуқтатбиқкунанда амалӣ менамоянд. Зеро шароит қабули қарори оҷилӣ ва нобаробарро дар минтақаҳо тақозо менамояд ва онро ба таъхир гузоштан нашояд. Боке нест, ки ноҳия ва минтақае, ки офат паҳн нашудааст, роҳҳои иловагии пешгирии онро пешбинӣ намояд ва ноҳияҳое, ки аллакай сироят доранд, чораҳои иловагии маҳдудиятро роҳандозӣ намоянд.
Хулосаи чорум он аст, ки шаҳрвандони кишвар ҳамчун халқ ва меҳмонони он ҳамчун дӯст, ки организми зиндаи ҳаёти иҷтимоии давлатро дар ин рӯзҳо ташкил медиҳанд, аснои чунин хатарҳои глобалӣ қарорҳои қабулнамудаи Ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорату идораҳои дигар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки дар таркибашон меъёрҳои маҳдудкунанда доранд, дар ибтидо, қабл аз ҳама, дар доираи манфиатҳои худ ва баъд дар паҳнои ҳадафҳои стратегии халқ ва давлат дарку ҳазм намуда, риояи онҳоро қатъиян таъмин созанд.
Хулосаи панҷум он аст, ки дар воситаҳои ахбори омма табибон, рӯҳшиносон, иҷтимоъшиносон, файласуфон, ҳуқуқшиносон ва дигар намояндагони илмҳои ҷамъиятӣ баромад карда, омодагии маънавӣ ва назарии мардумро ба офат тақвият бахшанд.
Дар ниҳоят, ҳар як шаҳрванди кишвар, қабл аз ҳама, бояд бовар дошта бошад, ки Давлат ва Ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ бар зарари халқ кор намекунад, баръакс вазифаи онҳо ғамхорӣ ва беҳдошти вазъи зиндагии мардум аст. Дар давлатҳое, ки чунин фаҳмиш, ягонагӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати давлат дар муқобили таҳдидҳо дида шуд, онҳо аз вазнинӣ бо сарбаландӣ баромаданд.
Аминем, ки миллати хирадманди тоҷик бо фарҳангу тамаддуни волои оламгир бори дигар аз имтиҳони вазнини таърихӣ бо сарбаландӣ, бо низому тартиби хоса ва сабру таҳаммули хирадмандона хоҳад гузашт.
Мо, ба амри тақдир ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин дида, рӯзҳои вазнинро паси сар кардем. Албатта, умед дорем, ки бо мадади Худованди бузург, таҳти роҳбарии Пешвои миллат ва ҳамфикрию ваҳдати мардуми кишвар аз ин таҳдиди вазнин низ бо сарбаландӣ гузар хоҳем намуд. Танҳо ҳамаҷониба кӯшиш кунем, ки амалҳоямон ба кам кардани қурбониҳои вируси тоҷдор равона шаванд. Тавре Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, барои давлат ҳаёти ҳар шаҳрванди кишвар азиз ва муқаддас аст.
А. Холиқзода, Ш. Ҳакимзода, М. Шодиён, И. Қосимзода, З. Файзуллозода, Ғ. Азиззода, З. Сафаров, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон