Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи чор созишнома дар Маҷлиси намояндагон

№153 (4573) 14.12.2022

DSC_061114-уми декабри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа чор масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар нест?

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзномаи ҷаласа мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо – маблағгузории иловагӣ»

2. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

3. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

4. Дар хусуси Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд.

РАИС: -Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъа­лаи якум сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо – маблағгузории иловагӣ» пешниҳод шудааст.

Созишнома бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 -юми ноябри соли 2022 таҳти №473 маъқул дониста, 4 -уми ноябри соли 2022 ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи маблағгузории иловагии лоиҳа ба даст овардани нишондиҳандаҳо ба монанди лоиҳаи амалкунанда, аз ҷумла мусоидат ба рушди иқтисодӣ тавассути таъмини ҳамлу нақли бехатар ва рақобатпазир дар минтақаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) ва баланд бардоштани бехатарӣ ва устувории шабакаи роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 52,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 43,2 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушд ва 9,2 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории агентии татбиқкунанда, супоридани андоз ва дигар пардохтҳо, аз қабили ҷуброни замин ва кӯчонидани аҳолӣ, равона карда мешавад. Татбиқи лоиҳа соли 2022 оғоз ёфта, то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади дар муҳлати муқарраршуда амалӣ гардидани Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо — маблағгузории иловагӣ» аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Бахтиёр Аҳмадзода дода мешавад.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо-маблағгузории иловагӣ» 4 -уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 8-уми декабри соли 2022 таҳти №1486 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Ҳадафи маблағгузории иловагии лоиҳа мусоидат ба рушди иқтисодии мамлакат дар заминаи амалишавии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», таъмини ҳамлу нақли бехатар ва рақобатпазир, баланд бардоштани бехатарӣ ва эътимоднокии шабакаи роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ ёфтани созишномаро ҷонибдорӣ карданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқ шудани Созишномаи грантии мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо – маб­лағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъала сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» пешниҳод гардидааст.

Созишнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар 3-юми октябри соли 2022 дар ҳаҷми 45 миллион доллари амрикоӣ (33,5 миллион доллар ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ) ба имзо расонида шудааст.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа беҳтар кардани дастрасӣ ба таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар ноҳия­ҳои алоҳида ва таҳкими иқтидори муассисаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт барои такмил ва беҳтар кардани хизматрасониҳои пешниҳодшаванда мебошад. Лоиҳа аз чор қисм иборат аст:

- таҳкими сохторҳои институтсионалӣ ва тақвияти иқтидори муассисаҳои (субъектҳои) соҳаи об (3 миллион доллари амрикоӣ);

- сармоягузорӣ ба обтаъминкунӣ ва беҳдошт (40,5 миллион доллари амрикоӣ);

- идоракунии лоиҳа (1,5 миллион доллари амрикоӣ);

- қисмати шартӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода.

 Бояд қайд кард, ки мақоми татбиқкунандаи лоиҳа Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» муайян шуда, дар давраи татбиқ тамоми чорабиниҳои дар доираи он пешбинишударо амалӣ менамоянд. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардидани лоиҳа аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Гулмаҳмадзода Зулфиқор дода мешавад.

Зулфиқор ГУЛМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳ­дошти Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3-юми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсади лоиҳа беҳтар кардани дастрасӣ ба таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар ноҳияҳои алоҳида (ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон) таҳкими иқтидори муассисаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт барои такмил ва беҳтар кардани хизматрасониҳои пешниҳодшаванда мебошад.

Маблағгузории он пурра аз ҳисоби Бонки умумиҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ карданд.

Кумитаи масъул масъаларо 9-уми декабри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муо­вини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Иштирокчиён созишномаро пурра ҷонибдорӣ карданд.

Созишнома бо моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки тасдиқи Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: -Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ  (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: -Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф Маҷидӣ:

- Муҳтарам, Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешниҳод мегардад. Созишнома бо тартиби муқаррарнамудаи конунгузорӣ 3 — юми октябри соли 2022 дар ҳаҷми 47 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он 30 миллион доллар гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (бо эквиваленти 22,4 миллион доллар ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ) ва 17,0 миллион доллар гранти Фонди ягонаи донории трас­тии Барномаи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ, (қисми III) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ (бо эквиваленти 16,19 миллион евро) мебошад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа таҳкими иқтидор дар соҳаи банақшагирии захираҳои об ва идоракунии обёрӣ дар Тоҷикистон ва баланд бар­доштани самаранокии низоми обёрии интихобшуда дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшон мебошад.

Лоиҳа аз чор қисм иборат мебошад, аз ҷумла:

- ислоҳоти бахши об ва таҳкими институтсионалӣ (7,5 миллион доллари амрикоӣ);

- такмили низомҳои обёрӣ (36,7 миллион доллари амрикоӣ);

- идоракунии лоиҳа (2,8 миллион доллари амрикоӣ);

- қисмати шартӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода.

Бояд қайд кард, ки мақоми татбиқкунандаи лоиҳа Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, дар давраи амалисозии лоиҳа тамоми чорабиниҳои дар доираи он пешбинишударо амалӣ менамоянд. Татбиқи лоиҳа соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади дар муҳлати муқарраршуда амалӣ гардидани «Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикис­тон» аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 — юми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар доираи татбиқи Созишнома ҳамчунин:

- таҳкими иқтидорҳои АБЗО, тарҳрезии инфрасохтори ба тағйи­рёбии иқлим устувор, идоракунӣ дар сатҳи системаҳои обёрӣ;

- таъмири биноҳо, пешниҳоди мебел, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёти амвтомобилӣ ба воҳидҳои АБЗО дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон;

- дастгирии таъсиси шӯроҳои миллӣ ва ҳавзавии об ва тақвияти иқтидори он;

- тарҳрезӣ ва насби системаҳои ченкунии хароҷоти об;

- кумак барои низоми миллии иттилоотии об ва таҳияи нақшаҳои ҳавзавии об;

- таъмини таҷҳизоти лабораторӣ, техника, аз ҷумла лаборатория, дар назар дошта шудааст.

Кумита тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаи зикргардидаро 13-уми декабри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор дод. Иштирокчиён созишномаро пурра ҷонибдорӣ карданд.

Созишнома бо моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки тасдиқ гардидани Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикис­тон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд манзур мегардад.

Маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҳисоби ду сарчашма, яке Созишнома оид ба маблағгузорӣ дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ грант бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, ки дар доираи масъалаи рӯзномаи ҷаласаи имрӯза баррасӣ гардида буд ва Созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 17 миллион доллар бо Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешбинӣ гардидааст.

Дар лоиҳаи мазкур Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ба сифати маъмурӣ маблағгузориҳои Фонди ягонаи донории трастии Барномаи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ (қисми III) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баромад мекунад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи грантиро барои амалӣ гардидани «Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон» дастгирӣ намоед.

РАИС: -Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он дар иртибот ба созишномаи қаблӣ доир ба масъалаҳои такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Кумита тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаи зикргардидаро 13-уми декабри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Иштирокчиёни ҷаласаи васеъ созишномаро пурра ҷонибдорӣ карданд.

Созишнома бо моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ гардидани Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар хусуси Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест?

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, бо ҳамин ҷаласаи имрӯзаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ