Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи ду созишномаи ҳамкорӣ, ки ба масоили амниятӣ ва мубодилаи иттилоот бахшида шудаанд

№157 (4577) 22.12.2022

DSC_161321-уми декабри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа нуҳ масъала пешниҳод шудааст.

Пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия

2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ вобаста ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022»

8. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2023»

9. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои ­мардум» барои соли 2023».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар асоси моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Лоиҳаи қарор бо мақсади гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои эътибор пайдо кардани созишномаи зикргардида таҳия гардида, он 22 — юми июли соли 2022 дар шаҳри Анқара ба имзо расидааст.

Мақсади созишнома такмил додани ҳамкориҳо дар доираи танзими муносибатҳо байни тарафҳо дар соҳаи амният ва мусоидат дар таъмини амнияти тарафҳо, инкишофи ҳамкориҳои гуногунҷанба, баланд бардоштани самаранокӣ ва самарабахшии хадамоти амнияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тарафҳо ва мубориза бар зидди чолишҳое мебошад, ки ба амният ва устуворӣ таҳдид мекунанд.

Созишнома аз муқаддима ва 13 модда иборат мебошад. Дар моддаҳои 1-2 мақсад, доираи амал ва маҳфумҳои асосӣ муайян гардида, дар моддаҳои 3-4 уҳдадории ҳамкорӣ ва соҳаҳои ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаҳои 5-6 бошад, тартиби дархости кумак ва иҷрои он, принсипҳои истифодаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳо муқаррар гардида, моддаҳои 7-9 қоидаҳо оид ба ­кадрҳо, татбиқи кооператсия, мақомоти салоҳиятдори тарафҳо оид ба татбиқи созишномаи мазкур, мулоқот ва машваратҳоро пешбинӣ менамоянд.

 Моддаҳои 10-11 ба ҳалли баҳсҳо ва таносуби созишномаи мазкур бо дигар шартномаҳои байналмилалӣ бахшида шуда, дар моддаҳои 12-13 масъалаҳои вобаста ба хароҷот ва муқаррароти ниҳоӣ, вобаста ба муҳлати амал ва қатъ намудани амали созишномаи мазкур, уҳдадориҳои тарафҳо пас аз қатъ намудани он ва макони баимзорасонии он пешбинӣ гардидаанд.

Нисбат ба лоиҳаи зикршуда, экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, муайян гардид, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш карда мешавад, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед. 

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Фазлиддин Икромӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фазлиддин ИКРОМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 12 — уми декабри соли 2022 таҳти №1495 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаи масъул онро 14 — уми декабри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ карданд.

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи милитсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ вобаста ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ вобаста ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 9 — уми августи соли 2022 таҳия шудааст.

Мақсади таҳияи он гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои эътибор пайдо кардани созишнома мебошад.

Тасдиқи созишнома ба манфиати ҳар ду кишвар буда, баҳри густариш бахшидани муносибатҳо миёни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар масъалаҳои ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ мусоидат менамояд.

Созишнома 16 – уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Москва ва 23 – юми феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз муқаддима ва 12 модда иборат мебошад. Дар муқаддима ҳадафи густариш бахшидани муносибатҳо миёни мақомоти корҳои дохилӣ дар масъалаи ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи маълумот дар шакли электронӣ муайян шудааст.

Дар моддаҳои 1-2 мавзӯи созишнома ва мақомоти салоҳият­дори тарафҳо пешбинӣ шуда, моддаҳои 3-5 тартиби таҳияи протоколҳои техникӣ ва талабот нисбат ба протоколи техникӣ, пешниҳоди маълумоти электронӣ, нигоҳдорӣ, истифода ва нест кардони онро тибқи қонунгузории миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ муайян менамояд.

Моддаи 6 ба тартиби боздош­тани маълумот ҳангоми ошкор намудани вайронсозии талаботи амнияти иттилоотӣ ва қоидаҳои кор дар низомҳои иттилоотӣ бахшида шуда, дар моддаҳои 7, 8 ва 9 ­масъалаи хароҷот вобаста ба иҷрои созишнома, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ва забони корӣ ҳангоми амалисозии он ҳаллу фасл гардидаанд.

Моддаҳои 10 ва 11 ба тартиби ҳалли баҳсҳо ҳангоми тафсири созишномаи зикргардида ва таносуби он бо уҳдадориҳои байналмилалии тарафҳо бахшида шуда, моддаи 12 масъалаҳои эътибор пайдо кардан, тамдид намудан ва қатъ гардидани амали созишномаи зикргардидаро муайян кардааст.

Нисбат ба лоиҳаи мазкур экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян гардид, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Мироҷ Абдуллоев дода мешавад. Марҳамат.

Мироҷ АБДУЛЛОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон  ва ҳозири гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ вобаста ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ кардан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишнома тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 12 – уми декабри соли 2022 таҳти №1496 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаи масъул онро 14 – уми декабри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ вобаста ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ вобаста ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: -Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: 

- Муҳтарам, Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонун пешбинӣ менамояд, ки дар моддаҳои 72 ва 132 кодекси зикргардида тағйироту илова ворид карда шаванд.

Тағйироту иловаи пешниҳодшуда салоҳияти Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба баррасӣ ва пешбурди парвандаҳои маъмурӣ вобаста ба вайронкунии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифодаи воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ мушаххас менамояд. Аз ҷумла, иловаи дар моддаи 72 пешбинишуда ҳуқуқи манъ кардани воситаҳои нақлиёти ҳарбиро ба кормандони Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои муайяншуда медиҳад.

Ҳамчунин, моддаи 132 дар таҳрири нав бо мақсади муайян кардани шахсоне, ки аз номи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳуқуқи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва таъини ҷазоҳои маъмуриро доранд, инчунин дар доираи ваколатҳои худ баррасии парвандаҳои маъмурие, ки аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ содир шудаанд, таҳия шудааст.

Қабули қонуни мазкур имкон медиҳад, ки маълумот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳарбӣ содир шудаанд, дар Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва таҳлил гардида, парвандаҳои маъмурӣ сари вақт баррасӣ ва содиршавии онҳо байни ҳайати шахсӣ пешгирӣ карда шаванд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳишмандам онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?  Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» васеътар кардани ваколатҳои Боз­расии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тағйироту иловаи мазкур ба Боз­расии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа имкон медиҳад, ки минбаъд ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содирнамудаи хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо баррасӣ карда шаванд. Инчунин, дар оянда Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон парвандаҳои маъмуриро сари вақт баррасӣ намуда, содиршавии чунин ҳуқуқвайронкуниҳоро байни ҳайати шахсӣ ва ҳайати ғайринизомӣ таҳлил ва ҷамъбаст менамояд.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карданд. Таклифу пешниҳоди манзургардида баҳри мукаммал гардонидани лоиҳа истифода карда шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор дод.

Лоиҳаи қонун ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.  Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимояи рақобат» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» бо мақсади фароҳам овардани заминаи қонунӣ барои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор ва хизматрасонӣ)» аз ҷониби Вазорати молия таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Айни замон бо мақсади ба танзим даровардани ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор ва хизмат­расонӣ) Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон амал менамояд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 – уми майи соли 1999 таҳти №210 тасдиқ гардидааст. Санади қайдгардида аз як тараф, ба талаботи байналмилалӣ ва имрӯзаи бозаргонӣ ҷавобгӯ набошад, аз тарафи дигар, тарҳи мафҳуми он дар шакли коста ва душворфаҳм баён гардидааст, аз ин рӯ, зарурати дар таҳрири нав қабул намудани он ба миён омадааст.

Ҳарчанд Низомнома ҳамчун санади зерқонунӣ бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида бошад ҳам, вале заминаи қонунии қабули он то ҳол дар сохтори қонунҳои амалкунанда вуҷуд надорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳимояи рақобатро муайян намуда, муносибатҳоро оид ба ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳои мол, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ танзим менамояд.

Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба ҳимояи рақобат, аз ҷумла огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолим дар бозорҳои мол ва молиявӣ равона гардида, дар ниҳоят ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро таъмин менамояд. Дар ин муносибатҳо аслан шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие иштирок менамоянд, ки фаъолияти онҳо барои ба даст овардан, коркард, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши мол равона гардидааст.

Дар маҷмӯъ, ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор ва хизматрасонӣ) алоқаманд будан бо мавзӯи танзими қонуни номбурда, ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани заминаи қонунӣ барои таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ кардани Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор ва хизматрасонӣ) лоиҳаи мазкур пешниҳод карда мешавад.

Бо назардошти далелҳои овардашуда аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» муносибатҳо вобаста ба ҳимояи рақобат ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба моддаи 15 қонуни амалкунанда қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда мешавад: «Ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карданд.

Он ба моддаи 60 Конститутсия ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ба овоз монда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба масъалаи навбатии рӯзнома «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъект­ҳои хоҷагидор» оғоз мекунем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»  бо мақсади амалӣ кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин идомаи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъо­лияти субъект­ҳои хоҷагидор, бо дарназардошти таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Масъалаҳои дар доираи лоиҳаи қонун пешбинигардида масъалаҳои ба танзим даровардани фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон, инчунин маҳдуд кардани ваколатҳои санҷишии мақомоти давлатиро (дар соҳаҳои ҷангал, шикор ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, забон ва истилоҳот, идораи замин ва геодезӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он, назорати техникаи кишоварзӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро) дар бар мегирад.

Тибқи он шумораи мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 23 мақомот дар доираи қонун муқаррар гардида, ба танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ мусоидат хоҳад кард, ки ин муҳити мусоид ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар фароҳам оварда, ҷолибияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни кишварҳори ҳамсоя бештар мегардонад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дода мешавад.

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия барои баррасӣ супорида шуд.

Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур кам кардани такроршавии вазифаҳои ба ҳам монанд ва аз байн бурдани такроршавии ваколатҳои санҷишии мақомоти санҷишӣ мебошад.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида қисми 3 моддаи 4 қонуни амалкунанда дар таҳрири зерин ифода карда мешавад: «Аз ҷониби мақомоту сохторҳои давлатие, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорои ваколатҳои назоратӣ (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) ва санҷишӣ буда, дар моддаи 10 қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, ба истиснои муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ва мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, гузаронидани назорат (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор манъ аст».

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карда, 13 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз он 5-тоаш қабул ва 8-тоаш қабул нагардид.

Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи онро ҷонибдорӣ карда, ба тарафдориаш овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода дода мешавад. Марҳамат.

Каъбатулло МЕЛИКЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» дар асоси банди 32 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21-уми декабри соли 2021 зикр гардидаанд, таҳия шудааст.

Мутобиқи талаботи банди 32 нақша — чорабиниҳои зикршуда, Кумитаи андоз, Агентии омор, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа якҷоя бо дигар вазорату идораҳо муваззаф шуда буданд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани раванди бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ дар муддати 24 соат, аз ҷумла ба таври электронӣ, чораҷӯӣ намоянд.

Тибқи муқаррароти лоиҳаи қонун оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ боз ҳам сода гардида, мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади кам намудани хароҷот ва сарфа намудани вақти субъектҳои соҳибкорӣ, тибқи лоиҳаи қонун (қисмҳои 1, 3, 4, 5 (сархати якум), 7, 8, 9 (сархати якум), 10 ва 11 (сархати якум) анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва қатъ намудани фаъо­лияти онҳо, таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар муҳлати то 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати муқаррар кардани заминаи ҳуқуқӣ барои пурра ба таври электронӣ анҷом додани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, тибқи қисми як лоиҳаи қонун принсипи «Равзанаи ягона» такмил дода шуда, ҷиҳати дар шакли электронӣ анҷом додани бақайдгирии давлатӣ, мақомоти дахлдори давлатӣ ба мақомоти андоз маълумоти заруриро тавассути низоми ҳамгироии иттилоотӣ дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд.

Тибқи тағйироти мазкур, дар доираи ҳамгироии низоми иттилоотӣ ва дар шакли электронӣ ба роҳ мондани табодули маълумот аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, минбаъд маълумот оид ба ҷои истиқомат, шиносномаи шаҳрвандӣ, раводид ва иҷозати кори шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи субъектҳои соҳибкорӣ ба мақомоти андоз пешниҳод карда намешавад.

Мутобиқи талаботи қисми 2 лоиҳаи қонун хориҷ намудани қисми 6 моддаи 9 қонуни амалкунанда (муқаррарот дар бораи ройгон пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи ягона) пешбинӣ шудааст, зеро тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2020 таҳти №1680 ва №1681 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ройгон анҷом додани бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла пешниҳоди иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ба мақомоти давлатӣ муқаррар шудааст.

Инчунин, тибқи лоиҳаи қонун бо мақсади сари вақт анҷом додани амали бақайдгирии барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ ва пешгирӣ намудани татбиқи ҷаримаи маъмурӣ барои сари вақт пешниҳод нагардидани маълумоти дахлдор муҳлати огоҳ намудани мақомоти андоз аз ҷониби муассис (муассисон), соҳибкорони инфиродӣ ва мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё суд, ки қарорҳоро дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё тағйир додани Феҳристи ягонаи давлатӣ қабул намудаанд, аз се (панҷ) рӯзи корӣ ба муҳлати даҳ рӯзи корӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ҳангоми ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтани шаҳрванди хориҷӣ, нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат), ба муҳлати на кам аз шаш моҳ пешбинӣ гардидааст. Мутобиқи талаботи қисми 6 лоиҳаи қонуни номбурда, муҳлати мазкур се моҳ муқаррар карда шуд. Аз шумо, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зафар Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зафар АЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни зикргардида боз ҳам сода гардонидани раванди бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» дар муҳлати кӯтоҳ ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 13 — уми декаб­ри соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ кард.

Лоиҳаи қонун ба боби 2 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Хоҳиш карда мешавад, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» оғоз менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи талаботи банди 120 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон соле як маротиба дар бораи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳисобот медиҳад.

Дар мувофиқа бо принсипи мазкур, шунидани ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон салоҳияти Маҷлиси намояндагон мебошад.

Устувории фаъолияти самараноки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақсимоти дуруст ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ вобастагӣ дошта, дар ин самт Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон корро босифат ва масъулияти баланд ба роҳ мондааст.

Сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли сипаригардида 21 миллиону 155 ҳазору 200 сомониро ташкил дода, то имрӯз иҷрои самараноки он 92 дарсадро ташкил намудааст, ки боқимондаи он то охири сол сарф хоҳад шуд. Айни ҳол, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он тамоми чораҳоро баҳри пурра ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои буҷетӣ дар Маҷлиси намояндагон ба роҳ монда, истифодаи онҳоро мувофиқи таъиноташон таъмин карда тавонист.

Ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2022 дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия 13 — уми декабри соли равон баррасӣ ва барои ба маълумот гирифтан ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон манзур карда шуд.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва таъмини музди меҳнати арзанда ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи он аз истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар Маҷлиси намояндагон вобастагии калон дошта, ҳалли масъалаи мазкур салоҳияти мақоми олӣ ё мақоми болоии воҳиди ҳуқуқӣ мебошад.

Бо истифодаи принсипи мазкур, қабули қарор дар бораи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатӣ, тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон, салоҳияти Маҷлиси намояндагон мебошад.

Лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2023 аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бе ягон тағйирот дар сохтор ва басти вазифаҳо барои соли 2023 пешниҳод шудааст. Мутобиқи санадҳои мазкур, мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ — 63 нафар, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ — як нафар, мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ — 117 нафар ва мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ) — 162 нафар, дар маҷмӯъ 343 нафарро дар бар мегирад.

Тибқи тақсимоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», барои нигоҳдошти Маҷлиси намояндагон 27 миллиону 188 ҳазору 840 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия 13 – уми декабри соли 2022 лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагонро барои соли 2023 дар ҷаласаи якҷоя баррасӣ намуда, онро маъқул шуморида, барои қабули қарори дахлдор ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.

Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2023» оғоз менамоем.

Сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

 Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳамкасбон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти редаксияи рӯзномаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассиса ташкил медиҳад.

Мувофиқи талаботи банди 33 Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум», Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти редаксияи рӯзномаро барои соли навбатии молиявӣ бо қабули қарори дахлдор тасдиқ менамояд.

Оинномаи зикршуда вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолият ва муносибати рӯзномаро бо мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян кардааст.

Маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ манбаи маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум»-ро ташкил дода, муносибатҳои он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2023» ба танзим дароварда шудаанд.

Лоиҳаи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2023 дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ таҳия гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, 1 миллиону 362 ҳазору 802 сомониро ташкил медиҳад.

Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2023» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2023» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: -Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дода мешавад. Марҳамат.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил ду намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар ташаккули фазои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо медали «Дарахти дӯстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир»  сарфароз гардонида мешаванд:

1. Барои саҳми арзанда дар ташаккули фазои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мат­робиён Саодатшо Қосимзода  бо медали нуқраи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» бо номи «Дарахти дӯстӣ» сарфароз гардонида мешавад.

2. Барои саҳм гузош­тан дар ташаккули фазои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сардори шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов бо медали тиллоии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» бо номи «Дарахти дӯстӣ» сарфароз гардонида мешавад.

РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ