Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи фармонҳои Президент ва тағйирот дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 24.08.2022

DSC_4646Бисту чоруми августи соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар иҷлосия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи банди 134-и Дастури Маҷлиси намояндагон, ба мо зарур аст, ки котиботи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки котибот иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:

Раиси котибот:

Азимзода Толибхон Ситамурод — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ёвон, №29;

Аъзои котибот:

Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ашт, №17;

Матробиён Саодатшо Қосимзода — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Доир ба ҳайати пешниҳодгардида таклифи дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати котибот ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи банди 226-и Дастури Маҷлиси намояндагон, ба мо зарур аст, ки ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро низ интихоб намоем.

Пешниҳод мегардад, ки ҳайати комиссияи мазкур иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин интихоб карда шаванд. Ба ҳайси раиси комиссия номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Спитамен, №25 Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло, ба ҳайати комиссия номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаб­бор Расулов, №16 Қосимӣ Файзулло, инчунин вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор, № 7 Дӯстмуродзода Сурайё пешниҳод мешавад.

Доир ба шумора ва ҳайати комиссия пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо бо овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи банди 248-и Дастури Маҷлиси намояндагон, зарур аст, ки Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро дар Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки гурӯҳ иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин таъсис дода шавад:

Ба ҳайси роҳбари гурӯҳ — номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур, № 3 Обидзода Фозил Саид, ба ҳайати гурӯҳ номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш, №32 Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев, №15 Ахмедов Мирзоанвар пешниҳод мешавад.

Доир ба шумора ва ҳайати комиссия пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: - Аз вакилоне, ки ба ҳайати котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дода мешавад.  Марҳамат.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи банди 137-и Дастури Маҷлиси намояндагони’ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ироа мегардад.

1. Рафти кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар барномаҳои телевизионва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» ба таври пурра нашр карда шавад.

3. Маводи кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», инчунин дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори КӯҳистониБадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣчоп карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» пешниҳод мегардад.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Нест.

Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи иҷлосия  бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Толибзода Ф. Н.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Накхатзода М. К.»

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Ф. Н.»

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Назирӣ Г. Н.»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф. Ҳ.»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. А.»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло М. Қ.»

8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Файзулло М. Қ.»

9. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод намудани Файзулло М. Қ.»

10. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Файзулло М. Қ.»

11. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Г. Н.»

12. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Назирӣ Г. Н.»

13. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Назирӣ Г.Н.»

14. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Раҷабзода Равшан Муҳитдин»

15. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҷабзода Р. М.»

16. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Қурбонзода М. Р.»

17. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Қурбонзода М. Р.»

18. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қурбонзода М. Р.»

19. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният баровардани Матробиён С.Қ.»

20. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодия­ҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Матробиён С. Қ.»

21. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Дӯстмуродзода С.»

22. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Дӯстмуродзода С.»

23. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Маликзод П. И.»

24. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон интихоб намудани Маликзод П. И.»

25. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Гулаҳмадзода З. А.»

26. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Шерализода М. У.».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Толибзода Ф. Н.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Толибзода Ф. Н.»- ро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Толибзода Фирдавс Назримад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 422».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Толибзода Ф. Н.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Накхатзода Моҳбону Киромиддин» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Накхатзода М. К.»- ро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Накхатзода Моҳбону Киромиддин аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 423».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Накхатзода М. К.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Ф. Н.» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Ф. Н.» — ро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 424».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Ф. Н.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Назирӣ Г. Н.» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Назирӣ Г. Н.»- ро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Назирӣ Гулбаҳор Назир муовини раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 425».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Назирӣ Г. Н.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф. Ҳ.» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф. Ҳ.» — ро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Шарифзода Фируз Ҳомиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 426».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф. Ҳ.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. А.» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. А.»- ро қироат менамояд:

- «Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 427».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. А.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло М. Қ.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло М. Қ.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Файзулло М. Қ.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия баровардани Файзулло М. Қ.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод намудани Файзулло М. Қ.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод намудани Файзулло М. Қ.» ба овоз монда шуда,  қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Файзулло М. Қ.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Файзулло М. Қ.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони арҷманд, чӣ тавре огаҳӣ доред, Файзулло Машраб Қурбоналӣ ба вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи слав­янии Тоҷикистон — Россия» таъин гардиданд. Дар ин ҷода ба он кас барору комёбиҳо орзумандем!

Акнун ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Г. Н.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Г. Н.». ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Назирӣ Г. Н.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия баровардани Назирӣ Г.  Н.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баровардани Назирӣ Г. Н.» мегузарем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Назирӣ Г. Н.». ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд, Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳамчун вакил дар даъватҳои панҷум ва шашум дар самти намояндагӣ, рушди қонунгузорӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоён анҷом додаанд. Итминон дорем, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи пурмасъул низ сарбаландона баромада, ҳамкориҳоро бо мо идома медиҳанд.

Акнун ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Раҷабзода Р. М.» мегузарем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Раҷабзода Равшан Муҳитдин» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Раҷабзода Равшан Муҳитдин» шурӯъ менамоем». Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҷабзода Р. М.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Қурбонзода М. Р.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Қурбонзода М. Р.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» вакили интихобшуда ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат.

 Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат савганд ёд намуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат» шурӯъ менамоем.  Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Қурбонзода М. Р.». ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қурбонзода М. Р.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қурбонзода М. Р.»  ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният баровардани Матробиён С. Қ.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният баровардани Матробиён С. Қ.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Матробиён С. Қ.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Матробиён С. Қ.»  ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Дӯстмуродзода С.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Дӯстмуродзода С.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Дӯстмуродзода С.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Дӯстмуродзода С.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Маликзод П. И.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Маликзод П. И.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон интихоб намудани Маликзод П. И.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон интихоб намудани Маликзод П. И.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Гулаҳмадзода З. А.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Гулаҳмадзода З. А.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» вакили интихобшуда ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.  Марҳамат.

Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор савганд ёд намуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Шерализода М. У.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Шерализода М. У.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» вакили интихобшуда ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат.

Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло савганд ёд намуд.

РАИС: — Ҳозирини гиромӣ!

Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

АМИНИЁН Хӯҷаназар Файзулло,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ