Бисту сеюми июни соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳишмандам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа 6 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» сухан ба муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф дода мешавад. Марҳамат.
КАРИМЗОДА Шараф:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 89 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардида, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020 тасдиқ шудааст, якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»- ро дар таҳрири нав таҳия намуд.
Дар як вақт Вазорати адлия гурӯҳи кории байниидоравиро оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур бо ҷалби субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда таъсис дода, таклифҳои мақомоти дар муқовимат ба терроризм иштироккунандаро низ баррасӣ намуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор ва аъзои гурӯҳи корӣ таҳия гардида, бо 28 мақомоти давлатӣ мувофиқа карда шуд.
Лоиҳа аз 12 боб ва 46 модда иборат буда, принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», меъёрҳои санадҳои эътирофшудаи байналмилалӣ, аз ҷумла қонуни моделии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ба инобат гирифта шуда, таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус ва Молдова низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар он муқаррароти нав вобаста ба муқовимати иттилоотию таблиғотӣ ба терроризм, ҳимояи объектҳои таҳдиди террористӣ, муқовимат бар зидди маблағгузории фаъолияти террористӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм пешбинӣ карда шудаанд.
Ҳамчунин, ба субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шуда, дар натиҷа, 8 субъекти бевосита ба терроризм муқовиматкунанда муайян гардид.
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм муҳим ва саривақтӣ буда, дар боби «Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм» моддаҳои алоҳида оид ба мақсад ва шаклҳои ҳамкории байналмилалӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаи супоридани шахсоне, ки ҷинояти дорои хусусияти террористӣ содир намудаанд ё гумонбар шудаанд, пешбинӣ карда шуд.
Тибқи нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2020 баррасӣ гардида, пешниҳодҳои ин ниҳод бо ҷалби намояндагони субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда баррасӣ ва қисман ба инобат гирифта шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар маҷмӯъ василаҳои нав ва муассири муқовимат ба терроризмро муқаррар карда, бо дар назар доштани таҷрибаи байналмилалӣ, принсипҳои адолату инсондӯстӣ ва бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии кирдорҳои ба терроризм алоқаманд таҳия гардида, ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дода мешавад. Марҳамат.
ШОҲМУРОД Рустам:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Дар шароити ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун зуҳурот аз гурӯҳи кирдорҳои алоҳидаи ҷиноятҳои ифротӣ ба муқобили шахс, ҷомеа ва давлат, ба таҳдиди азими онҳо, бехатарии тамаддуни ҷаҳонӣ ва воситаи ноилшавӣ ба мақсадҳои муғризонаи гурӯҳҳои миллатгаро, экстремистӣ ва ташкилоту ҳаракатҳои онҳо мубаддал гардид.
Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаҳои даҳшатбору бераҳмона ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Таҳлили воқеии ин зуҳуроти хатарзо, мавқеи ҷумҳурӣ дар муқовимат ба терроризм ва роҳу усулҳои пешгирии он дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 майи соли 2019 дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» қайд гардид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2021 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда аз 12 боб ва 46 модда иборат буда, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон беш аз 150 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ, дар мувофиқа бо намояндагони субъекти ташаббуси қонунгузорӣ ба инобат гирифта шуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 15 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар тафовут аз қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999 қабул шудааст, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда мавзӯи танзими он васеътар гардида, истифодаи системавӣ ва маҷмӯи чораҳои сиёсӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва тадбирҳои дигари муқовимат ба терроризм танзими қонунӣ ёфтаанд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаҳои 14, 22, 23 ва 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ё ин ки яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дода мешавад. Марҳамат.
Абдулло РАҲМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми қариб 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбири зиёдро амалӣ намуд.
Дар ин муддат, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло гардидани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид.
Дар ин бобат, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҷиҳати иҷрои банди 82 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП-1325 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, таҳия шудааст.
Қабул гардидани он тақозои ҷомеа ва идомаи тадбирҳои Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи босамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 33 модда иборат буда, дар фарқият аз қонуни амалкунанда, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пайдо гардидани муносибатҳои нав дар самти сиёсати давлатии ҷавонон омода гардида, барои танзими пурраи муносибатҳо дар ин самт ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур як қатор меъёрҳои нав ворид гардида, қисме аз меъёрҳои қонуни амалкунанда пурра дар таҳрири нав такмил дода шуда, ба қисме аз меъёрҳои он тағйиру иловаҳои куллӣ ворид гардид, ки ҳолати мазкур навгонӣ ва хусусиятҳои фарқкунандаи лоиҳаро ифода менамояд.
Инчунин, дар он ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, таҳкими ҳувияти миллии онҳо, ташаккули мафкураи миллӣ дар ҷавонон бо мақсади шинохт ва ҳимояи бештари манфиатҳои миллӣ, тарбияи ҳисси оштинопазир бар зидди терроризму экстремизм, бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона ва дигар кирдорҳои барои миллат манфӣ, ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон дар самти анҷом додани корҳои хайри ҷамъиятӣ ва ғайра заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардида, барои ба вуҷуд овардани мафкураи ба шароити ҳозираи давлатдорӣ созгор мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин, ба масъалаи амалисозии ҳуқуқи ҷавонон ба гирифтани таҳсилоти сифатнок ва рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо, амалисозии ҳуқуқи ҷавонон ба таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла, бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо ва ғайра низ таваҷҷуҳи лозима зоҳир карда шудааст.
Ҳамчунин, ба таври мушаххас муқаррар гардидани мақсади асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии ташаккул ва камолоти ҷавонон, мушаххас манзур гардидани вазифаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар ва кафолати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, бо дарназардошти талаботи ҷомеаи демократӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷавонон мушаххас муқаррар гардидани принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон, мукаммал ва таҷдиди назар гардидани субъектҳои идоракунандаи сиёсати давлатии ҷавонон ва салоҳиятҳои онҳо мақсадҳои асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкурро инъикос менамоянд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар таҳрири нав мушаххас ва бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷавонон муқаррар гардидааст.
Ҳамчунин, дар он механизмҳои нави амалӣ кардани принсип ва самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон, субъектҳои соҳа, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳа бо дарназардошти талабот, имконият ва шароити ҳозира, муқаррар карда шудааст.
Мутмаинем, ки қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур ба рушди сиёсати давлатии ҷавонон ва мувофиқ ба манфиату ҳадафҳои давлатдорӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ дода мешавад.
Абдухолиқзода Лутфия:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати босамари ҷавонон ва рушди шохиси (индекси) ҷавонон ҳамчун сармояи инсонӣ дар шароити ҷомеаи муосир ва мутобиқ ба талаботи воқеии ҷавонон, ташаккули иштирок ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат таҳия гардида ва бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2021 таҳти №665 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Бо мақсади такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор тағйиру иловаҳои дахлдор ба лоиҳа ворид намуд. Аз ҷумла, дар муқаддима, моддаҳои 1, 4, 6, 13, 14, 16, 22, 31 ва 32 тағйирот ворид гардида, 1 моддаи нав илова карда шуд.
Ҳамчунин, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ 83 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 39 таклиф қабул, 2 таклиф қисман қабул ва 42 таклифи дигар қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 33 модда иборат буда, дар он ваколатҳо, вазифаҳо, мақом, ҳайат ва сохтори ташкилӣ, имтиёзҳо, самтҳои фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардидаанд. Лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ ба моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур бо дар назар доштани талаботи замони муосир ва имтиёзҳои пешбинишуда омода гардидааст ва бо қабули он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 аз эътибор соқит дониста мешавад.
Бо дар назар доштани ин, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Зоир РАҲМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мавқеъ ва нақши калидӣ доштани ҷавононро дар таъмини рушди устувори мамлакат ҳамеша таъкид намуда, пайваста ҷонибдорӣ менамоянд.
Бо ин мақсад, соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки то имрӯз рисолатро барои рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва ҷалби ҷавонон дар татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар иҷро намуда истодааст.
Ҳамчунин, пас аз қабули қонуни мазкур дар муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, иштирок ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳо ба миён омаданд, ки такмили заминаи ҳуқуқиро талаб менамояд.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар замони муосир зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.
Фарқияти хоси лоиҳаи қонуни мазкур аз қонуни амалкунанда аз он иборат аст, ки дар он мафҳумҳои субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон, ташкилотҳои кор бо онҳо, ҷавонони болаёқат, фаъол ва ташаббускор, инчунин, моддаҳои алоҳида оид ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, ассотсиатсияҳо, марказҳои ҷавонон, шӯрои олимони ҷавон, шуъбаҳои кор бо ҷавонон, маҳфили гирандагони стипендияҳо ва волонтёрони ҷавон пешбинӣ гардидаанд, ки тағйироти солҳои охир дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон бамиёномадаро ифода мекунанд.
Инчунин, боби 3-и лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавононро бо пуррагӣ инъикос мекунад.
Аз ин рӯ, вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Гулбаҳор НАЗИРӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоии демографӣ рабт дошта бошад, аз тарафи дигар хусусияти сиёсӣ — стратегӣ дорад.
Ҷавононро ҳамчун ояндасози давлату миллат ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боис ба ифтихори миллии ҷавонони мамлакат гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ тақвияти бештар мебахшад.
Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 — сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Нишондиҳандаи мазкур амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад. Бинобар ин, тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.
Ҳанӯз моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ ва моҳи марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шуд.
То замони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.
Бояд гуфт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Бо иқдомҳои наҷибу ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони кишвар бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис дода шудаанд.
Вобаста ба ин, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии ҷавонон, маҳз донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҷавонон дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боис ба ифтихор мебошад. Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа ва муаррифии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ назаррас мебошад, ки ин ҳама аз пешбурди сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ шаҳодат медиҳанд.
Лоиҳаи қонуне, ки мавриди баррасӣ қарор дорад, барои тақвияти бештари сиёсати ҷавонон ва имкониятҳои бештари фаъолияти пурсамари онҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам хоҳад овард. Он мафҳумҳо ва меъёрҳои нав, асосҳои идоракунӣ, иқтисодию иҷтимоиро дар бар мегирад, ки барои дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, инчунин, муҳайё кардани шароити зарурӣ барои тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони ҷавон минбаъд низ мусоидат хоҳад намуд. Ин ва дигар бартарият дар лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ карда шудааст, ки дар рушди фаъолияти самараноки ҷавонони кишварамон муҳим арзёбӣ мегардад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Лоиҳаи қонуни мазкур низ мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ё ин ки яклухт ба овоз монда шавад? Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» мегузарем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дода мешавад.
Абдулло РАҲМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Хукумати кишвар маҳсуб ёфта, омили солимгардонии аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, василаи таҳкими дӯстӣ ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Дар иртибот ба ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи ҷисмонию варзиш ва зарурати мутобиқ намудани он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 таҳти №102 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»» маъқул дониста шудааст.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ислоҳоти комили ҳуқуқӣ ниёз дошта, қонунгузории амалкунанда муносибатҳои мавҷударо танзим карда наметавонад.
Лоиҳаи қонун бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ — варзишӣ, алалхусус федератсияҳои миллии варзишӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба талаботи дохилию байналмилалӣ, инчунин, рушди намудҳои миллии варзиш таҳия карда шудааст.
Инчунин, он ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати пешгирии намудҳои варзише, ки зимни машғулият бо онҳо вазъи рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон зарар мебинад, махсусан дар шумораи зиёди варзишгарони наврас, ҷавонон ва занон боис ба осеб ва ё ҷароҳат бардоштан мегарданд, заминаҳои ҳуқуқиро муҳайё хоҳад кард.
Пешгирӣ аз сарфи назар гардидани намудҳои олимпӣ ва миллии варзиш, тарғиб намудани мафкура ва ақидаҳои фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзиш ва дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумлаи предмети танзими лоиҳаи қонуни мазкур мебошанд.
Изҳор менамоем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ мавҷуд набудани асосҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, шумораи зиёди онҳо ба вуҷуд омадааст, ки на фақат фаъолияти босамар надоранд, балки боиси бенизомӣ дар соҳа гардидаанд. Аз як ҷиҳат, агар фаъолияти аксари онҳо ба рушди намудҳои ғайриолимпии варзишӣ, инчунин, рушди намудҳои варзишие, ки хусусияти зӯроварӣ доранд, равона гардида бошад, ҷанбаи дигари ташвишовар дар он аст, ки новобаста ба надоштани саҳм дар тарбияи варзишгарони касбӣ онҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои гуногуни ғайриҳирфавии варзишӣ тарғиб менамоянд, ки боис ба вайрон гардидани низоми муқарраргардида ва ҷароҳати ҷиддӣ бардоштани варзишгарон мешаванд. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи қонун ба ҳалли ин масъалаҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар мавҷуд набудани заминаҳои ҳуқуқии дахлдор, солҳои зиёд фаъолияти толорҳои хусусии варзишӣ, фитнес — клубҳо ва клубҳои дигари варзишӣ низ ба таври худкор ба роҳ монда шуда, дар ин раванд на фақат тарғиби намудҳои хусусияти зӯроваридошта, балки таблиғи фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзишӣ ба назар мерасанд, ки зарурати танзими масъаларо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд овардааст.
Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонун механизмҳои нави оммавӣ кардани варзиш, ҷалби ҷавонон ба варзиши касбӣ, субъектҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи мавриди назар, бо дарназардошти имконият ва шароити ҳозира, муқаррар карда шудааст.
Дар лоиҳаи қонун бори аввал дарҷ гардидааст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба намудҳои олимпӣ, ғайриолимпии эътирофшуда ва миллии варзишӣ афзалият медиҳад ва барои рушди онҳо талош меварзад. Ин муқаррарот имкон хоҳад дод, ки намудҳои афзалиятноки варзишӣ дар байни аҳолӣ бештар тарғиб карда шуда, дар мактабҳои варзишии давлатӣ танҳо аз рӯи онҳо гурӯҳҳои варзишӣ таъсис дода шаванд.
Хусусияти дигари лоиҳаи қонун аз он иборат аст, ки муносибатҳои марбути ҳам соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳам варзиши касбиро танзим намуда, муносибатҳои марбут ба ҷалби ҳама қишри аҳолиро ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пурра танзим менамояд. Айни замон ин муносибатҳо тавассути ду санади ҳуқуқӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» танзим мегарданд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро пурра фаро гирифта наметавонад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, умед дорем, ки қабул гардидани лоиҳаи қонун аҳамияти калон ва саривақтӣ дошта, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсири мусбат хоҳад расонид.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.
Даринг РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» бо мақсади ба танзим даровардани фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, клубҳои касбии варзишӣ, лигаҳои касбии варзишӣ, ташкилотҳои дигари тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ё шахсони воқеӣ оид ба расонидани хизматрасонии варзишӣ таҳия гардидааст. Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардида, ҳамчун василаи ҳалли масъалаҳои мубрами соҳавӣ ва заминаи устувори ҳуқуқӣ барои рушду инкишофи варзиш, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2021 таҳти №602 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигар ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 84 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 35 таклиф қабул, 6 таклиф қисман қабул ва 43 таклифи дигар қабул нашуд.
Бо мақсади такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар мувофиқа бо субъекти ташаббуси қонунгузорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ба лоиҳа ворид намуд. Аз ҷумла дар муқаддима, моддаҳои 1, 5, 7, 16, 19, 40, 41, 61, 66 ва 67 тағйирот ворид гардида, моддаи нав илова карда шуд.
Дар натиҷа, лоиҳаи қонун такмил ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардида, матни русии он бо матни забони давлатӣ мувофиқ гардонида шуд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда мутобиқ ба моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Он бо дарназардошти талаботи замони муосир ва имтиёзҳои пешбинишуда, омода гардидааст ва бо қабули он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз 5 марти соли 2007, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз 1 августи соли 2003 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» аз 19 марти соли 2013 аз эътибор соқит дониста мешаванд.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Кӣ хоҳиши пешниҳод ё баромад кардан дорад? Марҳамат.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Чанд соли охир Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти варзиш ба комёбиҳои зиёд ноил гардид. Қонуни мазкур барои рушди ҷомеа, соҳаи варзиш ва тарбияи ҷавонон муҳим аст. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?
Ҳуснигул ОДИНАЗОДА: - Дар чанд соли охир дар ноҳияҳо иншооти зиёди варзишӣ ба истифода дода шуданд. Аммо дар деҳот мутахассисони соҳаи варзиш намерасанд. Ҳол он ки ҷавонони боистеъдод зиёданд. Хуб мешуд, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар сарфарбар намудани мутахассисон ба деҳот иқдом намуда, теъдоди бештари ҷавонони боистеъдодро ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷалб кунад.
РАИС: - Лоиҳаи қонуни мазкур низ мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ё ин ки яклухт ба овоз монда шавад? Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Шарофзода Гавҳар дода мешавад. Марҳамат.
ШАРОФЗОДА Гавҳар:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» бо мақсади мутобиқгардонии он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқ намуданаш ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатӣ», инчунин, дигар қонунҳо ва бо ин васила, бартараф сохтани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Содиқӣ, Г. Шарофзода, Ф. Наҷмиддиниён ва Ғ. Шарифзода пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2021 таҳти №502 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳо ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ, 33 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 22 таклиф қабул, 3 таклиф қисман қабул ва 8 таклифи дигар қабул нашуд.
Кумитаи масъул 15 июни соли 2021 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Мансурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди ироагардидаро баррасӣ намуда, бо дарназардошти пешниҳодҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Бо қабул гардидани қонуни мазкур ба моддаҳои 2, 3, 4, 6, 7, 8, 10, 11, 13, 14, 15, 16, 17 ва 19 тағйиру иловаҳо ворид мегарданд, ки он мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошанд. Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён дода мешавад. Марҳамат.
Муҳаммаддовуд
САЛОМИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» бо мақсади мутобиқгардонии он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатӣ», инчунин, дигар қонунҳо ва ба ин васила, бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта таҳияву пешниҳод шудааст.
Мутобиқи лоиҳа, ба моддаҳои алоҳидаи қонун тағйиру иловаҳо ворид мегардад, ки хусусияти мутобиқгардонӣ дошта, баҳри бартараф кардани норасоиҳои ҷойдошта, риояи имлои забони тоҷикӣ, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягона, мукаммал гардонидани моддаҳои қонуни зикршуда, инчунин, ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонидан пешниҳод карда мешавад.
Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:
- Дар баъзе аз адабиёти таълимӣ хатоҳои имлоӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ, хоҳиш мекунам, ки дар ин самт назорат пурзӯр шавад. Тавре маълум аст, иддае аз ҷавонон бинобар огоҳ набудан аз фарҳангу таърихи миллати куҳанбунёдамон фирефтаи ҳар гуна равияю ҷараёнҳои номатлуб мешаванд. Зеро дар барномаи дарсӣ соатҳо барои таълими фарҳангу таърихи миллат кам аст. Бинобар ин, хуб мешуд, ки дар таҳияи китоб олимони собиқадори соҳаи фарҳангу таърихи миллат ҷалб карда шаванд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Умаров Абдуҷаббор дода мешавад. Марҳамат.
УМАРОВ Абдуҷаббор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, Шодизода Парвиз ва Табарӣ Абдулло пешниҳод гардидааст.
Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мебошад.
Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои «регламенти техникӣ» ва «коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ», қисми 4 ба моддаи 25 оид ба ташкил намудани хӯрок барои кӯдакон, қисми 6 ба моддаи 28 оид ба манъ кардани истифодабарии иловаҳои хӯроквории барои саломатии инсон хатарнок, қисми 12 ба моддаи 36 оид ба безарар гардонидани маҳсулоти хӯроквории хатарноки дар таркибашон ифлоскунандаи муҳити зистдошта, илова гардида, принсипҳои асосии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар таҳрири нав пешбинӣ шудаанд.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябри соли 2020 таҳти № 379 он барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигар ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиро гузашта, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 26 таклифи пешниҳодкардаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 15-то қабул, 1-то қисман ва 10-то қабул нагардиданд.
Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 5, 38 ва 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалахои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо – вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло дода мешавад. Марҳамат.
АБДУЛВАҲОБЗОДА
Темурҷон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон ва манфиатҳои истеъмолкунандагон мусоидат менамояд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат ҳоло ба масъалаи бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, махсусан, таъмини бехатарии ғизои кӯдакон, истифодаи иловагиҳои ғизоӣ дар ҷаҳон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва ин иқдом барои мукаммал намудани қонунгузории мамлакат дар ин самт боиси дастгирӣ аст.
Лоиҳаи қонун ба ғайр аз регламентҳои техникӣ мафҳуми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии ҳамоҳангшударо низ дар бар мегирад. Ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда дорои маҷмӯи талабот буда, иҷрои онҳо мутобиқати маҳсулот, ҷараёнҳои коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасониро ба талаботи регламентҳои техникӣ таъмин менамояд.
Он бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор дошт.
Аз ин рӯ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шодиён Муҳаммад дода мешавад. Марҳамат.
ШОДИЁН Муҳаммад:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади такмили сохтори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва тартиби таъсиси он омода гардида, тибқи он, дар сархати сеюми моддаи 5 қонуни амалкунанда ҷумлаҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда мешаванд: «Раиси маҳалла шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, забони давлатиро донад, дар ҳудуди ҳамон маҳалла на камтар аз 5 соли охир истиқомат карда, қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад. Шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, раиси маҳалла интихоб шуда наметавонад. Барои маҳаллаҳои навтаъсис талаботи 5 соли охир истиқомат доштан паҳн намегардад».
Лоиҳаи қонун расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гузашта, мазмунан ва шаклан такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонун ба боби шашуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ), боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.
Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин Асоев,
Сайфиддин СУННАТОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев