Даҳуми майи соли 2023 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ се масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитӣ
2. Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд
3. Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе.
РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода дода мешавад. Марҳамат.
Фаррух НЕЪМАТЗОДА:
- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 14 – уми декабри соли 2022 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон «Оид ба тиҷорати транзитӣ» ба имзо расида буд. Матни лоиҳаи созишномаи мазкур қаблан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон пешниҳод гардида, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади рушди тиҷорат, ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, зиёд намудани гардиши молу маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ин самт таҳия гардидааст. Инчунин, дар санади мазкур яке аз мақсадҳои асосӣ, ба рушди тиҷорат тавассути транзит аз ҳудуди кишварҳои аҳдкунанда нигаронида шудааст.
Бо назардошти он ки имрӯзҳо масъалаи зиёд намудани ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ ва истифодабарии пурраи иқтидори транзитии кишвар, ташкили ҳамлу нақли мултимодалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ва соҳа ба ҳисоб меравад, тасдиқи созишномаи мазкур барои татбиқи амалии ҳадафҳо дар ин самт мусоидат хоҳад намуд.
Тасдиқи созишномаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони иловагӣ барои баромад ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Ҷумҳурии Исломии Покистонро таъмин намуда, бо истифода аз ҳамлу нақли мултимодалӣ пайвастшавӣ ба долони иқтисодии Хитой ва Покистон, ки имконияти хуб барои рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли борро дар ҳар ду кишвар фароҳам хоҳад овард, мусоидат менамояд.
Қобили қайд аст, ки масофаи автомобилӣ байни Душанбе — Кобул — Исломобод 1044 километрро ташкил медиҳад, ки хатсайри мусоид барои баромадан ба бандарҳои баҳрӣ ба ҳисоб меравад. Барои муқоиса аз шаҳри Душанбе то сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой (Кулма) масофа 1008 км-ро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, бо мақсади истифодабарии иқтидорҳои тиҷоратӣ ва баланд бардоштани гардиши мол байни Тоҷикистон ва Покистон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла роҳандозӣ намудани интиқоли мултимодалӣ, тасдиқи созишномаи тиҷорати транзитӣ бо Покистон мувофиқи мақсад ҳисобида мешавад. Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон чунин созишномаро бо якчанд кишварҳо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба имзо расонидааст.
Тасдиқи созишномаи мазкур барои васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли бор равона гардида, аз тарафи дигар барои амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, мусоидат хоҳад намуд.
Дар робита ба талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаи давлатӣ, дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сеюми июли соли 2014 таҳти №355 тасдиқ гардидааст, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи қарори зикршуда гузаронида шуд. Дар лоиҳаи созишнома омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дар қарори зикршуда пешбинӣ гардидаанд, дида намешавад. Инчунин, қабул гардидани лоиҳаи созишнома аз буҷети давлат маблағгузориро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:
- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитӣ, ки 14 – уми декабри соли 2022 дар шаҳри Исломобод ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии созишномаи мазкур савдои дуҷонибаи табодули мол ва хизматрасонӣ дар байни ҳар ду кишвар буда, гузариши он ба воситаи кишвари сеюм ё мустақиман сурат гирифтани он, интиқолдиҳандагон, ҳаракати сарҳадӣ, тафтиши мол, ки барои иҷрои расмиёти дуҷонибаи гумрукӣ салоҳиятдор мебошад, дар назар дошта шудааст. Инчунин, содагардонии расмиёти транзитӣ, рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳо, шартҳои умумӣ барои ҳамлу нақли транзитӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи бандарҳои Қарочӣ, Қосим ва Гвадарро барои молкашонии транзитӣ, ки тибқи тарифҳо, нархҳо ва шартҳои расмие, ки дигар истифодабарандагони бандарҳо риоя менамоянд, ба расмият медарорад.
Бо назардошти муқаррароти созишномаи мазкур тарафҳои аҳдкунанда саъй менамоянд, ки ҳамлу нақли моли зудвайроншавандаро осон ва суръат бахшанд ва барои пешгирии таъхирҳои нолозим расмиёти убури сарҳадро таъмин намоянд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишнома зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дода мешавад. Марҳамат.
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА:
- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.
Таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои дурамали давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, зиёд намудани буҷети давлатӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, густариши ҳамкориҳои беруна, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта ҳамчун сармоягузорӣ ба рушди неруи инсонӣ маънидод гардида, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат дарак медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф бо кишварҳои хориҷӣ талош меварзад, ки дар ин самт яке аз ҳамкорон ва шарикони он Федератсияи Россия ба ҳисоб меравад.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва таҷҳизонидани моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ мебошад, 17-уми апрели соли 2019 ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур, бо назардошти хусусияти ҷалби маблағгузории хориҷӣ доштани он, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 – уми январи соли 2020 ба тасвиб расид. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Федератсияи Россия тавассути Бунёди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд (ЕФСР) татбиқ гардида истодааст.
30-юми ноябри соли 2021 ҳангоми сафари муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук ба Тоҷикистон ба оғози корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур санги асос гузошта шуда, якуми сентябри соли 2022 маросими расмии кушодашавии муассисаҳои мазкур бо иштироки сарони ҳар ду давлат ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Ҳоло дар панҷ муассисаи таълимии кишвар беш аз 4800 ҳазор хонанда дар шароити замонавӣ таҳсили илм доранд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои зербанди 9.6 банди 9 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ» барои бақайдгирии ҳуқуқии муассисаҳои мазкур лоиҳаи «Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд»-ро бо вазорату идораҳо мувофиқа намуд. Созишномаи мазкур 16-уми августи соли 2022 дар бинои Вазорати маориф ва илм ба имзо расонида шуд. Он расмиёти пас аз анҷомёбии сохтмони биноҳо ва иншооти мактабҳо, бино ва иншооти онҳо, инчунин ба таври ройгон ва бебозгашт ба мақоми ваколатдори соҳа гузаронидани онҳоро ба танзим медарорад.
Бо назардошти мавҷуд будани ҷалби кумаки беруна ва озодкунӣ аз супоридани боҷи гумрукию андозҳо дар матни созишнома, зарурати тасвиби (ратификатсия)-и он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омадааст.
Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки созишномаи мазкур оқибатҳои эҳтимоли сиёсӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари бастани шартномаҳои байналмилалиро ба миён намеорад ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ талаб намекунад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми кишвар эътироф ва дастгирии тасвиб (ратификатсия)-и созишномаро аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд.
РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.
Фозил ОБИДЗОДА:
- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд 16 – уми августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дода мешавад. Марҳамат.
Содиқ ИМОМӢ:
- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА аз якуми июли соли 2017 таҳти №1251 вазъи САҲА дар ҷумҳурӣ паст карда, аз шакли «Бюро» ба «Дафтари барномаҳо» иваз карда шудааст. Сабаби паст намудани мақоми созмони мазкурро ҷониби САҲА дар самаранокии фаъолияти намояндагии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок намуд. То паст намудани мақоми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтарҳои минтақавии САҲА дар Хуҷанд, Бохтар, Рашт ва Шаҳритус фаъолият мекард. Чунин иқдом аз ҷониби САҲА дар кишварҳои ҳамсоя низ сурат гирифтааст.
Ёддошти тафоҳум, пеш аз ҳама, барои дар раванди устувор ва пешбинишаванда нигоҳ доштани равобит ва муколамаи Тоҷикистон бо ҷаҳони Ғарб, истифода аз имконоти молӣ ва фаннии кишварҳои донор дар татбиқи лоиҳаҳои барои кишвар муҳим мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тайи солҳои охир пайваста дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ сурат гирифта, тасдиқи санади мазкур ин равандро тақвият медиҳад.
Ҳамчун мисол метавон санадҳои дуҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон)-ро бо САҲА овард, ки тибқи меъёрҳои ин санадҳо давлатҳои номбурда кормандони маҳаллии дафтарҳои САҲА-ро ба мақоми кормандони маҳаллии намояндагиҳои дипломатӣ баробар намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар муқоиса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони маҳаллии САҲА дар кишварҳои зикршуда аз тамоми андозҳо, ки аз ҷониби САҲА ба онҳо пардохт мегардад, озод мебошанд.
Ҳамзамон, дар санади дуҷонибаи давлатҳои номбурда дарҷ гардидааст, ки кормандони маҳаллӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ба ҳайси хизматчиёни расмии марказҳои САҲА мавриди таъқиботи амалкунандаи кишвари пазиранда қарор намегиранд ва аз андозҳо нисбат ба музди меҳнат ва дигар пардохтҳо, ки аз ҷониби марказҳои САҲА пардохт мешаванд, озоданд.
Баррасии мавзӯи имзокунии ёддошти зикршуда соли 2017 оғоз ёфта, он бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мувофиқа шуда, якуми декабри соли 2022 дар шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон ба имзо расидааст. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе» аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо кардани Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ба ҳисоб меравад ва ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи ёддошти тафоҳуми мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.
Толибхон АЗИМЗОДА:
- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ёддошти тафоҳуми баррасишаванда байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе барои дар раванди устувори пешбинишаванда нигоҳ доштани равобит ва муколамаи Тоҷикистон бо ҷаҳони Ғарб, истифода аз имконоти молӣ ва фаннии кишварҳои донор дар татбиқи лоиҳаҳои барои кишварамон муҳим мусоидат хоҳад кард. Инчунин, он нигоҳдошти фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА-ро дар шаҳри Душанбе аз рӯи муҳлат ва будубоши он тақвият мебахшад. Ҳамзамон, асос ба он мегардад, ки ҳамкории тарафҳо дар самтҳои гуногун, ки дар ёддошти мазкур дарҷ карда шудааст, ба роҳ монда шавад. Муҳимияти дигари ёддошти мазкур дар он аст, ки тарзу усули фаъолият, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Дафтари барномаҳои САҲА-ро тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
Ёддошти мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.
Ёддошт ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 7, 8, 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.
Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе барои қувваи қонуниро доро гаштан бояд дар Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардад.
Бо назардошти ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.
Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Хӯҷаназари АМИНИЁН,
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ