Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи се созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

№153 (4415) 24.12.2021

DSC_8701Бисту дуюми декабри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа чор масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Марҳамат.

Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъалаи иловагӣ пешниҳод мегардад.

Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин, инчунин ду масъалаи иловагӣ, Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Ҷавҳарӣ М. О.»

2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021

3. Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ аз 10 июни соли 2021

4. Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Масъалаи якум «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил» мебошад.

Ӯ, тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардидааст.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», вакили интихобшуда ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат.

Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил савганд ёд намуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

Шералӣ МИРЗО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи он, ҷиҳати эътибор пайдо намудан пешниҳод шудааст.

Татбиқи созишнома ба манфиати ҳар ду кишвар буда, имконият медиҳад, ки бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангию нақлиётии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми дучор шудан ба ҳолатҳои рафънопазир, аз ҷумла садама, ҳодисаҳои табиию техногенӣ ва дигар фалокатҳои ғайричашмдошт (форсмажор) таъмин карда шавад.

Амалигардонии созишнома, аз нигоҳи иқтисодию молиявӣ, хароҷоти молиявиро талаб накарда, дар доираи маблағҳои буҷетии ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии кишвар пешбинигардида ба роҳ монда мешавад. Тасдиқи он ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат накарда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи назорат аз болои ҳаракати ҳавоӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо ба имзо расонида шудааст.

Он тартиби ягонаи истифодаи фазои ҳавоӣ, ҳамкории мутақобила байни мақомоти хизматрасони ҳаракати ҳавоӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои тарафҳоро ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир ба танзим медарорад.

Инчунин, созишнома тартиби ҳамкорӣ доир ба мубодилаи маълумоти дархостию аэронавигатсионӣ, доир ба мусофирону амволе, ки интиқол дода мешаванд ва пардохти хизматрасониҳои аэронавигатсиониро муайян менамояд.

Аз ин лиҳоз, қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқи созишномаи зикршуда мувофиқи мақсад шумурда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Мироҷ Абдуллоев дода мешавад. Марҳамат.

Мироҷ АБДУЛЛОЕВ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он аз дебоча ва 11 модда иборат буда, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи назорат аз болои ҳаракати ҳавоӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо ба имзо расидааст.

Созишнома тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2021 таҳти №959 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои пешниҳоди хулоса ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаи масъул онро 16 декабри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ аст.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ аз 10 июни соли 2021» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

Шералӣ МИРЗО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ аз 10 июни соли 2021» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи он, ҷиҳати эътибор пайдо намудан пешниҳод шудааст.

Он ҳамкории ҷонибҳоро дар самтҳои мубодилаи иттилоот оид ба вазъияти фазои ҳавоӣ, расонидани ёрӣ ба ҳавопаймоҳо дар ҳолатҳои рафънопазир, мубодилаи таҷриба дар соҳаи авиатсия ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, тайёрии муштараки қӯшунҳою мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва омода намудани кадрҳоро пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, дар доираи созишнома ҳамкории мутақобилаи навбатдорони мудофиаи зиддиҳавоии тарафҳо оид ба назорат ва танзими фазои ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад.

Амалигардонии он хароҷоти иловагии молиявиро талаб накарда, дар доираи маблағҳои буҷетии ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии кишвар пешбинигардида ба роҳ монда мешавад.

Татбиқи созишнома имконият медиҳад, ки дар самти тайёрии муштараки қӯшунҳо ва мақомоти идоракунии ҳарбӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи ҳар ду кишвар пайваста машқҳои муштараки тирпаронии ҷангӣ гузаронанд, ки ин барои баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсӣ мусоидат менамояд.

Тасдиқи созишномаи мазкур ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат накарда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳуснигул Одиназода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳуснигул ОДИНАЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, ки 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он аз дебоча ва 11 модда иборат буда, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ ба имзо расидааст.

Созишнома тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2021 таҳти №960, ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои пешниҳоди хулоса ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 16 декабри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Иштирокчиёни ҷаласа созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ аз 10 июни соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

Шералӣ МИРЗО: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021», дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи он, ҷиҳати эътибор пайдо намудан пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мус­таҳкам намудани ҳамкориҳо байни вазоратҳои мудофиаи ҳар ду кишвар дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла муқаррар намудани самтҳо ва тартиби ҳамкориҳо, ба имзо расонида шуд.

Дар доираи созишнома ташрифи расмии роҳбарон ва вохӯрии кори мутахассисон доир гардида, мубодилаи мутақобилаи иттилоот доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар ҳудуди давлати тарафҳо, машғулиятҳои муштарак ва махсус гузаронида мешаванд.

Амалигардонии созишнома аз нигоҳи иқтисодию молиявӣ хароҷоти иловагиро талаб накарда, дар доираи маблағҳои буҷетии ба соҳаи мудофиаи кишвар пешбинигардида ба роҳ монда мешавад. Тасдиқи он ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат накарда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад.

Бо дарназардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ, аз ҷумла густариши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар минтақа, амалигардонии созишномаи номбурда ба манфиати таъмини амнияти миллии ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Фазлиддин Икромӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фазлиддин ИКРОМӢ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Он аз дебоча ва 9 модда иборат буда, бо мақсади тақвият бахшидан ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла муқаррар намудани самтҳо ва тартиби ҳамкориҳо, ба имзо расидааст.

Созишнома тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2021 таҳти №961 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои пешниҳоди хулоса ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 16 декабри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъала­ҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Иштирокчиёни ҷаласа онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои иловагии рӯзнома мегузарем. Масъалаи навбатӣ «Дар бораи аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Кабиров Мизроб Саидович» мебошад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Кабиров Мизроб Саидович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Масъалаи дигари пешниҳодгардида «Дар бораи ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатторзода Абдуҷаббор» мебошад.

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардани Сатторзода Абдуҷаббор»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сатторзода Абдуҷаббор роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин карда шавад.

Ягон пешниҳоди дигар ҳаст? Нест. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Чанде пеш гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонҳои фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардиданд, ки ҳоло дар ҳузури шумо ба онҳо супурда мешавад. Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дода мешавад. Марҳамат.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва сохторҳои он, ҳамчунин, саҳмгузорӣ дар мус­таҳкам намудани дӯстии байни халқҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо нишони фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сарфароз гардиданд:

1. Раиси Комиссия оид ба одоби вакилон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Файзулло Баротзода бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди соҳаи матбуот ва иттилоот»;

2. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зафар Файзуллозода бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди соҳаи матбуот ва иттилоот»;

3. Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди фарҳанг ва санъат»;

4. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музаффарҷон Маҳмудзода бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди фарҳанг ва санъат»;

5. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидов бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»;

6. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Гавҳар Шарофзода бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш».

РАИС: — Ба шумо, вакилони муҳтарам, барои иштироки фаъолона дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо таманно мекунам.

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ