Сеюми октябри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур дорад.
Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Сафарзода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Мавлодод, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони муҳтарам!
Тибқи талаботи банди 134-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо зарур аст, ки Котиботи ҷаласаи якуми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.
Пешниҳод аст, ки котибот иборат аз се нафар ва дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:
раиси котибот:
вакил аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ, рақами 28 Гулбаҳор Ашурзода;
аъзои котибот:
вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ, рақами 9 Муҳаммадулло Шерализода;
вакил аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ, рақами 18 Ғайрат Азиззода.
Доир ба ҳайати пешниҳодгардида таклифи дигар доред?
Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати котибот ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Тибқи талаботи банди 134-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мо зарур аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро низ интихоб намоем.
Пешниҳод мегардад, ки ҳайати комиссияи мазкур иборат аз се нафар интихоб карда шаванд:
Ба ҳайси раиси комиссия номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур рақами 3 Фозил Обидзода.
Ба ҳайати аъзои комиссия:
номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун рақами 33 Гавҳар Шарофзода;
вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Музаффарҷон Маҳмудзода пешниҳод карда мешавад.
Доир ба шумора ва ҳайати комиссия андешаи дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Тибқи талаботи бандҳои 246 ва 247-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб намоем.
Пешниҳод аст, ки гурӯҳ иборат аз се нафар ва дар ҳайати зерин интихоб карда шаванд:
роҳбари гурӯҳ:
номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан рақами 23 Абдуҷаббор Умарзода;
ба ҳайати аъзои гурӯҳ:
номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ рақами 2 Парвина Маликзод;
вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён, рақами 27 Муҳаммад Шодиён пешниҳод карда мешавад.
Доир ба шумора ва ҳайати гурӯҳ андешаи дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: - Аз вакилоне, ки ба ҳайати котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоем.
Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дода мешавад. Марҳамат.
Саидмурод ФАТТОҲЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Маводи кори ҷаласаҳои якуми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» ба таври пурра нашр карда шавад.
Рафти кори ҷаласаҳои якуми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори ҷаласаи якуми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа 23 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар доред?
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Ализода З. А.»
2. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд
3. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд
4. Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон».
5. Дар хусуси созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Космические коммуникатсии» оид ба ташаккули низоми комплексии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар доираи амалинамоии қисмати «Шаҳри бехатар»-и лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Дар хусуси Созишнома оид ба Низоми муштараки (муттаҳидаи) алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
8. Оид ба Созишнома дар бораи ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
9. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ
10. Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ
11. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)
12. Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ
13. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»
15. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
16. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
17. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот»
18. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»
19. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
20. Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтани қарзи давлатӣ»
21. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»
22. Оид ба лоиҳаи қоидаҳои сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимӣ Ф.».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем:
Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Ализода З. А.».
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Ягон пешниҳоди дигар доред?
Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Ализода З. А.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
Тибқи талаботи моддаи 3 қисми 1-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакили интихобшуда ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат.
Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зафар савганд ёд намуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем.
Cухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» пешниҳод гардидааст.
Он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар 17 майи соли 2022 дар ҳаҷми 45 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.
Мақсади лоиҳа аз чунин самтҳо иборат аст: (a) зиёд намудани масоҳати заминҳое, ки дар онҳо идоракунии устувори ландшафтҳо дар минтақаҳои интихобгардидаи Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд; (б) мусоидат дар устувор гардидани ҳамкориҳо бо дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар самти барқарорсозии ландшафтҳои транссарҳадӣ.
Лоиҳа аз се қисмат иборат буда, он дар ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Шаҳритус, Носири Хисрав, Қубодиён, Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ татбиқ мегардад.
Қисмати аввали он доир ба таҳкими асоси сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷроия дар самти идоракунии ландшафтҳо ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи қисмати дуюми лоиҳа барои барқарорсозии ҷангалзорҳо ва идоракунии устувори онҳо, идоракунии якҷояи чарогоҳҳо ва барқарорсозии онҳо, идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва нигоҳдории гуногунии биологӣ, пешниҳод намудани Зергрантҳо ба гурӯҳҳои муштараки манфиатдор дар заминҳои кишоварзӣ асос ёфта, пешбинӣ шудааст.
Қисмати сеюм ба таври умум, идоракунии лоиҳа мебошад. Татбиқи лоиҳа дар соли ҷорӣ оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардидани Лоиҳаи «Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.
Рустам ЛАТИФЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Дар доираи он бо мақсади барқарорсозии ландшафтҳо амалӣ намудани зерлоиҳаҳои грантӣ дар самти рушди агроҷангалпарварӣ ва барқарорсозии ҷангалзорҳо, ташкили ниҳолхонаҳо, боғдорӣ, барқарорсозии чарогоҳҳо ва пешгирӣ кардани таназзули заминҳои чарогоҳ, ҷорӣ кардани технологияҳои иқлимӣ дар самти кишоварзӣ (таъмин бо тухмиҳои зироатҳои кишоварзии ба тағйирёбии иқлим тобовар, ҷорӣ намудани обёрии қатрагӣ), парвариши занбӯри асал ва рушди сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ дар назар дошта шудааст.
Манфиатгирандагони татбиқи лоиҳа ҷамъиятҳо ва гурӯҳҳои истифодабарандагони чарогоҳ ва ҷангал, инчунин, гурӯҳҳои муштараки манфиатдор дар сатҳи деҳаҳои зерҳадаф мебошанд. Дар доираи лоиҳа барои амалӣ намудани зерлоиҳаҳо маблағҳои нақдӣ дода намешаванд. Идоракунии маблағҳо пурра аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад.
Созишномаи зикршуда тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти заруриро гузашта, ҳама кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон онро ҷонибдорӣ кардаанд.
Созишнома оид ба маблағузории Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро ба баррасии шумо, муҳтарам вакилон, пешниҳод намуда, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем.
Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» пешниҳод мегардад.
Созишномаи зикршуда 17 майи соли 2022 бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар ба имзо расонида шуда, маблағи он 46 млн. ҳуқуқҳои махсуси қарздиҳӣ ё 65 млн. доллари амрикоиро ташкил менамояд.
Бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ Асосноккунии техникӣ-иқтисодии «Лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъмини бехатарии садди он» омода карда шудааст, ки маблағгузории тадбирҳои дар он пешбинишуда марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад.
Дар марҳилаи якуми лоиҳа иваз кардани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасон, иваз кардани 6 адад автотрансформатори якфазаи 220/500кВ ва таъмини бехатарии садди он пешбинӣ шудааст.
То ба санаи 3 октябри соли 2022 барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа 326,9 млн. доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн. доллар маблағи қарзӣ ва 57,8 млн. доллар маблағи грантии Бонки умумиҷаҳонӣ, 60 млн. доллари амрикоии қарзи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва 40 млн. доллари амрикоӣ маблағи қарзии Бонки авруосиёии рушд мебошад.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳа, таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз кардани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз кардани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 тонна ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасон анҷом дода мешавад.
Барои татбиқи ҳадафи мазкур то ба имрӯз 50 млн. доллари амрикоӣ грант аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷалб гардида, созишномаи молиявӣ ба имзо расидааст. Татбиқи лоиҳа соли 2022 оғоз ёфта, то соли 2030 ба анҷом расонида мешавад.
Бо назардошти муҳимияти иншооти НБО «Норак» барои иқтисодиёти мамлакат ва дар муҳлатҳои пешбинишуда амалӣ гардидани лоиҳа, аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи маблағгузории иловагии марҳилаи дуюми Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музафарҷон Маҳмудзода дода мешавад.
Музафарҷон МАҲМУДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 17 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2022 таҳти № 1326 созишномаи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 25 августи соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» 29 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.
Маблағи умумии он 35,8 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ё ин ки 50 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, ҳадаф аз татбиқи он баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими автомобилгард, пурзӯр намудани иқтидорҳо вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ, инчунин, дар ҳолати буҳронӣ ё фавқулода чораҷӯии фаврӣ ва самарабахш дар ҳолатҳои зикршуда ба ҳисоб меравад.
Лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» аз чор қисмат иборат аст. Аз ҷумла:
- баланд бардоштани устувории роҳҳои автомобилгард ба офатҳои табиӣ ва хатарҳои иқлимӣ, аз ҷумла барқарор намудани роҳҳои автомобилгард, ки соли 2021 дар натиҷаи обхезӣ зарар диданд, мустаҳкам намудани қитъаи роҳҳо, ки таҳти хатари офатҳои табиӣ қарор доранд, хариди техникаи таъиноти махсус ва таҳкими иқтидорҳои Вазорати нақлиёт (26 млн. доллари амрикоӣ);
- таҳкими марказҳои минтақавӣ ва системаҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, тавассути сохтмон ва барқарорсозии марказҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулода дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар, инчунин таҳкими иқтидорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 млн. доллари амрикоӣ);
- идоракунии лоиҳа (2 млн. доллари амрикоӣ);
- ва қисмати шартӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода иборат мебошад.
Мақоми татбиқкунандаи лоиҳа – вазоратҳои молия ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар давраи татбиқи лоиҳа чорабиниҳои дар доираи он пешбинишударо амалӣ менамоянд. Татбиқи лоиҳа соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 пешбинӣ шудааст.
Аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки амалинамоии Созишномаи грантии «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.
Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Баланд бардоштани устувории роҳҳои автомобилгард ба хатарҳои табиӣ ва иқлимӣ, таҳкими иқтидори идоракунии хатари офатҳои табиӣ, вокуниши фаврӣ ба ҳолати фавқулода бо роҳи таҷдид, таъмир ва дидани чораҳои нави муҳофизатии роҳҳои автомобилгард ва афзалиятнок, муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаи муосири вазнин, сохтмон ва барқарорсозии иншооти марказҳои минтақавии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, хариди таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои таҳкими заминаи устувории сохторӣ ва сейсмикӣ ҳадафҳои асосии механизми амалисозии лоиҳаи мазкур мебошанд.
Ҳамчунин, заминаи институтсионалии лоиҳа омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони касбӣ, таъсиси низоми арзёбӣ, таҳкими иқтидори муассисаҳои олии илмӣ ва тадқиқотиро дар назар дорад.
Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ мегардад ва татбиқи он соли 2023 оғоз ёфта, анҷомаш соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо «Созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба Лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.
Созишномаҳои баррасишаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар 22 июни соли ҷорӣ дар ҳаҷми 19,15 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст, ки 17 млн. доллари он қарзи Бонки исломии рушд (ба муддати 25 сол, аз ҷумла 7 соли имтиёзӣ), 0,15 млн. доллар гранти Бонки исломии рушд ва 2 млн. доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадаф аз татбиқи он беҳтар намудани дастрасӣ ба омӯзиши касбӣ ва баланд бардоштани сифат ва аҳамияти таҳсилот, инчунин омӯзиши касбӣ мебошад.
Лоиҳа аз панҷ қисмат иборат мебошад. Аз ҷумла:
- барқарорсозӣ ва cохтмони муассисаҳои таълимии касбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Темурмалик, Фархор, Кӯшониён, Бохтар, Ишкошим, Мурғоб, Рашт, Душанбе, Рӯдакӣ, Истаравшан, Ашт, Зафаробод (11,94 млн. доллари амрикоӣ);
- баланд бардоштани нуфуз, сифати таҳсилот ва омӯзиши касбӣ (3,86 млн. доллари амрикоӣ);
- хизматрасонии аудити молиявӣ (0,06 млн. доллари амрикоӣ);
- дастгирии идоракунии лоиҳа (2,04 млн. доллари амрикоӣ);
- қисмати шартӣ оид ба вокуниши таъҷилӣ ба ҳолатҳои фавқулода.
Татбиқи лоиҳаи зикршуда соли 2022 оғоз гардида, соли 2026 ба анҷом мерасад.
Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардидани лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд манзургардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дода мешавад. Марҳамат.
Насиба СОДИҚӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаҳои мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2022 таҳти № 1325 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигар ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Созишномаи мазкур аз дебоча 8 модда иборат буда, мутобиқи моддаи 3 он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Агентии иҷроияи лоиҳа эътироф шудааст. Мутобиқи лоиҳа, аз ҷониби Бонки исломии рушд (қарздиҳанда) қарз ба маблағи на бештар аз 12,200 000,00 (дувоздаҳ миллиону дусад ҳазор динори исломӣ) пешниҳод мегардад, ки муодили он ба 17 000 000, 00 (ҳабдаҳ миллион) доллари ИМА баробар буда, аз захираҳои Бонки исломии рушд бо мақсади иҷрои шартҳои созишномаи зикршуда ҷудо карда мешавад. Лоиҳа бояд дар муддати 60 (шаст) моҳ аз рӯзи пардохти аввал иҷро карда шавад.
Кумитаи масъул созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро 26 августи соли 2022 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Космические коммуникатсии» оид ба ташаккули низоми комплексии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар доираи амалинамоии қисмати «Шаҳри бехатар»-и лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.
Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои муайяншуда, аз ҷумла дарёфти манбаъҳои иловагии ғанигардонӣ ва истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷудаи буҷет, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 майи соли 2022 таҳти № 262) 23 июни соли 2022 маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Космические коммуникатсии» оид ба ташаккули низоми комплексии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар доираи амалинамоии қисмати «Шаҳри бехатар»-и лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Космические коммуникатсии» дорои захираҳои зарурии молиявӣ, технологӣ ва тахассусӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати рушд додани соҳаҳои хизматрасонӣ ва таъмини сатҳи баланди бехатарӣ дар роҳҳои автомобилӣ замина гузошта мешавад.
Татбиқи лоиҳаи созишномаи сармоягузории зикршуда бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 60 млн. доллари амрикоӣ ба анҷом расонида мешавад.
Лоиҳа аз се марҳила, аз ҷумла 1) маблағгузории асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, 2) маблағгузории сохтмони низом ва 3) маблағгузории истифодабарӣ, хизматрасонии техникӣ ва нигаҳдории низом ва инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.
Бо пурра амалӣ гардидани лоиҳа беш аз 100 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин карда мешаванд.
Лоиҳа дар давоми даҳ сол амалӣ карда шуда, ҷиҳати татбиқи он ду пудратчӣ бо шартнома ҷалб карда мешавад (1. ҶДММ «Нет Солюшенс» ва 2. ҶДММ «Разработка корпоративных систем» мутаносибан ба андозаи 50 — фоизӣ дар таҳвили маводу таҷҳизот, маҳсулоти сохтмонӣ, корҳои васлу насб, ба кор андохтан, хизматрасониҳои техникӣ, пешниҳоди таъминоти барномавӣ, хизматрасониҳои машваратӣ ва кору хизматрасониҳои дигар иштирок менамоянд).
Оператори лоиҳа, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» дониста шуда, марҳила ба марҳила ба тавозуни худ аз сармоягузор қисмҳои объектҳои лоиҳаро, ки барои ба истифодабарӣ омодаанд, қабул мекунад.
Тақсимоти маблағҳои ҷамъоваригардида байни тарафҳо то бозпас гирифтани сармоягузорӣ — 40 фоиз ба Ҳукумат ва 60 фоиз сармоягузор рост омада, пас аз ин таносуб баръакс мешавад.
Бо гузашти даҳ сол аз санаи эътибор пайдо кардани созишномаи мазкур объектҳои лоиҳа ба тавозуни мақомоти дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Шакли татбиқшавии лоиҳа дар асоси ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ карда мешавад, ки минбаъд уҳдадории қарзиро ба вуҷуд намеорад ва маблағ аз ҳисоби фоидаи бадастомада баргардонида мешаванд.
Бо назардошти ҷорӣ гардидани низоми электронии танзимкунанда, имконияти таъмини натиҷаҳои чашмдошти зерин пешбинӣ гардида истодааст:
- коҳиш ёфтани омилҳои фардӣ дар самти бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;
- васеъ гардидани истифодабарии низоми мазкур дар тамоми миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мониторинги автоматии раванди пардохти ҷаримаҳо ва таъмини воридоти пурраи онҳо ба буҷет.
Татбиқи лоиҳаи зикршуда аз буҷети давлатӣ маблағ талаб накарда, баръакс тавассути таъсис додани ҷойҳои кор ва пардохти дигар навъҳои андоз ба ғанишавии буҷети ҷумҳуриявӣ мусоидат менамояд.
Сармоягузор дар давраи амалисозии лоиҳа аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (18 фоиз барои дигар намуди фаъолият) ба муҳлат ҳафт сол озод мебошад.
Воридоти молу маҳсулот ва ашёи хоме, ки бевосита барои амалисозии лоиҳа истифода мешаванд, инчунин техникае, ки ворид карда мешаванд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод мегарданд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Космические коммуникатсии» оид ба ташаккули низоми комплексии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар доираи амалинамоии қисмати «Шаҳри бехатар»-и лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Космические коммуникатсии» оид ба ташаккули низоми комплексии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар доираи амалинамоии қисмати «Шаҳри бехатар»-и лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Қабули лоиҳаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, ташаккули низоми видеоназоратӣ, бақайдгирии автоматии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бақайдгирӣ ва таҳлили ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ, коркарди маълумоти автоматии иттилоот дар хусуси бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави кор мусоидат хоҳад кард.
Созишнома дар кумитаи масъул бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Космические коммуникатсии» оид ба ташаккули низоми комплексии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар доираи амалинамоии қисмати «Шаҳри бехатар»-и лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба Низоми муштараки (муттаҳидаи) алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» шурӯъ мекунем.
Аз рӯи он сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.
Шералӣ МИРЗО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба Низоми муштараки (муттаҳидаи) алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи созишномаи мазкур, ҷиҳати эътибор пайдо намудани он ба шумо пешниҳод карда мешавад.
Созишнома оид ба Низоми муштараки алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 29 майи соли 2020 аз ҷониби роҳбарони ҳукуматҳо ва шахсони ваколатдори кишварҳои иштирокчии ИДМ ба имзо расонида шуд.
Он бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни қувваҳои мусаллаҳи тарафҳо, таъсис намудани низоми муштараки алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчиро пешбинӣ менамояд.
Ба низоми муштараки алоқа, ҷузъу томҳои алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии созишномаи мазкур дохил шуда, тибқи нақшаҳои мувофиқашуда, инчунин вазифаҳои дар моддаи 3 созишнома пешбинишуда истифода мегарданд.
Низоми муштараки алоқа, инчунин вазифаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои лозимаи алоқа ва таъмини мубодилаи ҳама намудҳои иттилоот дар низоми идоракунии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчӣ, инчунин дигар вазифаҳои марбут ба шабакаҳои алоқаи миллии истифодаи умум ва шабакаҳои алоқаи таъиноти махсуси давлатҳои иштирокчиро иҷро мекунад.
Бо мақсади таъмини фаъолияти низоми муштараки алоқа, мақомоти ваколатдори тарафҳо, метавонанд имкониятҳои шабакаҳои алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии созишномаро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, барои эҳтиёҷоти мудофиа ва таъмини амният истифода баранд.
Тарафҳо дар доираи созишнома бо мақсади таъмин намудани рушди соҳа қувваҳо ва воситаҳои алоқаро, ки ба низоми муштараки алоқа дохиланд, бо техникаву таҷҳизот, дастгоҳу воситаҳои муосири алоқа ба таври афзалиятнок навсозӣ менамоянд.
Инчунин, тарафҳо тавассути мақомоти ваколатдор омодагии доимии ҷангӣ, ҳамкории мутақобилаи қушӯнҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи нақшаҳои марбута, ки Шӯрои вазирони мудофиа тасдиқ мекунад, таъмин менамоянд. Механизми мубодила ва ҳифзи иттилоот дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи тарафҳо амалӣ карда мешаванд.
Маблағгузории хароҷот барои амалигардонии созишнома дар доираи маблағҳои буҷетии вазоратҳои мудофиаи тарафҳо сурат гирифта, маблағгузории иловагии буҷетӣ пешбинӣ карда намешавад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи созишнома бо мақсади баланд бардоштани низоми идоракунии қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳим арзёбӣ карда мешавад. Тасдиқи созишнома зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории миллиро ба миён намеорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳуснигул Одиназода дода мешавад. Марҳамат.
Ҳуснигул ОДИНАЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба Низоми муштараки (муттаҳидаи) алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2022 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигар ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 21 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Он аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт.
Созишнома оид ба Низоми муштараки (муттаҳидаи) алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тасдиқи «Созишнома оид ба Низоми муштараки (муттаҳидаи) алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба Низоми муштараки (муттаҳидаи) алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба Созишнома дар бораи ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» шурӯъ менамоем.
Сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.
Шералӣ МИРЗО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома дар бораи ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 18 декабри соли 2020 аз ҷониби сарони давлатҳо ва шахсони ваколатдори кишварҳои иштирокчии ИДМ ба имзо расонида шуд.
Он бо мақсади рушди ҳамкории қӯшунҳои муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо таҳия гардида, механизми ташкилӣ ва ҳуқуқии таъсиси ҷузъу томҳои муштараки муҳандисӣ, истифода ва анҷомёбии фаъолият ва мақоми онҳо, инчунин вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро дар давраи амалиёти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо танзим менамояд.
Ҷузъу томҳои номбурда метавонанд ба иҷрои вазифаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар рафти амалигардонии барномаҳо, лоиҳаҳо ва амалиёти байналмилалӣ дар ҳудуди давлатҳои ИДМ ва дигар давлатҳое, ки чунин кумакро тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ИДМ дархост намуданд, ҷалб карда шаванд.
Ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар доираи созишномаи мазкур фаъолияташро дар самти гузаронидани разведкаи техникии майдонҳои минаҳо, аз ҷумла иншоот ва минтақаҳое, ки дар ҳудуди онҳо амалиёти ҷангӣ ҷой доштанд, ҷиҳати ошкор кардани минаҳо ва маводи хатарноки тарканда, инчунин, безарар гардондан ва тоза кардани онҳо ба роҳ мемонанд.
Тарафҳо мустақилона сатҳи иштирокашонро дар ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо ва таъсиси воҳидҳои муштарак муқаррар менамоянд.
Ба ҳайати ҷузъу томҳои муштараки муҳандисӣ воҳидҳои муҳандисии миллии тарафҳо дохил мегарданд, ки дар фаъолияти ҳаррӯза дар нуқтаи ҷойгиршавии доимӣ қарор дошта, барои иҷрои вазифаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо муттаҳид карда мешаванд.
Хароҷоти молиявие, ки ба амалигардонии созишнома алоқаманд мебошад, дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети миллии вазоратҳои мудофиа ва дигар сарчашмаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории миллии тарафҳо ба роҳ монда мешавад.
Бо назардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таҷрибаи кофӣ дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо мебошад, аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ намудани созишномаи зикршуда имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии қӯшунҳои муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ иштирок ва ҷумҳуриамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, инчунин, тахассус ва маҳорати касбиро такмил диҳанд.
Тасдиқи созишнома зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории миллӣ ба миён намеорад.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Мироҷ Абдуллоев дода мешавад. Марҳамат.
Мироҷ АБДУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома дар бораи ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ пешниҳод гардидааст.
Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2022 таҳти №1322 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумита масъалаи зикргардидаро 25 августи соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод, ки он аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт.
Созишнома дар бораи ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Созишнома дар бораи ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома дар бораи ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.
Шералӣ МИРЗО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ 20 апрели соли 2022 дар шаҳри Анқара ба имзо расонида шудааст. Он бо мақсади танзим ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ байни тарафҳо, инчунин, муқаррар кардани принсипҳои асосии ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ имзо гардидааст.
Тарафҳо, тибқи ин созишнома, ҳамкориро байни мақомоти мудофиаи ҳар ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳарбӣ, аз ҷумла таълимоти ҳарбӣ ва омода намудани кадрҳо, саноати мудофиавӣ, ташрифот ва мубодилаи таҷриба, иштирок дар машқҳо, машғулиятҳо ва боздидҳо, мубодилаи маълумоти разведкавӣ, системаи ақибгоҳӣ, тиббӣ — ҳарбӣ ва хизматрасонии тиббӣ, системаҳои воситаҳои алоқа, электротехника, системаи иттилоотӣ ва бехатарии кибернетикӣ, амалиёти сулҳоварона, кумаки башардӯстона, мубодилаи иттилоот оид ба системаи ҳарбӣ-ҳуқуқӣ, харитасозӣ ва дигар самтҳо ба роҳ мемонанд.
Дар доираи созишнома ҷонибҳо, инчунин, мубодилаи кадрҳои ҳарбӣ, ҳайатҳои расмӣ, дониш ва таҷрибаи ҳарбӣ, илм ва соҳаҳои тадқиқоти технологӣ, безараргардонии минаҳо ва маводи худсози тарканда, бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, чорабиниҳои иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ, таърихи ҳарбӣ, бойгонӣ, нашрияҳо ва осорхонаҳои ҳарбиро амалӣ менамоянд.
Созишнома принсипҳои ҳамкорӣ, бехатарию ҳифзи иттилоот ва маводи махфӣ, масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, расмиёти гумрукӣ, молиявию таъминоти ақибгоҳӣ ва дигар масъалаҳои ба амалигардонии созишнома алоқамандро низ ба танзим медарорад.
Тарафҳо, инчунин, метавонанд барои татбиқ намудани созишномаи мазкур, дар доираи қонунгузории миллиашон тафоҳумномаҳо, протоколҳо ва қарордодҳои иловагӣ ба имзо расонанд ва нақшаҳои солонаи ҳамкории ҳарбии дуҷонибаро таҳия ва тасдиқ намоянд.
Дар созишнома иштирок дар машғулиятҳо ва машқҳои муштарак яке аз самтҳои ҳамкории тарафҳо пешбинӣ шуда, барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳои тарафҳо ба роҳ монда мешавад.
Ҳамкорӣ ва чорабиниҳои мушаххас дар доираи созишнома хусусияти ҳатмӣ надошта, дар асоси қарори тарафҳо амалӣ карда мешаванд. Тарафҳо хароҷоти молиявии марбут ба татбиқи созишномаи мазкурро мустақилона дар доираи маблағҳои буҷетии ба соҳаи мудофиаи кишварҳояшон пешбинигардида амалӣ менамоянд.
Тасдиқи созишномаи зикргардида, дар шароити афзудани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои террористию экстремистӣ дар минтақа манфиатнок арзёбӣ мегардад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Фазлиддин Икромӣ дода мешавад. Марҳамат.
Фазлиддин ИКРОМӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ 20 апрели
соли 2022 дар шаҳри Анқара ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ пешниҳод гардидааст.
Созишнома тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2022 таҳти №1353 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигар ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 21 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Онро иштирокдорони ҷаласа ҷонибдорӣ карданд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз ин рӯ, шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер дода мешавад. Марҳамат.
Ҷумъа ДАЛЕР: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нефту газ пешниҳод гардидааст.
Тибқи муқаррароти он, ҳамкории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи нефту газ, аз ҷумла дар самти омӯзиш, иктишоф ва кашфи майдонҳои ояндадори нефту газдор, истихроҷи нефту газ, ҳамчунин ҳамкорӣ бо корхонаҳои коркарди нефт ҷиҳати вусъат додани фаъолияти онҳо, интиқоли нефти хом, маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манфиати мутақобила тариқи ба имзо расонидани қарордодҳо миёни ширкатҳо ва субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистону Эрон бо риояи қонунгузории амаликунандаи миллии ҳар ду кишвар ба роҳ монда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти нефтӣ на чандон зиёд бошад ҳам, барои пешрафти соҳа ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нефтии дохилӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Соҳаи нефту газ яке аз соҳаҳои мураккаб, серхароҷот ва маблағталаб ба ҳисоб рафта, айни замон, бе ҷалби сармоягузорони хориҷӣ кашфи конҳои нави нефту газ ва дар ин замина рушди истихроҷи нефту газ имконнопазир аст.
Истихроҷи солонаи нефт дар ҷумҳурӣ тахминан 25 ҳазор тоннаро ташкил дода, маҳсулоти нефтии аз он коркардшуда 2-2,5 фоиз талаботи ҷумҳуриро ба маҳсулоти нефтӣ таъмин менамояд.
Айни замон, дар ҷумҳурӣ 14 адад корхонаи коркарди нефт мавҷуд буда, иқтидори солонаи онҳо 282 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, сохтмони марҳилаи аввали корхонаи коркарди нефти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ТК Ойл ККН Данғара» бо иқтидори 500 ҳазор тонна нефт ба анҷом расида, дар арафаи истифода додан қарор дорад (ҳамагӣ бо марҳилаи дуюм 1,2 миллион тонна дар як сол пешбинӣ гардидааст). Айни ҳол, бинобар сабаби норасоӣ бо нефти хоми ватанӣ корхонаҳои амалкунанда қисман ва ё пурра фаъолият намекунанд.
Дар ҳолати ба роҳ мондани воридоти нефти хом аз хориҷи кишвар, корхонаҳои коркарди нефти ватанӣ бо иқтидори пурра ба кор дароварда шуда, як қисми муайяни талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти нефтӣ сари вақт таъмин карда хоҳад шуд. Ҳамчунин, ба ин васила ҷойҳои нави кор таъсис дода шуда, барои некуаҳволии сокинони кишварамон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Бо назардошти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузурги иқтисодии хоҷагии халқ талабот ба маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ сол то сол меафзояд.
Мавриди зикр аст, ки 93 дарсади сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил дода, барои аз як мавзеъ ба мавзеи дигар интиқол додани борҳои ниёзи мардум аз нақлиёти боркашонӣ истифода бурдан лозим меояд, ки сарфи сӯзишвории дизелӣ ва бензинро талаб менамояд.
Аз ин лиҳоз, бо дарки зарурат ва густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила дар самти омӯзиш, иктишоф ва кашфи майдонҳои ояндадори нефту газдор, истихроҷи нефту газ, воридоти нефти хом, маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморида мешавад, ки дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ бо риояи қонунгузории амалкунандаи ҳар ду кишвар ҳамкориҳо ба роҳ монда шавад.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2022 таҳти №253 лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нефти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нефту газ маъқул дониста шуда, дар рафти сафари расмии роҳбарияти олии кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 29-30 майи соли 2022 ба имзо расонида шуд.
Тибқи банди 8 Ёддошти тафоҳуми зикршуда, он пас аз гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин дар хусуси аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани ёддошти тафоҳум зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Неъматулло Холбойзода дода мешавад. Марҳамат.
Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ 30 майи соли 2022 дар шаҳри Теҳрон ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2022 таҳти №1355 он ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигар барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.
Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Ёддошти тафоҳумро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 19 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Санади мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)» шурӯъ менамоем.
Сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дода мешавад. Марҳамат.
Завқӣ ЗАВҚИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)», бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2022 пешниҳод шудааст.
Он барои татбиқи муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020), ки 25 майи соли 2022 ба имзо расидааст, инчунин, ҷиҳати амалигардонии маҷмӯи тадбирҳои мувофиқашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва дар Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои моҳияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия шароити мусоидро фароҳам меорад.
Дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) 12,5 млн. евро барои маблағгузории лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI» ҷудо гардидааст, ки он барои сохтмони Беморхонаи нави зидди касалии сил дар вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб) ба маблағи 11 млн. евро ва барои ба охир расонидани сохтмон ва бо таҷҳизот муҳайё сохтани Беморхонаи бачагонаи касалии сил дар Мачитон (шаҳри Ваҳдат) 1,5 млн. евро равона карда мешавад.
Бо назардошти он, ки маблағҳои ҷудошуда дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия бебозгашт мебошанд ва ҷиҳати таъмини ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ ва андозбандии татбиқи лоиҳаҳои зикргардида тасдиқ (ратификатсия)-и созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.
Мавриди зикр аст, ки маблағгузории самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи тарафҳо дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия муайян гардидааст ва маблағгузории татбиқи онҳо барои солҳои минбаъда пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии созишномаи номбурда (дар давоми соли 2020- 2025) оғоз мегардад.
Аз ин хотир, тасдиқ (ратификатсия)-и он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасвиби созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) 25 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он дар Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод ТАЛБАКЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ 30 майи соли 2022 аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири додгустари Ҷумҳурии Исломии Эрон Аминҳусейн Раҳимӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳар ду кишвар дар самти тафтишоти пешакӣ, таъқиби ҷиноятӣ ва пешгирӣ, дарёфт ё мусодира намудани даромад ва олоти ҷиноят тавассути ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ баста шудааст. Он ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳои аҳдкунанда, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ ё созишномаҳо бармеоянд, дахолат намекунад, инчунин ба тарафҳои аҳдкунанда ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи онҳо барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба якдигар дар асоси дигар шартнома ё созишномаҳо монеъ шуда наметавонад.
Созишнома тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №355 тасдиқ шудааст, мавриди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ қарор дода шуда, дар натиҷа, дар лоиҳаи он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда нашудаанд.
Созишномаи мазкур барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур ва бамаврид буда, дар оянда заминаи ҳуқуқии боэътимодро барои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегузорад.
Ба имзо расидани Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории ҷории кишвар тақозо намекунад ва ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.
Равшан РАҶАБЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ 30 майи соли 2022 дар шаҳри Теҳрон ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳар ду кишвар дар самти тафтишот, таъқиб ва пешгирии ҳама навъи ҷинояткорӣ, инчунин, ошкоркунӣ, пешгирӣ, дарёфт ё мусодира намудани даромад ва олоти ҷиноят тавассути ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ баста шудааст. Ин созишнома ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳои аҳдкунанда, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ ё созишҳо бармеоянд, дахолат накарда, инчунин ба тарафҳои аҳдкунанда ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи онҳо барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба якдигар дар асоси дигар шартнома ё созишномаҳо монеъ шуда наметавонад.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2022 таҳти № 1324 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигар ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи номбурдаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 1 сентябри соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро дар ҷаласаи васеъ мавриди баррасӣ қарор дод.
Он ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.
Хуршед КАРИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Аз 1 январи соли равон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди амал қарор дорад. Қабул гардидани Кодекси андоз дар таҳрири нав зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдорро ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш овард.
Ба Кодекси андоз тавъам будани муқаррароти Кодекси гумрук дар он ифода меёбад, ки паҳлуҳои муҳими ду навъи пардохтҳои гумрукӣ, яъне андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд, бо Кодекси андоз муайян мегарданд.
Аз ҷумла, дар қисмҳои 4, 5 ва 6 моддаи 251 ва моддаи 286 Кодекси андоз номгӯи воридоти молҳо, ки аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешаванд, дар таҳрири нав муқаррар карда шуда, тибқи қисмҳои 11 ва 12 моддаи 397 Кодекси андоз нисбат ба баъзе имтиёзҳо муҳлати амал муқаррар гардидааст. Масалан, нисбат ба воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи дигар барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, воридоти автомобилҳои нав имтиёзҳо дар шакли озод намудан аз пардохти андоз аз арзиши иловашудаи воридотӣ ба муҳлати то 31 декабри соли 2026 муқаррар шудааст.
Моддаи 345 Кодекси гумрук номгӯи воридоти молҳои аз боҷи гумрукӣ озодшавандаро бе муҳлати амал муқаррар менамояд. Бинобар ин, бо мақсади танзими якхелаи муносибатҳо дар самти ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда моддаи 345 Кодекси гумрук дар таҳрири нав ифода карда шудааст.
Бо сабабе, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда ба зиёда аз нисфи моддаи 345 Кодекси гумрук тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудаанд ва бо мақсади риояи талаботи техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ, моддаи мазкур дар лоиҳаи қонун дар таҳрири нав оварда шудааст.
Тағйиру иловаҳои умдатарини марбут ба моддаи 345 Кодекси гумрук дар он ифода меёбад, ки бандҳои 5, 16 ва 17 моддаи 345 дар як банд якҷоя карда шуда, имтиёзҳои марбут ба воридоти мол барои иҷрои корҳо дар доираи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ва воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ аз моддаи мазкур хориҷ карда мешаванд.
Сархатҳои дуюм ва сеюми банди 15 моддаи 345 дар таҳрири нав имтиёзҳои нав мебошанд, яъне воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти такмилии техника, мошинолоти кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин, маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда ва истеҳсолкунанда тибқи лоиҳаи қонун аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Инчунин, бо мақсади фароҳам овардани имконият ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҷиҳати дар давраи муҳлати даъво амалӣ сохтани ҳуқуқҳо оид ба мустақилона аз нав бозҳисобӣ ва ислоҳ кардани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои пардохтшуда, тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда илова кардани қисмҳои нав ба моддаи 394 Кодекси гумрук пешбинӣ гардидааст.
Илова бар он, дар иртибот ба стандарти 3.8 боби 3 Замимаи асосии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, тибқи лоиҳа, қонуни баррасишаванда ба моддаи 127 Кодекси гумрук илова кардани меъёри нав оид ба масъулияти декларант барои риоя накардани вазифаҳои худ ҳангоми декларатсиякунонии мол, пешбинӣ гардидааст.
Тағйиру иловаҳои дигар дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо мақсади такмили меъёрҳои Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таҳия гардида, мутобиқати дохилии меъёрҳои Кодекси гумрук ва мувофиқасозии муқаррароти онро бо талаботи қонунгузории амалкунанда, инчунин, мушаххас кардани меъёрҳои алоҳидаи кодексро таъмин намуда, дар сурати қабул гардидан метавонанд ба татбиқи босифати қонунгузории гумрук мусоидат намоянд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади такмили қонунгузории гумрук дар заминаи мутобиқ намудан ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, татбиқи якхелаи фаъолияти марбут ба ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси гумрук ба Кодекси андоз зарурати дар таҳрири нав муқаррар кардани меъёрҳои моддаи 345-и Кодекси гумрук пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкардаашон ҷонибдорӣ намуда, 30 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки қисме аз онҳо қабул ва қисми дигараш қабул нагардид. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дода мешавад. Марҳамат.
Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Агентӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, кормандони он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ва қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа мебароянд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» бошад, номи собиқадорони мақомоти назорати маводи нашъаовар пешбинӣ нашудааст. Ин ҳолат ба собиқадорони агентӣ имконият намедиҳад, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқашон ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд ва аз ҳуқуқ ва имтиёзҳое, ки қонуни мазкур барои собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ намудааст, истифода баранд.
Давлат таъмини дараҷаи шоистаи зиндагиро ба собиқадорон кафолат дода, ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои онҳоро ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва суд ҳимоя мекунад. Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки дар қисми якуми моддаи 20, моддаи 38 ва қисми сеюми моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» калимаҳои «мақомоти назорати маводи нашъаовар» илова карда шавад.
Пас аз қабул гардидани лоиҳаи мазкур собиқадорони агентӣ дар баробари дигар собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз имтиёзҳо ва ҳуқуқҳои бо қонуни амалкунанда, аз ҷумла озод кардан аз пардохти пули рафтуомад дар ҳама навъи нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (бо пешниҳоди шаҳодатнома) ва 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ, гази табиӣ) ва ғайра, бархӯрдор мешаванд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, пас аз қабул гардидани он зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён наоварда, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дода мешавад. Марҳамат.
Сумангул ТАҒОЙЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи собиқадорони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ҷиҳати бархӯрдор гардидани кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар аз кафолату ҷубронҳои давлатӣ ба моддаҳои 20, 38 ва 43 қонуни амалкунанда иловаҳо ворид карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашт, ки ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ, 7 пешниҳод манзур кардаанд. Аз онҳо 3 таклиф қабул, 3 таклиф қисман қабул ва 1 таклиф қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 14, 38 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Сафарзода дода мешавад. Марҳамат.
Суҳроб САФАРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вобаста ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ баён доштанд, ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии талаботи банди 64 нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)», ки он тақвият бахшидани фаъолиятро дар самти экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ баҳри ошкор ва бартараф намудани сабаб ва омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва аз байн бурдани онҳо пешбинӣ мекунад, таҳия карда шудааст.
Моддаи 259 (1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда муқаррар кардааст.
Банди «б» қисми 2 моддаи 258 бошад, дар натиҷаи монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ ба миқдори калон расонидани зарарро дар назар дорад. Қисми 1 ва банди «б» қисми 2 моддаи 259, дар натиҷаи соҳибкории ғайриқонунӣ расонидани ҳам зарар ва ҳам ба даст овардани даромадро ба миқдори калон ва махсусан калон пешбинӣ мекунад.
Вале дар банди 1 эзоҳи моддаи 259(1) оварда шудааст, ки дар моддаҳои 258, 259 ва 259(1)-и Кодекси мазкур таҳти мафҳуми даромад ё зарар ба миқдори калон, даромад ё зараре фаҳмида мешавад, ки он аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мебошад ва таҳти мафҳуми даромад ба миқдори махсусан калон даромаде фаҳмида мешавад, ки андозаи он аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
Лекин меъёри банди «б» қисми 2 моддаи 259(1) Кодекси ҷиноятӣ содир кардани ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо «ба миқдори махсусан калон» барои «даромад» ва ё «зарар» пешбинӣ накарда, балки барои ба миқдори махсусан калон «истеҳсол, ба даст овардан, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда»-ро дар назар дорад.
Дар сурати иловаи банди 4 дар эзоҳи моддаи 259 (1) ҳолати мазкур метавонад, ки робитаи байни банди 1 эзоҳ ва моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз байн барад ва аз ин хотир дар лоиҳа пешниҳод карда шуд, ки эзоҳи моддаи 259 (1), ки аслан ба моддаҳои 258 ва 259 тааллуқ дорад, ба моддаи 259 гузаронида шуда, дар моддаи 259 банди як бо мазмуни дар моддаҳои 258 ва 259 кодекси мазкур таҳти мафҳуми даромад ё зарар ба миқдори калон, даромад ё зараре фаҳмида мешавад, ки он аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мебошад ва таҳти мафҳуми даромад ба миқдори махсусан калон даромаде фаҳмида мешавад, ки андозаи он аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мебошад ва банди ду бо мазмуни таҳти мафҳуми даромад, ки дар боби мазкур пешбинӣ шудааст, фоида аз фарқи байни маблағи сарфшуда ва дохилшуда фаҳмида мешавад, эзоҳ ворид карда шавад.
Дар моддаи 259 (1) эзоҳ танҳо дар як банд дар таҳрири нав бо мазмуни агар арзиши мол ва маҳсулоти тамғаношуда аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, миқдори калон ва аз ду ҳазор нишондиҳандаи барои ҳисобҳо зиёд бошад, миқдори махсусан калонро ташкил медиҳад, ворид гардад.
Зимнан, дар аснои таҷдиди назар ва такмили лоиҳа муайян карда шуд, ки меъёри қисми 6 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 177, 178, 245 (ба истиснои банди «а» қисми 4), 246 (ба истиснои банди «а» қисми 3), 247 (ба истиснои банди «в» қисми 3 ва банди «а» қисми 4), 251, 253, 255 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 2), 256 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошад), 257 (ба истиснои банди «г» қисми 2 ва банди «б» қисми 3), 258, 259, 259(1), 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 қисмҳои 1 ва 2, 295, 340(1) ва 388 қисмҳои 1 ва 2 кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад.
Таҳлил нишон дод, ки ба ҷуз аз қисмҳои 2-юми моддаҳои 177 ва 178, ҳамчунин ба ғайр аз банду қисмҳои истисношуда, дигар ҳама моддаҳои пешбинигардида ҷиҳати татбиқи талаботи меъёри қисми 6 моддаи 49 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санксияҳояш худ ҷазои алтернативиро дар намуди ҷарима пешбинӣ кардаанд.
Дар қисми 1 моддаи 177 ва қисми 1 моддаи 178 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазои алтернативии бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, яъне дар намуди корҳои ҳатмӣ ва корҳои ислоҳӣ пешбинӣ карда шудааст, ки бо ин қисмҳои моддаҳои мазкур татбиқи талаботи қисми 6 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.
Вале санксияҳои қисмҳои 2-юми моддаҳои зикршуда танҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ намуда, ҷазои алтернативӣ надоранд ва талаботи қисми 6 моддаи 49 бо қисмҳои 2-юми моддаҳои 177 ва 178 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқнашаванда аст.
Дар ҳолати аз тарафи шахс дидаву дониста такроран содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 177 ва 178 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда, дар қисми 2-юми моддаҳои мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо дар намуди ҷазои алтернативӣ ба мақсад мувофиқ нест ва мантиқан саҳеҳият надорад.
Аз ин рӯ, дар лоиҳаи мазкур пешниҳод карда шуд, ки дар қисми 6 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз рақамҳои «177» ва «178» мутаносибан калима ва рақами «қисми 1» илова карда шавад.
Лоиҳаи мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.
Равшан РАҶАБЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мақсади таҳияи лоиҳа амалисозии талаботи банди 64 нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)», ки он тақвият бахшидани фаъолиятро дар самти экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ баҳри ошкор ва бартараф намудани сабаб ва омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва аз байн бурдани онҳо пешбинӣ мекунад, мебошад.
Тибқи он, илова ба моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни мушаххаскунанда дорад (ба моддаҳои 177 ва 178 қисмҳои 1 илова мегардад).
Тибқи қисми 2 лоиҳаи қонуни мазкур, ба моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳ илова мегардад, ки дар асоси он мафҳуми даромад ё зарар ба миқдори калон ва мафҳуми даромад ба миқдори махсусан калон барои «Моддаи 258. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ» ва «Моддаи 259. Соҳибкории ғайриқонунӣ» муайян карда мешавад.
Тибқи қисми 3 лоиҳаи мазкур, эзоҳи «Моддаи 2591. Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда» дар таҳрири нав ифода карда шуда, миқдори арзиши мол ва маҳсулоти тамғаношуда муайян карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2022 таҳти № 1319 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигар ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуда, таклифу пешниҳоди дахлдор манзур намуданд, ки онҳо таҳти баррасии ҳамаҷонибаи кумита қарор дода шуд.
Кумитаи масъул 1 сентябри соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ доир намуда, лоиҳаро баррасӣ карданд. Таклифу пешниҳоди мавриди баррасӣ қароргирифта, асосан ба такмили лоиҳаи қонуни баррасишаванда равона гардиданд. Мутобиқ ба расмиёти пешбининамудаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баррасии таклифу пешниҳод ҷадвал низ тартиб дода шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.
Мавлудахон МИРЗОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Тағойзода, Р. Раҷабзода, Г. Назирӣ, Т. Азимзода ва М. Мирзозода таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонун мутобиқгардонии он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, татбиқи муқаррароти «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва амалисозии «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, тибқи лоиҳаи мазкур ба моддаҳои 24, 140, 144, 161 ва 306 кодекси зикршуда тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда мешавад.
Чунончи, қисми 3 моддаи 24 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ — умумӣ дар сурати оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда ва барқарор намудани товони зарари расонидашуда, пешбурди парванда қатъ карда мешавад. Моддаи 30 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ нисбат ба шахси ҷинояти на чандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркардаро пешбинӣ менамояд.
Қисми 1 моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол пешбинӣ менамояд, ки дар асоси моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷиноятҳои категорияи вазнин дохил мешавад.
Аз ин рӯ, бо мақсади аз байн бурдани мухолифатҳо бо муқаррароти моддаи 30 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми 3 моддаи 24 кодекси мазкур рақамҳо ва калимаи «138 қисми 1» хориҷ карда мешаванд.
Инчунин, мутобиқи қисми 2 лоиҳа матни моддаи 140 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод шуда, дар он сабаб ва асосҳои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ муқаррар, ҳамзамон муҳтавои он ба номи боб мутобиқ гардонида шуда, асосҳои иловагии оғози парвандаи ҷиноятӣ пешбинӣ мегардад.
Ба қисми 2 тибқи талаботи моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро танзим менамояд, ки минбаъд тафтиши парвандаҳо оид ба ҷинояти дар моддаи 3341 (ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда, аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура гузаронида мешавад. Таклифи мазкур бо он асоснок карда мешавад, ки ҷиноятҳои дар боби 31 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида, ба намудҳои ҷиноят ба муқобили тартиби идоракунӣ бахшида шуда, аксари он тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти муфаттишони мақомоти прокуратура вобаста аст.
Бо назардошти асосҳои зикршуда аз қисми 5 моддаи 161 рақами 3341 низ хориҷ карда мешавад.
Қисми 1 моддаи 306 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби судии баррасии дархости тарафҳоро пешбинӣ менамояд, вале мавзӯи дархостҳои ба суд аз ҷониби тарафҳо пешниҳодшаванда бо «…даъвати шоҳидон, коршиносон, мутахассисони нав ва талаб карда гирифтани далелҳои шайъӣ, ё ҳуҷҷатҳо» маҳдуд карда шудааст. Воқеан, амалӣ шудани принсипҳои пешбинигардидаи моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 21 ва 881 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи судӣ ба меъёри муҳокимашаванда вобастагӣ дорад, ҳамзамон дар моддаи 306 Кодекси мазкур масъалаи беэътибор донистани далелҳо аз мадди назар дур мондааст, ки он баҳри амалишавии адолати судӣ ва кафолати ҳифзи судӣ зарур мебошад. Бинобар ин, қисми 1 моддаи мазкур дар таҳрири нав пешбинӣ гардидааст, ки минбаъд ҳуқуқи дархост кардани тарафҳоро оид ба хориҷ кардани далелҳо, ки бо вайрон кардани талаботи кодекси мазкур пешниҳод мешавад, фаро мегирад.
Лоиҳаи қонун расмиёти муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузашта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, дар маҷмӯъ 15 таклиф пешниҳод шудааст, ки ҷиҳати такмили лоиҳа истифода гардиданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС:- Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсидинзода дода мешавад. Марҳамат.
Мавзуна ШАМСИДИНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир, Шамсидинзода Мавзуна, Дӯстмуродзода Сурайё, Шарифзода Ғиёсиддин ва Икромӣ Фазлиддин таҳия гардидааст.
Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба дигаргуниҳои муносибатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», қонунҳои соҳавӣ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» ва қонунҳои дигари соҳавӣ мебошад.
Дар лоиҳаи қонун ба 21 моддаи қонуни амалкунанда тағйирот ворид гардида, аз ҷумла сархатҳои нуҳум ва дувоздаҳуми моддаи 1, қисми якуми моддаи 4, номи боби 2, моддаҳои 11 ва 16, моддаи 30, сархати дуюми моддаи 32, номи боби 14 ва моддаи 53 дар таҳрири нав ифода ва моддаҳои 19, 52 ва номи боби 15 аз матни қонун хориҷ карда шудаанд.
Тибқи талаботи моддаҳои 8, 40 ва 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мафҳумҳои «мақоми ваколатдор», «ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта» дар тамоми матни қонун дар як шакл, мафҳумҳои «коллексияи зоологӣ» ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мутобиқат бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ва «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 11 ва 16 мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикорӣ» ифода карда шудаанд.
Лоиҳа расмиёти дохилиро мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон гузаштааст. Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 46 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 36-то қабул, 1-то қисман қабул ва 9-тои дигараш қабул нагардиданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 13 ва 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Мавлодод дода мешавад. Марҳамат.
Абдуқодир МАВЛОДОД: — Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» яке аз қонунҳои асосии соҳаи ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад, ки тибқи он, истифодабарии устувори захираҳои олами ҳайвонот, нигоҳдорӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои нобудшавӣ ва дар ин замина пешбурди «Рӯйхати намудҳои нодир ва зери хатари нестшавӣ қарордоштаи ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯйхати намудҳои нодири байналмилалии ҳифзи табиат (МСОП) воридгардида»-ро танзим менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» аз 5 январи соли 2008 таҳти № 354 қабул гардидааст, ки то имрӯз барои мутобиқат намудан ба қонунҳои дигари қабулгардида, новобаста ба дигаргуниҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, ба он тағйироту иловаҳо ворид карда нашудаанд.
Ба ғайр аз ин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист (соли 2011), «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» (соли 2014), «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (соли 2017) ва як қатор қонунҳои соҳавӣ зарурати ворид намудани тағйирот ба миён омадааст.
Лоиҳаи қонун бо назардошти таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот ва ба танзим даровардани меъёрҳои истифодаи олами ҳайвонот таҳия гардида, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи қонунгузории байналмилалии соҳаи ҳифзи олами ҳайвонот ҷавобгӯй мебошад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён дода мешавад. Марҳамат.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва тақвият бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Содиқӣ, Л. Абдухолиқзода, Ғ. Шарифзода, Ф. Наҷмиддиниён, Г. Шарофзода ва Р. Даринг таҳия ва пешниҳод шудааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2022 таҳти №1038 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигар ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумитаи масъул 16 сентябри соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи кумита пешниҳодҳоро баррасӣ намуданд. Ҷиҳати такмили он 21 пешниҳод манзур шудааст, ки 15-тоаш қабул, 1 қисман қабул ва 5-тои дигар қабул нагардид. Лоиҳаи қонун мутобиқ ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ расмиёти дохилиро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.
Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшаванда муқаддимаи қонуни мазкур ҷиҳати мувофиқагардонии он ба меъёрҳои қонун аз лиҳози забонӣ ва ба талаботи техникаи қонунгузорӣ мутобиқ гардонидан дар таҳрири нав ифода гардидааст. Қисмҳои 2, 5 ва 6 лоиҳаи қонун хусусияти таҳрирӣ ва техникӣ дошта, қисмҳои 3 ва 4 иловашаванда бошад, бо мақсади мутобиқ намудан ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун ба моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, инчунин аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ дода мешавад. Марҳамат.
Ҷамила ЛАНГАРӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумқурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва тақвият бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бо қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур ба муқаддима моддаҳои 11, 2, 17 ва 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» тағйироту иловаҳо ворид мегарданд. Инчунин, назорат ва тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди коргузорӣ ва идоракунии давлатии фаъолияти бойгонӣ мушаххас карда мешавад.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шурӯъ менамоем.
Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.
Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз ҚУРБОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади баланд бардоштани ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд ва амалисозии сиёсати давлат дар самти таълиму тарбияи фарзанд бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода, Файзулло Наҷмиддиниён, Бахтиёр Аҳмадзода, Баҳриддин Зиёӣ ва Комрон Исмоилзода таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2022 таҳти №1181 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигар ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумитаи масъул 16 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи кумита таклифу пешниҳодҳоро баррасӣ намуданд.
Дар умум, ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун 31 таклиф пешниҳод гардид, ки 22-тоаш қабул ва 9-тои он қабул нагардид. Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиро мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.
Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида хусусияти таҳрирӣ дошта, ҷиҳати мутобиқ намудан ба талаботи техникаи қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст. Қисмҳои 3 ва 4-и лоиҳа бо мақсади муқаррар кардани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, маҳсуб меёбанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, инчунин аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтани қарзи давлатӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода аз рӯи масъала «Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтани қарзи давлатӣ» муфассал суханронӣ намуд.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.
Азиз ГИЁЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтани қарзи давлатӣ» барои додани ризоят ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Бояд зикр кард, ки ҷалби маблағҳои қарзӣ барои маблағгузорӣ гардидани чорабиниҳои аввалиндараҷаи буҷети давлатӣ равона карда мешавад.
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» мутобиқ мебошад.
Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки пешниҳоди зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтани қарзи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» шурӯъ мекунем.
Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» манзур мегардад.
Он мутобиқ ба талаботи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия шудааст.
Дар робита ба ин, тағйиротҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» пешниҳодшуда фарогири масъалаҳои вобаста ба таъмини маблағгузории чорабиниҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла татбиқи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ, маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ва амниятӣ мебошад.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд ҷиҳати татбиқи «Барномаи баланд бардоштани устуворӣ тавассути хароҷоти фаъоли зиддисиклӣ» ҷалби 50 млн. доллари амрикоии маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ шуда, тибқи тартиби муқарраршуда маблағ бояд дар қисми даромад ва хароҷоти буҷет ба инобат гирифта шаванд. Созишномаи дахлдор дар раванди расмиёти дохилидавлатӣ қарор дорад.
Маблағҳои грантии ҷалбшуда бо бартарият барои татбиқи саривақтии Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 таҳти рақами 116 тасдиқ шудааст, равона мегардад.
Бо назардошти дар қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ба инобат гирифтани манбаъҳои маблағгузории зикршуда зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети давлатӣ ба миён омада, тибқи тартиб тағйиру иловаҳо ба моддаҳои алоқаманд ба даромад, хароҷот ва касри буҷет ворид карда шудааст.
Дар робита ба ин, тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» тағйиру илова ворид карда мешавад.
Ворид намудани тағйироти дахлдор имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ сифатнок иҷро гардида, мувозинати буҷет ва чорабиниҳои аввалиндараҷаи буҷети давлатӣ то охири соли молиявии 2022 таъмин карда шавад.
Аз шумо вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида дар ҷаласаи васеи кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи қоидаҳои сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.
Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Қоидаҳои сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Қоидаҳои сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 боб ва 7 банд иборат буда, тартиби сарфарозгардонӣ, тайёр намудан ва маҳфуз нигоҳ доштани Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин асосҳо ва тартиби ҳавасмандгардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Мутобиқи қоидаҳои мазкур бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва собиқадорони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони сиёсӣ, арбобони давлатию ҷамъиятӣ, дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони сиёсӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятии хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу байнипарламентӣ, инчунин дигар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд сарфароз гардонида мешаванд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия мухолифат надошта, амалишавии он аз ҳисоби маблағҳои дар Сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, таъмин карда мешавад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қабули лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимӣ Файзулло» шурӯъ менамоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст?
Ягон пешниҳоди дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимӣ Файзулло» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд. Ба шумо, ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Хӯҷаназари АМИНИЁН,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ