Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи созишномаҳои маблағгузорӣ ва грантии беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ

№12 (4274) 29.01.2021

DSC_0319

Бисту ҳаштуми  январи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор шуд.

РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, раиси Бонки  миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, муовини якуми вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва дигар шахсони даъватшуда ҳузур  доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Ёқубзода М. М.»

2. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Ф. Н.»

3. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)

4. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)

5. Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба истифодаи системаҳои алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо

6. Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Масъалаи якум «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Ёқубзода Мирҳаёт Миробид» мебошад.

Ёқубзода Мирҳаёт Миробид дар толор ҳузур доранд. Ӯ солҳои 2011- 2015  дар мансабҳои гуногуни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва аз соли 2015 дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани «Ёқубзода М. М.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Фирдавс Назримад» шурӯъ менамоем.

Толибзода Фирдавс, ки  ҳоло дар толор ҳузур дорад, 15 сол аст, ки  дар мансабҳои гуногуни Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Ф. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба раиси Бонки  миллӣ, ки ҳузур доранд, таъин гардидани муовинони раиси Бонки миллиро табрик мегӯем. Инчунин, ёдовар мешавам, ки  соли 2014 «Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025»- ро қабул карда будем. Дар давоми амали татбиқи ин стратегия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  хизмат­расониҳои  пардохтӣ ва  низоми пардохтӣ» қабул ва мавриди истифода қарор гирифт.

Агар гӯем, ки ҳоло  низоми бонкӣ қариб ҳар рӯзу ҳар соат тағйир ёфта, такмил меёбад, хато намекунем. Дар ин хусус дар Паёми Пешвои миллат низ дар назди  роҳбарони  низоми бонкии ҷумҳурӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дар робита ба ин, аз ҷумла вазифа гузошта шуд, ки қонунҳои  амалкунанда таҷдиди  назар ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонида шаванд. Бинобар ин, якҷо бо кумитаҳои масъули Маҷлиси намояндагон Бонки миллиро зарур  аст, ки ин корро анҷом диҳад.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи  сармоягузорӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи  байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ) шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло  дода мешавад. Марҳамат.

МАҶИДӢ Юсуф Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо ду созишномаи  маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии  рушд, инчунин, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки  байналмилалии таҷдид ва рушд ва  Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани  хизматрасонии тиббӣ» манзур мегардад.

Созишномаҳои зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2020 таҳти №68 маъқул дониста, 16 ноябри соли 2020 ба имзо расонида шуданд.

Бинобар маҳдуд будани маб­лағҳои буҷетӣ, дар асоси арзёбии натиҷаҳои лоиҳа ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои лоиҳа ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 10,0 млн. доллар ва Фонди ГАВИ тавассути Бонки ҷаҳонӣ 2,0 млн. доллар, ки ҳар ду ин маблағҳо грант мебошанд, пешниҳод менамояд.

Ҳадафи амалисозии лоиҳа мусоидат ба беҳтар намудани фарогирии сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 10 ноҳияи таҷрибавии қаблӣ ва шаш ноҳияи таҷрибавии нав интихобшуда мебошад.

Бояд зикр кард, ки лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» аз ҷумлаи лоиҳаҳои амалкунанда ва афзалиятнок ба шумор рафта, дар татбиқи «Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2023» нақши муҳим дорад.

Он аз се қисмат иборат буда, қисмати якум «Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият» ном дорад. Дар доираи он татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои  фаъолият дар зинаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳия — Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ ва Файзобод дар назар аст.

Инчунин, васеъкунии минбаъдаи татбиқи маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар шаш  ноҳияи нави таҷрибавӣ, яъне, ноҳияҳои Кӯшониён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Зафаробод, Дарвоз ва шаҳри Кӯлоб дастгирӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр, ҷорӣ намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар 16 ноҳияи таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Барои амалисозии чорабиниҳои дар қисмати зерин банақшагирифта аз ҳисоби маблағгузории Ассотсиатсияи байналмилалии рушд- 4,4 млн. доллар ва Фонди ГАВИ- 1,5 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст.

Қисмати дуюми лоиҳа таҳкими кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб меравад. Он ба баланд бардоштани иқтидор ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ пешниҳод шуда, тавассути омӯзонидани тибби оилавӣ, эмкунӣ ва ҳифзи солимии модару кӯдак ба кормандони муассисаҳои таҷрибавӣ равона шудааст.

Дар доираи он, инчунин аз ҳисоби маблағгузории иловагии дуюм, омӯзиши дусолаи мутахассисони соҳаи тибби оилавӣ, яъне  ординатураи клиникӣ, ба нақша гирифта шудааст. Маблағи умумии пешбинишуда ба ин қисмат аз ҳисоби маблағгузории Ассотсиатсияи байналмилалии рушд — 3,7 млн. доллар ва Фонди ГАВИ — 0,5 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Қисмати сеюм идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳа мебошад, ки барои амалисозии он 1,9 млн. доллари амрикоӣ равона мегардад. Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардидани лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои маблағгузорӣ ва грантии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад. Марҳамат.

ГИЁЗОДА Азиз Қодир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ) 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст. Мақсад ва муҳтавои созишнома дар баромади муовини вазири молия возеҳу равшан шарҳ дода шуд.

Бояд зикр кард, ки маблағгузории дуюми иловагӣ бо мақсади таъмини устувории лоиҳаи зикршуда, аз ҷумла нигоҳдории 37 муассисаи тиббии сохташуда, пешбинӣ гардидааст. Илова ба ин, дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ миқдори умумии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз 10 то 16 адад зиёд гардида, дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ корҳои барқарорсозӣ дар зиёда аз 100 маркази саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ анҷом дода мешаванд. Он, ҳамчунин, бо мақсади харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ барои 448 муассисаи шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва барқарорсозии муассисаҳои зикршуда пешбинӣ гардидааст.

Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои лоиҳа 7,3 млн. ва ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки 10,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад.

Созишномаро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карданд.

Он расмиётро гузаш­та, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, хоҳишмандам тасдиқи созишномаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маб­лағгузории дуюми иловагӣ) шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад. Марҳамат.

ГИЁЗОДА Азиз Қодир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ) 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳадафи он мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 10 ноҳияи таҷрибавии қаблӣ ва шаш ноҳияи таҷрибавии навинтихобгашта мебошад. Маблағи иловагӣ барои лоиҳа дар ҳаҷми 2000 000 доллари ИМА аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» яке аз лоиҳаҳои амалкунанда ва афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2023» ворид ва анҷоми он соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Созишномаи зикршударо кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Зеро он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ кардани Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии шумо масъала «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба истифодаи системаҳои алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо» пешниҳод мегардад. Сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

СОБИРЗОДА Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба истифодаи системаи алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо» дар асоси моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади фароҳам овардани асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба он таҳия шудааст.

Созишнома оид ба истифодаи системаи алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо 6 июни соли 2018 дар шаҳри Қизили Федератсияи Россия аз ҷониби ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия ба имзо расидааст. Созишнома расмиёти дохилидавлатии ҳамаи кишварҳоеро, ки онро ба имзо расониданд, гузаш­та, эътибор пайдо намудааст. Он истифода ва мукаммалгардонии системаи алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбиро бо мақсади баланд бардоштани устувории идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии ИДМ ва ташкили ҳамкориро дар ин самт пешбинӣ мекунад.

Дар ин замина, ҳамкории тарафҳо дар самтҳои таъсис додани системаи нави алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва дастрас намудани имкониятҳои нави чунин намуди алоқа, истифодаи имкониятҳои мавҷудаи дастгоҳҳои моҳворавии (кайҳонӣ) таъиноти ҳарбии давлатҳои тарафҳо, инчунин, густариш додани қисмати миллии системаи алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ба роҳ монда мешавад.

Созишномаи зикршуда механизми ҳуқуқии таъсис, истифода ва мукаммалгардонии системаи алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро фароҳам овардааст. Тибқи он, имкониятҳои мавҷудаи дастгоҳҳои кайҳонии таъиноти ҳарбии Федератсияи Россия ба иштирокчиёни созишнома барои идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пешниҳод гардида, алоқаи мутақобилаи мақомоти идоракунии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчӣ ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, имконияти ройгон пешниҳод намудани он дар доираи расонидани кумаки ҳарбӣ — техникӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ҳамроҳшавӣ ба созишнома имкон медиҳад, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои иштирокчии ИДМ ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи истифодаи системаи алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо ба роҳ монад ва бо ин мақсад созишномаҳои алоҳидаи ҳамкорӣ ба имзо расонад.

Хароҷот барои амалигардонии созишнома дар асоси қонунгузории миллии тарафҳо, дар доираи маблағҳои буҷетии вазоратҳои мудофиа амалӣ гардида, маблағгузории иловагӣ пешбинӣ намешавад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳшавӣ ба созишнома бо мақсади баланд бардоштани устувории идоракунии қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар шароити афзудани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир муҳим арзёбӣ мегардад. Инчунин, ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишнома зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории миллиро ба миён намеорад.

Бинобар ин, хоҳишмандам, лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавд. Марҳамат.

АЗИМЗОДА

Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи баррасишаванда 6 июни соли 2018 дар шаҳри Қизили Федератсияи Россия ҷиҳати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Аз ҷониби муовини якуми вазири мудофиа муаррифӣ шудани созишнома мазмун, муҳтаво ва мақсади онро ба мо маълум намуд. Мехоҳам чанд ҷиҳатро доир ба он ки ҳамроҳшавӣ ба созишнома барои кишвари мо кадом имкониятҳоро фароҳам меорад, зикр кунам:

Якум, он баҳри баланд бардоштани устувории идоракунии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар самти таъсис додани сис­темаи алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва ташкили ҳамкорӣ дар ин самт мусоидат менамояд.

Дуюм, истифодаи механизмҳои муайянкарда барои ба даст овардани маълумот ва дар фаъолияти идоракунии фаврӣ ҷо ба ҷо намудани онҳо имкон фароҳам меорад.

Истифодаи алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва имкониятҳои дастгоҳҳои моҳворавии (кайҳонӣ) таъиноти ҳарбии давлатҳои иштирокчӣ буда, барои густариш бахшидан ба қисмати миллии низоми алоқаи зикр­шуда шароит муҳайё месозад. Аз ин лиҳоз, он имкон медиҳад, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро дар ин самт ба роҳ монда, ба воситаҳои пурзӯр ва пуриқтидори техникӣ дастрасӣ ёфта, онро дар доираи маблағҳои буҷетӣ амалӣ намояд.

Дар ин замина он ҳамчунин, барои ёрии техникӣ, сари вақт гирифтани ахбори пурра оид ба мақсад, доираи таҳдиди хатарҳои ногаҳонӣ мусоидат намуда, баҳри пешгирии ин хатарҳо шароит муҳайё мекунад.

Ҳуҷҷатҳои созишнома бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа ва бо мақсади фароҳам овардани асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба он таҳия шудааст. Онро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карданд. Зеро ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 қисми 3 банди «а», моддаҳои 7, 8, 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаҳои 7, 8 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», созишнома баъди тасдиқ дар Маҷлиси намояндагон қувваи қонунӣ мегирад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба истифодаи системаҳои алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

СОБИРЗОДА Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар асоси моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади фароҳам овардани асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба он, таҳия шудааст.

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 6 июни соли 2018 дар шаҳри Қизили Федератсияи Россия аз ҷониби ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ба имзо расида, расмиёти дохилидавлатии кишварҳоеро, ки онро ба имзо расониданд, гузашта, эътибор пайдо намудааст ва ҳамкории давлатҳои иштирокчиро дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати Қувваҳои Мусаллаҳ пешбинӣ менамояд.

Бо ин мақсад тарафҳо махзанҳои иттилооти геофазоиро таъсис дода, мубодилаи мутақобиларо оид ба иттилооти геофазоӣ, тибқи имконияту талаботи тарафҳо ва таҷрибаи корӣ, амалӣ менамоянд, омӯзонидани кадрҳои соҳаро ба роҳ мемонанд, таҳқиқоти илмӣ-амалӣ ва корҳои муштаракро мегузаронанд, инчунин, адабиёти методӣ, таълимӣ ва махсуси соҳавиро мубодила менамоянд.

Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба созишнома ба манфиати таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ буда, имкон медиҳад, ки барои фаъолияти хадамоти маҳалнигории ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар иттилооти геофазоӣ аз давлатҳои иштирокчии созишнома, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсия Россия, ҷиҳати омода ва навсозии харитаҳои банақшагирии амалиётҳои ҷангӣ, бозомӯзии маҳал, аниқнамоии координатаҳо, ҳудуди алоҳида ва биною иншоотҳо тибқи созишҳои алоҳида, байни мақомоти мудофиаи тарафҳо дастрас карда шавад. Инчунин, барои тайёрнамоӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳа барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меояд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ иттилооти геофазоӣ ва дигар имкониятҳои кишварҳои иштирокчиро дар ин соҳа ройгон истифода намояд. Хароҷот барои татбиқи созишнома аз ҷониби тарафҳо мустақилона амалӣ гардида, маблағгузории иловагиро аз буҷет талаб надорад.

Инчунин, ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба созишнома зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории миллиро ба миён намеорад. Бинобар ин, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА

Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳамроҳшавӣ ба Созишномаи зикршуда чанд имкониятро фароҳам меорад:

Якум, мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати Қувваҳои Мусаллаҳи якдигари давлатҳо буда, ба ташкили ҳамкорӣ дар ин самт мусоидат менамояд.

Дуюм, таъсиси махзанҳои иттилоотии геофазоӣ, мубодилаи мутақобилаи онҳо аз рӯи талаби тарафҳо дар таҷрибаи корӣ ва омӯзонидану омодасозии кадрҳои соҳавӣ дар ин самт зарур ва ба нафъи кор мебошад.

Истифодаи воситаҳои техникию технологии муосир ва ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ дар фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар доираи маблағҳои буҷетӣ сурат хоҳад гирифт.

Ҳуҷҷатҳои созишнома бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа ва бо мақсади фароҳам овардани асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба он пешниҳод шудааст. Созишномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи он дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карданд.Зеро ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 қисми 3 банди «а», моддаҳои 7, 8, 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаҳои 7, 8 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», созишнома баъди тасдиқ дар Маҷлиси намояндагон қувваи қонунӣ мегирад. Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Ба шумо барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ