Бистуми декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 55 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №6024-TJ, қарзи №6025-TJ ва гранти №D179-TJ) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд
2. Дар бораи Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ (№ GCL NO.(2017) 27 TOTAL NO.(632) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой
3. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №6089-TJ ва гранти №D205-TJ) оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №6024-TJ, қарзи №6025-TJ ва гранти №D179-TJ) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд сухан ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ дода мешавад.
УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Рушди бахши энергетика яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, ҳамчун соҳаи муҳимтарину афзалиятноки рушди устувори мамлакат, пешбарандаи иқтисодиёт ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар муайян шудааст.
Боиси ифтихори мо — энергетикҳо ҳаст, ки маҳз бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ нахустин маротиба соли ҷорӣ имконият пайдо гардид, ки дар се моҳи фасли тирамоҳ маҳдудияти неруи барқ дар кишвар пурра бартараф гардида, кӯшишҳо баҳри пурра бо неруи барқ таъмин намудани аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакат дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон ва солҳои минбаъда роҳандозӣ карда шаванд.
Вобаста ба масъалаи «Созишномаи қарзӣ барои лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак» мехоҳам зикр намоям, ки неругоҳи мазкур солҳои 70-уми асри гузашта сохта, ба истифода дода шудааст ва дар давоми 46 сол зиёда аз 434 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол намудааст. Айни замон, бинобар куҳнаву фарсуда гардидани таҷҳизот, тавоноии агрегатҳо аз 25 то 35 мВт кам гардидааст. Бо сабаби дар таъмир қарор доштани гидроагрегати № 9, аз 3000 мВт тавоноии пурраи неругоҳи мазкур танҳо 2400 мВт тавоноии он истифода мешавад.
Ҳарчанд солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барқарорсозии баъзе қисматҳои Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷониби Бонки олмонии рушд (барои сохтмони дастгоҳи тақсимотии пӯшидаи элегазии 220 кВ) 25 млн.евро ва аз ҷониби Бонки рушди Осиё (барои барқарорсозии дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии 500 кВ) 54 млн. доллар ҷудо шуда бошад ҳам, имрӯз зарурати таҷдиду барқарорсозии пурраи неругоҳ ба миён омадааст. Дар робита ба ин, бо ҷалби маблағгузории Ассотсиатсияи байналмилалии рушд солҳои 2015-2016 аз ҷониби Ширкати фаронсавии «Tractebel Engineering» тадқиқоти «Асосноккунии техникӣ — иқтисодии таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъмини бехатарии садд» гузаронида, барои барқарорсозии неругоҳ тахминан 700 миллион доллар маблағ муайян карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки барои марҳилаи якуми лоиҳа аз ҷониби созмонҳои байналмилалии молиявӣ — Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки умумиҷаҳонӣ 225 млн.доллар грант ва қарз, аз ҳисоби Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ 60 млн. доллар ва аз ҳисоби Бонки авруосиёгии рушд 40 миллион доллар қарз ҷудо гардид.
Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа таҷдиди 3 гидроагрегат, 6 автотрансформатор ва корҳо вобаста ба бехатарии садд амалӣ карда мешаванд. Муҳлати татбиқи марҳилаи якуми лоиҳа 5 сол ва муҳлати таҷдиди пурраи неругоҳ 10 солро дар бар мегирад.
Дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани 6 гидроагрегат, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 тонна пешбинӣ гардидааст.
Баъд аз гузаронидани озмуни байналмилалӣ 12 декабри соли 2016 байни Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва ғолиби озмун – Ширкати швейтсариягии «Stucky» қарордод вобаста ба идоракунии лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Норак» ба имзо расид.
Айни замон озмуни интихоби ширкати пудратӣ барои барқарорсозии дастгоҳҳои асосии неругоҳ идома дорад, 24 ноябр кушодани пешниҳодҳои озмунии довталабон баргузор гардид. Дар он ширкатҳои ANDRITZ HYDRO, Voith Hydro ва ширкати General Eiectric Hydro иштирок намуданд ва ҳоло арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ давом дорад.
Баъди ба итмом расонидани корҳои барқарорсозӣ ва васлу насби генератору турбинаҳои ҳозиразамон тавоноии неругоҳ тахминан 10 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ, ба 3300 мВт хоҳад расид.
Аз шумо хоҳишмандам созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.
Мансурӣ Дилрабо Сайдулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи № 6024- TJ, қарзи 6025 TJ ва гранти № D179- ТJ) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, ки 2 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар суханронии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода нуктаҳои асосии созишномаи мазкур пурра шарҳ дода шуданд. Танҳо ҳаминро зикр карданиам, ки кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 14 декабри соли 2017 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Доир ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.
Ҷаббор Ахмедов: - Муҳтарам Раис, ман ба вазир ду савол дорам:
Ҳоло дар ҷумҳурӣ неругоҳҳои зиёд бунёд ва таҷдид шуда истодаанд, зеро талабот ба неруи барқ торафт зиёд мешавад, бинобар ин самаранок истифода бурдани неруи барқ дар мадди аввал меистад.
Хоҳишмандам оид ба соҳаҳое, ки дар онҳо истифодаи неруи барқ зиёд аст, маълумот диҳед, зеро миқдори истифодаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ нисбат ба дигар кишварҳо бештар аст.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, ба системаи ягонаи энергетикӣ ворид кардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Дар робита ба он оид ба гуфтушунидҳо ҷиҳати барқарор кардани системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ маълумот диҳед.
УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: - Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии иқтидорҳои энергетикии мавҷуда кори зиёд анҷом меёбад. Намунаи барҷастаи он татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак» мебошад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби созмону ташкилотҳои молиявӣ ҷараён мегирад. Ҳамчунин, ҳоло барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо маблағгузории Бонки рушди Осиё ба маблағи 136 миллион доллар ҷараён дошта, барои пурра барқарор сохтани ду агрегати он иловатан 20 миллион доллар ҷудо гардидааст. Моҳи августи соли оянда агрегати якуми он ва дар муддати чор сол ҳама агрегати неругоҳ пурра барқарор карда мешаванд.
Барои барқарории фаъолияти пурраи Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» низ маблағ ҷудо ва кор шурӯъ гардидааст. Баъди анҷоми тадбирҳои пешгирифта тавоноии неругоҳи мазкур 48 мегаВатт зиёд хоҳад шуд.
Ҳоло неруи барқро дар кишвар аҳолӣ бештар истифода мебарад. То оғози солҳои 2000-ум қисми асосии неруи барқ барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ истифода мешуд. Бо дарназардошти он ки солҳои минбаъда фаъолияти КВД «Талко» тавсеа меёбад, истифодаи неруи барқ аз ҷониби ин корхона бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» иловатан ҳар шабонарӯз 9 миллион кВт/соат неруи барқ тавлид ёфта истодааст, ки таъминот бо неруи барқро хеле беҳтар гардонид.
Илова бар ин, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой масъалаи бунёди неругоҳи ҳароратӣ низ мавриди баррасӣ қарор дорад, ки он 600 мегаватт тавоноӣ хоҳад дошт.
Мо ба истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти сарфакунандаи неруи барқ ҳам аҳамияти махсус медиҳем. Масалан, ҳоло дар вилояти Суғд дар як шабонарӯз 15-16 миллион киловатт/соат неруи барқ истифода мешавад, ки аз он 8 миллион киловатт/соаташ ба насосҳои обкашӣ рост меояд, зеро онҳо хеле фарсуда шудаанд. Агар мо таҷҳизот ва дигар қисмҳои насосҳоро иваз кунем, истифодаи неруи барқ барои истифодаи онҳо аз 8 ба 2 миллион киловатт/ соат кам мешавад.
Ба масъалаи барқарор кардан ва пайваст шудан ба Шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бо дастур ва супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» машғуланд. Гурӯҳҳои корӣ якчанд маротиба дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошкент вохӯрӣ доир намуданд.
Баъди он ки соли 2009 Туркманистон аз Шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо шуд ва баъдтар ҷумҳурии мо низ аз он берун рафт, хатти интиқоли неруи барқи Ҷануб –Шимоли Тоҷикистон бунёд ёфт, дар Шабакаи энергетикии мамлакат тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Шабакаи энергетикии Ӯзбекистон низ тағйир ёфт. Барои барқарории шабакаи ягонаи энергетикӣ шабакаи зиддисадамавии ҳимоявии релевии навро ба вуҷуд овардан лозим аст. Агар корҳои зарурӣ анҷом ёбанд, мо имкон пайдо мекунем, ки дар фасли тобистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон неруи барқ содирот намоем.
РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирова Мусаллам дода мешавад.
Мусаллам ҚОДИРОВА: — Солҳои пеш дар ноҳияи Шаҳринав ду неругоҳи барқи обии хурд сохта шуд, вале ба истифода дода нашудаанд. Инро сабаб чист?
УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: — Дар солҳои охир аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, шахсони алоҳида ва ШСХК «Барқи Тоҷик» неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Як сабаби асосии ба фаъолият шурӯъ накардани қисме аз неругоҳҳо дар он аст, ки оби дарёҳое, ки неругоҳҳо дар онҳо бунёд шудаанд, баҳору тобистон андозагирӣ шудаанд, на айёми зимистон.
Дар бисёр минтақаҳо неругоҳҳое сохта шудаанд, ки то 500 киловатт/соат тавоноӣ доранд, вале дар фасли зимистон, бинобар камобии дарё, ақаллан 100 киловатт/соат неруи барқ истеҳсол карда наметавонанд.
Ҳар ду неругоҳе, ки дар ноҳияи Шаҳринав («Чептура» ва «Тоҷ») бунёд шудааст, бо сабаби дар боло зикршуда ба истифода дода нашудаанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ беш аз 280 неругоҳи хурди барқи обӣ мавҷуд аст, ки 90 адади он бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла камобии дарё дар фасли зимистон, мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтанд.
РАИС: — Сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.
Акрамшо Фелалиев: - Муҳтарам Раис! Мехоҳам аз вазири муҳтарам суол кунам, ки сабаби тӯл кашидани бунёди Неругоҳи барқи обии «Оқсу-2» дар чӣ аст?
УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: — Сабаби асосӣ дар он аст, ки ин лоиҳа аз ҷониби Бонки рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад ва тартиби кори бонк вақти зиёдтарро мегирад. Вақте ки аз ҷониби кормандони «Помирэнержӣ» ва худи бонк асосноккунии техникии лоиҳаро омода намуданд, тавоноии неругоҳро 800 киловатт ба назар гирифта буданд. Бо ин мақсад барои бунёди неругоҳ бонк 4 миллион доллар ҷудо кард ва баъди он ки бонк бо мушовирони ҷалбгардида имкониятҳои воқеиро ба ҳисоб гирифтанд, ба натиҷа расиданд, ки неругоҳро метавонанд бо тавоноии 1500 киловатт бунёд намоянд. Ба ин мақсад Бонки рушди Олмон иловатан 7 миллион доллар ҷудо кард ва ҳоло сохтмони иншооти мазкур оғоз ёфтааст, ки моҳи июли соли оянда ба охир мерасад.
РАИС: — Зимни суҳбате, ки ман чанде пеш бо сафири Олмон доштам, аз ин хусус низ сухан рафт. Ҷониби Олмон муътақид аст, ки бунёди ин неругоҳ дар муҳлати муқарраршуда поён меёбад.
Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович дода мешавад.
Ҳаёт ОДИНАЕВ: – Муҳтарам вазир! Дар қаъри обанбори НБО-и «Норак» такшини зиёд ҷамъ шуда, ҳаҷми оби обанборро кам карда, ба фаъолияти неругоҳ таъсир мерасонад. Оид ба ин масъала чӣ андеша доред?
УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: — Ин масъалаи басо муҳим аст ва вақте мо лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак»-ро таҳия намудем, масъалаи дигар аз тоза кардани таҳшинҳои обанбор иборат буд ва асосноккунии техникиву иқтисодии он низ омода гардид. Обанборро тоза кардан мумкин аст, вале бо дарназардошти он ки маблағи зиёд сарф мешавад ва ба инобат гирифтани он ки соли оянда агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба истифода дода шуда, ба НБО-и «Норак» оби нисбатан тоза ворид мегардад, ба хулоса омадем, ки аз лиҳози иқтисодӣ зарурати тоза кардани сатҳи обанбор нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №6024-TJ, қарзи № 6025-TJ ва гранти №D179-TJ) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба овоз монда шуд ва қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Дар бораи Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ (№ GCL NO. (2017) 27 TOTAL NO. (632) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ дода мешавад.
Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ:
Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи «Таҷдид ва сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой 1 сентябри соли 2017 созишномаи қарзӣ бо шарту шароити зерин ба имзо расид:
- маблағи умумии қарз – 546 миллион юани Ҷумҳурии Халқии Хитой (79 миллион доллари америкоӣ):
- муҳлати қарз -25 сол;
- давраи имтиёзнок – 8 сол;
- меъёри фоизи солонаи қарз, бо дарназардошти нигоҳдории маблағҳо ва хизматрасонии бонкӣ 2,0 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳадафи амалӣ намудани лоиҳаи мазкур пайваст намудани Неругоҳи барқи обии «Роғун» тавассути ду хатти баландшиддати 500 кВ ба зеристгоҳи «Душанбе — 500» ва таъмин намудани интиқоли неруи барқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ мебошад.
Хатҳои интиқоли барқи мазкур аз мавзеи ҷойгиршавии дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ-таи Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида, тавассути ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб ба зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» пайваст мегарданд.
Дар лоиҳа сохтмони ду хатти интиқоли барқи алоҳидаи 500 кВ бо дарозии умумии 190 км бо насби 401 адад такягоҳ, насби ду чашмаки барқии 500 кВ бо васлакҳои элегазӣ ва системаи автоматии зиддисадамавӣ ва ҳимоявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи мазкур байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати «TBEA»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба муҳлати 18 моҳ шартнома ба имзо расонида шуд. Татбиқи лоиҳа 14 сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид Имрӯз аз ҷониби ширкати пудратӣ корҳои кандани чуқурии таҳкурсии 260 такягоҳ ва рехтани бетони 238 адад такягоҳ ба анҷом расида, насби такягоҳҳо оғоз гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи «Таҷдид ва сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» техникаву механизмҳои зарурӣ, такягоҳҳо, васлакҳои элегазӣ, таҷҳизоти системаи идоракунӣ ва ҳимояи релегӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид ва корҳои сохтмонии лоиҳа, насби такягоҳҳо аз тарафи мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо иштироки пудратчиён ва коргарони маҳаллӣ иҷро шуда истодааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур байни корхонаҳои истеҳсоли ноқилҳо – ТАЛКО-кабел ва Регар-кабел барои истеҳсоли ноқили алюминии навъи АС-400 мм, ки дар доираи лоиҳа истифода мешавад, шартнома омода гардида истодааст, ки барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар татбиқи Барномаи давлатии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи кишвар саҳми бевосита мегузорад.
Аз шумо хоҳиш дорам, созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.
Нидозода Ҳусейн Болта:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ (№ GCL NO.(2017) 27 TOTAL NO.(632) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой 1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсад аз лоиҳаи мазкур ба системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ пайваст намудани Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 79 000 000 доллари амрикоӣ буда, сарчашмаҳои маблағгузорӣ «ЭксИмБонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой бо маблағи 75 050 000 доллари амрикоӣ ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» 3 950 000 доллари амрикоӣ мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 18 моҳро фаро мегирад.
Ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи мазкур Созишномаи қарзии GCL NO. (2017) 27 TOTAL NO. (№632) 1 сентябри соли 2017 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «ЭксИмБонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, 30 марти соли 2015 шартномаи NO. ТВЕА/РТ2015-01 байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расида буд.
Мувофиқи лоиҳа, дар ду хатти интиқоли барқии алоҳидаи 500 кВ 466 адад такягоҳ насб мегардад. Дарозии ҳар як хатти интиқоли барқи мазкур 100 км-ро ташкил медиҳад.
Сохтмони хатҳои интиқоли барқ тавассути ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Роғун зеристгоҳи «Душанбе-500»-ро ба НБО-и «Роғун» пайваст менамояд. Дар зеристгоҳи «Душанбе-500», мувофиқи лоиҳа, таҷҳизоти иловагии барқӣ васлу насб мегардад.
Нақшаи роҳрав ва ҷобаҷогузории такягоҳҳои хатти интиқоли барқи мазкур аз ҷониби мутахассисони «Донишкадаи лоиҳакашии энергетикии Синзян»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой омода шуда, ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» барои мувофиқа пешниҳод гардидааст.
Вобаста ба таҷзияи пояҳои мавҷудаи ХИБ 500 кВ аз ҷониби ширкати «ТВЕА» ширкати маҳаллӣ дар мувофиқа бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» интихоб шуд. Айни замон аз ҷониби ширкати маҳаллӣ 111 адад пояи ХИБ 500 кВ таҷзия ва ба анборҳои нигоҳдории шабакаҳои барқии Марказӣ ва «Тоҷикэнергоснаб»-и шаҳри Душанбе супорида шудааст. Таҷзия ва кашонидани пояҳо идома дорад. Чордаҳуми сентябри соли 2017 ширкати пудратӣ корҳои сохтмониро оғоз намуд ва то ба имрӯз кандани чуқурии таҳкурсии 248 пояи ХИБ 500кВ, рехтани бетони таҳкурсии 181 адад поя ва сохтмони роҳҳоро ба мавзеи сохтмонии 397 поя ба анҷом расонид.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ (№ GCL NO.(2017) 27 TOTAL NO.(632) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитойро пурра ҷонибдорӣ карданд.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Ҳаёт Одинаев дода мешавад.
Ҳаёт ОДИНАЕВ: - Муҳтарам вазир! Татбиқи лоиҳаи мазкур ба лоиҳаи «САSА-1000» алоқамандӣ ё таъсире дорад?
Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ: - Пеш аз он ки ба ин савол ҷавоб диҳам, мехоҳам оид ба лоиҳаи «САSА -1000» маълумот пешниҳод кунам, то ин ки моҳияти масъала фаҳмо шавад.
Лоиҳаи «САSА -1000» хатти барқии 500 кв буда, аз Ҷумҳурии Қирғизистон шурӯъ ва ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пайваст мешавад. Дарозии ин хатти баландшиддат тахминан 1400 километр мебошад ва 800 километраш хатти доимӣ буда, 600 километри он хатти тағйирёбанда мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он аз ду қисмат иборат аст: 115 километр аз шаҳри Турсунзода то Сангтӯда хатти тағйирёбанда ва аз Сангтӯда то сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 116 километр хатти доимӣ мебошад.
Бо мақсади он ки дар фасли тобистон мо 5 миллиард киловатт/соат неруи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон интиқол намоем, ба нақша гирифта шудааст, ки 3 миллиард киловатти он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои май – сентябр ва 2 миллиард киловатти он аз Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол дода мешавад.
Дар ҳудуди Қирғизистон 470 км хатти барқӣ сохта мешавад ва ба зеристгоҳи «Суғд»-и Тоҷикистон пайваст мегардад. Мувофиқи нақша, мо барқеро, ки аз Қирғизистон мегирем, дар минтақаи шимоли Тоҷикистон истифода мебарем ва ба Покистон аз минтақаи ҷануби кишвар барқ интиқол хоҳем дод. Аз ин хотир, хатти баландшиддати Роғун-Душанбе ба «САSА — 1000» пайваст мешавад. Яъне, мо тавассути зеристгоҳи Душанбе барқро ба «Регар-500» интиқол медиҳем ва он аз ин зеристгоҳ ба Сангтӯда ва баъдан ба Покистон равона мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ (№ GCL NO. (2017) 27 TOTAL NO. (632) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой» ба овоз монда шуд ва қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи № 6089-TJ ва гранти № D205-TJ) оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо Ҷонмамадова:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Созишномаи маблағгузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» 15 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба маблағи 50,0 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидааст.
Аз маблағи мазкур 25,0 миллион доллараш грант мебошад, 25,0 миллион доллари амрикоии он дар намуди қарз ҷудо карда мешавад. Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:
- муҳлати қарз – 38 сол;
- давраи имтиёзнокӣ – 6 сол;
- меъёри фоизи қарз – 0,75 фоизи солона.
Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамоянд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.
Оғози лоиҳа моҳи январи соли 2018 ба нақша гирифта, ба анҷом расидани он 31 декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур мустаҳкам намудани иқтидори Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии хатари офатҳо, баланд бардоштани дараҷаи устувории инфрасохтори муҳими он ба хатарҳои табиӣ ва зиёд намудани устувории кишвар дар соҳаи вокуниш ба офатҳо мебошад.
Дар доираи лоиҳа сохтмони 18 кӯпрук дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Қубодиён, Шаҳритуз ва шаҳри Кӯлоб ба масофаи умумии 31 км дар назар дошта шудааст.
Тибқи созишномаи баимзорасида, агентиҳои иҷроияи лоиҳа Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молия, Вазорати нақлиёт ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ муайян шудаанд. Назорати сохтмони кӯпрукҳо ба уҳдаи Вазорати нақлиёт, назорати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба уҳдаи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вогузор шудааст. Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳа «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молия назорати умумии татбиқи лоиҳа ва ҷудо намудани маблағҳои заруриро дар ҳолати сар задани офатҳои табиӣ амалӣ менамояд.
Ҷиҳати омодагӣ ба татбиқи лоиҳаи мазкур 30 майи соли 2016 мактуб-созишнома ба маблағи 2,5 миллион доллари амрикоӣ ва 17 апрели соли 2017 мактуб-созишномаи иловагӣ ба маблағи 3,5 миллион доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба имзо расид. Маблағҳои зикргардида асосан барои гузаронидани асосноккунии техникӣ – иқтисодии гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони кӯпрукҳо, хариди таҷҳизот ва техникаи вазнин равона гардид.
Айни ҳол асосноккунии техникӣ — иқтисодии сохтмони кӯпрукҳо ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад, баъди ба тасвиб расидан ва қувваи ҳуқуқӣ пайдо намудани созишнома аз ҷониби агентиҳои иҷроия татбиқи лоиҳа оғоз мешавад.
Аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вакилони муҳтарам! Масъалаи мавриди баррасӣ хеле муҳим аст. Дар доираи ин созишнома бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидори кишвар дар соҳаи идоракунии офатҳои сарзананда, устувории инфрасохтор маблағҳои қарзӣ ва грантии қобили мулоҳиза ҷудо мешаванд. Биноан, хеле муҳим аст, ки ин маблағҳо самаранок истифода шаванд. Тӯли солҳои гузашта бо мақсади соҳилмустаҳкамкунӣ аз Буҷети давлатӣ маблағи зиёд ҷудо карда мешуд, вале баҳорон, вақте дарёҳо пуроб мешаванд, аз ягон тадбири соҳилмустаҳкамкунӣ нишоне намебинем. Аз кубику сангу шағал ва сеткаҳо чизе намемонад ва хароҷот барои пешгирии офат бошад, ҳар сол такрор шудан мегирад.
Бинобар ин, минбаъд ба ин кор набояд роҳ дод ва иншооте, ки дар доираи созишномаи мазкур сохта мешаванд, бояд муҳлати тӯлонӣ хизмат кунанд. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ҳоло дар толор онҳое ҳозир мебуданд, ки иҷрои ин корҳо ба зиммаашон вогузор мегардад. Вазорати молия дар доираи созишномаи мазкур маблағ ҷудо мекунад, Вазорати нақлиёт сохтмони кӯпрукҳоро назорат мебарад, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро зери назорат мегирад, аммо пудратчиёни ин корҳо кадом ташкилоту идораҳоянд? Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳият иҷрои созишномаҳоро зери назорат қарор медиҳад, ҷараёни татбиқи онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳисоботи мутасаддиёнро мешунавад, қарори дахлдор қабул менамояд.
Дар суҳбате, ки бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ доштам, пурсиданд, ки иҷрои созишномаҳоро парламент баррасӣ мекунад ё не? Мо ҳоло дар доираи муҳокимаҳои парламентӣ баррасии ин гуна масъалаҳоро шурӯъ кардем.
Имрӯз мо масъалаҳои вобаста ба соҳилмустаҳкамкуниро дар ноҳияҳои Восеъ, Қубодиён, Шаҳритуз ва шаҳри Кӯлоб, ки дар доираи ин созишнома ба иҷро мерасанд, баррасӣ карда истодаем. Саволҳое пайдо мешаванд, ки дар доираи амали созишномаи мазкур ҳамаи масъалаҳо омӯхта шудаанд ё не, чаро ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки вазъи соҳилмустаҳкамкунӣ дар он ҷо низ нигаронкунанда мебошад, ба ин созишнома ворид карда нашудааст.
Бинобар ин, ман пешниҳод менамоям, ки идомаи баррасии масъала ба ҷаласаи оянда гузаронида шуда, ҳамаи онҳое, ки ба иҷрои созишномаи мазкур мутасаддӣ мебошанд, ба ҷаласа даъват шаванд, ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагон посух гӯянд, то ин ки масъала аз ҳар ҷиҳат равшан бошад.
Пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Созишномаи маблағгузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» ба овоз монда шуд ва қарор қабул гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ