Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи созишнома оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар Қубодиён

№144 (4564), 115 (4565) 21.11.2022

DSC_8532Ҳаждаҳуми ноябри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сафарзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа ҳафт масъала пешниҳод шудааст.

Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. «Дар хусуси Созишнома оид ба масъа­лаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ»

2. «Дар хусуси Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъонаи) Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ»

3. «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъо­лияти сулҳоваронаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6-уми октябри соли 2007»

4. «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон»

5. «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ»

6. «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуд­ҳои фаъолият».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

ШЕРАЛӢ Мирзо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба масъа­лаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади эътибор пайдо намудани созишнома пешниҳод карда мешавад.

Он дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 16- уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Дар доираи созмон бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавии он қувваю воситаҳои амнияти дастаҷамъӣ таъсис дода шуда, ба таври мунтазам чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангӣ, машқу тамринҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак дар ҳудуди давлатҳои аъзо бо ҷалби контингентҳои ҳарбӣ доир мешаванд.

Дар ин раванд, ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаҳои тобеияти ҳуқуқии ҳайати шахсӣ, муайян кардани тартиби ҳамкорӣ байни мақомоти ваколатдори тарафҳо ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ зимни пешбурди парвандаҳои ҷиноятиву маъмурӣ, инчунин амалигардонии дигар амалҳои мурофиавӣ созишномаи мазкур таҳия ва ба имзо расидааст.

Созишнома бо роҳи ташкили ҳамкории мустақим ва равон намудани дархостҳои асос­нок байни мақомоти ваколатдори тарафҳо, ки тибқи қонунгузории миллӣ ба салоҳияти онҳо масъалаҳои дар созишномаи мазкур танзимгардида дохил мебошанд, амалӣ мешавад.

Масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ дар моддаи 5- уми созишнома муайян гардида, ба тобеияти ҳуқуқии тарафи равонкунанда ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳое дохил мебошанд, ки аз ҷониби шахсони ба ҳайати ҷузъу томҳои тарафи равонкунанда шомил буда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ содир шудаанд, ё ин ки бар зидди манфиатҳои тарафи равонкунанда содир шудаанд.

Инчунин, шаҳрвандони тарафи қабулкунанда дар ҳолати дар ҷои ҳодиса дастгир шудан то иҷро намудани чорабиниҳои бетаъхири тафтишотӣ ба тобеияти ҳуқуқии тарафи равонкунанда дохил мебошанд. Дар дигар ҳолатҳо бошад, нисбат ба ҳайати шахсии тарафи равонкунанда тобеияти тарафи қабулкунанда амал менамояд.

Дар созишнома масъалаҳои равон кардан ва иҷрои дархостҳо, тартиби ба тобеияти яке аз тарафҳо қабул кардани парвандаҳо, супоридани мавод ва далелҳои шайъӣ, дастгир кардан ва ба ҳабс гирифтан, риояи реҷаи махфият ва ҳифзи иттилоот, тартиби пардохт ва дар ҳолати зарурӣ ҷуброни хароҷот, посбонӣ ва интиқоли гумонбарон, айбдорон ва маҳкумшудагон, инчунин амалӣ намудани дигар амалҳои мурофиавӣ ва чорабиниҳои тафтишотӣ дақиқан пешбинӣ карда шудаанд.

Тасдиқи созишномаи зикргардида барои ба танзим даровардани муносибат байни мақомоти ваколатдори тарафҳо зимни амалигардонии чорабиниҳо оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ҳангоми будубоши муваққатии ҷузъу томҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ манфиатнок арзёбӣ мегардад.

Тасдиқи созишномаи мазкур зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории миллӣ ба миён намеорад ва хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш мекунам, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи баррасишаванда 16-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баҳри иҷрои талаботи моддаи 15- уми созишнома дар бораи мақоми ташаккули қувваю воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 10-уми декабри соли 2010 ба имзо расидааст.

Ғайр аз ин, созишномаи мазкур ба мақсад ва принсипҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15-уми майи соли 1992, муқаррароти Конвенсия оид ба кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои шаҳрвандию оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 22-юми январи соли 1993 ва Конвенсия оид ба кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои шаҳрвандию оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7-уми октябри соли 2002, ки тарафҳо иштирокчии онҳо мебошанд, асос мешавад.

Созишномаи мазкур аз 22 модда иборат буда, дар он мафҳумҳои шахсони ба ҷузъу томҳо бо ҳамин мақсадҳо сафарбаргашта, маҳалҳои ҷойгиршавӣ, уҳдадориҳои хизматӣ, мақомоти ваколатдор, амалҳои таъхирнопазири тафтишотӣ истифода карда, ҳамкориро дар ин самтҳо тақвият мебахшад. Ғайр аз ин, тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқиро бо парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ нисбат ба ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии муваққатан ҷойгиргардидаро, ки чунин кирдорҳоро содир менамояд, ба танзим медарорад.

Созишномаи мазкур танҳо бо ҳамин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо равона шуда, ҳолатҳои муносибатҳои гражданӣ ва оилавиро ба танзим надароварда, тартиби ошкору тафтиш ва ба якдигар додани мавод, парвандаҳо, шахсони онҳоро содиркарда, далелҳои шайъӣ ва ҳолатҳои пешбурди корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯиро муайян мекунад, ки самаранокии фаъолияти мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои созмонро баланд мебардорад.

Тасдиқи созишномаи зикргардида вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат гирифта, зарурияти ворид намудани тағйиротро ба қонунгузории ҷумҳурӣ ба миён намеорад.

Созишномаи мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 7, 8, 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созишнома баъд аз тасдиқ дар Маҷлиси намояндагон қувваи қонуниро доро мегардад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи баррасишавандаро тасдиқ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъонаи) Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

ШЕРАЛӢ Мирзо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддӣ-техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъонаи) Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади эътибор пайдо кардани созишнома ба манзури шумо пешниҳод карда мешавад.

Он дар доираи татбиқи афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳия гардида, 16 — уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Тибқи қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, дар низоми қувваю воситаҳои амнияти дастаҷамъии созмон Қувваҳои муштараки вокуниши фаврӣ, Қувваҳои муштараки густариши зудамали минтақаи ­Осиёи Марказӣ, Қувваҳои муштараки сулҳҷӯёна ва дигар намуди қӯшунҳо таъсис дода шудаанд.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои омодагии ҷангӣ ва машқу тамринҳои ҳарбӣ амалҳои дастаҷамъонаи ин қувваҳо санҷида шуда, ҷиҳати мукаммалгардонии заминаҳои ҳуқуқӣ барои танзими ҳама паҳлуи фаъолияти ин қувваҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар ин раванд, ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаҳои ташкили таъминоти моддӣ-техникӣ ва тиббии қӯшунҳо, муқаррар кардани тартиб ва меъёрҳои ягонаи ҷамъо­варӣ ва захиранамоии воситаҳои моддӣ Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддӣ-техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъонаи) Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расонида шудааст.

Созишнома сиёсати ягонаи тарафҳоро дар самти ташкили таъминот, аз ҷумла таъминоти ақибгоҳӣ, таъминоти техникӣ, таъминоти тиббӣ, таъминоти коммуналӣ, тартиби интиқоли бору молҳои ҳарбӣ, нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва нуқтаҳои борфарорӣ, захиранамоии пешакии воситаҳои моддӣ, пешниҳоди бинову иншооти таъминотӣ ва дигар воситаҳои моддӣ, таъмир ва барқароркунии техника ва аслиҳаи корношоямшуда, инчунин тартиби ҳисоббаробаркунӣ байни тарафҳоро муайян менамояд.

Хароҷот вобаста ба ташкили таъминоти моддӣ-техникӣ ва тиббӣ, инчунин захиранамоии воситаҳои моддӣ аз ҷониби тарафҳо мустақилан амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, бо созиши ҳамдигар тарафҳо метавонанд ба таври муштарак дар ҳудуди яке аз давлатҳо чунин захираҳоро таъсис ва нигоҳ доранд.

Тасдиқи созишномаи зикргардида, барои ба танзим даровардани муносибат байни мақомоти ваколатдори тарафҳо зимни амалигардонии чорабиниҳо оид ба ташкили таъминоти ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳо зимни иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангӣ ва амалиётӣ манфиатнок арзёбӣ мегардад.

Тасдиқи созишнома зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории миллӣ ба миён намеорад ва хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳаёт Одинаев дода мешавад. Марҳамат.

Ҳаёт ОДИНАЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъо­наи) Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 16-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми ноябри соли 2022 таҳти №1437 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумита масъалаи зикргардидаро 15-уми ноябри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, он аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт.

Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъо­наи) Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба талаботи моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъонаи) Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъолияти сулҳоваронаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 — уми октябри соли 2007» шурӯъ менамоем. Сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

ШЕРАЛӢ Мирзо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6-уми октябри соли 2007» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади эътибор пайдо кардани протокол ба шумо пешниҳод карда мешавад.

Он дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 16-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Яке аз афзалиятҳои давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 мукаммалгардонии фаъолияти сулҳоваронаи созмон ба ҳисоб рафта, протоколи мазкур дар ин раванд таҳия ва ба имзо расонида шудааст.

Тибқи он, ба моддаи 1 — уми созишнома дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 — уми октябри соли 2007 илова ва моддаи 8-уми он дар таҳрири нав оварда шудааст.

Тағйироту иловаи воридгардида пешбинӣ менамоянд, ки зимни банақшагирӣ ва иштирок дар амалиётҳои сулҳоварона, тибқи ваколат (мандат)-и Созмони Милали Муттаҳид, бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз ҳисоби яке аз давлатҳои аъзои созмон давлати ҳамоҳангсоз таъин карда мешавад.

Давлати ҳамоҳангсоз барои ҳалли масъалаҳои ташкилӣ ва таъминоти ҳаматарафаи истифодаи Қувваҳои сулҳоваронаи дастаҷамъӣ дар амалиёти Созмони Милали Муттаҳид оид ба нигоҳдории сулҳ масъул мебошад.

Дар баробари ин, ҳар як давлат ҳуқуқ дорад, ки мустақилона қувваҳои сулҳоваронаи худро барои иштирок дар амалиётҳои сулҳоваронаи Созмони Милали Муттаҳид равон намояд ва аз ин қарори худ Шӯрои амнияти дастаҷамъиро хабардор созад.

Тасдиқи протоколи зикргардида имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сулҳҷӯёнаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон мустақилона ё дар ҳайати Қувваҳои сулҳоваронаи дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар амалиётҳои сулҳоварона дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ иштирок карда, сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи ҷумҳуриамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, инчунин тахассус ва маҳорати касбиашонро боз ҳам такмил диҳанд.

Тасдиқи созишнома зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории миллӣ ба миён намеорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки протоколи зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳуснигул Одиназода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳуснигул ОДИНАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъолияти сулҳоваронаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 — уми октябри соли 2007 шонздаҳуми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми ноябри соли 2022 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаи масъул масъаларо 15 — уми ноябри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Протоколи мазкур аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд. Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъолияти сулҳоваронаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6- уми октябри соли 2007 ба талаботи моддаи 57- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъолияти сулҳоваронаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 — уми октябри соли 2007» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Бо мақсади амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29-уми июли соли 2022 таҳти №376) 1-уми сентябри соли 2022 Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд.

Вобаста ба ин мавзӯь қаблан аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикию техникии «Ya-chzhong»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таҳия гардида, аз 9 — уми феврали соли 2021 таҳти №1-2в/470 ба баррасии вазорату идораҳо ирсол карда шуд.

Дар раванди баррасии хулосаи расмии Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дар асоси муроҷиати расмии Ширкати инвес­титсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» дар ном ва тамоми матни лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи созишномаи сармоягузории ишорашуда калимаҳои «Ширкати энергетикию техникии «Ya-chzhong»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой» ба калимаҳои «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» иваз карда шуд.

Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» ширкати ватанӣ маҳсуб ёфта, татбиқи лоиҳаро дар асоси созишномаи сармоягузории мазкур бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба анҷом хоҳад расонид.

Амалишавии лоиҳа уҳдадории қарзиро барои давлат ба вуҷуд намеорад ва маблағҳо аз ҳисоби фоидаи бадастомада баргардонида мешаванд. Лоиҳа аз ду марҳилаи асосӣ иборат буда, барои бунёди марҳилаи якуми корхона 120 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.

Марҳилаи якум бо ду хатти истеҳсолӣ, аз ҷумла сементи баландсифати навъи ба сулфат тобовар ва навъи М — 400 ва бо иқтидори истеҳсолии 5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз сохта, ба истифода дода мешавад.

Барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди ду хатти иловагии истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории он 40 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бо пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани корхонаи истеҳсоли семент беш аз 1300 ҷои нави кор муҳайё мегардад, ки 80 фоиз аз ҳисоби кормандони маҳаллӣ хоҳанд буд.

Сармоягузор дар давраи амалисозии лоиҳа аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (13 фоиз барои истеҳсолот) ва андози иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ — ғайрирезидент (дар шакли андози даромади шахсони воқеӣ пардохт мешавад-20 фоиз) ба муҳлати 5 сол озод мебошад.

Воридоти молу маҳсулот ва ашёи хоме, ки бевосита барои амалисозии лоиҳа истифода мешаванд, инчунин техникаи воридшаванда, аз пардохтҳои гумрукӣ озод мегарданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуҳалим Ғаффорзода дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 7-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуд.

Лоиҳа дар муддати панҷ сол амалӣ мегардад, он аз ҳисоби сармоягузори хориҷӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» маблағгузорӣ карда мешавад ва хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тасдиқ кардани созишномаро дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 15 -уми ноябри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ кардани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Тоҷикистон дорои захираҳои бои саноати кӯҳӣ мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятнок ва ба рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда саноати истеҳсоли семент аст. Кишвари мо дар ин самт имкониятҳои бузурги истифоданашуда дорад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қайд карданд, соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 500 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда буд. Соли 2021 истеҳсоли семент ба 4 миллиону 500 ҳазор тонна расонида шуд. Дар назар аст, ки истеҳсоли ин ашёи муҳими стратегӣ ба зиёда аз 6 млн. тонна расонида шавад.

Созишнома оид ба амалӣ намудани лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли семент аз ҷиҳати стратегӣ ва амнияти давлатӣ низ муҳим мебошад. Имрӯз бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, иншооти азими иқтисодӣ, шаҳрсозӣ ва умуман сохтмони мамлакатро бе истеҳсол ва таъмини устувор бо сементи худӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Аз тарафи дигар, ҳавасманд гардонидан, ҷалби сармояи ватанӣ ва сармоягузори ватанӣ ба рушди ин соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат, ки дар навбати худ таъминкунандаи ҷойҳои нави кор ва баландбардорандаи сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошанд, мусоидат хоҳад кард. Хусусан, дар ҳоле, ки саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегии рушди устувори иқтисодӣ муайян карда шудааст.

Лоиҳаи созишнома пурра ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» мутобиқ мебошад ва ба амалӣ гаштани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» мусоидат мекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муҳаммад Сафарзода дода мешавад. Марҳамат.

Муҳаммад САФАРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар заминаи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва иродаи қавии роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфиро 2-юми июни соли 2022 дар шаҳри Тошканд ба имзо расониданд.

Он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми октябри соли 2022 ҷиҳати иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибори қонунӣ пайдо кардани он зарур мебошад, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Созишнома аз 17 банд таркиб ёфта, бо мақсади таъмини ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфии додашуда ва (ё) дар ҷараёни ҳамкориҳои дуҷониба бавуҷудомада, бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилаи тарафҳо дар таъмини ҳифзи иттилооти махфӣ, тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, таҳия гардидааст.

Мутобиқи созишнома ва қонунгузории худ тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки иттилооти махфии аз тарафи дигар додашударо ё дар ҷараёни ҳамкориҳои тарафҳо бавуҷудомадаро ҳифз намуда, муҳри махфидоштаи иттилооти аз тарафи дигар додашударо бе розигии хаттии он тағйир надиҳанд. Дар асоси он дастрасии иттилооти махфӣ танҳо ба шахсоне дода мешавад, ки дорои рухсати дахлдор буда, иттилооти мазкур барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон зарур мебошад.

Қарори додани иттилооти махфии мушаххасро тарафҳо дар алоҳидагӣ қабул намуда, онро бо роҳҳои дипломатӣ, тавассути хадамоти фелдегерӣ ё хадамоти дигар медиҳанд. Инчунин, созишнома ташрифи намояндагони дорои рухсат ба сирри давлатии давлати яке аз тарафҳоро, ки дастрасии онҳоро ба иттилооти махфии тарафи дигар пешбинӣ менамояд, тибқи қонунгузории тарафҳо иҷозат медиҳад.

Созишномаи зикршуда ба муҳлати номаҳдуд баста шуда, аз санаи тариқи роҳҳои дипломатӣ гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибори қонунӣ пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саодатшо Матробиён дода мешавад. Марҳамат.

Саодатшо МАТРОБИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ 2-юми июни соли 2022 дар шаҳри Тошканд ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2022 таҳти №1415 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Созишнома бо мақсади таъмини ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфии додашуда ва (ё) дар ҷараёни ҳамкориҳои дуҷониба бавуҷудомада, бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилаи тарафҳо дар таъмини ҳифзи иттилооти махфӣ, тибқи санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳия гардида, барои ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатии дахлдор ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфиро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Созишномаи зикргардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён дода мешавад. Марҳамат.

Комрон ИСМОИЛИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, Ш. Ҷумъазода, М. Набизода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Хайрулло Амонулло ва Бахтиёр Аҳмадзода бо мақсади таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи меъёрҳои кодекси мазкур, бартараф кардани носаҳеҳиву норасоии дар он мавҷудбуда, ҳимояи ҳуқуқи мусофирон, таъмини хизматрасонӣ дар сатҳу сифати зарурӣ, таъмини амнияти миллӣ ва авиатсионӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи қисмҳои 1, 2 ва 3-юми лоиҳа, баҳри бартараф кардани мухолифатҳои ҷойдошта, риояи имлои забони тоҷикӣ ва мутобиқ ­кардани меъёрҳо ба Конститутсияи мамлакат дар тамоми матни кодекс тағйироти тасҳеҳӣ анҷом дода шудааст.

Бо илова ба моддаи 38 бақайдгирии ҳавопаймо, ки аз уҳдадории байналмилалии Тоҷикис­тон бармеояд, такмил дода шуда, бо илова ба қисми панҷуми моддаи 72 талабот нисбат ба пешниҳоди маълумот ба ҳавопаймоҳое, ки барои мақсадҳои ҳарбӣ, гумрукӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ истифода мешаванд, истисно гардидааст. Бо моддаи нави иловашавандаи 751 муносибатҳо марбут ба пешниҳоди маълумоти шахсии дастрасиашон умумии мусофирони ҳавопаймо ва дигар маълумот дар бораи ҳамлу нақли мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда ва аз он беруншаванда пешбинӣ шуда, тартиби иттилоотонии ҳамлу нақлдиҳандагони ҳавоии байналмилалии мусофирон дар бораи мусофироне, ки вуруди онҳо ба Тоҷикистон манъ мешавад, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муайян мегардад.

Ба хотири муайян намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва такмили ҳуқуқи мусофирон ба моддаи 99 меъёрҳо дар бобати пардохти хизмат­расонӣ ва пардохти ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон дар асоси тарифҳо барои ҳамлу нақли дохилӣ пешбинӣ шуда, ба корхонаҳои авиатсионӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки аз ҳисоби худашон барои категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон имтиёзҳо муқаррар кунанд. Дар моддаҳои 100 ва 101 тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки тибқи онҳо:

- бо ташаббуси ҳамлу нақлдиҳанда амали шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, дар сурати манъ будани вуруди мусофир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар қатъ мешавад;

- шартҳои баргардонидан ё барнагардонидани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохташуда, муайян шудаанд.

Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 35 таклифи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 25-тояш қабул, 9-тояш қисман қабул ва 1-тояш қабул нашуд.

Кумитаи масъул 8-уми ноябри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро бо ба назар гирифтани хулосаҳои пешниҳодгардида маъқул донист.

Тағйироти воридгардида лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои қонунгузорӣ мутобиқ гардонида шудааст ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуд­ҳои фаъолият» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Рустам Раҳматзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам РАҲМАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода, Парвина Маликзод, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Файзулло Баротзода ва Муҳаммадраҳим Юсуфӣ пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати гузаштан ба пахши рақамӣ, ҳифзи мундариҷаи миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳо бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, инчунин мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст.

Тағйироту иловаи пешниҳодшуда ба моддаҳои 6, 10,13, 14, ва 17-уми қонуни амалкунанда баҳри бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имлои забони тоҷикӣ, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои мукаммал намудани он 11 таклифу пешниҳод манзур карда шуд, ки аз он 8 адад қабул, 2 адад қисман қабул ва 1 адад қабул нагардид.

Кумитаи масъул 8-уми ноябри соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуд­ҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои фаъол будан изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ