Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи созишномае, ки барои НБО «Роғун» 100 миллион доллар сармоя меорад

№12 (4752) 25.01.2024

DSC_7312Бисту чоруми январи соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокир­зода ­ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷамшед Шарифзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа ҳафт ­масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З. А.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Гулаҳмадзода З. А.»

3. Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд

4. Дар хусуси Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

5. Дар хусуси Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

6. Дар хусуси Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ».

РАИС: — Ба баррасии ­масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З. А.» шурӯъ менамоем. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З. А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Гулаҳмадзода З. А.» мебошад. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Гулаҳмадзода З. А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.

Амонулло ХАЙРУЛЛО:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд 4-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми январи соли 2024 таҳти №1995 созишномаи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Созишнома аз ҳисоби маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд, ки 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, амалӣ гардида, барои идомаи иҷрои корҳои ҷузъи чорум дар НБО «Роғун» нигаронида шудааст.

Лоиҳаи НБО «Роғун» ба қисматҳои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ ҷудо гардида, дар навбати худ корҳои сохтмонӣ аз 4 ҷузъи зерин иборат мебошанд:

- ҷузъи якум: таъмин ва насб намудани чор турбинаи нав, навсозӣ ва нигоҳдории ду турбинаи пешина бо иқтидори 600 МВт, таъмин ва насби трансформаторҳо ва таҷҳизоти ёрирасон;

- ҷузъи дуюм: сохтмони сарбанди асосӣ бо баландии 335 м, дарозии 760 м ва паҳноии 20 м. Илова ба ин, ҷузъи мазкур корҳои сохтмонӣ ва коркарди масолеҳро, ки дар умқи сарбанд воқеъ аст, дар бар мегирад;

- ҷузъи сеюм: сохтмони иншооти соҳилии тарафи рост — чаҳор нақби гидротехникии обпарто бо мақсади таъмини интиқоли селоб;

- ҷузъи чорум: сохтмони иншооти соҳилии тарафи чап — шаш канали обӣ барои таъмини ҷараёни баланди об ба турбинаҳо барои тавлиди неруи барқ.

Ҳамзамон, қисмати хизматрасониҳои машваратии лоиҳа омода намудани таҳлилҳо, арзёбӣ, асос­ноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳакашии нақшаҳо, ҳуҷҷатҳои озмунҳои харид ва назорати сохтмонро дар бар мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки қарзи пешниҳодшуда имтиёзнок буда, дорои элементи грантии 35,46 фоиз мебошад.

Лоиҳаи мазкур дар «Барномаи қарзгирии беруна барои солҳои 2024-2026» ба инобат гирифта шуда, ба татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бо роҳи таъмини неруи барқи барқароршаванда ҷиҳати қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ ва тавсеаи тавлиди неруи барқи дохилӣ ва минтақавӣ тавассути истеҳсоли «энергияи сабз» мусоидат менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Созишнома ба моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушдро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Таъмини рушди муназзаму устувори иқтисоди миллӣ, қонеъ гардондани талаботи афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии кишвар аз худ кардани иқтидорҳои нави гидроэнергетикиро тақозо менамояд. Тибқи таҳлилҳо, рушди демографӣ, суръати баланди саноатикунонии мамлакат боиси ҳамасола 2-2,5 дарсад афзудани талабот ба неруи барқ мегардад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ мебошад, ки бо иқтидори 3600 мегаватт имкон дорад на танҳо кишвари мо, балки кишварҳои минтақаро бо барқи тоза таъмин намояд.

Ташкили фазои боэътимоди сармоягузорӣ, ташкил ва таъмин намудани назорати техникию технологӣ, истифодаи маводу масолеҳи аълосифати муосир ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба баланд бардоштани эътимоднокии НБО «Роғун» ва ҷалби бештари сармояи шарикони рушд мусоидат карда истодааст.

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд яке аз намунаи ҳамкориҳои муваффақ дар рушди соҳаи энергетика мебошад, ки ба ноил шудан ба ҳадафи стратегии миллӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар равона шудааст.

Маблағи созишномаи қарзии мазкур асосан ба таъмин ва насби турбинаҳои нав, нигоҳдории 2 турбинаи амалкунанда, насби таҷҳизоти дигари зарурӣ, корҳои сохтмонӣ, таъмини бехатарӣ ҳангоми офатҳои табиӣ равона мегарданд.

Созишнома ба амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истеҳсоли неруи барқи таҷдидшаванда, ки Тоҷикистон аз ин ҳисоб, яъне «энергияи сабз», дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, пешбинӣ карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатишон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28-уми декабри соли 2024) иброз доштанд, ки бо тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва равона сохтани маблағҳои зарурӣ аз буҷети давлатӣ соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 дарсад бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Аз ин рӯ, амалӣ намудани созишномаи мазкур қадамест барои расидан ба ин ҳадафҳо ва шинохти Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз».

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва фраксияи Ҳизби агарарии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ менамояд ва аз вакилони гиромӣ хоҳишмандем, ки барои тасдиқи он овоз диҳанд.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

 Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло БАРОТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ҳуҷҷати муҳим дар самти қарзгирии беруна маҳсуб мешавад. Ноил шудани роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин қарзи имтиёзнок ва дорои унсури грантӣ, пеш аз ҳама, аз сиёсати муваффақонаи хориҷии мамлакат бо сарварии Пешвои миллат, амну субот ва бахши барои ҷалби инвеститсия қобили эътимод будани соҳаи энергетикаи кишвар дарак медиҳад.

Фонди саудии рушд яке аз ташкилотҳои бонуфузи инвеститсионӣ дар олами ислом ба шумор рафта, бо ҳукуматҳои кишварҳои рушдкунанда ҳамкорӣ менамояд. Ҳоло фонди мазкур дар 82 кишвари ҷаҳон 687 лоиҳаро маблағгузорӣ менамояд, ки он соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, саноат ва коркарди маъданро фаро мегирад. Созишномаи қарзӣ, ки барои идомаи иҷрои корҳо дар қисмати чоруми НБО «Роғун» нигаронда шудааст, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, татбиқи самараноки ҳадафҳои созишномаи қарзии мазкур ҷалби маблағгузориҳои навро дар дигар бахшҳои зерсохтории иқтисодиёти кишвар осон мегардонад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳишмандем, ки тасдиқи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушдро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Фонди саудии рушд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 23-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Он бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳар ду кишвар баста шуда, ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳои аҳдкунанда, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ ё созишномаҳо бармеоянд, дахолат намекунад, инчунин, ба тарафҳои аҳдкунанда ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи онҳо барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба якдигар дар асоси дигар шартнома ё созишномаҳо монеъ шуда наметавонад. Минбаъд, дар заминаи созишномаи мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Давлати Қатар, аз ҷумла иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ ва муносибатҳо вобаста ба уҳдадории истирдод, мақомоти ваколатдори марказӣ, мазмуни дархости истирдод, асосҳои рад кардани дархости истирдод, тадбирҳое, ки бояд иқдом карда шаванд, дастгиркунии пешакӣ, мавқуф гузоштани истирдод, ваколатҳо, хароҷот, забон, соҳаи татбиқ, ҳалли баҳсҳо, тағйиру иловаҳо, эътибор пайдо намудан, муҳлати амал ва қатъ гардидани он муқаррар ва ба танзим дароварда мешаванд.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми январи соли 2024, таҳти № 1996 Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Давлати Қатар ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса, инчунин, барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи мазкурро қобили дастгирӣ донис­танд. Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории тасдиқи Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Давлати Қатар овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Яке аз аломатҳои ба худ хоси ҷаҳонишавӣ он аст, ки ҷиноят хусусияти махсуси ҳудудии худро гум карда, ба сатҳи нав – байналмилалӣ ё фаромиллӣ баромадааст. Дар ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятии муосир падидаи истирдод ҳамчун механизм ва унсури махсуси муборизаи муштараки давлатҳо бо ҷинояткории байналмилалӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҷинояткорон ва айбдоршавандагон мавқеи муҳимро ишғол мекунад, вале тибқи қонунҳои байналмилалӣ, барои супоридани ашхосе, ки ҷиноят содир намудаанд, ҳеҷ гуна уҳдадории умумии давлатҳо вуҷуд надорад. Уҳдадории қонунии супоридан танҳо дар сурате мавҷуд мебошад, агар давлатҳо созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаро оид ба супоридан, ки онҳо уҳдадории супоридани ҷинояткоронро аз рӯи ҷинояти мушаххас муқаррар мекунанд, баста бошанд. Аз ин ҷост, ки истирдод аз ҷониби як давлат супоридани шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят дар давлати дигар айбдор ё маҳкум шудааст, ба он давлат мебошад, ки ният дорад ин шахсро тибқи қонунҳои худ таъқиб кунад ё ҷазо диҳад. Моҳиятан, истирдод санади ҳамкории байналмилалию ҳуқуқӣ бо мақсади муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ мебошад. Истирдод якчанд марҳиларо дар бар мегирад:

- муроҷиати давлат бо дархост дар бораи дар ҳудуди дигар давлат муқаррар намудани маҳали будубоши шахсе, ки бояд супорида шавад ва супоридани чунин шахс;

- санҷиши ҳолатҳое, ки метавонанд ба супоридан монеъ шаванд;

- раванди қабули қарор аз рӯи дархост;

- супоридани воқеии чунин шахс ба давлати дархосткунанда.

Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ки 23-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, ба талаботи муосири санадҳои соҳавӣ ҷавобгӯ буда, манфиати ҷонибҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ инъикос менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо – вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатарро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 23-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Пас аз тасдиқи созишномаи мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, аз ҷумла иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ ва муносибатҳо вобаста ба уҳдадорӣ оид ба бозпас додани маҳкумшудагон, мақомоти ваколатдори марказӣ, шартҳои бозпас додани маҳкумшуда, мазмуни дархост, рад кардани дархости бозпас додани маҳкумшуда, санҷиш ва розигӣ, иҷро, ваколатҳо, авф, бахшиши ҷазо ва аз нав дида баромадани қарор, маълумот дар бораи иҷрои ҷазо, тартиби боз­пас додани маҳкумшуда, хароҷот, забон, соҳаи татбиқ, ҳалли баҳсҳо, тағйиру иловаҳо, эътибор пайдо намудан, муҳлати амал ва қатъ гардидани он муқаррар ва ба танзим дароварда мешаванд. Созишномаи мазкур барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ зарур ва бамаврид буда, барои оянда ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми январи соли 2024, таҳти № 1997 Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса, инчунин, барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон созишномаи мазкурро қобили дастгирӣ донистанд.

Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар яке аз санадҳое мебошад, ки роҳҳои амалишавии ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҳар ду давлат вобаста ба адои минбаъади ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии тарафҳоро муайян мекунад.

Мувофиқи талаботи Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гаштааст, бинобар ин, давлат барои амалӣ гаштани ин меъёрҳо чораҳои заруриро меандешад.

Аз мазмуни созишномаи мазкур бармеояд, ки дар он ҳамаи паҳлуҳои муносибатҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла вазифаҳои мақомоти ваколатдор, шартҳои амалӣ намудани бозпас додан, тартиби танзими пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, иҷро гардонидани онҳо дар сатҳҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар амалиётҳо ба расмият дароварда шудаанд. Ғайр аз ин, бо амалӣ намудани чунин талабот он имкон медиҳад, ки шаҳрвандон ҷазои минбаъдаро дар ҳудуди давлат адо намуда истода, аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳолати онҳоро сабук мегардонад, бархӯрдор бошанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки саргардонии хешовандонашон аз байн рафта, бо онҳо дар тамос мешаванд, вохӯрӣ ва дастовезҳои дар қонун пешбинигаштаи ба онҳо розигидодаро сари вақт мегиранд. Ҳамзамон, аз ҳимояи судӣ истифода карда, оид ба бандубасти сабукии амалҳои ҷиноии худ муроҷиат мекунанд ва ҳангоми будани зарурат аз онҳо бархӯрдор мегарданд. Дар маҷмӯъ, аз ҳамаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳангоми адои минбаъдаи ҷазо нисбат ба дигар маҳкумшудагон қабул мегарданд, нисбаташон татбиқ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар» оғоз менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзодадода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 23-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳар ду кишвар дар ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ баста шудааст.

Созишномаи мазкур ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳои аҳдкунанда, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ ё созишҳо бармеоянд, дахолат накарда, инчунин, ба тарафҳои аҳдкунанда ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи онҳо барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба якдигар дар асоси дигар шартнома ё созишномаҳо монеъ шуда наметавонад.

Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур ва бамаврид буда, барои оянда ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Сухани навбат ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Мавсума Муинӣдода мешавад. Марҳамат.

Мавсума МУИНӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, таъмин, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баландбардории маърифати ҳуқуқии онҳо водор менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми июни соли 2023 таҳти № 582 23-юми октябри соли 2023 ба имзо расонда шудааст, баҳри танзим, тақвият ва самаранокии фаъолияти ҳар ду кишвар дар самти ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ва судӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам меоварад. Ҳамзамон, бо назардошти эътироф гардидани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзишҳои олӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо, эътибор пайдо кардан ва мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур ба манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси муқаррароти созишнома ва қонунгузории миллии худ ҷонибҳо дархостҳои расондани ёрии ҳуқуқӣ ва судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ иҷро ва ирсол менамоянд.

Кофтукови шахсон ва даромадҳои аз ҷиноят бадастомада, инчунин, ба ҳабс гирифтан, нигоҳдорӣ ва мусодираи ашёе, ки далели шайъӣ мебошад, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои аслӣ ё нусхаи тасдиқшудаи онҳо, гирифтани хулосаҳо ва мубоҳисаҳои коршиносон, пурсиши айбдоршавандагон ва гумонбаршудагон, гирифтани нишондоди шоҳидон ва коршиносон, азназаргузаронии ашё ва ҷойи ҳодиса, расондани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқӣ ва судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ мутобиқи мақсадҳои созишномаи мазкур аз ҷумлаи дархостҳои ҷонибҳо буда метавонанд.

Ҳамин тариқ, бо тасдиқ гардидани Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони мо ба воситаи санади мазкур риоя ва ҳифз гардида, тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор зимни пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба амал баровардани адолати судӣ таъмин мегардад. Бинобар ин, хоҳишмандам тасдиқи Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Давлати Қатар ҷонибдорӣ карда шавад.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10-уми майи соли 2019 баён доштанд, бо мақсади мукаммал намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии фаъолияти суғуртавӣ ва ба талаботи муосири низоми суғурта ҷавобгӯ намудани он пешниҳод гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», ки соли 2016 қабул гардидааст, ҳама паҳлуҳои фаъолияти суғуртавӣ, аз ҷумла мақоми идоракунӣ, фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилотҳои суғуртавии ватанию хориҷӣ, мутобиқатии ҳисоботҳои молиявӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва танзиму назорати фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавиро мушаххас инъикос накарда, мавҷуд набудани баъзе муқаррарот ва мафҳумҳо ва ба ҳамдигар мухолифат доштани онҳо то андозае ба рушди соҳа монеаҳо эҷод менамуд. Вобаста ба ин, ҷиҳати батанзимдарории баъзе самтҳои фаъолияти суғуртавӣ заминаи меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гашт, ки дар сатҳи зарурӣ танзиму назорати соҳаи суғуртаро дар шароити муосир таъмин менамояд.

Дар моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади тавсиф додани баъзе истилоҳоти фаъолияти суғуртавӣ мафҳумҳои иловагӣ пешбинӣ гардида, ба баъзе мафҳумҳои дигар тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридошта ворид карда шуданд. Ҳамзамон, барои сода гардондани раванди иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ моддаи 6 дар таҳрири нав таҳия шудааст, ки раванди баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатнома ба муроҷиаткунандаро осон намуда, барои таъсис додани ташкилотҳои суғуртавии хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои натиҷабахш ва дастгирии субъект­ҳои соҳибкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар лоиҳаи қонуни мазкур моддаи алоҳида «Моддаи 251. Суғуртаи мутақобила» илова карда шуд. Тавре маълум аст, ин соҳаи алоҳидаи бахши суғурта маҳсуб ёфта, дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Дар баробари ин, аз қонуни амалкунанда, вобаста ба зарурати истеҳсолии соҳа, моддаи 29 хориҷ карда шуда, ба моддаҳои 1, 3, 4, 6, 8, 13, 19, 20, 24, 27, 31, 34, 36 ва 37 тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридошта ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо, дар маҷмӯъ, ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, 60 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 14-тоаш қабул, 17-тоаш қисман қабул шуда, 29-тоаш қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Суғурта унсури муҳими низоми молиявии кишвар ба ҳисоб рафта, кафили ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат аст. Такмили қонунгузории суғурта ва татбиқи он талаботи ҳатмӣ барои таъмини боэътимоди кори субъект­ҳои фаъолияти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои суғуртакунандагон ва суғурташавандагон мебошад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо мақсади рушди фаъолияти суғуртавӣ ва бозори суғурта дар кишвар, танзиму назорати возеҳи фаъолияти суғуртавӣ равона гардида, ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъо­лонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ