Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тасдиқи Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030

№148-149 (3628-3629) 03.12.2016

DSC_0804Якуми декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

 

1. Дар бораи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»

3. Дар бораи лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва инчунин, дар заминаи ҳадафҳои нави рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70 — уми Ассамблеяи генералии СММ дар шаҳри Ню- Йорк қабул гардид, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дигар вазорату идораҳо, олимон, намояндагони шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст.

Ҳуҷҷати мазкур, пеш аз ҳама, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи пешазинтихоботӣ, суханронӣ ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, арзёбӣ ва шарҳи натиҷаҳои татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», инчунин таҳлилҳои маҷмӯи миқдори рушди минбаъдаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз модели эконометрикӣ таҳия гардидааст.

Дар доираи он таъмини рушди устувори кишвар, интихоби принсипҳои заминавии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда, ки равшансозии рушди ояндаи иқтисодиёти миллӣ ва ҷамъиятро фароҳам меорад, пешбинӣ гардидааст.

Ҳуҷҷати мазкур аз рӯи се принсипи асосӣ, аз ҷумла: (1) пешгирии осебпазирии рушди оянда; (2) баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ ва (3) рушд дар асоси навовариҳо дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар тарҳрезӣ гардидааст, ки дар натиҷаи амалисозии онҳо рушди устувори иқтисодиёти кишвар дар давраи дарозмуҳлат таъмин гардида, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва дар ин замина муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои зиёд намудани табақаи миёнаи аҳолӣ хизмат менамояд.

Дар стратегияи мазкур имконияти татбиқи се сенарияи рушд (инерсионӣ, индустриалӣ ва индустриалӣ — инноватсионӣ) барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Тамоюли солҳои охири рушди иқтисодии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки барои татбиқи сенарияи сеюм, яъне, гузариш ба самти рушди индустриалию инноватсионӣ ҳамчун варианти бештари имконпазир шароит фароҳам оварда шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҳуҷҷати стратегӣ се марҳилаи панҷсолаи рушд: (1) солҳои 2016 — 2020 – гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт; (2) солҳои 2021- 2025 – рушди босуръати иқтисодиёт, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос меёбад ва (3) солҳои 2026 — 2030 – ба анҷом расонидани индустриализатсияи суръатнок тавассути баланд бардоштани иқтидорҳо бо дарназардошти рушди илм ва инноватсия пешбинӣ шудааст.

Марҳилаи якум ба рушди соҳаи индустриалӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Тавассути ин модел афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва молия таъмин гардида, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, дараҷаи баланди истеҳсолот, таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина фароҳам меояд, ки дар натиҷа вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои таъсирбахши беруна коҳиш меёбад.

Барои марҳилаи дуюми рушди иқтисодиёт ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷии ба тараққӣ додани бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор нигаронида хос мебошад.

Дар ин марҳила стратегияи амнияти энергетикӣ, ки ҳадафи асосии он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ мебошад, амалӣ мегардад. Илова бар ин, бунёду барқарорсозии долонҳои нақлиётӣ ба анҷом мерасад ва масъалаи раҳоӣ ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти нақлиётӣ пурра ҳаллу фасл мегардад.

Дар марҳилаи сеюм стратегияи рушди саноат, ки ба ҷалби бевоситаи сармоягузорӣ асос ёфта, дигаргуншавии он дар заминаи рушди илму техника ва инноватсия ба роҳ монда мешавад, татбиқ мегардад. Яъне, дар ин самт ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ба афзоиши сармояи инсонӣ мусоидат менамояд. Афзудани ҳаҷми хароҷоти давлатию бахши хусусӣ барои баланд бардоштани маълумоти касбӣ, ривоҷи корҳои илмию тадқиқотӣ ва инноватсия ба афзоиши сармояи инсонӣ таъсири мусбат мерасонад.

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нақшаи амалии директивӣ барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва нақшаи амалии индикативӣ барои бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, он ба барномаҳои соҳавӣ ва молиявии кишвар асос мешавад.

Боиси қайд аст, ки он ҳамчун ҳуҷҷати дарозмуҳлати рушди мамлакат афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати давлатиро ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои асосии кишвар, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро муайян менамояд.

Ҳуҷҷати мазкур афзалиятҳои асосии рушди кишварро муайян карда, барои татбиқи онҳо гузаронидани маҷмӯи ислоҳот ва амалӣ намудани тадбирҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд. Ба афзалиятҳо: (1) мукаммал намудани низоми маориф ва илм; (2) таъмини саломатии аҳолӣ бо дарназардошти баланд бардоштани сифати зиндагӣ; (3) фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи шуғли пурмаҳсул; (4) коҳиш додани нобаробариҳо аз рӯи аломатҳои гендерӣ, маъюбӣ ва синнусолӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ; (5) таъмин намудани механизмҳои самараноки зиддикоррупсионӣ; (6) таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо; (7) такмил додани низоми идоракунии самаранок; (8) таҳким додани низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; (9) пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ва инчунин (10) энергетикаи боэътимод, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ дохил мегарданд.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар 15 соли оянда нигоҳ доштани суботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодию иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳамсозии замина ҷиҳати таҳким бахшидани иқтидори содиротии мамлакат пешбинӣ гардидаанд.

Дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии ҳуҷҷати мазкур ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ тадриҷан зиёд гардида, замина барои ба гурӯҳи давлатҳои миёна ворид гардидани Тоҷикистон фароҳам меояд. Сатҳи камбизоатӣ ду маротиба коҳиш ёфта, ҳиссаи табақаи миёна аз 22 фоизи ҳозира то 50 фоиз дар оянда расонида мешавад.

Дар ин муддат саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд гардида, сохтори содирот аз содироти ашёи хом ба содироти молу маҳсулот табдил меёбад. Зиёдшавии иқтидори энергетикии кишвар то се маротиба пешбинӣ гардида, аз 17 миллиард то 45 миллиард киловатт/ соат расонида мешавад.

Дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» як қатор навовариҳо ҳангоми таҳия ворид карда шудааст. Мафҳумҳои рушди табақаи миёнаи аҳолӣ, истифодаи усулҳои муосири моделикунонии иқтисодиёт ва дигар масъалаҳое, ки дар стратегияҳои қаблӣ вуҷуд надошт, муфассал муаррифӣ шудаанд.

Инчунин, хусусияти фарқкунандаи стратегияи навбатӣ дар он аст, ки таклифу пешниҳодҳои бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд ва дигар қишрҳои ҷомеа ба инобат гирифта шудааст.

Эҳтиёҷоти умумии молиявии ҳуҷҷати мазкур аз рӯи шумораи ислоҳоти дарҷгардида тариқи тадбирҳои матритсаи амалиёт беш аз 118,1 миллиард доллари ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ 47,5 фоиз, бахши хусусӣ 46,3 фоиз ва шарикони рушд 6,2 фоизро ташкил медиҳад.

Муҳокимаи лоиҳаи стратегия дар доираи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамъиятӣ ва вохӯриҳои минтақавӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилаливу ғайридавлатӣ гузаронида шуда, пешниҳодҳои баёнгардида ба инобат гирифта шудаанд.

Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст. Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи рушди устувори иқтисодӣ барои 15 соли оянда таҳия шуда, дар он афзалиятҳо, ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда ва таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудаанд.

Дар санади мазкур се ҳадафи миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегия якчанд омили муҳим, аз ҷумла, рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод ва сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани кишвар, мубориза бар зидди коррупсия ва такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ муайян карда шудаанд.

Ҳамчунин, боло бурдани сатҳи маълумотнокӣ ва дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кӯдак, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва муҳити зист, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба шуғл фаро гирифтани мардум, фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар аз ҷумлаи омилҳои дигари татбиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб меёбанд.

Дар маҷмӯъ, стратегияи мазкур ҳамчун нақшаи амал барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки барномаҳои кумаки техникӣ ва молиявии кишвар ба он асос меёбанд.

Мониторинг ва арзёбии стратегия таҳти роҳбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи стратегияро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон 43 таклифу дархост пешниҳод карданд, ки 30 — тои он қабул, 2 — тояш қисман қабул гардида, 11 — тоаш қабул нашуд. Таклифу дархостҳои қабулшуда ба лоиҳаи стратегия ворид карда шуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи стратегияи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: Кӣ савол дорад?

Олимҷон Сафаров: — Ман ба вазири рушди иқтисод ва савдо се савол дорам:

1. Оё зимни таҳияи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалишавии сифатноки он ва таъминоти молиявии барномаҳо ва чорабиниҳое, ки аз он бармеояд, ба назар гирифта шудааст?

2. Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дар қисмати таҳдидҳо дар бозори меҳнат ва корфармоён, норасоӣ ва сифати пасти довталабон таъкид шудааст. Бо мақсади бартараф кардани ин норасоӣ кадом тадбирҳо пешбинӣ шудаанд?

3. Мувофиқи лоиҳаи стратегияи мазкур, Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 аз низоми иқтисоди аграрӣ — индустриалӣ ба низоми иқтисодии индустриалӣ – аграрӣ мегузарад. Шумо инро чӣ тавр шарҳ медиҳед?

Неъматулло Ҳикматуллозода: - Дар ҷумҳурӣ имрӯз зиёда аз 180 барномаи соҳавӣ ва 14 барномаи минтақавӣ мавриди амал қарор дорад. Таҳлилҳои тайи ду сол анҷомдодаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишон доданд, ки бештари барномаҳое, ки иҷро нашуданд, ба пайдо нагардидани сарчашмаҳои молиявӣ вобастагӣ доштанд. Проблемаи асосӣ, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки раванди банақшагирӣ ба раванди буҷетикунонӣ мутобиқ нест. Бинобар ин, дар ҷаласаи охирини Шӯрои рушди миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 июни соли ҷорӣ баргузор гардид, дар ин бобат супоришҳои дахлдор дода шуданд. Дар лоиҳаи стратегияи пешниҳодшуда ин масъала қатъан ба инобат гирифта шуда, ҳамчун яке аз масъалаҳои асосӣ муайян гардидааст.

Яке аз масъалаҳои лоиҳаи стратегияи мазкур тақвияти неруи инсонӣ мебошад. Тибқи он хароҷоти соҳаи маориф то соли 2030 ба 7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида мешавад. Дар ин замина рушди илму маориф таъмин гардида, он ба инноватсия ва шуғли пурмаҳсул мусоидат менамояд.

Дар доираи маҷмӯи тадбирҳои дар стратегия пешниҳодшуда ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пай дар пай афзуда, соли 2030 нисбат ба соли 2015 беш аз 4,2 маротиба зиёд мешавад.

Аз ҷумла, саноати истихроҷи маъдан 5,7 маротиба, саноати коркард 4,3 маротиба, истеҳсолу тақсими неруи барқ, газ ва об 2,9 маротиба меафзояд. Ҳамзамон, тибқи сенарияи индустриалӣ-инноватсионӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи саноат аз 12,7 то 23,1 фоиз зиёд мегардад. Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ аз 23,3 фоиз ба 19 фоиз коҳиш меёбад. Ин он маъноро дорад, ки ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ кам намешавад, балки меафзояд. Аммо ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, ҳамчуноне болотар ишора шуд, дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд мешавад.

Дар стратегияи мазкур нишондоди паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои пешин ва барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тибқи онҳо ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2020-ум 2-2,5 маротиба зиёд карда мешавад, ба назар гирифта шудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки манбаи асосии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, индустрикунонӣ маҳсуб меёбад ва барои ­индустриализатсияи васеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳо мавҷуданд, аз ҷумла саноати коркард, ки манбаи зиёди андозбандишаванда дорад.

Абдуҳалим Ғаффоров: — Дар лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» омадааст, ки барои тат­биқи стратегия 118,1 миллиард доллари амрикоӣ харҷ мешавад. Сарчашмаи ин маб­лағҳо аз куҷо хоҳад буд?

Неъматулло Ҳикматуллозода: - Масъалаи мазкур дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд қайд намуд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи стратегия моделҳои нави иқтисодие истифода шуданд, ки ҳоло дар кишварҳои мутараққӣ аз онҳо васеъ кор мегиранд.

Бояд зикр кард, ки қаблан созмонҳои байналмилалии молиявӣ таҳлилҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдоро эътироф намекарданд. Ҳоло нишондиҳандаҳое, ки мо пешниҳод менамоем, боиси пазириши созмонҳои молиявии ҷаҳонист.

Ҳиссаи Буҷети давлатӣ дар ин лоиҳа шиддатнок нест, балки имконпазир мебошад. Аз ҷиҳати дигар, ҳиссаи бахши хусусӣ дар рушди миллӣ хеле зиёд хоҳад буд. Масъалаи ҷалби сармоягузорӣ низ аз қисматҳои муҳими сарчашмаҳои молиявии татбиқи стратегия ҳисоб меёбад.

Хисрав Абдуназар: — Дар ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ҳамбастагии илм ва истеҳсолот то чӣ андоза ба назар гирифта шудааст?

Неъматулло Ҳикматуллозода: — Дар стратегияи мазкур вобаста ба ҳамгироии илм ва амалия дар ду самт – корҳои илмию тадқиқотӣ ва амалӣ 12 амалиёт пешбинӣ шудааст, ки аз ҳамбастагии илм ва истеҳсолот дарак хоҳад дод.

Қиёмидин Миралиён: — Вобаста ба тақвияти мубориза бар зидди терроризм дар лоиҳаи стратегияи рушд барои ривоҷи фарҳанг чӣ гуна тадбирҳо пешбинӣ шудаанд?

Неъматулло

Ҳикматуллозода: — Дар лоиҳаи мазкур ба рушди иҷтимоиёту фарҳанг, аз ҷумла баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Дар натиҷа, барои пешгирии гаравидани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ замина фароҳам меояд. Яъне, маърифатнокии ҷавонон ва шуғли пурмаҳсул ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ хоҳад буд.

Мусаллам Қодирова: — Тоҷикистон ба сармояи устувори инсонӣ ниёз дорад. Биноан, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худо­гоҳии ҷавонон ва рушди фарҳанги миллӣ дар лоиҳаи мавриди баррасӣ чӣ иқдомҳо пеш гирифта шудааст?

Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода: — Дар ҳуҷҷати мавриди баррасӣ ба масъа­лаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи дӯст доштани фарҳанги миллӣ аҳамияти хоса дода шудааст. Дар ин самт тат­биқи барномаҳои мақсаднок доир ба таҳкими ҳавас­мандӣ ба худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ дар назар аст ва татбиқи самараноки онҳо дар амалия санҷида мешавад. Принсипи рушди неруи зеҳнии инсонӣ ба тарбияи насли солим равона гардидааст.

Муҳаббатшо Рӯзадор: — Лоиҳаи стратегияи рушди миллӣ хеле хуб таҳия шудааст. Мехоҳам суол диҳам, ки то кадом андоза ин ҳуҷҷати муҳим дар муҳлати муқарраргардида амалӣ мешавад?

Саволи дигар. Дар лоиҳаи стратегия чор маротиба мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» таъкид гардидааст. Дар стратегия, як маънӣ хеле хуб навишта сабт гардидааст: тақвият додани неруи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорати ҷамъиятии давлат ва бизнес. Хоҳишмандам, ҳамин ҷумларо шарҳ диҳед.

Неъматулло Ҳикматуллозода: — Ҳангоми таҳияи лоиҳаи стратегия якҷо бо олимоне, ки ба ин кор ҷалб шуда буданд, таҳқиқоти зиёд анҷом додем ва ба хулоса омадем, ки барои расидан ба ҳадафҳо се сенарияро пайгирӣ намоем.

Сенарияи беҳтарин ва авлавияттар барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сенарияи сеюм ба ҳисоб гирифта шуд, ки он сенарияи ­индустриалӣ – инноватсионӣ мебошад. Ҳисоботҳо нишон медиҳанд, ки имкониятҳо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳо мавҷуданд.

Саидҷаъфар Усмонзода: — Дар ин ҳуҷҷати ниҳоят муҳим ба сиёсати пулию қарзӣ то кадом андоза аҳамият дода шудааст?

Неъматулло Ҳикматуллозода: — Сиёсати монитарию қарзӣ яке аз ҷузъҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат ба шумор меравад. Чуноне мушоҳида кардед, стратегияи мазкур рушди устувори давлатро дар назар дорад. Вақте ки фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар зиёд мешавад, албатта, ба вазъи молиявӣ бетаъсир намемонад. Имрӯз сохтори бонкӣ дучори мушкилот аст ва аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар татбиқи стратегияи қаблӣ ба яке аз нишондиҳандаҳо – диверсификатсияи иқтисодиёт ба таври лозима ноил шуда наметавонистем. Ҳоло ҳам кишвари мо вобастагии хешро аз омилҳои беруна нигоҳ медорад. Мутаассифона, маблағҳои аз хориҷ воридшаванда ин вобастагиро пурра таъмин карда натавонистанд. Ин таъсири хешро ба низоми монитарӣ ва қарзӣ низ расонид.

Рушди устувори минбаъдаи мо дар асоси манбаъҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудааст, ки вобастагии моро аз омилҳои хориҷӣ коҳиш медиҳад.

РАИС: — Кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар асоси муқаррароти паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014- 2015 муайян шудааст, таҳия гардидааст.

Инчунин, дар он самтҳои асосии рушди кишвар мушаххас шудаанд. Равияи мунтазами таҳияи стратегияи мазкур дар се принсипи рушди минбаъда- пешгирӣ (коҳишдиҳӣ), осебпазирии рушди оянда, баланд бардоштани самаранокии захираҳои миллӣ ва рушд дар заминаи навовариҳо асос ёфтааст.

Ҳалли масъалаи муҳим, пеш аз ҳама, бо фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатӣ ва неруи инсонӣ вобаста мебошад. Зеро бидуни амалӣ кардани ин масъалаҳо мо наметавонем ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушдро дар амал пиёда намоем.

Самаранокии маълумот сатҳҳои ба стандартҳои сифат ҷавобгӯбударо бояд дар бар гирад, маълумоти томактабӣ барои қишри асосии аҳолӣ даст­рас бошад. Моро лозим аст ­ташаккули тафаккури технологиро дар хонандагон равнақ дода, мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатоварро тарбия кунем, зеро бисёр кӯдакон ва наврасон ба таҳсилот фаро гирифта нашудаанд. Нобаробарии гендерӣ аз байн нарафтааст. Дароз кардани муҳлати таҳсил захираҳои зиёдеро талаб мекунад.

Таъмини солимии аҳолӣ масъа­лаи басо муҳим буда, ҳалли он аз саломатӣ, тарзи зиндагӣ, ҳолати экологии муҳити зист, шароити меҳнат, истеъмоли ғизо, дараҷаи некуаҳволӣ ва самаранокии низоми тандурустӣ вобастагӣ дорад. Дар стратегияи мазкур рушди дигар соҳаҳо низ ҳамаҷониба нишон дода шудааст ва аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш дорам барои тасдиқи он овоз диҳед.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити ҷаҳонишавӣ проб­лемаҳои умумиҷаҳонӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, таҳдид­ҳои экологӣ, ҷангу мухолифатҳои дохиливу байни миллатҳо, таҳдиду хатарҳои равияҳои ­экстремистиву террористӣ боиси пастравии рушди иқтисодиёт гардида, ба сатҳи зиндагии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳар давлатро водор менамояд, ки барои мунтазам рушд ёфтани иқтисодиёти кишвараш принсипҳои умумиэътирофгардидаро ба роҳбарӣ гирифта, консепсияву стратегияҳои тараққиёти иқтисодиёти миллӣ ва иҷтимоии давлати худро коркард ва фаъолияти идоракуниро вобаста ба он роҳандозӣ намояд.

Новобаста аз таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби молиявӣ, рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолиро Ҳукумати Тоҷикистон вазифаи асосӣ мешуморад. Қобили зикр аст, ки ҳадафҳои мазкур дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон (барои солҳои 2015-2020) низ ҳамчун муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат пешбинӣ шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».

Бобати амалигардонии ин мақсадҳо ва бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, татбиқи «Стратегияи миллии рушд то соли 2015» «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, таъмини рушди устувори кишварро дар асоси интихоби принсипҳои илман асоснокшудаи заминавии тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ва ҷомеа пешниҳод менамояд.

Ноилшавӣ ба ин ҳадафҳо аз низоми самарабахши идоракунии давлатӣ алоқамандии бевосита дорад. Аз ин рӯ, дар стратегияи мазкур (боби III) такмили ниҳодҳои давлатӣ, ҳамкории онҳо бо бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд, таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилияти судӣ ва баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат, таъмини волоияти қонун ва адолат ҳамчун самтҳои муҳими рушд ва таҳкимдиҳии давлатдорӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар стратегия мушкилоти соҳаи идоракунии давлатӣ, ба монанди набудани феҳристи ягонаи вазифаҳои давлатӣ ва стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ набудани низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо байни мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳамкориҳои электронии мақомоти давлатӣ бо шаҳрвандон ва соҳибкорон, ҳамкории нокифояи байни давлат ва соҳибкорӣ, дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ муайян нашудани низоми фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кофӣ набудани усулҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, низоми ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати нигоҳдорӣ ва ҷалби мутахассисони баланд­ихтисос, дастрасии нобаробари мардону занон ба хизмати давлатӣ, хусусан дар сатҳи қабули қарорҳо, зарурати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, паст будани музди маош дар низоми хизмати давлатӣ, набудани алоқамандӣ дар раванди буҷетикунонӣ ва банақшагирии стратегӣ ва дигарҳо таъкид гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳо муайян карда шудаанд.

Он ҳуҷҷати муҳимест, ки инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудааст, ба инобат гирифта, ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон ва дар ниҳоят, муҳайё сохтани шароити арзанда барои ҳар як шаҳрванд пешбинӣ шудааст. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

Рустам Латифзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳанӯз моҳи июни соли 2011 зимни суханронӣ дар маросими таҷлили 14 — умин солгарди ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳияи як консепсия ё барномаи дақиқи дурнамои рушди миллиро бо дарназардошти шароити муосир, таҳкиму ташаккули ғояҳои ваҳдати миллӣ ва рушди устувор қайд намуданд.

Пешвои миллат дастур доданд, ки он аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор бояд бо ҷалби намояндагони соҳибназари табақаву гурӯҳҳои ҷомеа, олимону коршиносон омода карда шавад.

Имрӯз мо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»- ро баррасӣ менамоем, ки натиҷаи иҷрои он дастури таърихии Пешвои миллат мебошад.

Он тамоми ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоиро фаро гирифта, мантиқан ва дар асоси паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Ҳамаи афзалиятҳои асосии рушди кишвар, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» инъикосёфта равона шудаанд, мубрам буда, дуруст интихоб гардидаанд.

Мехоҳам се индикатори байнисоҳавиро, ки бештар ба деҳот, соҳаи кишоварзӣ ва муҳити зист алоқамандӣ дорад, қайд намоям. Ин ҳам бошад, аз 31 фоизи соли 2015 то 15 фоиз дар соли 2030 паст кардани сатҳи камбизоатӣ, аз 55 фоизи соли 2015 то 70 фоиз дар соли 2030 расонидани сатҳи худтаъминкунӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва дар гурӯҳи кишварҳои пешсафи Осиёи Марказӣ нигоҳ доштани мавқеи кишвар вобаста ба устувории экологӣ.

Ноил гаштан ба индикаторҳои мазкур, ки то соли 2030 ҳамчун ҳадафҳои миллӣ муайян шудаанд, заҳмати зиёд ва амалӣ намудани чораҳои қатъиро талаб менамоянд. Вале итминони комил дорем, ки мо ба ин қодир ҳастем ва ҳадафёб мешавем.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки он се принсипи асосии рушди минбаъда, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» муайян гардидаанд — превентивӣ, индустриалӣ ва инноватсионӣ, ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ пурра алоқаманд мебошанд.

Иқтидори азими гидроэнергетикӣ, оби тоза, замин ва иқлими мусоид, олами наботот, захираҳои бойи минералӣ ва имкониятҳои васеи истихроҷи канданиҳои фоиданок барои инкишофи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, шароити мусоид барои тавсеаи сайёҳӣ, комплекси агросаноатии аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҳама муҳим — хоҳишу мароми қатъии мардуми меҳнатқарини мамлакат имконият медиҳанд, ки мо ба мақсадҳои рушди устувори миллӣ, аз ҷумла татбиқи сиёсати гузаштан аз давлати аграрӣ — саноатӣ ба индустриалӣ — аграрӣ ноил шавем.

Аз ин рӯ, хоҳишмандам, вакилони гиромӣ, ба ҷонибдории лоиҳаи стратегия овоз диҳед.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дурнамои стратегияи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Албатта, ҳар гуна барнома бахшҳои ҷомеа ва ҳалли масоили онро фаро гирифта наметавонад, зеро таҳаввулоти сиёсӣ-иқтисодии дунё ба Тоҷикистон низ таъсир дорад. Вале дар ҳама ҳолат он дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор шуда метавонад. Муҳим он аст, ки ин барнома дар солҳои наздик дари имкониятҳои дигарро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз мекунад.

Пешниҳод менамоям, ки тими иқтисодии Ҳукумат оид ба сиёсати қарзӣ роҳҳои дигарро низ бояд ба назар гирад.

Тоҷикистон низ дар асоси захираҳои табиӣ ва имкониятҳои истеҳсолӣ метавонад дар ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафта ба муваффақиятҳо ноил гардад.

Аз ин рӯ, барномаи мазкур лоиқи дастгирист.

Лутфия РАҶАБОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи олӣ — баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон таҳия шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор доштанд, ки ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддат дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 масъалаҳои баланд бардош­тани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан неруи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти ­институтсионалии рушди кишвар ҳамчун самтҳои афзалиятнок мебошанд.

Дар робита ба ин , бо мақсади беҳтар намудани сифати неруи инсонӣ дар давраи амалишавии стратегияи мазкур бояд ба сатҳ ва сифати маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад. Аз ин рӯ, зарур аст ба таври назаррас сифати таълимро дар ҳама зинаи он, бахусус дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи муосир беҳбуд бахшид.

Ташаккулёбии ҷомеа, некуаҳволии аҳолӣ, омӯзиши имконоти технологияҳои нав, ҳамчунин расидан ба сатҳи байналмилалии рушди иқтисодӣ аз ҳолат ва вазъияти илму маориф, ташкили раванди дурусти таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва дар маҷмӯъ, аз дараҷаи маълумотнокии миллат, вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки асосии рушди кишвар мебошад, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» инъикос ­ёфтааст.

Дар баробари ин, вобаста ба самти таъмини баробарӣ ва даст­расии таҳсилот ташаккул додани механизмҳои дастгирии давлатии соҳаи маориф ва илм, мутобиқ ба талаботи муосир ва бозор, вобаста ба соҳаи таҳсилоти касбӣ ва олӣ тайёр кардани мутахассисон дар асоси талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба мақсад мувофиқ мебуд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки стратегияи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Зуфар ИСМОИЛЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид мекунанд, ки ояндаи давлату миллат аз кадрҳои баландихтисос, дорои дониши зеҳниву малакаи касбии кофӣ вобастагии калон дорад. Яъне, сухан дар бораи кадрҳои дорои таҳсилоти миёнаи касбидошта низ меравад.

Дар як қатор давлатҳои мутараққӣ, аз ҷумла Ҷопон ва Чин, қариб 5 фоизи теъдоди умумии машғули касбро кадрҳои зеҳнӣ ташкил дода, қисмати умдаи асосӣ «дастони моҳир», яъне ҳунармандон, соҳибкасбон мебошанд.

Дар ҷумҳурии мо «дастони моҳир»-ро асосан дар заминаи литсейҳои касбии техникӣ тайёр мекунанд. Мутаассифона, базаи моддию техникии ин муассисаҳо ба талабот пурра ҷавобгӯ намебошанд. Хоҳишмандам, ба барномаҳои соҳавие, ки тибқи стратегияи мазкур дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилоти миёнаи касбӣ омода мешаванд, диққати хоса дода шавад.

Ҳуҷҷати мазкур дар маҷмӯъ хеле мукаммал буда, дар рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим хоҳад бозид.

Хайрулло АСОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ­вакилони гиромӣ!

Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Барои ноилшавӣ ба он ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян шудаанд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва даст­расии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба рӯзномаи асри XXI ва ҳадафҳои рушди устуворро, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.

Аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи ҳуҷҷати мазкур овоз диҳед.

Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғл, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқаворӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ ҳамчун афзалиятҳои асосӣ муайян гардидааст.

Дар он рисолат, ҳадаф ва вазифаҳо нишон дода шуда, дастовардҳои стратегияи қаблӣ таҳлил гардида, марҳилаҳои амалисозии стратегия, омилҳои рушд ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ муайян шудаанд.

Ҳангоми иҷрои бомуваффақияти стратегия дарозумрӣ аз 73 ба 80 сол, табақаи миёна аз 22 ба 50 фоиз расида, на камтар аз якуним миллион ҷойҳои кори доимӣ таъсис шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 31 ба 15 фоиз кам гардида, сатҳи фақри шадид аз байн бурда мешавад. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар индекси рушди инсонӣ ба гурӯҳи сатҳи баланд расида, вобаста ба идоракунии давлатӣ ба гурӯҳи кишварҳои пешсафи Осиёи Марказӣ ва ИДМ мерасад.

Дар стратегия системаи мониторинг ва арзёбӣ такмил дода шуда, он аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоҳангсозӣ мегардад ва ҳисоботи панҷсола оид ба мониторинги индикаторҳои мақсаднок ба Шӯрои миллии рушд пешниҳод карда мешавад.

Аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷонибдории стратегияи пешниҳодшуда овоз диҳанд.

РАИС: — «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» санади хеле муҳим маҳсуб меёбад. Дар муҳокимаи он вакилон низ муносибати ҷиддӣ зоҳир намуданд.

Зимни омодасозии он ба имкониятҳои дохилии ҷумҳурӣ диққат дода шуд. Дар заминаи ин ҳуҷҷат низоми самарабахши идоракунии давлатӣ роҳандозӣ мегардад.

Аз ҳама муҳим, масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ (қисми чоруми стратегия), коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ нишон дода шудааст. Барои ҳалли масъалаҳои зикршудаи стратегияи мазкур зарурати такмил додани қонунгузорӣ пеш меояд. Зеро Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ бе кори фаъоли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда наметавонад.

Дар ҳама соҳа, аз ҷумла қонунгузории кишвар, бояд ислоҳот гузаронида шавад. Аз ҷумла, талабот пеш омадааст, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардад. Шароит фароҳам оварда шавад, ки соҳибкорӣ рушд ёбад.

Бо қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» лозим меояд, ки барномаҳои соҳавӣ аз нав таҳия ва қабул шаванд. Зарур аст, ки аз шароиту имконият истифода барем, то ин стратегия дар амал татбиқ гардад.

  Дар бораи тасдиқи стратегияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

Рустам Қудратов: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ­вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббори Ғаффор ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон П. Муҳиддиниён, Г. Бобоева, Б. Абдуалимов ва Т. Ҷобирзода пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ гардонидан ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф сохтани мухолифати меъёрҳои ҷойдошта, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ба қонуни амалкунанда ворид намудани тағйиру иловаҳое пешбинӣ шудаанд, ки асосан хусусияти муайянкунанда, танзимкунанда ва мутобиқкунандаро доранд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 17 ноябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дод ва иштирокдорон онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: Сухан аз рӯи ин ­масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ­вакилони гиромӣ!

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда мутобиқгардонии он ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф намудани мухолифати меъёрҳои ҷойдошта мебошад.

Дар маҷмӯъ, ба қонуни амалкунанда 20 тағйиру илова пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, аз муқаддимаи қонуни амалкунанда калимаи «ҷамъият» хориҷ карда шудааст, зеро ки назорати содирот низ як намуди фаъолияти ҷамъиятӣ марбут ба иқтисоди хориҷӣ мебошад.

Дар моддаи 1 пас аз калимаи «террористӣ» калимаҳои «ва тахрибкорӣ (диверсия) ё ҷиноятҳои дигар» илова шудааст, ки муҳтавои моддаро тақвият мебахшад.

Ҳамчунин, дар сархати шашуми ҳамин модда калимаҳои «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шаҳрвандони хориҷӣ» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ» иваз карда шудааст.

Дар моддаи 2 калимаи «Сарқонун» хориҷ карда шудааст. Дар сархатҳои сеюм ва ҳафтуми моддаи шашум низ тағйирот ворид гардид. Калимаҳои «Номгӯи молҳо» тибқи талаботи имло бо ҳарфи калон ва «ваколатҳоро» ба «салоҳиятҳо» иваз шудааст.

Дар сархатҳои 2 ва 3 моддаи ҳафтум калимаҳои «ташкилоти» ба «ташкилотҳои» ва «Номгӯи молҳо» тибқи талаботи имло бо ҳарфи калон навишта шудааст.

Инчунин, дар сархати сеюм калимаҳои «фаъолияти иқтисоди хориҷӣ» ба калимаи «фаъолият» иваз шудааст. Ҳамин тағйирот ба банди дуи моддаи 12 ворид шудааст.

Дар банди сеюми моддаи 14 калимаи «салоҳияти» ба калимаи «ваколатҳои» иваз шудааст.

Дар моддаи 15 калимаи «алоҳидаи» хориҷ карда мешавад.

Тағйироти воридгардида дар матни қонун тибқи талаботи техникаи қонунэҷодкунӣ буда, мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасии меъёрҳо ва риояи дақиқи иҷрои онро таъмин менамояд.

Бо дарназардошти муҳимияти қонуни мазкур дар ҳифзи манфиатҳо ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани талаботи шартномаҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои эътирофнамудаи он, инчунин фароҳам овардани шароит барои ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо тарафдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

НУРМАҲМАДЗОДА Ҷамшед: — Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Раванди идомаёбии буҳрони сиёсӣ-иқтисодӣ ва ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар давлатҳои шарикони рушд, таъсири худро ба пастравии қурби пули миллӣ, кам гардидани қобилияти харидории аҳолӣ, сатҳи талабот, воридоти молҳо, фаъолнокии бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар ва даромади Буҷети давлатӣ расонида истодааст.

Вале бо вуҷуди ин, дар 10 моҳи соли ҷорӣ рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи устувор 6,8 фоиз нигоҳ дошта шудааст (6,0 фоиз дар 10 моҳи соли 2015).

Дар соли 2016 идоракунии самараноки сиёсати пайгиронаи пулию қарзӣ амалӣ гардида, раванди тағйирёбии таваррум дар маҷмӯъ дар сатҳи муътадил ба андозаи 5,2 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Дар давоми сол ба сатҳи таваррум тағйирёбии нархҳои нисбии маҳсулоти алоҳидаи истеъмолӣ (шакар, тухм, меваҷоту сабзавот, гази моеъ) ва нарху тарифҳои хизматрасониҳо (қувваи барқ, нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавопаймо) таъсири бевосита расонид.

Тибқи таҳлилҳо, дар ҷамъбасти соли 2016 сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи мақсадноки муқарраршуда, яъне 7,0 фоизи солона, нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои қатъии сиёсати монетарӣ, асъорӣ, танзиму назоратӣ ва тағйирот дар сохтори талабот ба асъори нақд ва муомилоти пулӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА 10,8 фоиз паст гардид, ки аз он 10,4 фоиз ба моҳи январ рост меояд. Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА аз 17,5 фоизи дар аввали сол то ба 0,5 фоиз кам карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати идоракунии самараноки пардохтпазирӣ ва коҳиш додани хавфҳои қурбӣ фишанги меъёри бозтамвил аз 8,0 то ба 9,0 фоиз ва минбаъд то 11,0 фоизи солона афзун карда шуд. Вобаста ба ин, тавассути истифодаи фишангҳои монетарии ғайримустақим дар 10 моҳи соли равон барои танзими бозори дохилӣ ва паст намудани фишорҳои қурбӣ 84 музоядаи коғазҳои қиматнок ба тариқи низоми электронии савдо ба маблағи 3,3 млрд. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба ё 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Баҳри таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандоз­ҳо бо пули миллӣ то 1,5 фоиз ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ то 7,0 фоиз бетағйир нигоҳ дошта шуд.

Ҷиҳати танзими самараноки бозори дохилии асъор, нигоҳдории устувории қурби пули миллӣ ва пешбурди сиёсати ғайридолларикунонӣ аз оғози соли ҷорӣ механизми мубодилаи пурраи маблағҳои бо рубли русӣ интиқолшуда ба сомонӣ ҷорӣ карда шуд, ки ин талаботро ба пули нақди сомонӣ зиёд намуд. Дар натиҷа, ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ 43,6 фоиз ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 57,5 фоиз афзоиш ёфт.

Бо дарназардошти анҷомдиҳии амалиёти хариди асъору филизоти қиматбаҳо, ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ (NIR) ва захираҳои умумии хориҷӣ (GIR) дар даҳ моҳ мутаносибан 73,0 фоиз ва 49,0 фоиз зиёд гардид.

Дар натиҷа, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ дар ин давра аз 1,7 то ба 2,8 моҳи воридотӣ расонида шуд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми пасандозҳои низоми бонкӣ 9,5 млрд. сомониро ташкил дода, бақияи он бо пули миллӣ 51,2 фоиз афзуда ва бо асъори хориҷӣ 2,2 фоиз коҳиш ёфт. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз ё 1,1 млрд. сомонӣ зиёд шуд. (Дар ҳаҷми умумии пасандозҳо ҳиссаи 4 бонки муаммодор (ТФТА) 3,94 млрд. сомониро ташкил дод. Ҳаҷми пасандозҳо бе назардошти 4 бонки муаммодор 5,53 млрд. сомониро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 фоиз афзуд ё 0,8 млрд. сомонӣ).

Ҳаҷми умумии қарзҳои дар даҳ моҳи соли ҷорӣ додашуда 7,1 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,2 фоиз ё 3,4 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо ба 10,5 млрд. сомонӣ баробар шуда, 7,4 фоиз коҳиш ёфт. (Дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ҳиссаи 4 бонки муаммодор (ТФТА) 1,3 млрд. сомониро ташкил дод (камшавӣ – 1,9 млрд. сомонӣ).

Ҳаҷми қарзҳои додашуда бе дарназардошти бонкҳои мазкур 5,8 млрд. сомониро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,4 фоиз ё 1,5 млрд. сомонӣ кам мебошад.

Дар айни ҳол чор бонки тиҷоратии амалкунанда, аз ҷумла ду бонки низомсоз ба мушкилиҳои пардохтпазирию молиявӣ дучор шудаанд. Агар аз як тараф, ин мушкилиҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои иқтисодӣ — берунӣ ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла камшавии ҷалби сармоягузории беруна ва вуруди интиқоли маблағҳо, коста гаштани вазъи макроиқтисодиёт ба вуҷуд омада бошад, аз тарафи дигар, ин аз идоракунии корпоративии ғайрисамарабахши бонкҳо, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани механизми баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳои қарзӣ, бозорӣ ва амалиёти бонкҳо вобаста мебошад.

Бо мақсади дарёфти роҳҳои барқарорсозӣ ва андешидани чораҳои зиддибуҳронии низоми бонкӣ дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, оид ба вазъи молиявии чор бонки ба мушкилоти молиявӣ дучоргардида иқдомҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон пайваста бо тими иқтисодии Ҳукумат, ташкилотҳои қарзӣ ва институтҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати солим гардонидани вазъи молиявии бонкҳо, паст кардани сатҳи хавфҳо ва барқарор намудани сатҳи эътимоди мардум ба ин низом тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзиро дар соли 2017 баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт, истифодаи самараноки ҳадафгирии нишондиҳандаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, таъмини рушди мутавозуни ҳаҷми пул, пешбинӣ ва пешгирии хавфҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда татбиқ хоҳад намуд. Вобаста ба ин, пешбинӣ мегардад, ки дар соли оянда низ сатҳи таваррум дар доираи 7,0 фоиз нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Бо назардошти эҳтимолияти тадриҷан зиёд гардидани сатҳи талаботи иқтисодиёт, сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пул ва иҷрои сатҳи барномавии нишондиҳандаҳои монетарӣ, афзоиши сатҳи пулҳои захиравӣ то 20 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади танзими ҳаҷми васеи пул, идоракунии самараноки пардохтпазирӣ гузаронидани амалиёти мунтазами стерилизатсионии фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон бо шарту шароити ҷолиб ба роҳ монда шуда, такмили инфрасохтори ба рушди бозори молиявӣ мусоидаткунанда тавассути низоми ягонаи электронии савдо идома меёбад. Дар баробари ин, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ғайридолларикунонии низоми иқтисодию молиявӣ идома дода мешавад. Ҳамзамон, чораҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба ҷомеа оид ба риояи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии пули миллӣ амалӣ карда мешаванд.

Барои сифатан беҳтар намудани идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳои хориҷӣ тибқи амалияи муосири бонкдории ҷаҳонӣ ва вобаста ба ин тадриҷан диверсификатсия ва афзун намудани сатҳи захираҳои байналмилалии тиллоию асъорӣ чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Ҳадафҳои минбаъда дар таъмини рушди савдои байнибонкӣ ба кор даровардани механизми анҷомдиҳии қарордодҳо дар реҷаи онлайн (воқеӣ) бо истифода аз низоми ягонаи маълумотӣ ва савдои байнибонкӣ амалӣ карда мешавад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи ҳуҷҷати мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

Ҷобирзода Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017» аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлатро барои соли 2017 муайян менамояд.

Сиёсати пулию қарзӣ ин маҷмӯи чорабиниҳои вобаста ба сиёсати қарзӣ, тағйирёбии ҳаҷми пул, танзими ҳаҷми қарзҳо, нархи устувор, сатҳи нигоҳдории меъёру фоизҳо, суръати устувори афзун гардидани истеҳсолоти миллӣ, мувозинати тавозуни пардохт ва нишондиҳандаи дигари бозор мебошад.

Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) – сиёсати давлат мебошад, ки ба миқдори пули дар муомилотбуда бо мақсади таъмини устувории нарх, шуғли пурраи аҳолӣ ва рушди воқеии истеҳсолот таъсир мерасонад.

Нақши сиёсати пулию қарзӣ дар рушди иқтисодиёт он аст, ки то ҳадди имконпазир мувозинати бозори пул ба даст оварда шавад, яъне тавозуни байни ҳаҷми пули дар муомилотбуда ва эҳтиёҷот ба он нигоҳ дошта шаванд.

«Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» бо дарназардошти таҳлилу мушоҳидаҳо ва баҳогузории вазъи кунунии иқтисодиёти дохилӣ ва таъсири омилҳои берунӣ, бо мақсади таҳия ва татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ тарҳрезӣ шуда, барои таъмини муътадилии сатҳи нархҳо дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок, ки омили муҳими пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, инчунин ба суботи низоми молиявӣ равона мегардад.

Таркиби он шарҳи мухтасари вазъи иқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2016, инчунин дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро барои соли 2017 дар бар мегирад.

Дар соли 2017 низ мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ба нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ, ки тавассути истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо танзим мешавад, равона мегардад.

Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи ин ҳуҷҷатро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 5 таклифу эрод пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа, аз таклифу эродҳои воридшуда 4 — то қабул ва 1-то қисман қабул шуд.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи он бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклиф пешниҳод гардид, ки ба матн ворид карда шуд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки Дурнамои мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифов Умед Баротович дода мешавад.

Умед Латифов: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба буҳрони иқтисодӣ ва вазъи имрӯзаи молиявии кишвар, инчунин зарурати дарёфт намудани манбаъҳои иловагии даромад, маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта ва шиддатнок ташаккул додани Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017 таҳия шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 252 Кодекси андоз аз 1 январи соли 2017 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор карда мешавад. Вобаста ба бекор шудани андози мазкур дар соли навбатии молиявӣ ба Буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ ворид намегардад, ки дар натиҷа, ба маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта монеа эҷод менамояд.

Бинобар ин, зарурат пеш омадааст, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуда, амали муқаррароти сархати 3 моддаи 252 вобаста ба амали меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то 1 январи соли 2018 тамдид карда шавад.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала­ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тағйироте, ки ба сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, бо мақсади дарёфт намудани манбаъҳои иловагии даромад барои маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта дар соли 2017 равона шудааст.

Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намудаанд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода мешавад.

Маҷидзода Ҷурахон Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода, С. Абдураҳмонзода, Ҷаббори Ғаффор ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Ашурова, Р. Раҷабов ва Ҳ. Холиқов бо мақсади иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои дар моддаҳои дахлдори қонуни номбурда пешбинишуда, минбаъд ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробаркардашуда дахолат намудан ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколати мансабиаш дохил нест, манъ аст. Илова бар ин, шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан уҳдадор аст ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратидоштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад.

Ҳамчунин, тибқи тағйироти марбута, ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробар кардашуда дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, кушодани суратҳисоб ва доштани пасандозҳо манъ карда мешавад. Аз ҷумла, шахси зикргардида туҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва туҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад.

Дигар тағйиру иловаҳое, ки тибқи лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 51 таклиф пешниҳод гардид, ки 34 пешниҳод қабул шуда, 7 таклифи дигар қисман қабул гардид ва боқимонда рад карда шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дода мешавад.

Идрисзода Илёс Мумин: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро, ки бевосита ба фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст, ҷонибдорӣ менамояд.

Бояд қайд кард, ки тағйироти мазкур ба татбиқи амалии дас­тур ва нишондодҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли ҷорӣ бармеоянд ва мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Кодекси гражданӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта, истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунию мантиқӣ, мусоидат барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи он равона гардидаанд.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» сухан ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дода мешавад.

Идрисзода Илёс Мумин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароити ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда ва бо назардошти риояи талаботи моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои аз матни қонуни зикршуда гирифтани калимаи гуногуни ҳаммаъно ва пешбинӣ намудани мафҳуми ягона дар он таҳия гардидааст.

Дар сархати дуюми моддаи 19 қонуни амалкунанда қайд гардидааст, ки «мақоми Агентӣ, дар доираи ваколатҳои худ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда дастури хаттӣ диҳад ва пешниҳод ирсол намояд, ки баррасии онҳо ҳатмӣ буда, аз натиҷааш ба Агентӣ хабар дода мешавад».

Бояд хотирнишон сохт, ки дар қонуни амалкунанда муҳлати баррасии дастури хаттӣ ва пешниҳод, ки санадҳои эътиноии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд, пешбинӣ нагардидааст. Аз ин лиҳоз, дар амалия дар бисёр мавридҳо вобаста ба муҳлати баррасии ин санадҳо аз ҷониби иҷрокунандагон гуногунфаҳмӣ ба назар мерасад.

Бо ворид намудани тағйироти пешниҳодгардида норасоии ҷойдошта бартараф шуда, барои ба таври дақиқ иҷро гардидани талаботи қонуни мазкур дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи пешниҳодшуда бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, агентиҳои хизмати давлатӣ, назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Хоҳишмандам, лоиҳаи қонун дастгирӣ карда шавад.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­мас­ъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнуддин дода мешавад.

Зайнуддин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳияи он муқаррар намудани муҳлати баррасии дастури хаттӣ ва пешниҳоди мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагони ин санадҳо мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 23 ноябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод ва қабули онро мувофиқи мақсад донист.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радио­активӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода, М. Раҷабзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Латифзода, М. Ахмедов, О. Сафаров, М. Сабурзода ва Д. Мансурӣ таҳия гардидааст.

Мақсади пешниҳоди он мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонун ва такрорёбии меъёрҳо мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2016, №778 барои хулоса ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ба лоиҳаи қонун 51 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки 41 — тои он қабул, 2-тои он қисман қабул гардида, 8-тои дигар қабул нашуданд.

Дар асоси хулосаҳои пешниҳодгардида қисмҳои 1, 2, 4, 7, 8, 17 ва 23 лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода, қисмҳои 2 ва 25 ба талаботи моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шуданд.

Пас аз баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эроду пешниҳодҳое, ки аз ҷониби шумо, муҳтарам Раис, баён гардиданд, бо даъвати кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносону мутахассисони соҳавӣ баррасӣ гардида, лоиҳаи қонун мукаммал шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломов Ҷаббор Абдусатторович дода мешавад.

Ҷаббор САЛОМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар шимоли Тоҷикистон якчанд маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивии саноати урани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойгир мебошад. Алҳол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» (22 июни соли 2013 таҳти №1002) дар танзими муомилот бо партовҳои радиоактивӣ барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ мавриди истифода қарор дорад.

Дар асоси ин қонун «Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014 – 2024» (№505, аз 1 августи соли 2014) кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №508, аз 1 августи соли 2014), қоидаҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, Барномаи амалигардонии Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014- 2024 ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки муомилотро бо партовҳои радиоактивӣ ба танзим меоварданд.

Боиси хушнудист, ки барои аз байн бурдани камбудиву норасоиҳо, истилоҳу ибораҳо ва саҳеҳ гардонидани меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти мазкур бо ташаббуси гурӯҳи арҷманди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур як қатор тағйиру илова пешниҳод шуд.

Ин тағйиру иловаҳо ҳангоми баррасӣ аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати амалӣ намудани қонуни мазкур ба зиммаи он вогузор гардидааст ва инчунин, аз ҷониби дигар вазорату мақомоти дахлдор пазируфта шуданд.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, мухолифати он ба дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бартараф карда шуд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ­Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қаландарзода, Н. Оқилзода ва Қ. Миралиён таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосии он бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ, такмили меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи истилоҳоти якхелаи ҳуқуқии дар он истифодашаванда ба шумор меравад.

Тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2016, №768 лоиҳаи қонун барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 47 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 20 таклиф қабул, 23 таклиф қисман қабул гардида, 4 таклифи дигар қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо назардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бухориев Толибек Аҳмадович дода мешавад.

Толибек БУХОРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.Тибқи тағйироти воридгардида, аз матни моддаҳои 2 ва 19 калимаҳои «Сарқонун» хориҷ карда шудааст, инчунин дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 13 калимаҳои «Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Созмони судяҳои» иваз карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 953 аз 8 ноябри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаи масъул 18 ноябри соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод ва иштироккунандагони ҷаласа онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ