Кумакҳои пай дар пай ва дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки миллати шарафманду сарбаланди тоҷик соҳиби Пешвои хирадманду одил ва саховатпеша мебошад. Шаш моҳ мешавад, ки бемории коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намудааст. Хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонаш ба он охири соли 2019 гирифтор шуданд, авҷашро паси сар намуда, ҳоло монеаҳои гузошташударо бекор карда истодаанд.
Аз лаҳзаҳои айён гаштани COVID-19 дар кишвар дарҳол баҳри ҳар чӣ тезтар пешгирӣ ва бартараф намудани он корҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи дастгирии сиёсати иҷтимоӣ барои ҷой намудани беморон, сохтмони беморхонаҳои муваққатӣ дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе оғоз гардида, қисмате аз онҳо аллакай барои қабули беморон омода шуданд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун хайрия ба вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ кӯмакҳои аввалиндараҷа расонида шуданд. Инчунин, аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кӯмакҳо ва дигар лавозимоти тиббӣ расонида шуд. Дар баробари иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони бонангу номуси Ватан ва шахсони саховатпеша низ ба аҳолӣ кумакҳои моддиву лавозимоти зарурии тиббӣ расонида истодаанд. Инчунин, ашхоси алоҳида ба суратҳисоби пешгирии бемории зикргардида саҳмгузорӣ менамоянд, ки аз якдилона мубориза бурдан ва роҳи раҳоӣ ёфтан аз COVID-19 мебошад.
Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дорад, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст. Сарвари давлат борҳо ёдовар аз он шуданд, ки дастоварди беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, солимии миллат ба ҳисоб меравад ва ба хиради азалии мардум, таҳаммулпазирии онҳо бовар доранд ва бо иродаи қавию далерона дар лаҳзаҳои ҳузнангез бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастанд ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат тамоми тадбирро андешида истодаанд. Инчунин, аз заҳматҳои беандоза ва фидокоронаи табибон оид ба пешгирӣ намудани беморӣ ёдовар шуда, ба онҳо дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки содиқона паи иҷрои вазифаи бадӯшдошта ҳастанд, изҳори миннатдорӣ ва қаноатмандӣ намуданд.
Ҳоло Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фикри ба Ватан овардани қисмате аз шаҳрвандони кишвар, ки дар давраи маҳдудиятҳо (карантин) дар давлатҳои дигар қарор доштанд, мебошанд ва бо хатсайрҳои махсус аллакай аз ҷониби ситоди ташкилнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он амалӣ гашта истодааст. Аз ин рӯ, вақти он аст, ки хурду бузурги миллат, сарфи назар аз он ки берун аз Ватан ҳам бошанд, якдилона барои ҳар чӣ тезтар раҳоӣ ёфтан ва пушти сар намудани ин мушкилӣ қувва, ирода ва матонатро баҳри паст намудани шиддати тарсу таҳлука аз беморӣ равона созанд. Ҳамин аст роҳи пешгирии мубтало нашудан ба беморӣ.
Ғиёсиддин АШУРОВ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон