Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои нави пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатро муайян ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъват намуд. Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар Паём баён гардид, рушди соҳаи сайёҳӣ буд. Президенти мамлакат аз ҷумла иброз доштанд: «Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 — 2021-умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудем.
Бо вуҷуди ин ҳама ва бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазифадор карда мешаванд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ, чораҳои аввалиндараҷа андешанд».
Воқеан ҳам, дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар кишвар иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардида истодаанд. Ҳоло дар мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардида истодаанд, ки барои рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардаанд. Пеш аз ҳама, сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои таъмин намудани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои сайёҳӣ, бозори самаранок ва рақобатпазирии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, барои қонеъ намудани талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасониҳои гуногун равона шудааст.
Тавре ки Пешвои миллат дар Паёмашон зикр карданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва даромадноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, бо суръати баланд рушд намуда истодааст. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятии соҳаро танзим намуд. Ҳамчунин, барои фароҳам овардани шароити баробар ба рақобатпазирии субъектҳои сайёҳӣ, ташаккули низом, ташаккули намудҳои хизматрасонӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, истифодаи оқилонаю ҳифзи захираҳои сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти сайёҳӣ ва таъмини амнияти сайёҳон заминаи ҳуқуқӣ омода намудааст. Тибқи қонуни амалкунанда, дар мамлакат ба фаъолияти самараноку озоди иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ кафолат дода шудааст. Инчунин, ташаббускорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дастгирӣ ёфта, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои субъектҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таъмин гардидааст.
Бояд гуфт, таъмини бехатарии сайёҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд. Бинобар ин, мутобиқи банди 5 қисми 2 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» субъектони фаъолияти сайёҳӣ вазифадоранд, бехатарии сайёҳон, нигоҳдории амволи онҳо, омӯзонидани қоидаҳои амният ва расонидани ёрии таъҷилиро ба сайёҳон таъмин намоянд. Инчунин, онҳо тибқи муқаррароти қонун барои зарари ба сайёҳон расонидашуда ҷавобгар ҳастанд. Мувофиқи моддаи 16-и қонун, сайёҳон вазифадоранд қоидаҳои шахсии бехатариро ҳангоми саёҳат риоя намоянд. Қабули қонуни зикршуда барои фаъолияти самараноку натиҷабахши соҳа замина гузошта, шиносоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён тавассути сайёҳон бештар гардидааст.
Бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо таҳия ва қабул гардидаанд.
Ҷиҳати тақвияти иқтидорҳои сайёҳӣ, ташкили тарғиби ҳаматарафаи имкониятҳои соҳа, таъмини рақобатпазирӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ, инкишофи маркетинг, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти доманадори фарогир роҳандозӣ гардидааст. Илова бар ин, бо мақсади ташаккул ва инкишофи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ равзанаи ягонаи бақайдгирӣ ва муосири нуқтаҳои қабули сайёҳон таъсис дода шуда, барои фаъолияти самараноки фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллидошта, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиёт имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Бо мақсади рушди соҳа, тақвияти ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, бартараф намудани монеаҳои маъмурию бюрократӣ, кам намудани шумораи расмиёти танзимкунанда, аз ҷумла дар самти низоми бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фискалӣ, як қатор қонунҳо қабул гардида амалӣ шуда истодаанд. Бояд зикр кард, ки дар натиҷаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муҳлати бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» аз 45 то ба 5 рӯз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз кӯтоҳ гардид. Инчунин, шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз 30 то ба 7 адад коҳиш ёфт. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» имконият дод, ки шумораи соҳаҳои иҷозатҳо аз 805 то 86 адад кам карда шуда, расмиёти дастрас намудани онҳо низ содатар гардид. Низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо низ то 30 фоиз зиёд гардид.
Инчунин, бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, густариши раванди танзими давлатӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби бештари сармоя, омода кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои соҳа, бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва андешидани чораҳои иловагӣ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бо иқдоми ҳадафмандонаи Сарвари давлат санади муҳим бобати таъмини афзалиятҳои миллӣ, таъмини рушди бештари соҳаи сайёҳӣ ва амалишавии ҳадафҳои мушаххас «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шуда, барои татбиқи онҳо чанд омили зарурӣ, аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши соҳа бо сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ, муҳим арзёбӣ гардидаанд.
Ҷиҳати ҳимояву дастгирӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуд. Чунончӣ, аз 22 январи соли 2017 бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ аз 1 январи соли 2017 воридоти таҷҳизоту техника ва маҳсулоти сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ), ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз боҷи гумрукӣ ва андозҳо озод гардиданд, инчунин, даромад аз фаъолияти сайёҳии субъектҳои соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда) озод карда шуданд. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу маҳсулот аз пардохти ҳама намуди андоз озод карда шуданд.
Тибқи дастури Сарвари давлат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид. Ҷиҳати дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфта, дар 7 соли охир ба 161 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи 222,4 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд, ки нисбат ба соли 2013 зиёда аз 7,4 маротиба зиёд мебошад.
Таҳлилҳо собит сохтанд, ки то ба ин давра ба соҳибкорон ва сармоягузорон, дар маҷмӯъ, 73 имтиёз ва 240 сабукии андозиву гумрукӣ пешбинӣ шуда, аз шумораи умумӣ 29 намудро имтиёзҳои андозӣ, 23 намудро имтиёзи гумрукӣ, 4 намудро имтиёзҳи танзимкунанда ва 15 намудро имтиёзҳои молиявӣ, грантҳои аслии давлатӣ ва ғайра ташкил медиҳанд, 85 фоизро имтиёзҳои фискалӣ ва тақрибан 15 фоиз ба ғайрифискалӣ рост меоянд.
Дар баробари ин, дар натиҷаи пешбурди сиёсати устувори иқтисодӣ, таъмини рушди неруи инсонӣ ва сифатан баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба сайёҳони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла дар бахши рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ки ҳамчун самтҳои афзалиятноки минбаъдаи рушди соҳа муайян гардидаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, соли 2020 мавқеашро чор зина боло бурда, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард, ки дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ аз нишондиҳандаҳои беҳтарин маҳсуб меёбад. Инчунин, боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари таҳқиқоти маҷаллаи байналмилалии молиявӣ «Global Finance» ба рӯйхати бехатартарин давлатҳои ҷаҳон дохил шуд.
Инчунин, бо мақсади муҳайё намудани шароити муосири таълимӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ва ҷавобгӯи бозори ҷаҳонии меҳнат дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис ёфт. Айни замон дар 15 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 2100 нафар ва дар литсею коллеҷҳои касбии техникӣ зиёда 500 нафар аз рӯи 16 ихтисос (саёҳат ва меҳмондорӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ, иқтисод ва идораи сайёҳӣ, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, фаъолияти меҳмонхонавӣ, таъмини забони робитаҳои байнифарҳангӣ, роҳбаладӣ, меҳмонхонадорӣ, ошпазӣ, қаннодӣ, хизматрасонии меҳмонхона) ба таҳсил фарогир мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зикр карданд: «Тайи солҳои 2018 — 2020-ум дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид». Дар ин замина 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархӯрдор гардидааст. Инчунин, Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба масъалаи тавсеаи шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави кор диққати махсус дода, дар ин самт якчанд барномаи давлатиро амалӣ намуда истодааст. Ҳукумати мамлакат ҳамкориро бо соҳибкорони ватанӣ, тавассути ҳар чӣ бештар ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ ва сохтмони иншооти нави сайёҳӣ, ки омили асосии муҳайё намудани ҷойҳои кор мебошанд, ҷиддӣ ба роҳ мондааст.
Воқеан, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ ва муҳимтар аз ҳама муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳадафҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити муосири раванди таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар саривақтист, зеро рушди деҳоту соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамдигар пайвандӣ дошта, амалигардонии чорабиниҳои ҳадафмандонаи стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо мусоидат менамояд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз ёдгориҳои таърихӣ мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент — Саразм, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Осорхонаи миллӣ, аз имконоти рекреатсионӣ осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Ямчун» — Бибӣ Фотимаи Заҳро, «Баҳористон», «Сатурн», «Хоҷа Оби гарм», «Сароб», «Сафеддара», «Пули сангин», «Чилдухтарон» ва дигарон имконият медиҳанд, ки сайёҳони хориҷӣ бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои қадимаи тоҷикон аз наздик ошно гардида, аз табиати беназиру биҳиштосои диёри зебоманзара, обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои бо хусусияти табобатии нодир як ҷаҳон таассуроти нек бардоранд.
Айни замон, дар кишвар бештар аз 25 ташкилоти дохилии сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида истодаанд, аз ҷумла, Ассотсиатсияи «Зарафшон», Ҷамъияти байналмилалии туризми ҷавонон «Спутник», ҶДММ «Саёҳати олӣ», «Суғдиён- Помир-Тур», «Ҷаҳонгард», «Алп Сомон-тур», «Бунёд-Тур», «Саёҳатҳои кӯҳҳои Помир», «Ҷавоҳир», «Ориент Адвенчур», «Куҳандиз», «Помир силк тревел», «Скай Тур», «Сайру саёҳати кӯҳӣ», «Чил меҳроб», «Зарафшон меджистик трэвел», «Сафари Помир», «Ҳафткӯл», «Боми ҷаҳон тур», «ААА-Тур», «Мерима», «Панҷакент интур», «Империя – 55» мебошанд.
Мувофиқи рейтинги ҷаҳонии кишварҳо оид ба хулосаи сомонаву шабакаҳои байналмилалӣ дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуда, шабакаи иҷтимоии «ВВС» дар Британияи Кабир соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эътироф кардааст ва шабакаи иҷтимоии «Globe Spots» Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои саёҳати саргузаштӣ дар соли 2014 ҷой дод.
Нашри русии маҷаллаи маъруфи «National geographic» (28.02.2016) соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё ворид намуд. Дар маҷаллаи ТОП-100 дар соли 2015 пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини шабона ворид гардида, дар соли 2016 се минтақаи Тоҷикистон ва қаторкӯҳҳои Помир дарҷ гардидааст. Тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон кишвари сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарордошта муайян гардидааст. Ҳамчунин, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисод (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарин сайёҳӣ нишон додаанд, алоҳида қайд гардида, пас аз Озарбойҷону Ҷопон дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст. Оҷонсонии таҳлилии «Тур Стат» (Россия) даҳгонаи шаҳрҳои ҷалбкунандаи Шоҳроҳи бузурги абрешимро муайян намуд, ки дар қатори шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тароз, Ганҷа, Витебск, Хева, Туркистон, Гумрӣ, Марв, шаҳри Хуҷандро низ ҷой додааст.
Бо қарори Шӯрои вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз 3 октябри соли 2019 шаҳри Душанбе солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.
Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ин пешравию дастовардҳо дар рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон натиҷаҳои дастовардҳои фараҳманду арзишманди даврони истиқлолият, шоҳкориҳою фидокориҳо ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.
Ташаббуси Роҳбари давлат нақши муҳиму созандагиро дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар эҷод намуд ва ба зиёд шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшид. Соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 430992 сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли 2016 -ум 86019 нафар ё ба андозаи 25,3 фоиз зиёд буд. Падидаи ҷолиб аст, ки дар ин замина шумораи сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбати ба соли 2017 — ум 2,6 баробар афзудааст. Соли 2019 беш аз 1 миллиону 260 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ аз мавзеъҳои нодири кишвар дидан карданд, ки нисбат ба соли гузашта шумораи онҳо 20 фоиз зиёд мебошад.
Аз оғози соли 2020 паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 ба тағйирёбии иқтидори иқтисодии ҷаҳон сабаб гардид. Сайёҳӣ низ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ бо таъсири эпидемияи коронавирус осебпазир гардида, вазъи соҳа нисбатан ташвишовар шуд. Дар ин радиф, Ҳукумати мамлакат ҳамоҳангсозии талошҳоро барои наҷот додани ширкатҳои сайёҳии кишвар, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои технологӣ, агентиҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, кормандони мустақили сайёҳӣ барои нигоҳ доштани садҳо ҷойи кор, ки ба бахши сайёҳӣ ҳамчун манбаи воситаи зиндагӣ вобастаанд, роҳандозӣ намуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозиро пешбинӣ намуда, ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намуд. Бо Фармони зикршуда дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ гардида, барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо, дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, ҳамчунин, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ, заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳоло Тоҷикистон бо ибтикору дастгирӣ ва заҳматҳои доимии Пешвои миллат ва бо саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба кишвари воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст. Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳифзи ёдгориҳои бою ғании таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, имкониятҳои васеи рушди сайёҳӣ, варзиш ва кӯҳнавардӣ ва дигар сарватҳое, ки хоси сарзамини мост, бо ҷалби бештари сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ роҳандозии имтиёзҳои махсуси андозию гумрукӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, маҷмааҳои сайёҳӣ, ташаккулёбӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дорои иқлим ва табиати беназир мебошанд, фароҳам оварда мешаванд.
Воқеан ҳам, ҳар як Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаи умедбахшу амалишавии ҳадафҳои олӣ, рушду нумӯъ, тараққиёту пешравӣ ва дастовардҳои беназири миллату давлат буда, ҳар як нуктаи он баҳри таҳкими пояҳои давлати миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи байналмиллалӣ равона шудааст.
Дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамаи мо, яъне, вакилони парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки дар роҳи пешрафти Ватани азиз боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки якҷо кишвари азизу муқаддасро ба сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.