2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ тақозои замон аст

№40 (4780) 01.04.2024

754938846330701Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро аз сар мегузаронад, ки рушди минбаъдаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро дар оянда муайян мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки яке аз омилҳои бунёдӣ бояд ташаккули шуури муносиби ҳуқуқӣ, хусусан, барои шахсони мансабдор, сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии онҳо бошад, ки риоя ва иҷрои дақиқи қонунҳоро бо ҷалби ҳадди ақали дастгоҳи давлатӣ дар назорати амалисозии он таъмин намоянд, аммо барои баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва дар умум, маърифати ҳуқуқӣ кор бурдан бо тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ, инчунин, бо шахсоне, ки давлатро дар ин ниҳодҳо намояндагӣ мекунанд, муҳим ва зарур аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30-юми декабри соли 2023 ба тасвиб расид, ки мақсад баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам кардани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Қобили зикр аст, ки 6 феврали соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» тасдиқ карда шуд ва дар он зикр мегардад, ки пешрафти давлати ҳуқуқбунёд, ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон фарҳанги баланди ҳуқуқиро тақозо менамоянд ва бидуни он арзишҳои бунёдӣ, принсипҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ба монанди волоияти қонун, афзалияти инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ҷудонопазири он, таъмини ҳифзи боэътимоди манфиатҳои оммавӣ, имконнопазир аст.

Фарҳанги ҳуқуқии касбӣ фарҳанги доираи муайяни шахсонест, ки дорои донишҳои ҳуқуқии касбӣ буда, фаъолияти ҳуқуқии касбиро пеш мебаранд. Барои фарҳанги ҳуқуқии касбӣ як қатор аломатҳои махсус, ба мисли таҳсилоти махсуси касбии ҳуқуқӣ, сатҳи кофӣ ва зарурии донишҳои ҳуқуқии касбӣ, фаъолияти ҳуқуқии касбӣ, хос мебошанд. Фарҳанги ҳуқуқии касбӣ бо ин аломатҳояш аз намудҳои дигари фарҳанги ҳуқуқии гурӯҳӣ, аз қабили фарҳанги ҳуқуқии занон, ҷавонон, нафақахӯрон ва дигарон, фарқ мекунад.

Айни замон фарҳанги ҳуқуқии касбӣ дар баробари хусусиятҳои умумӣ, ки дар маҷмӯъ, ба ин намуди фарҳанги ҳуқуқӣ хос мебошанд, як қатор хусусиятҳои ҷузъӣ дорад. Ин хусусиятҳо дар аввал ҷузъи таркибии фарҳанги ҳуқуқии касбӣ буда, дар навбати дуюм бо назардошти хусусиятҳои фаъолияти касбии ҳуқуқшиносон муайян карда мешаванд.

Тавре маълум аст, фаъолияти ҳуқуқии касбиро доираи васеи ҳуқуқшиносон, аз ҷумла судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, гумрук, андоз ва ғайра, ба сомон мерасонанд. Аз як тараф ҳамаи ҳуқуқшиносон донишҳои зарурии ҳуқуқӣ доранд, фаъолияти касбиро бо истифода аз донишҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи кории ҳуқуқӣ пеш мебаранд. Аз тарафи дигар судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, гумрук, андоз ва дигарон донишҳои ҳуқуқиро бо назардошти хусусиятҳои ин ё он намуди фаъолияти ҳуқуқии касбӣ татбиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти касбии судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо назардошти хусусиятҳои фаъолияташон низ аз якдигар фарқ дорад.

Чунин фарқият дар заминаи қонунҳои алоҳида, ки фаъолияти касбии кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, гумрук ва дигаронро танзим мекунанд, муайян карда мешавад. Дар қонунҳои дахлдор вазъи ҳуқуқӣ, салоҳияти ҳокимиятӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони дахлдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян карда мешавад. Табиист, ки вазъи ҳуқуқии кормандони мазкур аз ҳамдигар фарқ дорад.

Тафовути дигари фаъолияти касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таҷрибаи кории ҳуқуқӣ, тарз ва воситаҳои фаъолияти касбӣ (фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, назорати прокурорӣ, адолати судӣ ва ғайра) муайян карда мешавад.

Фаъолияти касбии ҳуқуқӣ танҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳдуд намешавад. Фаъолияти касбии ҳуқуқиро адвокатҳо, ҳуқуқшиносони корхона ва муассисаҳо, кормандони мақомоти марказӣ ва соҳавии ҳокимияти давлатӣ (парламент, мақомоти ҳокимияти иҷроия), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ низ ба роҳ мемонанд. Табиист, ки фаъолияти касбии ин гурӯҳи ҳуқуқшиносон аз фаъолияти касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқ фарқ дорад.

Аз ин нуқтаи назар, фаъолияти касбии ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, аз тарафи ҳуқуқшиносон ба роҳ монда мешавад. Аммо фаъолияти касбии доираҳои муайяни ҳуқуқшиносони касбӣ аз ҳамдигар фарқ дорад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло хусусиятҳои умумӣ ва ҷузъии фарҳанги ҳуқуқии касбӣ ҷудо карда мешавад. Хусусиятҳои умумии фарҳанги ҳуқуқии касбӣ тафовути фарҳанги ҳуқуқии касбиро аз намудҳои дигари фарҳанги ҳуқуқӣ муайян мекунанд. Фарҳанги ҳуқуқии касбӣ дар робита бо ин хусусиятҳои умумӣ чун падидаи мустақили ҳаёти иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ баромад мекунанд. Хусусиятҳои ҷузъии фарҳанги ҳуқуқии касбӣ бо хусусиятҳои фарқкунандаи намудҳои ҷудогонаи фаъолияти касбии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Фарҳанги ҳуқуқии касбии судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, гумрук ва андоз аз ҳамдигар фарқ дорад.

Тафовути фарҳанги ҳуқуқии касбии судяҳо, прокурорҳо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, адвокатҳо ва дигар ҳуқуқшиносони амалӣ дар он зоҳир мешавад, ки онҳо дар баробари донишҳои умумии касбии ҳуқуқӣ, ҳамчунин донишҳои махсуси касбӣ доранд. Чунончи, таҳсилоти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, гумрук, андоз ва дигарон хусусиятҳои худро дорад. Илова бар ин, таҷрибаи кории доираҳои ҷудогонаи ҳуқуқшиносони амалӣ аз ҳамдигар фарқ дорад, чунки адолати судӣ, назорати прокурорӣ, тафтишот, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ намудҳои алоҳида ва мустақили фаъолияти ҳуқуқии касбӣ буда, аз ҳамдигар фарқ дорад.

Барои ҳамин, фарҳанги ҳуқуқии касбӣ аз як тараф хусусиятҳои умумӣ ва аз тарафи дигар хусусиятҳои ҷузъӣ дорад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки:

– фарҳанги ҳуқуқии касбӣ фарҳанги ҳуқуқшиносони амалӣ мебошад, ки фаъолияти касбии ҳуқуқиро анҷом медиҳанд;

– фарҳанги ҳуқуқии касбӣ хусусиятҳои умумӣ дошта, аз намудҳои дигари фарҳанги ҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ фарқ мекунад;

– дар таркиби фарҳанги ҳуқуқии касбӣ бо назардошти хусусиятҳои ҷузъӣ, тафовути фарҳанги ҳуқуқии касбии доираҳои ҷудогонаи ҳуқуқшиносони амалӣ зоҳир мешаванд;

– фарҳанги ҳуқуқии касбии судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, кормандони мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз ҳамдигар фарқ дорад.

Аз ин нуқтаи назар омӯзиши алоҳидаи фарҳанги ҳуқуқии касбии судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносони касбӣ, ки дар мақомоти дигари давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо фаъолияти касбии ҳуқуқиро ба роҳ мемонанд, аз лиҳози илмӣ-методологӣ ва амалӣ қобили қабул аст. Ин имкон медиҳад, ки хусусиятҳои фарҳанги ҳуқуқии касбии доираҳои ҷудогонаи ҳуқуқшиносони амалӣ муайян карда шаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки нуктаҳои назари илмӣ-методологӣ, ки болотар шарҳ дода шуданд, зимни таҳқиқоти фарҳанги ҳуқуқии касбӣ бояд ба инобат гирифта шаванд.

Мусаллам аст, ки аксари олимони назарияи давлат ва ҳуқуқ бар он ақида мебошанд, ки мафҳуми «фарҳанги ҳуқуқии касбӣ» дар робита бо шуури ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Ҷузъи таркибии фарҳанги ҳуқуқии касбӣ шуури ҳуқуқии ҳуқуқшиносон мебошад. Шуури ҳуқуқии ҳуқуқшиносон аз шуури ҳуқуқии гурӯҳҳои дигари аҳолӣ бо аломатҳои зерин фарқ мекунад:

– унсурҳои таркибии шуури ҳуқуқии ҳуқуқшиносон, аз қабили донишҳо, тасаввурот, ақидаҳо, мафҳумҳо, ҳиссиёти ҳуқуқӣ;

– сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, ки зимни таҳсилоти касбии ҳуқуқӣ имконпазир мегардад;

– сифати баландтари шуури ҳуқуқии ҳуқуқшиносон, ки барои фаъолияти касбии ҳуқуқӣ заминаи кофӣ муҳайё мекунад;

– тарзҳои васеътари дарки воқеияти ҳуқуқӣ;

– ҳаҷми васеи иттилооти ҳуқуқӣ, ки ба туфайли донишҳои ҳуқуқӣ, қобилияти дарку эҳсос, нигоҳдорӣ, истифода, паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ имконпазир мегардад.

Шуури ҳуқуқии ҳуқуқшиносон аз намудҳои дигари шуури ҳуқуқӣ бо фаъолияти касбии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони касбӣ ба роҳ монда мешавад, фарқ мекунад. Ҳуқуқшиносони амалӣ фаъолияти касбии ҳуқуқиро дар иртибот бо сатҳи муайяни шуури ҳуқуқии касбӣ ба роҳ мемонанд. Барои фаъолияти касбии ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқии касбӣ зарур аст.

Бо ҳамин нишона шуури ҳуқуқии касбии ҳуқуқшиносони амалӣ (кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ) аз шуури ҳуқуқии илмӣ ва одӣ фарқ мекунад. Дар ин замина сатҳи зерини шуури ҳуқуқии ҳуқуқшиносонро ҷудо намудан мумкин аст:

– шуури ҳуқуқии илмӣ, ки барои олимони ҳуқуқшинос, муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқ хос аст;

– шуури ҳуқуқии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот;

– шуури ҳуқуқии донишҷӯёни ҳуқуқшинос, ки дар раванди таҳсилоти ҳуқуқии касбӣ ташаккул меёбад;

– шуури ҳуқуқии одӣ, ки барои шаҳрвандон хос мебошад, аз тасаввуроти одии (ғайрикасбии) ҳуқуқӣ оид ба падидаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҳуқуқӣ иборат аст.

Аз таснифи зикршуда бармеояд, ки шуури ҳуқуқии ҳуқуқшиносон намудҳои ё сатҳи гуногун дорад. Дар байни онҳо шуури ҳуқуқии илмӣ ё доктриналӣ ҷойи аз ҳама баландро соҳиб аст, чунки ба сатҳи баланди на танҳо донишҳои ҳуқуқӣ, балки донишҳои илмии ҳуқуқӣ такя намуда, зимни таҳқиқоти илмӣ ташаккул ва инкишоф меёбад. Шуури ҳуқуқии касбӣ дар ҷараёни таҳсилоти касбии ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, минбаъд дар рафти фаъолияти касбии ҳуқуқӣ такмил меёбад. Шуури ҳуқуқии одӣ бошад, ба шаҳрвандон, сарфи назар аз таҳсилоти ҳуқуқии касбӣ, фаъолияти илмии ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии ҳуқуқӣ тааллуқ дорад.

Фарҳанги ҳуқуқии касбӣ дар заминаи шуури ҳуқуқии умумӣ ва шуури ҳуқуқии касбӣ ташаккул меёбад. Таҳсилоти касбии ҳуқуқӣ зинаи муҳими ташаккули фарҳанги ҳуқуқии касбӣ мебошад. Айни замон дар раванди таҳсилоти олии касбии ҳуқуқӣ шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии умумии ҳуқуқшиносон, ки минбаъд дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа (мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ, муассисаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва ғайра) фаъолияти касбии ҳуқуқӣ ва дигари давлатиро ба сомон мерасонанд, ташаккул меёбад. Дар ҷараёни таҳсилоти ҳуқуқии махсуси касбӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти махсус, аз ҷумла дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монда мешавад, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ташаккул меёбад.

Аз ин нуқтаи назар фарҳанги ҳуқуқии касбӣ ба доираи васеи ҳуқуқшиносон, ки таҳсилоти олии касбии ҳуқуқиро соҳиб гашта, дар мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кор мекунанд, тааллуқ дорад. Раванди таҳсилоти олии касбии ҳуқуқӣ, ки дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти касбии ҳуқуқӣ ва донишгоҳҳо ба роҳ монда мешавад, ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқии касбии доираи васеи ҳуқуқшиносон замина мегузорад.

Ҳамин тариқ, фарҳанги ҳуқуқии касбии ҳуқуқшиносон намуди мустақили фарҳанги ҳуқуқӣ буда, бо назардошти шароити муайяни инкишофи ҷомеа, талаботи ҷомеа, дар раванди таҳсилоти касбии ҳуқуқӣ, амалияи касбии ҳуқуқӣ ташаккул ва инкишоф меёбад.

Равшан РАҶАБЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент