Ташкили институти наву густаришбахшандаи ҳамкориҳо ба мақсад мувофиқ аст

№79 (3380) 10.06.2015

DSC_0913 БАРО и РЎЗНОМА

Ҳаштуми июни соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбари ҳайати парламентии Парламенти Аврупо хонум Ивета Григуле, ки Ҷумҳурии Латвияро дар Парламенти Аврупо муаррифӣ менамояд ва ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати воломақомро дар доираи ҳамкориҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Аврупо фоли нек арзёбӣ намуда, саҳми Иттиҳоди Аврупо ва Парламенти онро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарламентӣ ва давлатӣ, ки тақвияти тоза касб кардаанд, махсус таъкид сохт.

Мавсуф таваҷҷуҳи вакили Парламенти Аврупоро ба густариши муносибатҳо ҷалб намуда, афзуд, ки дар марҳилаи кунунӣ тақвияти ҳамкориҳо дар самти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаҳои мақсаднок, пеш аз ҳама, лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ мувофиқ ба мақсад мебошад. Дар ин росто, заминаҳои ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд тавсеа дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вакилони Парламенти Аврупо хоҳиш намуд, ки дар ҷараёни боздиди хеш аз Тоҷикистон оид ба вазъи кунунӣ, пешрафти ҳаёти мамлакат дар асоси плюрализми сиёсӣ, эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ва татбиқи барномаҳои созанда оид ба бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ воқеиятро таблиғ намоянд.

Зикр шуд, ки бо мақсади таҳкими робитаву ҳамкориҳои байнипарламентӣ Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор парламентҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо: Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Франсия, Руминия, Литва ва Латвия гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалагузорӣ намуд, ки барои рушди муносибатҳои ҳасанаи байнипарламентӣ ташкили институти нави дорои неруи густаришбахшандаи ҳамкориҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Аврупо ба мақсад мувофиқ мебошад. Илова бар ин, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз пешниҳоди хонум Ивета Григуле баҳри рушди туризм ва ҳамкориҳои инфрасохторӣ роҳандозӣ намудани робитаҳои мутақобилан судманд миёни шаҳрҳои Юрмала ва Душанберо ҷонибдорӣ намуд.

Хонум Ивета Григуле аз пазироӣ ва масъалагузориҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, бо қаноатмандӣ афзуд, ки пешниҳодоти ироагардида дар сатҳи мақоми ваколатдори Парламенти Аврупо баррасӣ гашта, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои созанда тамоми тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

Номбурда иттилоъ дод, ки аллакай раиси Парламенти Аврупо ҷаноби Мартин Шултс нақшаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парламенти Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказиро дар соли ҷорӣ тасдиқ намудааст ва моҳи ноябри соли 2015 ҳайати бонуфузи парламентӣ ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Ш. САИДОВ.

Суратгир А. ИСОЕВ